• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

Зарин Хон: САЛМАН ФАРИШТАИ МАН АСТ

Остон Зирина

Остон Зирина

Ҳунарпеша ва модели беҳамто Зарин Хон 14 майи соли  1988 дар Мумбайи Ҳиндустон ба дунё омадааст.  Филме, ки дар фаъолияти ҳунарии Зарин нақши калидӣ бозидааст, мелодрамаи «Вир» мебошад.  Табъи латиф ва назокати хосаи ӯ бо як дидан гӯё  ғамро аз дили маҳзун мерабояд. Аммо шояд на ҳамагон медонанд, ки ин санами нозуктар аз гул айёми мактабхонӣ  қариб 100 кг вазн доштааст. Айёми наврасӣ волидайнаш аз ҳам ҷудо мешаванд ва падар оилаи нав бунёд карда, дар бораи Зарин ва хоҳараш гӯё фаромӯш мекунад. Мушкилоти рӯзгор  ва танқисии молиявии оила Заринро маҷбур месозад, ки хонданро партояд. Дар муддати кӯтоҳ тавассути парҳезу машқҳои ҷисмонӣ Зарин соҳиби  қомати мавзун мегардад ва дере нагузашта модели муваффақ ҳам мешавад. Ин духтараки чобуку мушкилнописанд ҳамзамон аз мактаби ҳунарии Субҳаш Гҳая дарси маҳорат гирифтааст. 

                     Фариштаи бахт

Танҳо як вохӯрӣ бо ҳунарманд Салман Хон дарҳои Боливвудро ба рӯи Зарин боз  мекунад. Нақши нахустинашро низ дар филми «Вир» ҳамроҳи Салман бозидааст. Аммо пеш аз банаворгирии филм Заринро имтиҳони дигаре интизор буд. Салман назди Зарин шарт мегузорад, ки ӯ бояд 8 кг фарбеҳ шавад, то ки ба шоҳдухтари воқеии қарни 19 шабоҳат дошта бошад.                       

                    Касест наздиктар аз дӯст

  Салман Хон Шуморо «фариштаи батақдир» номидааст, ин тахаллус Заринро хушоянд аст? 

-Маро ҳар гунае, ки Салу ( Салмон Хон дар назар аст) ном набарад, хушоянд аст, аммо агар Салманро фариштаи хушбахтиҳои Зарин ном барем, иштибоҳе намешавад.

Фақат дар ҷодаи ҳунар ё…?

Ҳам дар ҷодаи ҳунар ва ҳам дар ҷодаи зиндагӣ.  Ӯ дӯсти беҳтарин аст барои ман

— Танҳо дӯст? Наход то ин муддат дар дили Шумо нисбати  марди орзуҳои кулли ҷавондухтарон оташаки муҳаббат бедор нашуда бошад?

— Чӣ, шумо фикр мекунед, ки ман тамоман дил надорам? (механдад). Оташаки меҳре, ки нисбати ин шахсият дар дили ман фурӯзон аст, ҳеҷ гоҳ хомӯш намешавад.

                    Зарин: «Ғам мераваду дард боқӣ мемонад»

Шояд пас аз солиёни зиёд Салман тавонист, ҷои холишудаи падарро дар зиндагии Зарин пур созад?

-Замоне ки бо модари маризам дар кунҷи хона ману хоҳарам танҳо монда будем, ба худ  қавл дода будам, ки дар зиндагӣ ба марде такя нахоҳам кард.  Аммо дар симои Саллу ҳам падар, ҳам дӯст ва ҳам шахси наздиктаринамро дарёфтам. Барои шиносоӣ бо ин марди асил аз Парвардигор сипосгузорам.

Чӣ андеша дорӣ: шӯҳрати зиёд ҳунармандро болу пар мебахшад  ё  баръакс  қаноташро мешиканад?

—  Шояд баъзеҳо барои шинохта шудан ва миёни мардум маҳбубият пайдо кардан маблағи зиёд сарф кунанд. Аммо ман имрӯз шарм намедорам аз он, ки замоне ба хотири  модару хоҳаракамро бо хӯрокаву пӯшока таъмин кардан шабро дар майдони банаворгирӣ рӯз мекардам. Барои даромади иловагӣ боз бо агентиҳои рекломӣ ҳамкорӣ мекардам ва ҳеҷ гоҳ барои шӯҳратёр шудан кӯшиш накардаам.

Аз хотираҳои ширин

Салмон Хон:

«Он  рӯзро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, духтараки гармчеҳрае аз дур ба мо наздик мешуд ва коргардон  ӯро ишора карда гуфт, ки бояд ҳамроҳи ту нақши марказиро иҷро кунад. Зебосанам ба назди мо расиду яку якбора аз ман соядаст хоҳиш кард, ман бошам бо ҷиддият ба ӯ нигоҳ кардам ва ӯ  тарсид. Гуфтам: «Не, азизам, ба ту дигар имзои ман лозим нест. Он рӯз дур нест, ки ҳамагон аз ту имзоятро хоҳиш мекунанд». Ӯ бо тааҷҷуб ба мо нигоҳ кард, зеро ҳанӯз намедонист, ки барои иҷрои нақши асосӣ дар филми «Вир» интихоб шудааст».

                       «Фатрина»-и Болливуд

—   Зарин Хон ва Катрина Кайфро дар Болливуд «дугоникҳо» номидаанд. Рост аст, ки имрӯз ба Шумо тахаллуси Фатринаро додаанд ?

-Бале, рост аст. Катринаро чанд маротиба аз наздик дидаам. Ҳусну ҷамоли ӯ беҳамтост, гумон меравад, ки кас аз диданаш ҳеҷ гоҳ сер намешавад.  Агар заррае ба  ӯ монанд бошам, ифтихор мекунам.

Чӣ чиз метавонад,  қалби ранҷури Заринро шод кунад?

-Пишакчаи дӯстдоштаам Софти метавонад фараҳманду болидарӯҳам созад. Ӯ чор сол аст, ки ҳамроҳи ман аст. Вақте дар зоомағоза (мағозаи ҳайвонот)  ӯро бори аввал дидам, хеле лоғару мариз буд ва фурӯшанда гуфт, ки ин пишакча дигар дар фурӯш нест, зеро чанд рӯзи дигар дар ҷаҳони мо умраш мондааст. Бо шунидани ин суханҳо ӯро зуд ба оғӯш гирифтам ва шитобон ба назди духтури ҳайвонот рафтам. Ҳар рӯз хабаргирияш мерафтам ва дуо мекардам, ки зуд шифо ёбад. Инак, ӯ имрӯз зиндаву саломат бо шӯхиҳову бозиҳои шавқовараш табъи маро болида месозад

 

ОСТОН АЗИЗОВ:  7- 8 МОҲ БЕМОР БУДАМ…

Остон суруди аввалини худро ҳанӯз дар синфи панҷуми мактаби миёнаи раками 95-и пойтахт таҳсил намуданаш сароида буд ва он суруди «Рафтам, ки рафтам» буд. Баъди шунидани он суруд падари ҳунармандаш Достон Азизов  донист, ки писараш низ соҳиби истеъдод асту идомадиҳандаи роҳи падар  хоҳад шуд. Он лаҳза падар  дар дил шукргузорӣ мекард. Шукр аз он ки Худованд  ба писари ягонааш  низ  ҳунари овозхониро додаст ва Остон идомабахшандаи пешаи авлодии онҳо хоҳад шуд.  Ҳунарро беҳуда беҳ аз симу зар нагуфтаанд гузаштагонамон. Остон низ аз рӯйи ин ҳикмати бебаҳо амал намуда, пайгиру давомдиҳандаи ҳунари падари худ Достони Азиз ва амакҳояш, ки бо санъати нотакрори худ дар насли аввали гурӯҳи овозадори «Анис»  садҳо бинандагонро мафтуни худ гардонда буданд, мебошад. Садои дилнишини Остон  рӯҳнавозу таскинбахшандаи қалб аст. Ӯ бо вуҷуди ҷавон будан ҳаводорони зиёде дорад. Сабку услуби сарояндагии ба худ хос дошта бо суруди форамаш шунавандаро мафтуни худ месозад. Сурудҳои ӯро гӯш дода баъзан кас гумон мекунад, ки ӯ дар дилаш дарди ниҳоне дорад.  Зеро дар таронаҳояш садҳо нафар ошиқони чашминтизор, маҳбубаҳои заҳри бевафоиро чашида ва ҷавонҳои ошиқи ишқашон беҷавобмонда  дарди хешро эҳсос мекунанд.  Аммо худи ӯ магар ошиқ аст? Ин ва чандин саволҳое, ки мухлисони беқарор ба мо занг зада мехоҳанд ҷавобашро пайдо намоянд, маҷбурамон сохт, ки Остони Азизро  суроғ намоем. Он лаҳзае, ки мо ба ӯ занг задем, дар майдони футбол буд ва рӯзи дигар донистем, ки дар шаҳри Норак консерт дорад. Аммо бо вуҷуди ин ҳама серкорӣ ӯ тавонист, ки баҳри мухлисони азизаш паёми меҳрубонии худро бифиристад.

 -Фарзонаи Файзулло аз деҳаи Харангони ноҳ. Варзоб мепурсад, ки  чаро дар сурудҳоятон ҳамеша шиква аз ишқ доред.

-Хоҳари азиз Фарзона,  шояд ман ҳам мисли ҳамаи одамон ошиқ бошам (механдад). Ошиқи ин зиндагии зебо. Ишқ як дардест, ки ба суроғи кас баногаҳ меояд. Намепурсад, ки ту омода ҳастӣ ё не. Инсоне нест, ки дар ниҳонхонаи қалбаш оташаки ишқ фурӯзон набошад.

 Салом, «Дилкушо», ман мухлиси ашаддии ҳунари волои Остони Азиз ҳастам. Мехостам дар бораи навигариҳои ҳунарии ӯ маълумоти тозае дошта бошам. Ва донистанӣ будам, ки сурудҳои ӯ чӣ гуна тавлид мешаванд. Мавзунабону, сокини деҳаи Баҳори ноҳияи Панҷакент.

— Ду суруди  беҳтаринро баҳри шумо барин мухлисони хеш омода                                                    намуда истодаам. Зеро болидагии хотири мухлисони азиз боиси сарбаландии мо буда,  ҳамеша дар паи эҷод ва ҷустуҷӯҳо ҳастем. Истиқболи гарми онҳо бахти баланди мо, санъаткорон, аст. Ман мухлисони азизу қадрдони худро ниҳоят дӯст медорам ва ҳар заҳмату талоше, ки мо ҳунармандон дорем, танҳо барои мухлисони азиз аст. Суруди ман бештар дар лаҳзаҳое, ки табъи болидаву рӯҳи осуда дорам, тавлид мешаванд. Яке аз он сурудҳое, ки дар боло номбар кардам, шеъри шоираи маҳбуб Меҳринисо буда оҳангаш аз амаки зиндаёдам Зулфиқори Азиз аст. Амакам мехостанд, ки ин сурудро сароянд, вале умр вафо накард. Ман мехостам бо ин суруди «Рафтӣ» рӯҳи бузурги амакамро шод гардонам.

Салом, бародар Остони Азиз, ман яке аз мухлисони ашаддии шумо ҳастам. Умуман, ман сарояндагони гурӯҳи овозадори «Анис»-ро мепарастам, лекин  сабки сарояндагии шуморо зиёдтар дӯст медорам. Шумоён як истеъдоди Худододаи авлодӣ доред. Лекин  имрӯзҳо шуморо кам дар саҳнаҳои ҳунар мебинем. Инро сабаб чӣ бошад?  УМЕД аз ноҳияи Рашт.

— Додари азиз Умед, сипосгузорам аз мухлисиву қадрдониатон. Сабаби кампайдоии ман бемориам мебошад, ки муддати 7-8 моҳ давом кард ва ман натавонистам бо мухлисони азизи хеш рӯбарӯ шавам. Шукри Худованди бузург, ки ман муддати якуним моҳ мешавад, ки шифо ёфтааму боз дар пайи эҷоду таҳияи сурудҳоям ҳастам.

-Шумо мехоҳед, ки писари худ Зулфиқори Остонро рӯйи саҳнаи ҳунар бубинед?

-Албатта мехоҳам, ки ӯ рӯйи саҳнаи ҳунар баромада номи амаки зиндаёдамро боз ҳам зиндатар гардонад ва давомдиҳандаи касбу ҳунари мо бошад.

-Як хонандаи дигар аз ноҳияи Рӯдакӣ бо номи Низора мехоҳад донад, ки суруди «Маҳинаҷон»-и Шумо чӣ гуна тавлид шудааст.

-Боре дар ҷашни зодрӯзи акаи Баҳроми Ғафурӣ ҳузур доштам ва он кас ҳамин сурудро замзама карданд, ки хеле зиёд писанди ман шуд. Бародари азиз Баҳроми Ғафурӣ ин таваҷҷӯҳи маро дида, суруди «Маҳинаҷон»-ро тақдимам намуданд.

-Ба Шумо дар корҳои эҷодиатон барору комёбиҳои бештареро хоҳонем. Орзуманди онем, ки ҳамеша ситораи саҳнаи эстрадии тоҷик монда, мисли ҳозира ҳофизи писандидаи мардум бошед.

-Аз Шумоён низ барои қадршиносиатон сипозгузорам. Аз мухлисони азизам низ барои таваҷҷӯҳу ихлосмандиашон, ки ҳамеша дар суроғи мо ҳастанд, миннатдору шукргузорам.

  Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: