• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,309 hits
  • Flag Counter

Таҳмина Ниёзова: МОДАРАМ — НАХУСТИН МАСЛИҲАТГАРАМ

Тахмина Субхон

Тахмина Субхон

Таҳмина Ниёзова аз ҷумлаи он сарояндаҳоест, ки бо садои дилпазиру рӯҳнавозаш ба дилу дидаҳои ҳаводоронаш ҷой гирифтааст. Албоми нахустини сурудҳои ӯ бо номи «Нози ишқ» соли 2012 пешкаши мухлисон гардида, ӯро байни ҳаводоронаш боз ҳам маҳбубтар гардонд. Таҳмина духтари меҳрубону сабур аст ва ба тамоми буду набуди зиндагӣ бо нигоҳи шукрона менигарад. Ину дигар хислатҳои некаш низ сабабгори зиёд шудани сафи ҳаводоронаш гаштаанд. Инак, бо хоҳиши ихлосмандони ҳунари ӯ, ки ҳамзамон хонандагони азизи ҳафтаномаи мо ҳастанд, тасмим гирифтем бо ин духти ҳунарманд дар тамос гардида, сӯҳбате биороем ва онро бо ихлосу меҳрубонӣ пешкаши онон гардонем.

 

-Дар ин мавсими зебои сол шумо банди кадом корҳо ҳастед?

-Ин фасли нозанин бар замми дар дили инсонҳо фараҳу шодиро арзонӣ доштанаш, инчунин илҳоми эҷодиро бедор месозад. Дар ин рӯзҳо ман бештар ба таҳияву эҷоди сурудҳоям банд ҳастам. Ба назди амаки ҳунармандам Азиммуҳаммад Ниёзов рафта машқи мусиқӣ мекунам.

-Фикр мекунам, барои машқи ҷисмонӣ ҳам вақт меёбед?

-Албатта, барои солимии рӯҳу тан машқи баданро низ набояд фаромӯш сохт. Ман ҳам ҳафтае ду маротиба ба толори варзишӣ меравам ва ба фитнес машғул мешавам.

-Ба фикри шумо таронаи хуше метавонад зиндагиро ранги дигар бахшад?

-Бале, тарона чунин қудрат дорад ва метавонад навозишгари рӯҳу қалб бошад. Ман ҳам вақте аз чизе озурдаву ранҷур мегардам, ҳатман таронаеро замзама намуда, бо он андӯҳи диламро берун месозам.

-Бештар чӣ гуна тарона?

-Ба фикрам, ин ҷо муҳим жанри суруд набуда, матнаш аз ҳама асосӣ аст ва ҳар дафъа як суруди дигаре метавонад таскинбахшанбаи қалби кас бишавад.

-Кадом ҳодисаи зиндагӣ шуморо хаставу ранҷур месозад?

-Вақте ки нисбати бонувон аз тарафи атрофиён беҳурматиро мебинам ва он замоне, ки дӯсти наздике дурӯягӣ мекунад, рости гап хаставу ранҷур мешавам.

 -Аз оғоз идеали шумо кадом сароянда буд?

-Ҳанӯз аз айёми хурдӣ, ҳар гоҳе ба консерти бобои ҳунармандам Боймуҳаммад Ниёзов мерафтам, медидам, ки мардум то чӣ андоза дӯсташон медоранд ва эҳтиром мекунанд. Ҳамин меҳру муҳаббати мардумро нисбати он кас, қабули самимиву пазироии гарми ихлосмандони ҳунарашонро дида, дарёфта будам, ки халқи мо нисбати ҳунару мусиқӣ рағбати беандоза доранд ва он кас бароям дар ин ҷода идеал гардида буданд.

-Аз миёни бонувони ҳунарманд чӣ?

-Вақте ки худам ба олами мусиқӣ ворид гардидам, модарам ҳамеша як сурудеро замзама мекарданду он хеле зиёд писанди ман буд. Боре дар анҷоми як филм ҳамин сурудро шунида ба модарам гуфтам, ки гӯш кунед, дар ин филм суруди шумо садо медиҳад. Он гоҳ модарам гуфтанд, ки ин суруди “Зане, ки ошиқ аст” (Woman in Love) аз они Барбара Стрейзанд буда, яке аз таронаҳои беҳтарини солҳои 80-ум буд. Ман ин сурудро бори нахуст дар синни 14-солагиам бо матни тоҷикӣ сароида будам. Ва Барбара Стрейзанд, ин ҳунарманди амрикоӣ, ҳам актриса, сароянда, продюсер, рассом ва ходими сиёсӣ буда, ҳамзамон ба эҳсонкорӣ машғул аст ва барои ҳимояи ҳуқуқи бонувон талош меварзад. Ӯ ҳунари хешро бо корҳои хайриявиаш тавъам сохта барои дастгирии кӯдакони бемор ва бепарастор ҳамеша дасти инояти хешро дароз мекунад. Хеле зиёд мехостам ба ин бонуи воқеан ҳам идеалӣ монанд бошам.

-Шунидем, ки албоми нави шумо омодаи таҳия аст?

-Айни замон барои таҳияи албоми нави худ кӯшиш дорам, дар он беҳтарин сурудҳои хешро ворид сохта ният дорам, ки дар наздиктарин фурсат онро ба мухлисони азизи хеш пешниҳод созам.

-Беҳтарин тӯҳфае, ки ҳамеша мунтазираш ҳастед?

-Ман ба ин савол ҳамеша мегӯям, ки тӯҳфаи беҳтарин бароям ин меҳру муҳаббат ва самимияти ҳаводорону ихлосмандони ҳунарам аст.

 -Либоси саҳнавии хешро бо маслиҳати кадом тарроҳ омода месозед?

-Ман фикр мекунам, ки тарроҳи аввалини ҳар як духтар пеш аз ҳама модараш аст. Ва модарҷони азизи ман низ завқи баланду зеҳни тозае дар интихоби либоси саҳнавии ман доранд. Он кас аввал тарҳи либоси маро мекашанд ва идеяҳои олидараҷа пешниҳод мекунанд, сипас ман ба назди тарроҳони касбӣ меравам. Бароям апаи Сокина либосҳои шинаму мақбули дил омода месозанд.

-Таманниёти шумо ба мухлисони ҳунаратон?

-Мехоҳам, ки мухлисони азизи ман ва мардуми азизи Тоҷикистон ҳамеша озодарӯву тинҷу осуда бошанд. Хусусан бонувон ҳеҷ гоҳе озурдагиву ниёзмандиву мӯҳтоҷиро набинанд. Ҳамеша пероставу бениёзу сарбаланду сарватманд бошанд.

-Шумо низ ба орзуҳои неки худ бираседу дар сатҳи баландтарини ҳунар қарор дошта бошед.

 

 

 

 

МОШИНУ 5 СОТИХ ЗАМИН БАРОИ СУБҲОН ҶАЛИЛ

Ҳар субҳ ҳангоми корравӣ дар радиои нақлиёт сӯҳбати гуворою самимии ӯро бо мардум тариқи Радиои “Ватан” гӯш карда, баъзан аз истгоҳи ҷойи корам ҳам гузашта меравам. Аз ин саҳви худу ба кор дер монданам пушаймон намешавам. Зеро табъи хуши аз сӯҳбати ӯ бардоштаам тамоми рӯз бо ман мемонад. Ин шахс Субҳон Ҷалил, меҳмони имрӯзаи мо мебошад.

Субҳон дар ноҳияи Файзобод таваллуд шуда, Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси соҳаи радиофизика ва электроника хатм кардааст. То соли 2002 дар идораи ҷавонӣ ва наврасони Радиои Тоҷикистон ба ҳайси коромӯз, муҳаррир, муовини сармуҳаррир ва иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррир фаъолият карда, аз соли 2003 то имрӯз корманди Радиои «Ватан» аст. Айни замон вазифаи директори барномаҳои ҳамин радиоро ба дӯш дорад. Ба наздикӣ Радиои “Ватан” даҳсола мешавад ва мо тасмим гирифтем бо ин ровии хушбаён дар арафаи ин рӯйдод ҳамсӯҳбат гардем.

-Ба андешаи шумо асоси дар байни мардум машҳуру маҳбуб будани Радиои “Ватан” ва Субҳони Ҷалил дар чӣ аст?

-Радиои “Ватан” мувофиқи пурсиши охири маркази назарсанҷии “Зеркало” радиои пуршунавандатарини Душанбе эътироф шудааст. Сабаби таваҷҷӯҳи зиёди сомеон шояд бо забони мардум сӯҳбат кардану дар гуфтугӯҳо оҳанги ғуруру бузургтарошӣ эҳсос нагардидан бошад. Гузашта аз ин, мо бештар ба масоили иҷтимоӣ ва баргузории иқдоми гуногуну шавқовар  сарукор дорем. Ин қадар иқдому аксияву маҳфилу чорабиниҳое, ки дар Радиои “Ватан” муддати ин даҳ сол баргузор шуданд, шояд дар ягон радиои дигар набуданд. Мо дар назди радиои худ клуби ихтиёриёнро дорем, ки онҳо дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Душанбе ва Кӯлоб фаъолият мебаранд, ҳамчунин, намоиш-фурӯши хайриявӣ ташкил кардем ва боз ҳам дар нақша дорем, ки онро ба таври тамоман барои мо нав баргузор намоем. Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол ҳастем ва ҳамеша омода ҳастем, ки дӯстони шунавандаи худро бо нону намак истиқболи гарм бигирем.

-Аксари ситораҳои олами ҳунар барои пешравию муваффақ гаштанашон нафареро боис медонанд. Шумо, ки муддати зиёд дар расонаҳои хабарӣ фаъолият доред, метавонед номи ситораҳои олами ҳунарро, ки бо тарғиби худ боиси машҳур шуданашон гаштаед, имрӯз ба забон оред?

-Ман, ки корманди радио ҳастам, ҳар ҳунармандеро, ки дар ин ҷода нав қадам мондааст, дастгирӣ мекунам. Мо ҳамеша барои пахши суруди сарояндаҳо, таблиғи консертҳои онҳо ба қадри имкон ва тавоноии худ мусоидат мекунем. Аммо дар мавриди нафари мушаххасе наметавонам чизе бигӯям, зеро медонам: гарчи тариқи радиои мо шинохта шуда бошад ҳам, он нафаре, ки ҳоло машҳур ва шояд мағрур ҳам ҳаст, шояд ин далелро рад кунад. J ….

-Барои шумо кадом рақам “рақами хушбахтӣ” ба ҳисоб меравад?

-Ман аслан ба ин чиз ҷиддӣ таваҷҷӯҳ надорам. Аммо миллион ба гумонам, ки оҳиста –оҳиста ба рақами дӯстдоштаи ман табдил меёбад. Агар аз пеши он ишораи $ бошад, тамом! Акнун шумо фаҳмидед, ки кадом рақам ва бо кадом шарт рақами дӯстдоштаи ман аст ва бо буданаш ба ман, агар хушбахтӣ ҳам наорад, маро соҳиби мошини наву ҳавливу ягон 5 сотих замин мекунад (механдад).

-Кадом хислатҳоро дар мардон мақбул меҳисобед?

-Ҳама хислатҳои ҳамидаи инсонӣ барои мардҳо муҳим ҳастанд. Онҳо бояд ростгӯ, покизатабиат ва хоксор бошанд. Махсусан, хоксор бояд бошанд. Он андешае, ки хоксорҳо ҳамеша мавриди сӯиистифода қарор мегиранд, дурӯғ аст. Зиннати мард ақлу хираду хоксорӣ аст.
-Боре шудааст, ки дар хоб низ бо мардум ҳамсӯҳбат гашта бошед ва ё худ нақшаи барномаи пагоҳина дар хобатон тарҳрезӣ гашта бошад?

-Ман барои хоб фурсати хеле кам дорам. Медонам, ки камхобӣ дуруст нест ва ба сиҳатӣ ҳам зарар дорад. Аммо реҷаи худро дигар кардан бароям каме мушкилтар аст. Ҳамеша, ҳатто пеш аз хобравӣ ҳам дар бораи чанд чиз фикр мекунам, ки якеи он ҳатман барномаи субҳгоҳии ман аст….

-Ҳангоми даҳсолагӣ мехостед ба кӣ монанд бошед?

-Бачаи деҳотӣ дар 10- солагӣ ба кӣ ҳам монанд шудан мехоҳад? Ба падараш, ба тағои милисааш, ба акаи духтураш ва ё ба муаллимаш. Ман ёд надорам, ки ба кӣ монанд шудан мехостам. Аммо ҳоло агар 10- сола мебудам, ҳатман кӯшиш меккардам, ки ба Субҳон Ҷалилов монанд бошам. Шумо ӯро мешиносед? J

-Бале, имрӯз ба фикрам дар Тоҷикистон касе нест, ки Субҳон Ҷалилро нашиносад ва ҳар субҳ тариқи барномаи “Субҳи Ватан” ақаллан овози ӯро нашунида монад. Шумо метавонед дар бораи ишқи айёми ҳаждаҳсолагии худ ҳарфе гӯед?

-Бовар кунед, ки дар мактабу дар кӯчаи мо аз ман дида бачаи хапу оромтабиат набуд.  Замони 18-солагии мо ҳама гуна эҳсосҳо шаклу ранг ва ҳатто бӯйи дигар доштанд. Ман ягон вақти дигар ба шумо дар бораи ишқи айёми 25-солагиам хоҳам гуфт… Он аҷибтар аст (механдад).
-Агар ҳозир он айём такрор мешуд, шумо кадом чизро дар худ тағйир медодед?

-Агар айёми кӯдакиҳоям такрор мешуд, ман ҳама чиро дигар хел сар мекардам ва дигаргуна давом медодам… Аммо худам ҳам намедонам, ки чиро ва чӣ гуна (механдад).

-Аз ҳама рафтори оқилонае, ки дар солҳои наздик амалӣ кардаед?

-Аз ҳама амали оқилона барои ҳама ин аст, ки ба касе, ки қудрати некӣ кардан надоред, ақаллан ба ӯ бадӣ накунед, ё агар барои рушду дастгирии касе имкону хоҳиш надоред, ақаллан барои инкишофи озодонаи ӯ халал нарасонед.

-Ва кадом рафторе буд, ки боиси шарми шумо гашта?

-Аз ҳама рафторе, ки бар хилофи андешаи болоӣ аст, хиҷолатзада мешавам…

Ҷойи писандидаи шумо дар Тоҷикистон?

-Тоҷикистонро ҳама ҷояш писандидаву азизу зебо аст, бовар кунед. Ман зиёрати мавзеъҳои муқаддаси кишвар, мазору оромгоҳу марқади бузургони илм ва исломро дӯст медорам. Хушбахтона онҳо дар саросари Тоҷикистон ҳастанд ва гуё моро ҳифз мекунанд.

-Агар дар пеши поятон тасодуфан 100 ҳазор доллар афтода монад, онро бо кадом мақсад сарф мекардед?

-Агар дилам аз шодӣ накафаду саломат монам, онро ба соҳибаш бармегардонам. Зеро намехоҳам, ки маро дар болои шутур ҳам саг газад (механдад).
-Баъди 10 сол мехостед дар кадом поя қарор дошта бошед?

-Баъди 10 сол насиб бошад, ман ба Субҳон Ҷалилове, ки дар андешаву орзуҳоям зиндагӣ мекунад, монанд мешавам. Ё шояд ҳамон нафар мешавам.

-Дар куҷо ва дар кадом масъала шӯхӣ карданро ба худ раво намебинед?

-Чанд мавзӯе ҳаст, ки вобаста ба он ё шӯхӣ намекунанд ё кушиш мекунанд, ки хеле андешамандона шӯхӣ кунанд. Масъалаҳои вобаста ба ҳаёти шахсии касе ё вобаста ба дину ойин ва амсоли инҳо барои шӯхӣ нестанд. Ё худ ҳар кас бояд дар ин мавзӯъ шӯхӣ накунад, зеро на ҳар нафар онро ҳамон гунае мефаҳмад, ки худи он нафар фаҳмад.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст