• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

БИПАША БАСУ: «ҶОН АБРАҲАМ САҲИФАИ ПӮШИДАИ РӮЗГОРИ МАН АСТ»

Бипаша Басу

Бипаша Басу

Бипаша Басу 7 майи соли 1979 дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон, дар оилаи банғолӣ чашм ба олами  ҳастӣ во намудааст. Падару модари меҳрубон бо умеди зиёд ӯро Бипаша ном ниҳодаанд, ки маънои орзуи беинтиҳоро дорад. Дар ҳақиқат имрӯз ин ҳунарманди марғуб ва бонуи ниҳоят зебову ҷаззоб ҳадафи иштиёқи садҳо дилҳо гаштаву аз ҳазорон қалби сокиту бепарво қарору оромиро рабудааст. Фаъолияти ҳунарии ӯ ба ҳайси модел оғоз шудааст. Хоҳаронаш Бидиша ва Бидҷоета ӯро навозишкорона Бипс меноманд. Ӯ озодона бо се забон: англисӣ, ҳиндӣ ва банғолӣ ҳарф мезанад. Дар айёми наврасӣ орзуи соҳибкор шуданро дошт ва ҳатто баъди хатми мактаб  асосҳои менеҷментро аз худ мекунад. Вале пас аз вохӯрӣ бо синамогари машҳур Меҳр Ҷессия,  дар Калкутта зиндагии Бипс тамоман ранги дигар гирифт. Хонум Ҷессия ба ӯ пешниҳод мекунад, ки худро  дар синамо бисанҷад ва ин пешниҳод ба Бипс писанд меояд.

Бипс ҳанӯз аз худ қонеъ нест

Ӯ аз хурдӣ хеле чолоку пуршӯр ва серкӯшиш буд. Ба худ боварии зиёд дошт ва ба  ҳар коре,  ки напардозад, албатта комёб мешуд. Ҳанӯз дар синни 17-солагӣ дар озмуни «Беҳтарин модели ҷаҳон» иштирок карда, сазовори ҷойи саввум мегардад. Дар синамо низ пас аз нақши нахустинаш дар филми коргардон Аббас Мастон «Ajnabee», сазовори ҷоизаи «Filmfare», ки ҳунармандон тӯли чандин солҳои ҳунарнамоӣ ин ҷоизаро интизор мешаванд, сазовор шудааст.

 

Мисрае аз муҳаббат ё ишқи дар нимароҳмонда

Соли 2002 барои Бипаша соли пур аз навигариҳо буд. Зеро ишқи деринтизорашро пайдо кардаву бо ӯ тӯли 8 сол тамоми пастию баландиҳои зиндагиро паси сар намудааст. Маҳбуби Бипс санъаткори машҳури Болливуд яке аз ҷавонони шӯху дӯстдоштатарини духтарони ҳинду Ҷон Абраҳам мебошад. Онҳо ба ҳам хеле монандӣ доштанд. Ҳарду ташнаи ишқ буданду ҳарду дилҳои беқарор доштанд. Ва гӯё ягон нофаҳмие байни эшон вуҷуд надошт. Дар ягон ҷашну маросим ва базму шабнишиниҳо ин ду ҷуфти мувофиқро бе ҳамдигар тасаввур намекарданд. Ҳатто ба толори варзишӣ онҳо якҷоя ташриф меоварданд. Вале соли 2010 ин  ҷуфти ҳамболу пар ба муносибатҳои 8-солаи худ хотима бахшиданд. Дар расонаҳои хабарӣ оиди ин муносибатҳо қиссаҳои зиёде мебофтанд. Вале шояд барои хонандаи азиз сухан аз даҳони луқмон хуш ояд

 

— Бипаша, рост аст, ки соли 2010-ро дар Болливуд соли ҷудоиҳо номидаанд?

 

-Бале, ин овоза то ҳадде ҷанбаи ҳақиқат дорад. Зеро пас аз пароканда шудани  ду ҷуфти зебои Болливуд Ранбир Капур ва Дипика Падуконе ва боз чандин ҷуфтҳои дигар чунин овозаҳо пайдо шуданд. Аммо ба гумонам ба ҳам омадану аз ҳам чудо шудани ду дилдода аз санаву  макон вобастагӣ надорад.

 

— Дар қатори ин ҷуфтҳои зебои аз ҳам ҷудогашта Ҷон ва Бипс низ дохил мешуданд?

 

-Муҳаббати мо боз як саҳифаи дигар аст. Шояд ин саҳифа аз ҳама ҳассостарин саҳифаи ҳаёти ман бошад. Зеро муносибатҳои мо на як солу ду сол давом ёфтаанд. То лаҳзаи ҷудоӣ мо ҳарду ба абадӣ будани муносибатҳоямон боварӣ доштем.

 

— Пас чашми баде расида бар он?

 

-Зимни банаворгирии филми «Салом, ай ишқ» («Salam-e-ishq») муносибатҳои мо хеле муташанниҷ шуданд. Ҷонро гӯё тамоман иваз карда буданд. Махсусан бо ҳамкорамон хонум Пакхи ӯ хеле дӯсти наздик шуда буд ва ин чиз маро нороҳат месохт. Зеро онҳо қабл аз ин якдигарро намешинохтанд. Дар натиҷа ман дӯстии ӯро бо бонувон қабул карда натавонистам ва ҷудоӣ низ пешниҳоди ман буд.

 

Лаҳзаи пушаймонӣ

— Акнун аз ин қарори пуршитоби худ пушаймон нестед? Зеро ҳамагон интизори ҷашни арӯсии Шумо буданд?

 

-На,  ин қарори қатъӣ буд. Зиёда аз ин имрӯз мехоҳам ҳамсафари зиндагиям аз синамо тамоман дур бошад. Садоқату вафодорӣ асоси зиндагии шоистаю муносибатҳои бардавом миёни ду ҷинси муқобил аст.

 

— Ба ҳар ҳол фаромӯш кардани ин ишқи бардавому пурҷозиба бароятон гарон буд?

 

-Албатта, ҷойи баҳс хам нест. Муддате маро ҳузури ӯ, шӯхиҳои ӯ, нағмаҳову  оғӯши гарми ӯ намерасид ва мисли девона будам. Вале мунтазам аз ӯ дурӣ меҷустам ба ҳар маъракае, ки ташриф оварданӣ мешудам, сараввал аз соҳибони ҷамоъомад пурсон мешудам, ки оё Ҷон даъват шудааст ё на?

 

-Ҷон ба ин чӣ гуна муносибат менамуд?

-Нисбатан ором. Мардон ҳарчанд ашк нарезанд ҳам, азоби рӯҳӣ мекашанд. Инсон ҳангоме шахси азизашро аз даст медиҳад,  баъд ба қадри ҳама лаҳзаҳои ширини бо ӯ буданаш мерасад. Зеро фурсати умр андак аст, дидори азизон низ аз ин камтар.

 

— Чи нақшаҳое дар дил доред?

 

-Имрӯз бо коргардони барҷастаи Болливуд Судипто Чаттопадхия ҳамкории пурсамар дорам, сенарияҳои ӯ бо як хондан бароям писанд меоянд. Фантазияҳои муаллиф аз ҳаёт ҳеҷ гоҳ дур нестанд ва махсусан ҷинси латифро ба сабуриву шикебоӣ ва муҳаббати заминӣ даъват мекунад. Имрӯз нақшаҳоям пурра эҷодиянд ва мехоҳам мухлисонамро бо нақшҳои ҷадиду ғайриоддиям қаноатманду хушҳол созам.

 

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: