• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,309 hits
  • Flag Counter

ФИРӮЗА АЗ ЧӢ НОКОМ ГАШТААСТ?

Фируза Хафизова Нашри махсус

Фируза Хафизова Нашри махсус

Воқеан ҳам, кист оне, ки ба чашмони хуморӣ, нигоҳҳои самимӣ, лабони чун гул нозук  ва қаду қомати мафтункунандаи Фирӯза моил нашавад? Кист оне, ки ба рақсҳои мавзун, ҳаракатҳои аҷоиб ва тарзи суруд хондани ин бонуи ҳунар қоил нашавад? Ҳамагон ба зебоию хониши ин зебосанам қоилу моиланд, ҳамин тавр не, хонандаи азиз? Худованд ба ӯ ҳусну ҷамол, ҳунару истеъдод, шӯҳрат ва тамоми барору комёриро арзонӣ дода, медонед барои чӣ? Барои он ки ӯ хеле хоксору заминӣ аст, бо ҳама муносибати оддӣ дорад, ҳамаро дӯст медораду чун инсон эҳтиром мекунад, аз ин ҷост, ки тез ба дили ҳама роҳ меёбад. Бо ҳунармандони зиёд ҳамсӯҳбат мешавам, вале то имрӯз нафареро чун Фирӯза ҳалиму меҳрубон, хоксор, хушсухан ва бепарво надидаам. Ӯ омодааст, ба тамоми саволу дархости рӯзноманигорон ва ҳаводоронаш ҷавоб гӯяд, хушгуфтору ширинзабон аст, аз суханони самимӣ ва пурмуҳаббаташ кас шод мегардад, хастагиашро фаромӯш месозад…

 

Сӯҳбате доштем бо ин паричеҳра, ки фишурдаи онро пешкаш мегардонем, мутаваҷҷеҳ бошед.

 Фирӯзабону, дар оғози сӯҳбат мехоҳам дониста бошам, ки имрӯзҳо пайи чӣ корҳоед ва дар ҳаёту зиндагиатон чӣ дигаргуниҳо ба назар мерасад?

— Рости гап, зиндагии шахсиам чун пештара осуда ҷараён дорад, алъон дигаргунии назаррасе ба вуқӯъ напайвастааст, вале корҳои эҷодиам, муҳобот нашавад, хубанд. На танҳо имрӯзҳо, балки аз рӯзи аввале, ки по ба ҷодаи санъат гузоштаам, ҳамеша шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, ҳаракат дорам, то баҳри дӯстдорони ҳунарам, баҳри дӯстдорони савту наво ва суруди асил, баҳри ҳама он нафароне, ки ҳунарамро қадр мекунанду сурудҳоямро гӯш менамоянд, беҳтарин таронаҳоро омода созам. Яъне суруде пешкаш намоям, ки ба дили шунавандаам тез роҳ ёбад ва писанди эшон гардад.

 

— Барои он ки таронаи эҷодшуда дар дилу дидаҳо роҳ ёбад, чӣ бояд кард?

— Пеш аз ҳама шеъре бояд интихоб намуд, ки инъикосгари дарди мардум буда, оҳангаш гӯшнавозу форам бошад. Масалан, таронаҳое, ки аз ишқу муҳаббат, дурию бевафоӣ, ҷудоӣ, хиёнат, зиндагӣ ва монанди ин ҳикоят мекунанд, тез ба дили мардум роҳ ёфта, шунавандаи хешро пайдо месозанд. Зеро имрӯз зиёданд ранҷдидаҳо, зиёданд занҳое, ки аз азизони хеш дур зиндагӣ доранд, зиёданд бонувоне, ки аз дӯстдоштаҳояшон хиёнату бевафоӣ дида, хун мегирянд…

 

— Худи шумо аз нафаре хиёнат дидаед?

— Надидаам ва аз Худованд талаб мекунам, ки асло набинам, зеро агар он дӯсти наздикам бошад, шояд ин рафторашро таҳаммул карда натавонам.

 

— Агар чунин аст, пас чаро тариқи таронаҳоятон тараннуми ишқу муҳаббат, хиёнату бевафоӣ ва дурии ёр мекунед?

— Дар васли ишқу муҳаббат, хиёнату бевафоӣ ва монанди ин суруд хонданам маънои онро надорад, ки онҳо ба ҳаёти худам тааллуқ доранд, на. Ман ҳунармандам ва дар кадом мавзӯе набошад, бояд суруд хонда тавонам.

 

— Аммо мегӯянд, ки то аз чизе ноком намонӣ, эҷоди хуб намекунӣ…

— Дар зиндагӣ пастию баландиҳои зиёдеро дидаю аз сар гузарондаам, ки ин ҳама бароям дарс шудаю имрӯз тамоми мушкилиҳоямро осон месозанд. Вақте инсон дар ҳаёт ранҷ мекашад, ӯ пуртоқату меҳнатӣ мешавад, тамоми пешравиҳоямро бошад, аз сабуриам мебинам. Охир, санъат пастию баландӣ ва мушкилиҳои бешумор дорад, ки на ҳар кас метавонад ба он ҳама тоб орад.

 

— Хеле хуб. Суруд ба шумо чӣ медиҳад?

— Суруд тамоми зиндагии ман аст, ки бидуни  он  наметавонам ҳатто худро тасаввур кунам. Суруд ба ман рӯҳу илҳоми тоза бахшида, хастагиамро дур месозад, маро ба олами пурфасонаи ишқу муҳаббат ворид менамояд, шӯълаи умеду орзуро дар қалбам зинда мегардонад…

 

— Оё метавонед бидуни мухлис худро тасавур кунед?

— Ҳаргиз! Шояд бовар накунед, аммо ҳама заҳматҳоям барои мухлисони азизаманд ва бидуни онҳо саҳнаю санъату суруду мусиқиро тасаввур карда наметавонам. Маҳз азизони дилу дидаам ҳастанд, ки маро бо кафкӯбиҳои самимии хеш дастгирӣ карда, меҳру муҳаббатамро ба пешаи интихобкардаам зиёда мегардонанд.

 

-Кадом сурудатонро бештар дӯст медоред?

— Наметавонам миёни таронаҳоям фарқ гузорам ва якеро хубу дигариро бад гӯям, зеро барои омода кардани ҳар яки онҳо заҳмати зиёд мекашам, меҳнат мекунам, хуни дил мехӯрам. Медонед, барои тайёр шудану пешкаши мардум гардондани як суруд ман чӣ қадар майнаи сар об мекунам, барои ҳамин  ҳам,  ҳама таронаҳоямро дӯст медорам ва фикр мекунам, ки онҳо фарзандони мананд.

 

— Баракати ҳунарро дидаед?

— Албатта! Тамоми пешравию муваффақиятҳои ҳаётамро аз ҳунарам мебинам. Охир, ҳамин ҳунар буд, ки маро миёни мардум муаррифӣ намуда, ба муҳаббати беандозаи халқ  сазоворам гардонд. Аз ин хеле шодам ва пеши Парвардигор шукргузорӣ мекунам.

 

— Фирӯза, аз он ки шумо зиёд ранҷ кашида тарона омода месозеду нафаре онро мавриди танқид мегирад, uамгин мешавед ё…?

— Пештар ғамгин мешудам, вале имрӯзҳо агар гӯям, ки нисбат ба сару садоҳое, ки вири номи худу таронаҳоям паҳн мешаванд, бетаваҷҷӯҳ шудаам, хато нахоҳад шуд. Танқид ислоҳкунандаи камбудиҳост, бинобар ин, хафа шудан нашояд.

 

—  Аммо агар танқиде бошад, ки ба ҳаёти шахсиатон халал ворид созад, хомӯш меистед, ё…?

— Бале, хомӯш меистам. Охир, аз он ки бо неши забону рафтори ноҷоят нафареро дилозурда месозӣ, хомӯш будан магар беҳтар нест? Инсон бояд тарзе зиндагӣ кунад, ки тамоми умр номи некаш боқӣ монад ва ҳамагон ӯро бо некӣ ёд кунанд.

 

— Дар анҷоми сӯҳбат гуфтании дигаре доред?

— Ба тамоми кормандони нашрияи «Дилкушо», ки воқеан ҳам,  имрӯз дилкушои ҳамагон гаштааст, тансиҳатӣ, хонаи обод ва дар кору фаъолияташон парвози баланди эҷодӣ таманно дорам. Муваффақу сарбаланд бошед.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Один ответ

  1. ба халки точик салом

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: