• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

Бунафша Раҷабова: ДАР ҲИНДУСТОН ФОТОСЕССИЯ КАРДАМ

Афшин Бунафша

Афшин Бунафша

 Бунафша Раҷабова аз зумраи  сарояндагонест, ки бо садои фораму лаҳни  гуворояш ҳаводорони хешро мафтуни хеш гардондааст. Ӯ дар муддати кӯтоҳ бо садои гӯшнавозу дилнишинаш маҳбуби дилҳо гардида, таваҷҷӯҳ мардумро ба олами ҳунар бештар гардондааст.  Лаҳзае бо Бунафшабону ҳамсӯҳбат гардида, ба дунёи рози  ӯ ворид гардидам. Ва хостам  хонандаи азиз, ту низ аз ин сӯҳбат воқиф гардида,  вориди ин олами пурэъҷоз гардӣ. Бунафша соли 1982 дар ноҳияи Файзобод чашм ба олами ҳастӣ боз намуда, мактаби  рақами 24-уми ҳамин ноҳияро хатм кардааст.  Бо вуҷуди хатм намудани факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии  Тоҷикистон, меҳри санъат дар дили ӯ боло гирифта пайроҳаи хешро дигар кардааст. Соҳиби се фарзанди нозанин – Дилноза Муниса ва писарчаи дусолае бо номи Бузургмеҳр аст. 

 

-Бунафшабону, ҳангоми сӯҳбати пешинаамон гуфта будед, ки нияти  сафари Ҳиндустонро доред ва аз ин сафар бо чӣ  гуна таассурот баргаштед?

— Аз айёми кӯдакӣ сафар ба ин мамлакати орзуҳоям маро думболагир буд  ва мехостам, ки боре ҳам ин кишвари афсонавиро бубинам. Ниятҳои кӯдакона, ки аслан холису аз сидқи дил  мешаванд, амалишавандаанд. Аз ин хотир орзуи ман низ амалӣ гашту дидани шаҳри орзуҳо насибам гашт. Ман аслан бо нияти  сайру сайёҳат рафта будам ва бо хотири болидаву ҷалби лабрези фараҳ баргаштам.

-Шояд фикр ҳам кардед, ки агар имкон медоштед, дар ин кишвари афсонавӣ зиндагиро ихтиёр мекардед?

-Бароям беҳтарин макони зист ва ҳам истироҳату фароғат албатта ватанам аст ва ҳар қатраи обашу ҳар гӯшаи Тоҷикистони азизам бароям муқаддасу азиз аст. Дар мамлакати бегона бо вуҷуди зебову ғайриоддӣ буданаш кас наметавонад аз як ҳафта зиёд зиндагӣ кунад. Зеро меҳри Ватан болотар аз ҳама зебоиву нотакрор аст.

-Ягон клип низ омода шуд онҷо?

-Он ҷо асосан фотосессия кардаму клипро дар манзараҳои нотакрори Тоҷикистони азиз, ки имрӯзҳо зеботар аз ҳама кишварҳои олам шудааст, кардам.

-Вақте таомҳои сермурчу қаламфури онҷоро мехӯрдед, дилатон барои қурутоби тоҷикӣ гум мезад  шояд?

-Оҳ напурсед, онҷо ҳамеша маконеро меҷустем, ки ғизоҳои ақаллан  ба тоҷикӣ монандро омода мекунанд. Хушбахтона дар тарабхонаҳои афғонӣ чунин ғизоҳоро пайдо намуда тановул мекардем.

-Бештар бо кадом ният сарф кардани маблағро меписандед?

-Аз худатон пӯшида нест, ки ҳар як бону бештар мекӯшад, ки ҳарчӣ бештар барои худ сару либоси шинам ва зару зевар харидорӣ намояд. Ман ҳам як бонуе ҳастам, ки зебоиро мепарастам.

-Мегӯянд, ки ҳунармандон бештар дар айёми баҳор ошиқ мешаванду ин фурсатро айёми омадани илҳом низ мепиндоранд?

-Албатта баҳори нозанин, ки  бо омаданаш табиатро бедор ва оламро зебову мафтункунанда мегардонад, дар дили ҳар як шахс ишқ меоварад. Ва ин зебогии нотакрорро дида дили кас ба зиндагӣ бештар гарм мешавад ва илҳоми эҷодӣ низ бо он дилгармӣ албатта бештар мешавад. Аммо намешавад, ки ҳар баҳор аз нав ошиқ шавӣ.

-Суруди беҳтарини худро ба кӣ бахшидаед?

-Шумо фикр мекунед, ки барои шахси эҷодкор суруди беҳтарину бадтарин вуҷуд дорад? Ҳар як суруд барои ҳунарманд низ мисли як фарзанд аст, зеро барои тавлиди  он низ заҳмату шабҳои бехобӣ мекашад ва пораи дили хешро дар он мегузорад. Барои модари азизам як шеъри шоира Мағфират Юсуфиро бо оҳанги Даврони Раҳматзод омода кардаем.

-Ба писаратон Бузургмеҳр низ ягон суруди хешро бахшидаед?

-Бале, барои писари ягонаам як шеъри Орзу Исоевро, ки ба он низ Даврони Раҳматзод оҳанг бастаанд, як суруди хуберо бо номи “Меҳрубонӣ” омода кардаем. Аммо он ба пуррагӣ омода нашудааст ва мехоҳам дар он клип худи Бузургмеҳр низ ширкат варзад ва он беҳтарин суруди албоми навам хоҳад шуд.

-Мегӯянд, ки айни замон сарпарасти  олиҳиммате шуморо дастгиру мададгор аст. Ва дар фурсати наздик нияти баргузор кардани консерти худро доред?

— Шумо ба ин гуфтаҳо бовар накунед. Зеро сарпарасти асосиам худам ҳастам ва ҳам клипу албому консертамро танҳо бо ранҷу заҳмати хеш омода хоҳам кард. Албатта дӯсту бародарони хуб дорам ва дар бисёр мавридҳо дастгириам мекунанд ва ман ҳам мекӯшам дар мавриди барои онҳо зарурӣ дасти кӯмаки хешро аз рӯйи имконият дароз кунам. Аммо сарпарсти олиҳиммат танҳо бофтаи хаёли мардум аст. Ба мухлисони азизам муждагоние дорам, ки ҳафтаи наздик ду клипи беҳтарини хешро аз албоми дуюмам пешкаши онҳо хоҳам кард.

-Бароятон сабру барору кушоишро таманно намуда, талабгорем, ки ба кулли орзуҳоятон бирасед.

-Ман ҳам барои хонандагони ҳафтаномаи “Дилкушо” саодати зиндагиро хосторам. Бигзор ҳамеша сарбаланду хонаободу сарватманд бошанд. Орзу дорам, ки  ҳар як бонуи тоҷик ба ояндаи худ боварӣ дошта бошад, барои худ зиндагӣ кунад ва ба қадри худаш бирасад ва аз ҳама муҳимаш худро озоду тавоно эҳсос кунад. Дар қатори онҳо бигзор се ҷигарбандам ва пайвандону модарҷони азизам низ тансиҳату бениёз бошанд.

 АФШИН: ДАР ЭРОН МУСИҚӢ ҚАТАҒАН БУД

 Афшин 6 майи соли 1978 дар шаҳри Бобули шимоли Эрон чашм ба истиқболи рӯз боз намудаву дар ҳамон ҷо ба воя расидааст. Ӯ яке аз шинохтатарин сарояндагони мусиқии попи иронитабори муқими Амрикост.

Пас аз ҳиҷрат аз Ватан Афшин муддате дар Олмон зиндагиву фаъолият намуда, сипас Амрикоро макони зисти хеш қарор додааст. Гарчи дар ин мамлакат зиндагии хубу бароҳате дорад, аммо ҳамеша дилаш барои Эрон гум мезанад ва ӯ ин эҳсоси хешро боре дар яке аз мусоҳибаҳояш чунин иброз кардааст:

— Дар Эрон замоне, ки мо мехондем, мусиқӣ  қатаған (яъне ҷиноят – «Д») буд. Ва ёдам ҳаст, борҳо маро гирифта ба боздоштгоҳ бурданд, ба хотири ин ки дар ҷашнвораҳо гитор менавохтам. Беш аз 12 сол аст, ки Эронро тарк кардам, мутаассифона, ҳозир дар ғурбат зиндагӣ мекунам ва бузургтарин орзуям ин аст, ки рӯзе баргардам ба сарзаминам, зеро ҳеҷ ҷойи дунё мисли Ватан азиз буда наметавонад.

Афшин мусиқии ирониро бо савти попи Ғарб омезиш додааст ва муваффақ ҳам шудааст. Дар репертуари ӯ сурудҳои олмоние низ ҳастанд, ки дар ҳавои мусиқии иронӣ сароида шудаанд ва хеле гӯшнавозу гуворо садо дода ҷавонони ҳунардӯстро боз ҳам мафтунтар гардондааст. Беҳуда нагуфтаанд, ки мусиқии асил забон надорад. Ва албоми таронаҳои бо чунин омезиш омодакардаи Афшин серхаридортарин буда, бо тиражи беҳисоб байни дӯстдорони мусиқии шарқӣ чӣ дар Аврупо ва чӣ дар Канадаву ИМА бо суръати баланд паҳн гаштаву эътироф мешуданд.

Афшин, ин ҳунарманди мақбули дилҳо, ҳар гоҳе меҳмони Тоҷикистон гардад, бо садои ошиқонаву беназираш мухлисони хешро ғановату фараҳмандӣ мебахшад. Ӯ соли гузашта дар моҳи апрел меҳмони кишвари мо шуда бо сарояндаи хушсадо Фирӯза Ҳафизова консерти хотирмоне баргузор намуда, дер боз дар лавҳи хотирҳо нақши муассире гузошта буд. Имсол низ дар арафаи Наврӯзи нозанин Афшин ҳамроҳи ҳунармандон Мансуру Бежан барои сабти барномаи мусиқие ба Тоҷикистон омад. Ва ин барнома дар санаи 12-уми март дар Боғи Ирам бо ҳамроҳии ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон баргузор шуд. Афшин ҳамеша мутаассиф аз он аст, ки мисли садҳо ҳазор иронии муҳоҷир наметавонад ҷашни Наврӯзро дар Эрон бо рақсу сурур таҷлил намояд.

-Афшин, шуморо чӣ гуна иттифоқ афтод, ки меҳмони Тоҷикистон бишавед?

-Маро дӯстонам ба ҷашни Наврӯз даъват карданд ва бо нияти сабти барномаи мусиқӣ  ин ҷо омадем. Ҳамчунин меҳри гарми ёру бародарони тоҷик маро бозхонд сӯйи ин кишвари офтобӣ. Соли гузашта дар Тоҷикистон консерт баргузор намуда будам ва то ҳол муҳаббату пазироии гарми  мардуми меҳмоннавозу ҳунардӯсти  шумо дар лавҳи хотирам боқист. Фикр кардам  бо шумо ҷашн гирифтани Наврӯз албатта гуворо хоҳад буд.

-Шумо имсол Тоҷикистонро чӣ гуна дарёфтед?

-Мисли пешина мардумонаш меҳрубону самимиву оддианд.

Кадом ҷиҳати олами ҳунари Тоҷикистон шуморо бештар писанд омад?

-Он ки дар Тоҷикистон ҳунар то ҳол мисли моли бозоргир хариду фурӯш нагашта, садои қалби ҳунармандон аст ва онҳо бо вуҷуди будани монеаҳои зиёди сари роҳашон ва дастгирӣ наёфтан ба он самимона менигаранд ва аз сидқи дил мекӯшанд баҳри болидагии табъи мухлисонашон заҳмати беше кашанд ва номи неке аз худ боқӣ гузоранд. Муттаассифона, чунин рафторро нисбати ҳунару мусиқӣ имрӯзҳо дар ягон гӯшаи олам дидан амри маҳол аст. Инро  эътироф ва қадр бояд  кард. Ба қадри ҳунарманди асил бояд ҳангоми зиндагиаш расид, на баъди ӯ.

-Шумо, ки ба кишварҳои гуногун хеле зиёд сафарҳо кардаед, бигӯед, ки кадом мамлакат бештар шуморо сӯйи худ мекашад?

-Муддате дар Олмон зистаам ва ҳоло муқими Амрико ҳастам, дар мамлакатҳои зиёде будам. Аммо  ҳамчун инсони ҳунарманд майли бештаре ба  Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва мамлакатҳои Араб дорам.  Шояд аз он сабаб ин кишварҳо маро сӯйи худ мехонанд, ки моро нажод, забон ва анъанаву расму таомуламон бо ҳам наздикӣ доранд.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: