• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ПРИЯНКА ЧОПРА: «ОИЛАИ ШОҲРУХХОНРО ВАЙРОН НАХОҲАМ КАРД, ЛЕК…»

Приянка Чопра

Приянка Чопра

Приянка  ҳамеша зебову дилкаш аст. Бо хандаҳои афсункораш   ҳама бори ғами зиндагиро аз замири бинандаву шунаванда дур месозад. Ҳатто ҳангоме, ки мегиряд, донаҳои ашки алмосгун, ки аз чашмони дурахшонаш ба рӯйи беғубораш  мечаканд, намуди шабнами саҳариро ба руйи гулбарги таре ҷилва медиҳанд.  Маҳз чунин образ  ҳамеша бо шунидани исми Приянка пеши чашмонамон намудор мешавад. Чун ҳам руйи экранҳо ва ҳам дар зиндагӣ ӯ ҳамингуна дунёи нотакрор дорад. Ва шояд ҳамин ҷозибаи хос сабаб шуда, ки ӯ дар муддати кӯтоҳ  андар умқи дили тамошобини закӣ ворид гаштаву ҳамвора беқарораш месозад.

 

 

Орзуҳои сафед

Чун дар оилаи табибон ба дунё омадаву ситораи синамо гардидани Приянка тасодуфист . Зеро волидайн, ки худ духтурони ҳарбӣ буданд, ҷигарбандашонро низ аз хурдӣ бо хилъату каллапӯши сафед тасаввур мекарданд. Худ низ ҳамчун духтари ҳалиму меҳрубон ва роздону хушмуомила пас аз хатми мактаб мехост равоншинос шавад . Лек бо талқини дӯстонаш (гарчанде худ тамоман боварӣ надошт) соли 2000 дар озмуни » Зебосанами ҷаҳон» ширкат варзида дере нагузашта соҳиби ҷои аввал мегардад. Ва пас аз ин ғолибият дари шӯҳрату муваффақият ба рӯяш боз мегардад. Соли 2002 бошад дар Болливуд ба фаъолият шурӯъ мекунад.

 

Офтобак»-и дилу дидаҳо

Ӯро наздикон ва дӯстонаш навозишкорона Офтобак ва гоҳе Мими ном мебаранд.  Ҳангоме, ки ба ӯ сенарияи ин ва ё он филм писанд меояд, бе чуну чаро таклифи коргардонро новобаста аз маблағу сарпарастӣ мепазирад.  Ӯ ягона намояндаи Ҳиндустон мебошад, ки ба ширкат дар хори миллии ИМА «National Opus Honor Choir»  шарафёб гардидааст.

 

Приянка арӯси Шоҳруххон аст?

Чанд моҳи охир сару садоҳо вирди номи шаҳзодаи орзуҳо Шоҳруххон ва Приянка беҳисобанд ва ҳарду ситораҳо ин ҳама овозаҳоро қатъиян рад мекарданд. Вале воқеаи шоми 18 январи соли ҷорӣ рух дода ҳамаро дар ҳайрат гузошт, аниқтараш соати 3-и шаб Приянкаро дар утоқи кории Шоҳруххон пайдо карданд. Ӯро нисфишабӣ дар танҳоӣ  бо марди зандор чӣ коре буд? Шояд хонандаи азизро низ маҳз ҳамин суол ноором месозад.

— Ба андешаи Шумо ишқи ногаҳоние, ки вориди қалби як нафар мегардад, бояд ҳатман боиси хонавайронии дигаре бошад?

-Агар бигӯем, ки дар ҷомеаи мо имрӯз воқеан рӯзноманигорон дар сатҳи философу фантазёрҳо  қарор доранд,  иштибоҳ нахоҳем кард. Зеро ки воқеаро натанҳо аз будаш зиёд, балки бо иловаю далелҳои беасос пешкаши аудитория месозанд. Ва ин албатта маро ҳамчун як нафари ҳунарманд то ҳадде дилозурда месозад. Зеро расонаҳои хабарӣ  чашму гӯши мардум мебошанд ва журналистон бояд бо иттилои саҳеҳ  ва муносибати ҷиддӣ  оммаро қонеъ созанд. Шоҳруххон пеш аз оне, ки дӯст ва шарики ман аст, ӯ бароям бародар мебошад. Ва албатта  шунидани ин овозаҳо бароям ниҳоят сангину аламовар буд.

 

-Барои густохиам узр мехоҳам,  лек калиди ин муаммо дар чист?  Чист сабаби дар нимашаб ташриф овардани Приянка ба офиси Шоҳруххон?

-Чун дар ибтидо зикр намудам,  мо дӯст ва шарик ҳастем. Ва моҳи январи соли ҷорӣ барои иштирок дар намоишномаи «Zee Cine Awards», ки дар Макао 21 январ баргузор гардид  ва мо дар якҷоягӣ даъват шуда будем, бетанаффус тӯли чанд моҳ  машқ  мекардем ва ҳатто раққосҳо моро ҳамроҳӣ мекарданд. Ва, хушбахтона,  дар ин намоишнома мо яке аз беҳтаринҳо будем.

 

-Вале то ҷое фаҳмидем,  хонум Гаури Кханро (хамсари Шохруххон) низ  ин ҳамкориҳои шумо чандон хуш намеояд?

-Дар ин бобат ман шахсан бо хонум Гаури гуфтугӯ накардам ва  чизе гуфта наметавонам. Лек дӯстоне, ки ӯро иҳота  кардаанд,  на ҳамеша ба роҳи рост ҳидояташ мекунанд.

 

-Манзури Шумо чист?

-Манзурам дӯсти наздики Гаури  ки Шоҳрух низ чандон дӯсташ намедорад, хонум Нилам мебошад.  Ба гумонам он нафаре, ки худ дар  ҳаёти оилавӣ  муваффақ  нест, набояд бо маслиҳатҳои иғвогаронааш оилаи шахсони наздикашро дар зери хатар гузорад. Шоҳрух санъаткор аст ва мусаллам аст, ки ҳар рӯзу ҳар рӯз бо намояндагони  ҷинси латиф дар робитаву ҳамкорӣ аст. Ва зани оқила  дар ҳеҷ сурат озодии мардро халалдор намесозад. Нилам бошад аз ҳар ҷиҳат  мекӯшад  оташи рашкро дар қалби дугонааш бедор созад. Мақсади ӯро нафаҳмидам. Дар ҳоле ки маҳз ӯ метавонад ба дӯсташ маслиҳати саривақтӣ дода, ӯро ёвару мададгор бошад.

 

-Пас ин анҷоми ҳамкориҳои шумо бо Шоҳруххон хоҳад буд?

-На,  ман гумон намекунам. Лек агар Шоҳрух барои мустаҳкамии ҳаёти оилавӣ  ва осудагии хотири наздиконаш аз ҳамкорӣ бо ман даст кашад, ҳаргиз озурда нахоҳам шуд. Зеро маънии дӯстӣ дар якдигарфаҳмист.

 

 Бомдоди ишқ

-Беҳтарин тӯҳфае, ки ҳамеша аз азизи дили худ интизор ҳастед?

-Ишқ аслан ба ҳадяҳо ниёз надорад. Ҳадя дар ошиқӣ ба хотири лаҳзае шод кардани маҳбуби дил аст. Агар бо моле шодаш натавонӣ  кард, боке нест, қиматтарин моли бозори ишқ —  муҳаббат аст, онро бедареғ ба ҳамдигар ҳадя бояд кард.

 

-Приянка аз оянда чӣ умедҳо дорад?

-Умеди хушбахтӣ, комёбӣ дар корҳои эҷодиям. Зеро хушбахтӣ  барои ман — ин саломатии азизону барор дар синамо ва зиндагист. Чун айни ҳол аз Олмон баргаштам ва бояд бигӯям, ки аз ҳама беҳтарин ҷой ҳам барои кору ҳам зиндагӣ барои ҳар як шахс ин Ватани азизаш мебошад. Ва албатта, ки маънии зиндагӣ  дар муҳаббат аст. Пас таманно мекунам, ки ҳамеша дӯст доред, то дустдоштани бошед.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: