• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

Чонибек ва Шакира

Чонибек Шакира

Чонибек Шакира

Ҷонибек Муродов:

КОНСЕРТИ ЯКҶОЯ БО АНДӢ ОРЗУИ БАЧАГИИ МАН БУД

— Гуфтугӯямонро аз як паёми хонанда мехоҳем шурӯ кунем: “Ман саломи худро ба сарояндаи писандидаам Ҷонибек Муродов мерасонам, мехоҳам бо он кас шинос шавам. Илтимос, рад накунед. Мунтазири посухи неку гувороятон ҳастам. Мухлиси ашаддии шумо Шаҳзода”.

-Хоҳари азиз Шаҳзода, ман ҳамаи мухлисонамро дӯст медорам ва зимни консерту вохӯриҳо ҳамеша бо онҳо дар тамос гашта, ба саволҳояшон посух хоҳам дод. Агар насиб бошад, бо шумо низ, Худо хоҳад, шинос хоҳем шуд албатта.

— Шумо аз консерти якҷояи худ бо Андӣ Мададиён чӣ умедҳо доред?

-Умед дорам, ки ин консерт дар сатҳи олӣ гузашта дар дили ҳаводорони ҳунар нақши муассире мегузорад. Мехоҳам онҳо бо дили пур ва табъи болида аз толор берун шаванд.

-Шумо ба ин  ҳунарманд ҳамеша  таваҷҷӯҳи зиёд доштед ё худ ин консерт бисёртар тасодуфӣ аст?

-Ман аслан консерти тасодуфиро намеписандам. Ин консертро бо хости дил омода ва тарҳрезӣ намудем. Чунин консерти якҷоя бо Андӣ Мададиён орзуи даврони бачагии ман аст. Мо бо ин ҳунарманди дилпазир дӯсту бародар ҳастем ва берун аз кишвар бо Андӣ дар консерту шабнишинҳо зиёд ҳамнишинӣ кардаем ва албатта, ба ҳунари нотакрори ӯ таваҷҷӯҳи беандоза дорам.

-Яъне, сарпарасти асосии консерт низ  худатон ҳастед?

-Сарпарастон ширкати мобилии “Т-Селл” ва ширкати “Сиёвуш –Душанбе- 2“ мебошанд.

-Фирӯз ном ҷавоне аз Ёвон донистан мехоҳад, ки шумо дар ин консерт бо БАХА-84 низ суруде мехонед?

-Дар ин консерт неву ягон вақти дигар, агар аз тарафи ӯ пешниҳоде шавад, шояд бо БАХА-84 якҷоя суруде сароем. Барои ин вақт даркор аст. Суруди хуб наметавонад дар ин чанд рӯз таҳияву пешкаш гардад.

-Ба андешаи шумо ҳунарманд рӯйи саҳна самимитар аст ё дар зиндагӣ?

-Ба фикрам, самимияти ҳар як инсон новобаста аз он ки вай чӣ касбе дорад, ба хислату характери вай вобаста аст. Шахсан ман бо дӯстони ҷонии хеш самимона шӯхиҳо мекунам, аммо, албатта, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ орому ҷиддӣ ҳастам.

-Дӯстони самимии шумо киҳоанд, умуман дар зиндагии шумо мафҳуми дӯсту душман мақоме дорад?

-Албатта, ин ҳарду мафҳум дар зиндагии ҳар як шахс мақоми худро дорад. Метавонам дилпурона гӯям, ки дар тамоми дунё 20-25 нафар дӯстони воқеан ҷонии худро дорам, ки дар ҳама ҳолат такя ба онҳо мекунаму агар лозим шавад, дастгири ҳамдигар хоҳем шуд. Ҳамеша мекӯшам, ки аз дӯстони хасакиву муваққатӣ, ки дар зиндагӣ зиёд дучор низ шудаам, худро канор бигирам ва фикр мекунам аз чунин “дӯстон” дур будан беҳтар аст.

-Як замоне, аниқтараш, агар хато накунам, ҳангоми дар синну соли писаратон будан дар як консерти падар  саҳна гул овардеду дигар намехостед аз он кас дур бошед ва устод Ҷӯрабек он замон ба хотири оромии толор ва халал нарасондан ба тамошобинон шуморо дар бағал гирифта суруди алларо сароида буданд. Он саҳна хеле табиӣ баромада буд ва то имрӯз, яъне баъди бисту панҷ сол ҳам дар хотири мо мондааст. Шумо ният надоред, ки боре Нуруллобеки хурдакакро ҳамин тавр рӯйи саҳна бубинед?

-Агар насибаш бошад, Худо хоҳад, шояд рӯзе ӯ низ ба саҳна ҳам мебарояд.

— Боз як паёме аз хонандагон: “Саломи гарму ҷӯшон ба ҳамаи Шумо. Мо мухлисони ашаддии Ҷонибек Муродов ҳастем ва мегӯем, ки овози дилнишинатон ҳаргиз  хаста нагардад. Акаҷон, шумо зеби саҳнаи тоҷик ҳастед, дар ин консертатон ба шумо барору кушоишро таманно намуда, сурудҳои тару тозаатонро интизорем.  «Дилкушо», ба акаи  Ҷонибек  ин паёми моро расонед. Дуогӯёни Шумо —  Моҳинҷон ва Дурдонахон”.

-Хоҳарони азиз, барои орзуҳои самимиатон изҳори сипос менамоям ва умед дорам, ки ин консерт низ бо дуову дастгириҳоятон хотирмон хоҳад гузашт. Шукронаи Аллоҳ мекунам, ки ба ҷуз атои ҳунар бароям чунин мухлисони асилро додааст.

-Як нафар мухлиси шумо бо номи Ёсуман аз шаҳри Душанбе мепурсад, ки дар ин консерт мехостед киро ба ҳайси меҳмон даъват кунед?

-Хоҳарам Ёсуман, аз ҳунармандон  нафаре, ки ҳурмат карда биёяд, нури дида, тоҷи сар мегӯям. Зеро консерт низ мисли зодрӯз аст ва ба табрики ҳунарманд, ҳар нафар дӯсти ҳақиқиаш бо ташрифи хеш ӯро хурсанд хоҳад кард. Ман шумо ва кулли мухлисонамро рӯзи 5-уми май соати  17.00 ба Кохи Ваҳдат даъват мекунам ва он гоҳ шумо низ шоҳиди ҳол хоҳед шуд, ки дӯстони самимии ман киҳоянд ва ҳамзамон ба саволи худ посух мегиред.

-Шумо, ки бештари вақти худро дар сафар мегузаронед, худро он ҷо озодтар ҳис мекунед ё дар Тоҷикистон?

-Албатта, дар Тоҷикистон, ки ватани ман, хонаи ман, манзили умеду мулки озодам аст ва ин ҷо халқи азизам, дӯстони беҳтар аз ҷонам, пайвандонам бо мананд. худро дилпуру худбовар ва озод эҳсос мекунам. Барои ман эътиқоду эътимоду эҳтиром ба Тоҷикистони азизам ва ҳар як ваҷаби марзу буми он ҳам садоқату ҳам ибодат аст. Беҳуда бузургон “Гӯшаи имон ватан аст” нагуфтаанд. Суннату фарҳанги Ватанро пос доштан фарз аст барои ҳар яки мо.

-Таманниёти шумо ба мухлисони ҳунаратон.

-Хушбахтиву сарбаландӣ ва осудаҳоливу  сарватмандии онҳо орзуи ҳамешагии ман аст. Бигзор осмони Тоҷикистони азизи мо мисли имрӯза софу беғубор бошаду мардумонаш бениёз.

-Ба шумо низ дар ин консерти дар пешистодаатон комёбиву кушоишро таманно дорем.

Шакира: ХУДРО ЗАНИ ЗЕБО НАМЕҲИСОБАМ

 Ҷилои боз як ситораи “Барселона”

«Шаби 22 январи соли ҷорӣ, соати 21:36 дар ҳайати тими «Барселона» боз як футболисти дигар ба дунё омад, ки ӯро Милан Пике Мебарак ном гузоштанд». Вақте ин хабар бори аввал дар сомонаи Твиттер пайдо шуд, хушбахтии кули мухлисони тими овозадори «Барселона», ҳаводорони тобноктарин ситораи мусиқии Ғарб Шакира ва футболбози машҳур Жерар Пикеро ҳадду канор набуд. Волидайни ҷавон беҳуда номи Миланро интихоб накардаанд, зеро дар забонҳои славянӣ маънои ин ном ҳамчун «меҳнатдӯст», «меҳрубон» ва «ғамхор» тарҷума шудааст. Шояд «Милани хурдакакро ин ҳама таваҷҷӯҳҳи зиёд ба ҳайрат овардааст» гӯён ҳар яки Шумо ба худ суол диҳед. Аммо фаромӯш накунед, ки модари Милан аз занҳои оддӣ нест, балки сарояндаи машҳур Шакира аст. Шакира Исабел Мебарак Рипол ҳанӯз аз синни сесолагӣ аз уҳдаи хондаву навиштан мебаромад ва дар ҳаштсолагӣ аллакай аз ҳунари рассомӣ, сурудхонӣ, эҷоди шеър ва санъати рақс ба хубӣ огоҳ буд. Соли 1995 таронаи “Орзуҳои беохир”-и Шакира ӯро дар синни 18-солагӣ машҳури олам месозад.

       “Хандаи ӯ хушбахтии ман аст!”

Бо хоҳиши Шакира ҳангоми таваллуд дар гирду атрофи ӯ танҳо намояндагони ҷинси латиф ҳузур доштанд. Дидани Милани ҳушёру зирак мақоли машҳури русҳо “Себ аз дарахташ дур намеафтад” –ро ба хотир меорад — ӯ дар якрӯзагиаш аллакай узви “Барселона” шуда буд.

Дар тӯли фаъолияти сермаҳсули худ Шакира ҳамеша ба эҳсонкорӣ машғул аст. Дар зодгоҳи Шакира аз самимияти зиёд нисбати шахсияти ӯ ҳатто нимпайкараашро гузоштаанд. Бисёре аз модарон тифли навзодро ба шахсҳои бегона нишон намедиҳанд, ки гӯё “чашм” мекарда бошанд. Аммо Шакира ин гуна нест. Милан ҳанӯз чормоҳа асту аллакай ситораи телевизион шудааст. Ҳатто дар яке аз шоу-барномаҳо Шакира ҳамроҳи Милан доварӣ мекунад. Ҳамагон аз дидори тифли зебояки Шакира масрур шудаанд ва бахусус сару либоси Милани кӯчак таваҷҷӯҳи ҳамаро ба худ ҷалб мекард. Зеро ӯ футболка, пойафзол ва кулоҳи ба он мувофиқро, ки имрӯзҳо дар миёни варзишгарон мӯд ҳастанд, дар тан дошт. Бинандагон зери лаб мегуфтанд: “Пикеи сонӣ”.

Қиссаи тӯб ва шаҳзодаи хурдакак

-Шакира, имрӯзҳо Пикеи хурдакак чӣ ҳолу аҳвол дорад?

-Тӯбро аз худ лаҳзае дур намекунад.

-Оҳо, аллакай аз қонуну қоидаҳои бозии футбол огоҳ аст, гуфтаниед?

-Шумо бозингари ояндаи “ Барселона”-ро бо чашми кам набинед (механдад). Бовар кунед, худро мисли шабпарак эҳсос мекунам. Шунидани садои хандаи тифл барои модар беҳтарин ҳиссиёт аст. Вақте ҳарфи аввалинро ба забон меорад, вақте туро бо кадом як лаҳҷаи худ фарёд мекунад, он лаҳзаҳо гӯё боли парвоз мебарорам.

Милан ба модари зебояш монанд аст ё ба падар?

-Бовар кунед, худро ҳеҷ гоҳ зебо намепиндоштам. Гумон дорам, ки ақлу тамиз ва маърифату ҳунармандӣ занро дилрабо месозанд. Ва ба ҳар мартабае, ки дар зиндагӣ ноил гаштам, ба шарофати ақлу ҳунарам аст, на зоҳирам. Аз ин рӯ мехоҳам, ки ҷигарбанди ман низ пеш аз ҳама ботинан зебову поксиришт бошад.

—         Шакираро имрӯз “маликаи поп-музыка” шуморидан барояш гуворо аст?

—         Аз ин баҳои мухлисон бениҳоят сипосгузорам.

Боз аз хотираҳо…

—         Ҷои пӯшида нест, ки Шакира яке аз сарватмандтарин занони Ғарб ба ҳисоб меравад, барои ин комёбиҳо аз собиқ дӯстдоштаи худ Антонио дела Руа миннатдоред ё аз каси дигар?

—         Ба ҳар ҷодае, ки расидам, аз худам миннатдорам. Натиҷаи шабҳои бехобӣ, заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ маро Шакираи ҷаҳониён сохт. Ва дар инҷо заҳмати каси дигарро намебинам. Агар як зан дар ҷомеаи мо мувффақ шавад, ҳатман гумон мебаранд, ки ӯро дар ин ҷода дастгире ҳаст. Чун номи ман маънои “шукрона”-ро дорад, аз Парвардигор пеш аз ҳама шабу рӯз миннатдорам. Барои саломатии Милан ва кулли тифлакони дунё ҳамеша даст ба дуо мебардорам.

                             

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: