• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

САЛОМУ ПАЁМИ ФАРЗОНАИ ХУРШЕД АЗ БРАЗИЛИЯ

Джон Абрахам Фарзона

Джон Абрахам Фарзона

Ба номи ҳунарманди хушсадо Фарзонаи Хуршед ҳамарӯза номаҳои пур аз меҳри мухлисонаш ба суроғаи ҳафтаномаи мо меоянд. Ба хотири посух гирифтан ба онҳо дар  суроғи Фарзона афтодем ва дарёфтем, ки ӯ айни замон дар давлати Бразилия бо нияти  баргузории консертҳояш қарор дорад. Бо ӯ дар интернет тариқи скайп тамос гирифта, бо мазмуни номаҳои хонандагони ҳафтаномаамон шинос кардем. Ӯ бо вуҷуди ташвишҳои зиёд доштан бо камоли эҳтиром ба саволҳо посух гардонда изҳори сипосу меҳрубонӣ намуд

«Саломи гарми худро ба апаи Фарзонаи Хуршед мерасонам. Ман мухлиси ашаддии Шумо ҳастам ва ҳамеша  сурудҳоятонро бо ташнаҷонӣ гӯш мекунам. Суруди «Азизам» ба ман хеле зиёд писанд аст.  Илтимос, ба ноҳияи  мо омада консерт барпо намоед. Илоҳо ҳеҷ гоҳ овози сеҳрангези шумо хаста нагардад  Мехостам хоҳари Шумо бошам. Донистан мехостам, ки Шумо кадом чизро дар худ қадр мекунед?”  Бону, н. Зафаробод.

-Салому дуруд бар Шумо, хоҳари азизам Бону. Бо даст додани имконияте ҳатман ба ноҳияи Шумо сафар хоҳам кард. Шумо аллакай метавонед худро хоҳари ман ҳисобед. Хислати хоксору меҳмондӯст буданам ва дили бекина доштанамро наздиконам мегӯянду онро худам низ қадр мекунам.

“Салом,  Фарзонабону,  ман сурудҳоятонро меписандаму ҳамеша орзуманди онам, ки  овози чун булбулатон хаста набошад. Ман шумоён, хоҳарон Фарзонаву Шабнамро мисли хоҳар дӯст медораму эҳтиром мекунам. Орзуи боре бо шумоён дар тамос буданро ҳамеша дар дил дорам. Мехостам донам, ки суруде, ки зиндагии Фарзонаро ифода намояд, кадом аст? Мухлиси ашаддии  шумо, ки  бениҳоят сахт дӯстатон медорад —  Сабзинаи Хуҷандӣ”.

-Мухлиси азизам Сабзина, барои қадршиносиатон изҳори сипос мекунам. Ман ба шаҳри Хуҷанд ҳар гоҳе сафар мекунам ва ин шаҳр хеле зиёд писанди ман аст. Ҳамаи сурудҳоям порае аз дили ман аст ва гумон мекунам сурудҳои “Эй ошиқони васл”, “Азизам” аз зумраи он сурудҳоест, ки зиндагиамро ифода намояд.

“Салому дуруди худро ба кормандони «Дилкушо» мерасонам ва аз ин фурсати муносиб истифода намуда, саломи меҳрубониамро ба апаҷони азизам Фарзона ва холаи ҷонам Сурайё Қосимова расонда талабгори сиҳатмандиву  хонаободиашон ҳастам. Ҳамаи эҷодкорон беҳтарин офаридаи хешро ба инсони наздиктаринашон мебахшанд, мехостам донам, ки Фарзонаи Хуршед офаридаи бебаҳои хешро ба кӣ бахшидаанд.  Бо эҳтиром —  Гулрӯи Кӯлобӣ”.

-Хоҳари азиз Гулрӯ, ман фикр мекунам барои ҳар як фарзанд модар бузургу муқаддас аст ва ман буду набуди хешро фидои хоки пойи модари бузургворам Сурайё Қосимова мекунам. Чанд суруди “Модар”, ки сурудаам, барои он кас боз ҳам кам аст ва мебояд, ки барои модар ҳамарӯза беҳтарин эҷоди хешро ҳадя бисозем.

“Салом сарояндаи писанди дил Фарзонаи Хуршед! Мехостам донам, ки Шумо бо апаи Шабнам ягон клипи нав омода намудаед? Инчунин суоли дуюми ман он аст, ки оё ягон рафторро аз шахси нисбати худатон хурдсол омӯхтаед? Санҷида Раҳимова, сокини ноҳияи Панҷакент”

-Санҷидабону, хеле суоли бомаврид додаед. Ба наздикӣ бо Шабнам мо клипи наве таҳия кардем ва ният дорем, ки онро дар наздиктарин фурсат пешкаши ҳаводорони асили хеш гардонем. Дар хусуси он ки аз шахси хурдсоле чизе омӯхтаам ё не ҳаминро гуфтаниам, ки имрӯзҳо хурдсолон ба муваффақиятҳои беше ноил гаштаанд. Ба туфайли истиқлолият дар кишвари азизамон имрӯз кӯдакони хурдсол имкониятҳои зиёде барои омӯзиш доранд. Додарчаи ширинам Эмомалиҷон, ки дар синфи 5-и литсейи туркии шаҳри Кӯлоб таҳсил мекунад, аллакай 6 забонро медонад ва дар омӯзиши фанни илмҳои дақиқ муваффақ гаштааст. Ӯ ҳоло барои ширкат дар Олимпиадаи фанни риёзиёт, ки соли равон дар Ҷумҳурии Туркия баргузор мегардад, омодагӣ дида истодааст. Ӯ ҳамчунин бачаи ниҳоят ростқавлу дидадаро аст. Қариб ҳамаи рафторҳояш шоистаи омӯзиш аст (механдад).  Дар охир ба ҳамаи ҳамватанони азизам дуруду паёмҳои пур аз меҳри диламро аз Бразилия ирсол дошта, орзуманди пирӯзиву хушиқболии мардуми азизи Тоҷикистон ҳастам.

Ҷон Абраҳам: ФАРИШТАИ ЗАМИНИАМРО ЁФТАМ

Ҷон Абраҳам (ному насаби аслӣ Фархон Абраҳам) зодаи Мумбайи Ҳундустон аст. Фаъолияти ҳунарии худро ба ҳайси модел шурӯъ кардааст.  Ин ҷавони тануманду зебосурат ба зудӣ дар дилҳо ҷой шудаву дар ҷодаи ҳунар мақому мартабаи хосаеро соҳиб гаштааст. Ҷон хатмкардаи мактаби актёрии Kishore Namit Kapoor  мебошад. Дар ҷодаи синамо аз  қадамҳои нахустин бахту барор ба рӯяш механдад. Соли 2003 яку якбора пас аз иҷрои нақши аввалин соҳиби ҷоизаи «Filmfare» мегардад. Соли 2008 ҳамроҳи Абхишек Бачан ва Приянка Чопра дар мелодрамаи «Dostana» (таҳиягар  Каран Ҷохар) ширкат варзида, ба ҷоизаи « Актёри беҳтарин барои нақши дуюмдараҷа» сазовор мегардад.

Сипоси ишқ — нақши Бипаша Басу дар зиндагии Ҷон Абраҳам

Онҳоро замоне бе ҳамдигар тасаввур кардан номумкин буд. Чӣ дар майдони наворгирӣ ва чӣ дар ҷодаи ҳаёт ҳамеша бо ҳам буданд. Бипаша бе ӯ ҳатто қаҳва наменӯшиду Ҷон лаҳзае  азизашро танҳо намегузошт. Аммо дере нагузашта ҳама чиз тағйир ёфт. Қиссаи муҳаббати эшон дар нимароҳ монд. Бе ҷангу хархаша, танҳо бо ибораи «Паноҳат ба Худо!»  байни якдигар фосила гузоштанд. Ҷонро гӯиё аз ин фосилаҳо парвое нест. Зеро дар гирди ӯ ҳамеша зебосанамон парвонаанд. Ва ҳатто дӯст ва рафиқи наздикаш Абхишек Баччан дар яке аз мусоҳибаҳояш оиди муносибатҳои эшон чунин ибрози ақида намудааст: «Аз рӯи мушоҳидаҳоям Ҷон ва Бипс ҳарду ҳам имрӯз дар фироқи якдигар намесӯзанд. Ва чандон танҳоӣ малоли эшон наомадааст»

Аммо шояд ҳақиқати ҳол он аст, ки Ҷон Абраҳам имрӯз танҳо нест. Лекин кӣ кафолат медиҳад, ки дар замири дилаш ӯ барои собиқ дӯстдухтараш  то ҳол намесӯзад? Шояд ин ҳанӯз анҷоми муносибатҳои зебои онҳо набуда, балки пиари навбатӣ аст.  Биёед аз худи ӯ мепурсем.

Мегӯянд, ки байни Шумо ва Салман Хан нофаҳмиҳо зиёданд, шояд муҳаббати Бипашаро байни ҳамдигар тақсим карда натавонистед?

-Байни ману Салман ягон нофаҳмиву рақобате вуҷуд надоранд. Ин овозае беш нест. Ӯро ҳамчун дӯст ва ҳунарманди асил мепазирам.

Карина Капурро чӣ ?

-Карина беҳтарин ҳунарпеша ва муҳим аз ҳама  бонуи дилрабост. Аз ҳамкорӣ бо ӯ кас ҳаловат мебарад.

Хуб, биёед оиди фаъолияти продюсерии Шумо ҳарф занем

-Дар ояндаи хеле наздик ният дорам, ки пурра ба фаъолияти продюсерӣ  пардозам ва яке аз продюсерони машҳури олам гардам, диққати киноманҳои ҷаҳонро ба филмҳои муосири ҳиндӣ бештар ҷалб созам. Бо як услуби тамоман нав синамои Ҳиндустонро ба ҷаҳониён муаррифӣ хоҳам сохт. Мутмаин бошед, ки филмҳои Ҷон Абраҳам шоистаи тамошоянд.

-Магар ба коргардон итоат кардан Ҷонро дилгир кардааст?

-Не, ҳама коргардонҳои варзидае, ки ман имконияти ҳамкорӣ доштам, нисбати банда эҳтироми хосае доштанд. Ва  ман фахр мекунам, ки мо чунин коргардонҳои асил дорем. Маҳз заҳмати дастаҷамъонаи эшон аст, ки филмҳои ҳиндӣ солҳои сол аниси ҳар як хонадонад.

-Имрӯз дар симои Прия Ранчал Шумо модари фарзандонатонро мебинед ?

-Гумон дорам Прия маҳз ҳамон занест, ки ман солҳо дар ҷустӯҷӯяш будам. Парвардигор бо ҳама назокату нафосаташ ин фариштаи заминиро барои ман офаридааст.

-Шояд, қиссаи ба ҳам омадани Шумо ҷолиб бошад?

-Мо тавассути дӯстони умумиамон шинос шудем. Ӯ дар бонк фаъолият мекунад. Дар муддати кӯтоҳ ба ҳам унс гирифтем. Барои ман ин муносибатҳо хеле ҷиддиянд ва ҳамеша дар пайи ҳимояи онҳо ҳастам. Барои қалби саршори меҳраш, барои табассуми самимиаш ӯро аз ҳарвақта зиёд дӯст медорам ва ҳурмат мекунам. Ва охиран ин занест, ки дар паҳлӯяш оромам.

-Пас дар рӯи замин зане ёфт мешудааст, ки фикри Туро тамоман дигар созад…

-Прия шахси ниҳоят қавиирода аст. Новобаста ба ҷавонияш ақлу тамизи ибратомез дорад. Ман инро дар ӯ бештар аз ҳама қадр мекунам.

Мо мунтазири хушхабар ҳастем..

-Бале, гумонҳои Шумо дурустанд — соли ҷорӣ нияти барпо сохтани тӯйи арӯсиямонро дорем,- зуд ҷавоб дод ӯ ва пасон дақиқаи хомӯшӣ ҳукмрон буд.- Аммо намедонам, ки ин санаи деринтизор кай фаро мерасад.

-Агар Ту надонӣ, пас шояд Прия медонад?

-Кӯшиш мекунем, ки ба зудӣ ин орзуямон ҷомаи амал пӯшад

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: