• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

МАНСУР НИГМАТОВ ВА ШАБНАМИ СОБИРӢ ҶУДО ШУДААНД?

 

Шабнами Собири

Шабнами Собири

Тӯли ҳафтаи равон зангҳои бешумори хонандагон ба унвони ҳафтаномаи «Дилкушо»  моро низ ба ташвиш овард. Онҳо суол мекарданд, ки оё рост аст, ки Мансур ва Шабнам ҷудо гаштаанд. Албатта, гирди номи шахсиятҳои шинохта овозаву ҳангомаҳо зиёд мешаванд. Ба ҳар ҳол ба хотири дархости хонандагони ҳафтаномаамон, ки ҳамзамон  мухлисони беқарори Шабнам ҳастанд ва  аз ин овоза мушаввашхотир  буданд, мо ба Шабнаму Мансур занг зада ташвиши мухлисонро иброз намудем ва ба ин савол посух гирифтем.

 

Салом, Шабнамбону, як овозае фаҳмидам ва боварам намеояд?

-Чӣ гуна овоза аст он?

 

-Шунидем, ки шумо бо Мансур ҷудо гаштаед?

-Худо нигаҳ дорад. Ин гапҳо дурӯғанд ва асосе надоранд. Мо якҷояем ва зиндагии тинҷу хушбахтона дорем. Ба мухлисони азизи ман, ки барояшон тақдири мо ҳунармандон бефарқ нест ва барои барору нобарории мо дилхун мешаванд, миннатдории ману Мансурро расонед. Аз ин таваҷҷӯҳи зиёдашон миннатдорем. Мо барои болидагии табъи онҳо ҳамеша талош мекунем ва Мансур зиёдтар аз ман мекӯшад, ки ҳарчи бештар клипу албомҳои маро бо сифати олӣ пешкаши мухлисони азиз гардонад. Мо бе ҳамдигар буда наметавонем.

 

-Албатта, чунин овозаҳо шуморо хаста месозанд?

-Рости гап, ман  ба он  бепарво менигарам. Умуман аз овоза наметарсам. Инсон чизеро, ки дар тақдиру насибааш бошад, ҳамонро мебинад.

 

— Ақидаи беҳтарин! Хуб,  бигӯед, ки субҳи шумо чӣ гуна оғоз мешавад?

— Ҳар субҳ бо рӯҳи ношикаста ва сукути сеҳрноке, ки субҳидам дорад, рӯзи ман сар мешавад. Субҳи ман бо хандаи беғаши тифлакам ва ҳарфҳои меҳрубонии Мансури беҳтар аз ҷонам оғоз мешавад. Ва гумон мекунам, тамоми рӯз ҳамин рӯҳия, яъне рӯҳияи болида ва табъи хуш маро ҳамроҳӣ мекунад

 

— Суруд барои шумо зиндагист? 

— Суруд  маънои зиндагиам аст. Бе он зиндагиро наметавонам тасаввур кардан. Зеро асоси суруд шеър аст ва шеър худ зиндагист.  Ва метавон дар чор мисраъ шеър ё як суруд зиндагии як асрро  ифода кард.

 

— Агар дил пурғусса гардад,  онро ба кӣ холӣ мекунед?

— Аввалан, ҳамеша мекӯшам бо инсонҳои дилозор рӯ ба рӯ нашавам, то ки озурда нагардам.  Ва агар  бо қазовати қисмат  дилам озоре ёбад, ба модари азиз ва дӯстони  меҳрубон  дил холӣ мекардам. Ҳоло бошад,  вақте ба чеҳраи беғаши Сумаяҷони азизам менигарам, ҳама  дунёи ман рангину зебо мешавад ва аз он дарду алам нишоне намемонад. Умуман рози дили хешро  ба оҳангу суруд  низ   мегӯям.

 

-Мехоҳед духтарчаатон  кадом касбро соҳиб гардад?

-Рости гап, дар бораи оянда пешакӣ  чизе гуфта наметавонам.  Барои ман аз  ҳама муҳим Худованд умракашро дароз кунад ва барояш ҳамеша тани сиҳатро ато намояд. Дар бораи касбаш бошад, бигзор худаш фикр кунад ва ба кадом соҳае, ки майл дорад, мо дастгириаш хоҳем кард.

 

-Ба андешаи шумо, чӣ гуна рафтор ба тифл бештар таъсири худро мерасонад? Нармӣ ё дағалӣ?

-Албатта, барои тифл меҳрубонӣ таъсири мусбат мерасонад. То ҳол дағалӣ ба касе манфиат нарасондааст. Дар зиндагии мо аз ман дида Мансур нисбати тифлакамон бештар дилёбӣ карда метавонад. Вақте ӯ аз дар медарояд, Сумая чунон хурсанд мешавад ва мехоҳад сӯяш парвоз кунад. Ӯ ниҳоят падари меҳрубон аст.

 

-Дирӯз тариқи як барномаи ТВ «Баҳористон»  аз меҳрубонии модаронаи шумо нисбати кӯдакон хушам омад. То ин рӯз нафаре аз ҳунармандон ба онҳо тӯҳфа наоварда буд.

-Ин ҳама идеяҳои Мансур аст, албатта. Вай кӯдаконро хеле зиёд дӯст медорад ва аз шодию фараҳи онҳо сарбаланду қаноатманд мегардад.

 

-Пухтани кадом ғизо хеле хуб аз дастатон меояд?

-Оши палав.

 

 -Бо мухлисони хеш кай нияти вохӯриро доред?

— Ҳангоме ки аз ҷомеа дур монам ва дар байни мардум набошам, хеле дилтанг мешавам. Аз ин хотир ҳамеша мекӯшам байни мардуми азизам бошам ва шарики рӯзҳои пурфараҳу шодиашон гардам. Дар ҷашну тантанаҳои наврӯзӣ иншоолоҳ ба дидори неки мухлисони азизам хоҳам расид. Чанде пеш, бо вуҷуди дарди дандон доштан, дар консерти  ба хотири маъюбон баргузоршуда дар толори Филармонияи  давлатӣ ширкат варзида,  бо онҳо рӯбарӯ гаштам.

 

-Дар арафаи Иди мардон ба Мансур чӣ гуна тӯҳфа  кардед?

-Барояш  меҳру муҳаббати беандозаамро, ки ифодагари он як бӯса буд, ҳадя намудам.

 

-Ин беҳтарин тӯҳфа аст, албатта. Иди бонувон дар пеш аст ва Шабнам мунтазири чӣ тӯҳфае аз Мансур аст?

-Медонед, ӯ дар ҳамаи ҷашну идҳо бароям «сюрприз»-е  омода месозад, ки  ман онро ҳеҷ гоҳ мунтазир набошам. Ҳамеша тӯҳфаҳояш ғайриоддиву гуворо ҳастанд. Барои ман ҳам аз ҳама муҳим меҳрубониву дӯстдориаш аст ва ман ӯро бидуни тӯҳфаҳояш дӯст медорам. Барои бонувон беҳтарин тӯҳфа  ин садоқату дӯстдории шавҳар аст.  Аммо вақте бо як ҷаҳон орзуву ҳавас ва меҳру садоқат тӯҳфа меорад, аз ин таваҷҷӯҳаш сарбаланду сипосгузор мебояд буд.

 

-Таманниёти шумо ба мухлисонатон ва  хонандагони ҳафтаномаи мо?

-Мехоҳам ҳамаи мухлисони азизам ва мардуми азизи Тоҷикистон хонаободу хушрӯзгор бошанд. Бонувони азизу гиромӣ, хоса модаронро, ки  ба наздикӣ ҷашн доранд, бо ин рӯзи нек, ки  Рӯзи модар ном гирифтааст, аз самими дил муборакбод гуфта,  барояшон сарбаландиву некномиро таманно дорам. Бигзор зани тоҷик худро ҳамеша дар ҳама ҷо инсони озоду тавоно эҳсос намояд ва ба фардо боварӣ дошта бошад. Инчунин ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи  азизи дили худ бошад.

 

-Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ ва шумо низ ба хостаҳои дилатон бирасед.

 

 

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: