• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,309 hits
  • Flag Counter

НОЗИЯ ВА ЗУЛАЙХО

Нозия ва Зулайхо

Нозия ва Зулайхо

Зулайхо аз ҳама беҳтар аст

Салом ба аҳли эҷоди ҳафтаномаи «Дилкушо»! Чандест, ки як нафар бонуи хушсадо бо сабку услуби ба худаш хос рӯйи саҳнаи ҳунар  баромадаасту моро бо садои нозуку дилпазираш мафтуни худ гардондааст. Шунидем, ки ӯ шогирди Манижа аст ва боз ҳам бештар шефтаи ҳунари овозхониаш гардидем.  Аммо фикр мекунам, Зулайхо сабки махсуси худро дорад ва бо ҷавониву нозу адои ба худаш зебанда  дар рӯйи саҳна дилҳои мухлисонашро ба ваҷд меорад ва ӯ бо вуҷуди навқадам буданаш аз ҳама беҳтар аст. Ин, албатта, фикри шахсии ман аст ва ман, ки мафтуни ҳунари нотакрори ин бону гаштаам, гумон дорам, ки аз Зулайхо дида ҷаззобтар ҳунарманде нест. Хеле зиёд мехостам донам, ки оё Зулайхо дар консертҳои Наврӯзи байналмиллалӣ иштирок мекунад ё не? Оё Зулайхо дари дили хешро барои ишқи ҷавоне боз кардааст? Умуман, вақтҳои охир ӯ банди кадом кору бор аст? Оё нияти баровардани албоми хешро дорад?

Бо эҳтиром, Парвиз аз шаҳри Душанбе

 

Аз идора. Хонандаи азиз Парвиз! Мо тибқи  дархости шумо, ки дар дили худ саволҳои зиёд ва нисбати ҳунари ин бону меҳри беандоза доштаед, ба  ин сарояндаи ҷавону хушсалиқа — Зулайхо Маҳмадшоева занг зада чунин посух гирифтем:

 

-Мухлиси азиз Парвиз ва кулли ихлосмандони гиромиқадрам!  Аз самимияту қадршиносии шумо сипосгузорам. Маро дастгириву таваҷҷӯҳи шумо бештар болу пар мебахшад ва ба сӯйи ошёнаҳои баландтари ҳунар ҳидоят месозад. Ман бинобар ташвишҳои бештаре доштан танҳо дар консертҳои идонаи «Рӯзи модар» ширкат варзидам. Чӣ хеле ки шумо ёдовар гаштаед, ман ҳоло ба таҳияи албоми нави сурудҳоям машғул ҳастам ва ҳарчи бештар дар рӯйи он заҳмат кашида, хоҳони онам, ки онро дар сатҳи олӣ ва ба дили шумоён наздик таҳия созам.

 

Ҳамаи талошу кӯшиши худро баҳри ҳарчи зудтар ба дасти шумо расондани сурудҳоям равона сохта ваъда медиҳам, ки баъди ҷашни Наврӯз он бароятон пешкаш хоҳад шуд. Дуруст аст, ки баҳор фасли ишқ ва эҳёи зиндагӣ аст.  Ин баҳори нозанин дар дили ман ишқи ҳунар, ишқи Ватанро  бештар овардааст ва фикр мекунам, ҳоло вақти омӯхтану барои ба куллаи мақсуд расидан талош кардан аст. Вақте меҳри касб дар дили кас маскан бигирад, ҳамаи он душвориву ранҷҳо дар назар наменамояд. Фасли ҷавониро айёми ҷустуҷӯву талошҳо меноманд. Бояд талош варзид.

 

Хонандагони азизи ҳафтаномаи «Дилкушо» ва кулли мардуми кишвари биҳиштосоям!  Мухлисони арҷманд! Дар ин айёми наврӯзӣ таманнои ман ҳамеша дидани хонаободиву пирӯзии шумост. Бигзор дар рӯзҳои наврӯзӣ офтоби пурмеҳри баҳорӣ калбҳои шуморо нарму гарм созад.  Дар  бозорҳои Тоҷикистон нархҳо арзон гарданду дастурхони шумо пур аз нозу неъмати фаровон гардад!

 

Нозия дар сафар аст

Салом, редаксияи маҷаллаи «Дилкушо»! Ман  ва аҳли оилаамон  мухлисони «Дилкушо» ҳастем. Аз ҳама бештар модарам ба ин нашрияи шумо таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Ҳар ҳафта рӯзи сешанбе маро  новобаста аз барфу борон ба дӯкони газетафурӯшӣ равон мекунанд. Баъзе рӯзҳо дар дӯкони назди хонаи мо рӯзномаҳоро андаке дертар меоранд ва модарам  ба ин бовар накарда, маро сарзаниш  мекунанд. Агар гӯям, ки модарам бемори газетаи шумо шудаанд, шояд бовар накунед. Аммо дар асл чунин аст. Он кас бештар сканвордҳоро пур мекунанду сӯҳбати фарҳангии шуморо бо шавқи дил мутолиа мекунанд. Агар рӯзе барқ хомӯш шавад, бо «фонарик» равшанӣ карда,  сканвордҳоро тез-тез пур мекунанд. Мо баъзан ба ҳоли он кас ҳатто механдем, вале ҳамеша хоҳишашонро иҷро карда барояшон «Дилкушо» мехарем.

 

Дирӯз рекламаҳои консертҳоро тариқи шабакаҳои телевизион дида, аз набудани Нозия дилгир шуданд ва аз ман хоҳиш карданд, ки ба шумо нома навишта, сабаби дар ягон консертҳои ҷашнӣ иштирок накардани Нозияи Кароматуллоро бифаҳмам. Мо низ мисли тамоми мардуми Тоҷикистон мухлиси ин ҳунарманди нотакрор ва соҳиби овози дилнишин ҳастем ва камнамоии ин бонуи нозанин ҳамаро, инчунин ҳаммактабиёни маро ба ташвиш овардааст. Фикр мекунам Наврӯзи Ватан бе Нозия рӯҳу сафо надорад.

Кароматова Мадина, хонандаи мактаби 94-и пойтахт

 

Аз идора. Мадинабону! Мо баъди хондани номаи ошкоро ва  самимии шумо ба суроғи ҳунарманди писанди дили мардум Нозияи Кароматулло баромадем. Ба ин суоли шумо  модари  Нозия —  Зулфия Кабутова  посух доданд.

 

-Ба кулли мухлисони Нозия, ба он модари бофарҳанг, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи рӯзнома  будаанд, барои ихлосмандиашон ба ҳунару фаъолияти Нозия арзи сипоси худро мерасонам ва гуфтаниам, ки беташвиш бошанд. Зеро Нозия дар тамоми  чорабиниҳои наврӯзӣ бо таронаҳои рангини хеш баромад намуда, табъу хотири шуморо  болида месозад. Вай дар ҳама ҷашну маъракаҳои Ватани азиз бо шумо аст.  Шояд шумо ба барномаҳои рекламавии шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон диққати бештар зоҳир накардед ва аз ин хотир чунин гумон кардед. Айни замон ӯ дар чорабинии идонаи  Вазорати  корҳои дохилӣ ширкат дорад.   Ҷашни дар пешистодаи Наврӯзи байналмиллалиро ба кулли мардуми Тоҷикистон муборакбод гуфта, орзуманди онам, ки  рӯзгорашон пурфайзу баракат, дастурхонашон пурнозу неъмат ва қалбашон чун дили модарон саршори меҳру муҳаббату садоқат бошад.

 

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

комментария 2

  1. Ман ба ин бонуи зебо ва хуш садо Зулайхо савол доштам ки ое дар консерти солинавии 2013 иштирок мекунад? Ва ба ин солинави суруди нав таер кардааст? Бо эхтиром Саидрахмон аз ш.Санкг-Питербург.
    Мо интизори сурдхои нав ба нави Зулайхо!

  2. Салом ба хафтномаи дилкушо аз шумо хело шодам ки ба рози дили мардум расида хохиши уро ичро мекунетон сипосгузорам аммо як хохиши марохам агар ичро мекардед хело хушхол мешудам ман ба як хофизаи чавону хуш овоз ва хело кату комати зебо ва хусни дилнишин дорад мафтун шудам ин хам бошад ин сароянда Мехрнигори Рустам мебошан ойо ин сароядаи зебо шавхар доранд? Авалхо бо сурудхои зебояш ошик будам холо бошад бо худи ин сарояндаи зебо яъне Мехрнигор мафтун гаштам бисйори бисйор ошик шудам дар вилояти сугд мехонам курси 3 аммо наметавонам рафта яъне шубха дорам ки вакти рафтам чихели мейова чихели мебинам намедонам санаи 23-уми март дар нохияи исфара ва дехоти сурх омада будан дар хамончо дидам бисйор худамро гум кардам аз мехрнигори рустам як хохиш дорам танхо як маротиба садояшро бо тел шунавам барои ман аз дунйо дигар чизе барои ман даркор не сипозгузорам дилкушо бо эхтиром Нусратулло номер тел 938126006

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: