• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

Шабнами Собирӣ: ХУШДОМАНАМ ҶОНИ ОДАМАНД

Шахид Шабнам

Шахид Шабнам

“Ман паёми пурмуҳаббати хешро ба Шабнамбонуи Собирӣ ирсол намуда, орзуи ҳамеша чунин ботаровату зебо буданашонро дорам. Мехостам донам, ки имрӯзҳо  Шабнамбону банди кадом корҳо ҳастанд?”  Духтараки ҳисорӣ 

-Айни замон машғули корҳои эҷодӣ ҳастам ва баҳри мухлисони азизам сурудҳои нав аз қабили “Шишаи боварам шикаст”, “Имрӯз чаро насибаи мардум аст”, ки матни ҳарду суруд аз Орзу Исоев буда, ба онҳо Даврони Раҳматзод оҳанг бастааст, пешниҳод намудам. Ногуфта намонад, ки дар аранжировкаи ин сурудҳо яке аз беҳтарин танзимгарон Бахтиёри Бегиҷон заҳмат кашидааст.

“Салом, ҳафтаномаи “Дилкушо”. Ман яке аз хонандагони доимии шумо ҳастам ва мехостам ба сарояндаи писандидаи худ Шабнами Собирӣ саволе диҳам. Рост аст, ки шумо ҳамаи клипҳои хешро дар Дубай ва Туркия таҳия месозед. Нархи онҳо гаронӣ намекунад?” Алишери Шамсиддин, н. Ёвон

-Албатта, гаронӣ мекунад. Аммо ба хотири ихлосмандони асили хеш ва баҳри ҳарчи бештар писанди дили онҳо гардидани таронаҳо мо ҳунармандон ҷидду ҷаҳди зиёд мекунем. Ҳамеша аз Худованди бузург талабгорӣ мекунам, ки аввал маро ва баъд Мансури азизамро нерӯву сабру қувват диҳад, ки асоси ин заҳматҳо бар дӯши ӯст, вай бароям чизеро дареғ намедорад.

“Салом, сарояндаи маҳбуби дилу дидаҳо Шабнами Собирӣ. Дер боз мухлиси ашаддии шумо гаштааму сурудҳои дилпазиратонро гӯш мекунам ва ҳаловат мебарам. Медонам, ки шумо оиладор ҳастед, вале бо вуҷуди ин донистаниам, ки бо ҷавоне нияти сароидани дуэтро надоред?” Фарзонаи Файзулло аз деҳаи Харангон

-Хоҳари азиз Фарзона, ташаккур барои мухлисиву қадршиносиатон.  Айни ҳол чунин нияту нақшаҳо надорам. Кай вақте нияти сароидани дуэт пайдо шавад, пешакӣ шумоён мухлисони азизамро огоҳ хоҳам кард.

-Чиро дар худатон меписандед?

-Дилкушоду соддадил буданамро. Рости гап, бадкина нестам ва ягон гапро дар дилам гирифта намегардам. Ҳар чи дар дил дорам, дар забони ман аст. Бо ҳама инсонҳо баробарам, байни онҳо ҳеҷ гоҳе фарқ гузоштанӣ нестам.

-Суруди нави худ “Шишаи боварам шикаст”-ро албатта барои дӯсти хиёнаткоре бахшидаед?

-Албатта, дар зиндагии ҳар як шахс дӯсти дурӯяеву нобоваре ҳаст, бе ин намешавад. Зеро мо инсонҳо хомем ва аз соддадилии худ ба ҳама бовар мекунем. Аммо ман инро ба ягон шахси конкретӣ неву ба ҳамаи онҳое, ки дӯсти нонианд ва ғайриинтизор ба дӯсти наздики хеш хиёнат мекунанд, бахшидаам. Бо ин таронаи хеш ҳамаро даъват карданиам, ки нисбати ҳамдигар меҳрубон бишаванду дигар дурӯягӣ накунанд. Охир ин умри мо кӯтоҳ аст ва мебояд ба таври шоиста зисту ба қадри ҳамдигар расид.

-Барои духтарчаатон Сумайя низ суруде таҳия шуда бошад?

-Рости гап, барои ҷигарбанди азизам ҳоло суруде нахондаам. Аммо амакаш Бахаи 84 дар арафаи зодрӯзаш барои ӯ сурудеро бо номи “Сумаяҷон” тайёр карда дар зодрӯзаш сароид.

-Мегӯянд, ки ҳамроҳи Мансур дар филме нақш офариданиед?

-Ин хел гапро бори аввал мешунавам. Шояд Мансур аз чунин нияти худ шуморо огоҳ кардаасту ба ман чизе нагуфтааст (механдад). Як замоне дар ин бора як ишорае карда буд, ки шояд дар ояндаҳо як  филми худро таҳия созем, вале имрӯзҳо аз ин бобат ҳарфе пеш наомадааст.

-Шумо дар сомонаҳои интернетӣ бо мухлисони хеш дар тамос мешавед?

-Фикр мекунам, ки вақти холии хешро барои эҷоди таронаи тозае сарф кунам, беҳтар мебуд.

-Шуморо дар оила мефаҳманд?

-Медонам, ки шумо ба чӣ ишора доред. Дар оиладорӣ хушдоман аз ҳама бештар нақш мебозанд. Ба толеъи баландам хушдоманам ҷони одаманд ва маро мисли духтарашон дӯст медоранду мефаҳманд. Ман ҳам он касро мисли модарам дӯст медорам.

-Саломат бошеду рӯзгори аз ин ҳам ширинтар насибатон гардад.

 

Шаҳид Капур: БА ТАНҲОӢ ОШИҚАМ

Завқи зиндагӣ, лаззати зиндагии ҳунарманди асил ҳаргиз кӯҳнашавӣ надорад, ӯ ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Шаҳид Капур аз зумраи ҳамин гуна ҳунармандони нотакрор аст. Ҳар нақше, ки Шаҳид Капур меофарад, беҳтар аз дигарон аст. Шояд ин ҳама ҳамон таъсири муҳити ҳунарист, ки барои ӯ аз хурдӣ бегона набудааст. Падараш актёр ва коргардони машҳур Панкаҷ Капур ва модараш ҳунарпеша ва раққосаи бомаҳорат Нилима Азим мебошанд. Ӯ дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон ба дунё омадааст. Ҳанӯз 3 сол дошт, ки волидайнаш аз ҳам ҷудо мешаванд. Падараш ба Мумбай кӯч мебандад ва Шаҳиди хурдакак дар зери парастории модар ба воя мерасад. Вале Нилима ҳамчун зани оқила ба хубӣ эҳсос мекард, ки барои Шаҳид меҳри падар камӣ мекунад. Аз ин лиҳоз, чун ҷигаргӯшааш 11-сола мешавад, эшон ба Мумбай сафар мекунанд, то ки падару писар аз ҳам дур набошанд.

Назми муҳаббат

Шаҳид аз хурдӣ ба ҳунари рақс таваҷҷӯҳи зиёд дошт. Муҳассили шӯъбаи санъати колеҷи «Mithibhai»-и Мумбай буд. Ӯро бори нахуст маҳз ба сифати раққос барои нақшофарӣ дар филми «Назми муҳаббат» бо иштироки Айшвария Рай даъват мекунанд. Ин ҷавони гармчеҳраву хушсиморо сарфи назар кардан кори саҳл набуд, аз ин хотир яке аз ёварони коргардон Шаҳидро барои сабти рекламаи «Пепси» ҳамроҳи Шоҳруххон, Каҷол ва Рани Мукҳерҷи интихоб мекунад. Ин шонси тақдирро Шаҳид аз даст додан нахост ва аз таҳсил дар академияи хореографӣ (рақс) даст кашида, роҳи ҳунари нақшофариро ихтиёр кард. Албатта, чунин ҷавони хушқаду қомат ва хушандомро танҳо тасаввур кардан амри маҳол аст. Шояд барои хонандаи хушзавқ низ ҷолиб аст донистани он, ки Шаҳиди маҳбуби дилу дидаҳо қалбашро ба кӣ супурдааст ва киро дар оянда бонуи хонадони худ эълон мекунад.

 

Хонум «икс» шояд Приянка Чопра бошад?

— Шаҳид , рост аст, ки Шумо боз бо Приянка Чопра ба ҳам омадед?

-Ман баъзан ҳайрон мешавам, вакте пас аз банаворгирии филме дар бораи «муносибатҳоям» бо актрисаи дар ҳамон филм нақшофарида сару садоҳо паҳн намекунанд (механдад). Охир воқеан хандаовар аст, ба гумонам, ягон ҳунарпешае дар Болливуд намондааст, ки онро журналистон арӯси Шаҳид набароварда бошанд. Масалан сар карда аз Приянка Чопра, Видя Балан, Анушка Шарма то Бипаша Басу ва дигарон.

— Пас фурсати он расидааст, ки ба ҳамаи ин овозаҳо нуқтаи охиринро гузорӣ?

 —Ҳангоме бо ягон бонуе дар танҳоӣ қаҳва менӯшам ва ё хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрам, ин маънои онро надорад, ки ман бо ӯ муносибати ошиқона дорам. Биёед, айни ҳол нуқтаро дар он мегузорем, ки ман танҳоям.

— Лек чашмонат мегӯянд, ки Шаҳид девонавор ошиқ аст?

-На, ман худ табиатан шахси хаёлпарасту орзупарвар ҳастам. Гоҳе ки ошиқ мешавам, ҳама дунё дар назарам дигаргун мешавад. Аммо на ҳама духтарони ҷавон ба қадри ишқи пок мерасанд.

 

Шаҳид Капур пас аз хомӯшиҳо

Шояд, пас аз ҷудоӣ бо Карина Капур ба садоқати духтарон бовар надорӣ?

-Биёед, мавзӯи Каринаро як тараф гузорем.

Лек шояд ӯ аввалин занест, ки Шаҳидро партофтааст, на Шаҳид ӯро?

-Ман хеле хурсандам, ки Карина бахти худро ёфтааст ва воқеан ҳам ӯ ба ин сазовор аст. Имрӯзҳо барои ӯ рӯзҳои сертарадуд ва нотакрор ҳастанд. Зеро ҳар як гулдухтар орзуи ба остонаи бахт қадам ниҳоданро дорад. Аз ин рӯ аз сидқи дил ба ӯ тамоми орзуҳои зеборо таманно дорам.

Ба тӯйи арӯсии Карина даъват шудаед?

-Бале, Карина ва Сайф Алихон дӯстони наздики ман ҳастанд. Ва ҳатман дар ин хурсандии эшон шарик хоҳам буд.

Пас Шаҳид имрӯз ба танҳоӣ ошиқ аст?

-Танҳоӣ баъзан хуб аст. Дар танҳоӣ кас имконият пайдо мекунад, ки бо худу андешаҳои худ бошад. Имрӯз ман аслан банди кору эҷод ҳастам ва чандон ҳис намекунам, ки танҳоям. Вале ин маънои онро надорад, ки ман зидди муносибатҳои ошиқона ҳастам ва ё ба ишқ бовар надошта бошам. Муҳаббат эҳсосест, ки дунёи касро рангин месозад ва гоҳе, ки ошиқ ҳастӣ, гумон мекунӣ, ки дунё дар гирди ту чарх мезанад. Хуш ба ҳоли оне, ки ин ҳама лаззати ишқро дар мағзи ҷонаш эҳсос мекунад ва шаҳди он дар комаш барои тамоми умр мемонад. Ва дар охир мегӯям, ки ман ба муҳаббати самимӣ боварӣ дорам.

 Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

 

 

 

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: