• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ОЁ САДРИДДИН БО МАНИЖА ДУЭТ МЕСАРОЯД?

МАНИЖА ВА САДРИДДИН

МАНИЖА ВА САДРИДДИН

Салом, ҳафтаномаи  писандидаамон «Дилкушо»!

 Мехоҳем барои як дархости худу рафиқонам тариқи ҳафтаномаи шумо посух бигирам. Cадриддини Наҷмиддин яке аз маҳбубтарин ҳофизонест, ки оҳангҳои рӯҳнавозу садои марғубаш дилҳоро тасхир намудаву ба шӯр овардааст. Мо мухлисони ҳунараш дар Федератсияи Русия машғули кору бор ҳастем ва садои марғуби ӯро хеле зиёд дӯст медорем. Шӯҳрату овозаи садои форами Садриддин ба дуриҳои дур рафта, чун парастуҳо дар қалбҳои мардуми ташнаи суруди форамаш  маскан гирифтааст. Табиат ӯро гӯё маҳз барои сароидан офаридааст. Зеро хеле овози фораму нотакрорро барояш ато намудаву сурудаҳояш ба дили инсонҳо хеле наздику ошно гардидааст.  Ворид гардидани Садриддин ба саҳнаи ҳунар мисли дурахши ситораи тобноке қабул гардид барои мо мухлисони ашаддиаш.   Вай дар як муддати хеле кӯтоҳ тавонист дар дилу дидаҳои мо ҷой бигирад.

Садриддин сабку овози нотакрорро соҳиб буда, имрӯзҳо ҳунару фарҳанги мардуми тоҷикро назди ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Агар гӯем, ки ӯ  ифтихори миллати мост, хато нахоҳад буд. Ӯ дар қатори шинохтатарин ҳунармандони Шарқ эътироф гардидаву қадрдонӣ шудааст.  Мо, мухлисони ашаддиаш, муддатҳои дароз  мунтазири консерти ӯ мешавем ва аз тозатарин таронааш лаззат мебарем. Ниҳоят, ба гуфти пайвандонамон, ки ҳамеша ҳангоми занг задан мо аз ҳолу аҳвол ва фаъолияти ҳунарии Садриддин пурсон мешавем, донистем, ки ӯ дар арафаи Иди Наврӯзи байналмилалӣ Манижаро ба саҳна мебаровардааст ва онҳо ҳарду якҷоя дуэт месароидаанд. Оё ин рост аст? Магар Садриддин тавонистааст, ин бонуи аз чашмҳои мардум дургаштаро дубора ба рӯйи саҳнаи ҳунар баргардонад? Агар чунин аст, мо ба Садриддини азиз таҳсину офарин мегӯем. Зеро хеле вақт боз пазмони ҳунарнамоии  Манижа гардидаем.

Садриддин кори савобе кардааст, ки мисли худаш ҳунарманди нотакрорро қадрдониву эътироф намудааст. Ҳунари ҳар фарди соҳибдил нест, ки бо вуҷуди ин қадар шӯҳратёр ва ситораи нотакрор буданаш, тавонистааст, ин бонуи ҳампешаи худро эътирофу дастгирӣ намояд. Ин беҳтарин ҳадяи наврӯзии Садриддини Наҷмиддин хоҳад буд ба ташнагони савту навои асил, ки ихлосмандонаш боз ҳам бо тарзу услуби ба худаш хоси ӯ ва савту навои дилфиребаш баҳраманд мегарданд.   Мо,  ки бо амри тақдир дур аз Ватан қарор дорем ва имкони тамошои чунин консертҳои дидании Ватани азизамонро надорем, орзуманди дастрас намудани дискҳояш ҳастем. Зеро сурудҳояш ғами ниҳонии дилро зудуда ба ҷойи он фараҳ ва умеди тозаро ба зиндагӣ бедор месозад.

Мо дар ғарибӣ бо садои рӯҳнавозаш худро тасаллӣ медиҳем ва аз  садои қалби пуршӯри Садриддину Манижа болидахотиру шукуфтадил мегардем. Садриддин ҳамчун ҳунарманди асил ифтихори мо ҳамватанонаш аст. Мо дар пеши миллатҳои дигар суруди ӯро гӯш карда фахр мекунем. Дар ҳақиқат ӯ бо ҳунари волояш  фахри Тоҷикистон аст ва тариқи садои форамаш моро мешиносанд.  Мисли ӯ ҳунармандро модари тоҷик ҳар рӯз таваллуд  намекунад. Вай ҳам мисли Аҳмад Зоҳир нобиға аст дар олами мусиқӣ. Вале афсӯс, ки мо на ҳамеша ба қадри ӯву ҳунараш мерасем. Вайро азиз бояд дошт ва эҳтиёт мебояд.

Бо арзи эҳтиром ва ихлоси бепоёни нисбати Садриддину Манижа доштаамон:

Фирдавс Ҳомидов, Беҳрӯз Ҳамзаев, Ҷасур Ҳамдамов, Содиқ Назаров, Муаттара Хӯҷова, Сурайё Валиева, Мағфират Исломова аз шаҳри Маскав

 

Аз идора:

-Ҳамватанони азизи дар мусофират қарордошта, мухлисони ҳақиқии Садриддин ва Манижа! Номаи пур аз меҳру ихлоси шуморо гирифта ба суроғи ин ҳунарманди нотакрор Садриддини Наҷмиддин афтодем. Зеро ҳар хоҳишу талаби шумо болои дидаи мост. Аммо телефони дастии ӯ ҷавоб  надод. Садриддин аслан ҷавони ниҳоят хоксор аст ва ҳеҷ гоҳе аз саволи рӯзноманигорон худро дар канор намегирад. Аммо мо фикр мекунем, ки шояд ӯ дар сафар қарор дорад ва ё ба таҳияи таронаҳои наврӯзии худ машғул аст. Зимни мусоҳибаҳое, ки то ин дам бо Садриддин доштем, ҳар гоҳ аз ӯ дар бораи аз саҳна канораҷӯии Манижа пурсем, ӯ бо як эҳтироми махсуси нисбати ба Манижа доштааш ва  бо афсӯс мегуфт, ки худаш ҳам сабаби дурии Манижаро аз саҳна намефаҳмад. Вале дар бораи ба саҳнаи ҳунар дубора овардани Манижа мо чизеро нафаҳмидаем. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки Манижа кӯдаки хурд нест, ки ӯро касе маҷбуран барои кори нахостааш водор созад. Агар рӯзе шаваду Манижа боз ба саҳнаи ҳунар баргардад, албатта ӯ ин корро бо амри дил мекунад, на бо далолати ҳампешае. Мо ҳам мисли шумо чунин рӯзро мунтазирем.

Раҷабова Саломат — модари Садриддин:

-Писарам айни замон бо сабтҳои наврӯзии хеш банд аст шояд. Миннатдорам аз мухлисони ӯ, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯяш ҳастанд. Аммо дар бораи дуэт хонданаш бо Манижа  боре ҳам чизе нагуфтааст. Ба фикрам ин пешгӯӣ асосе надорад ва танҳо овозае ҳаст шояд. Ӯ дар бораи  нақшаҳояш  пешакӣ  чизе  намегӯяд. Албатта ба саҳна баргаштани Манижа аз худаш вобаста аст. Ман аз мухлисони асили Садриддин, ки дар мусофират низ ҳамеша дар фикри ӯ ҳастанд, сипосгузорам. Писарам ҳамеша дар фикри ихлосмандони худ аст ва ҳамаи талошу кӯшишҳояш низ барои болидагии табъу рӯҳи онҳост. Наврӯзи нозанин барои ҳамаи ҳамватони берунмарзиву дохилӣ низ муборак бошад! Бигзор зиндагӣ ҳамеша гуворо ва мисли насими тозаи наврӯзӣ пурнакҳат бошад.

комментария 4

  1. салом «Дилкушо»

  2. салом манижа овозатон хаста набоша тез ба сахна бароед хама шуморо интизораи))

  3. манижа бехтарин Сароянда хастаи ))

  4. Манижа ва Садриддин бо шумо хичка баробар шуда наметавонад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: