• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

Шаҳзоди Даврон: ДИЛАМ ГУМ МЕЗАНАД

Шахзод Амрита

Шахзод Амрита

Номи Шаҳзоди Даврон байни ҳаводорону дӯстдорони ҳунари асил мавқеи хос пайдо кардаву дар дилҳошон маскан гирифтааст. Ӯ мафтуни табиати биҳиштосои Тоҷикистони азиз гардида илҳом мегирад ва ошиқона месарояд. Бо садои дилпазиру рӯҳнавозаш қалбҳои реши ошиқони аз ишқ озордидаро таскин мебахшад ва касро аз навмедиҳо раҳо месозад. Сеҳри суруди ӯ бо навозиш ва як савти махсус нарм-нармак ба хилватгаҳи қалби хастаи мо ворид гардида, зиндагиро дар назари мо гуворою рангин месозад. Зеро садояш ҷозиба дорад. Дар лаҳзаҳои озурдагиҳо кас мехоҳад суруди рӯҳнавозеро гӯш карда қалбашро таскин диҳад. Ва фикр мекунам, сурудҳои Шаҳзоди Даврон аз зумраи чунин таронаҳост, ки умеди тозаеро дар дил бедор мекунад. Аммо магар касе, ки худ ошиқ нест, метавонад суруди ошиқонаро бо ин самимияту зебоӣ бисарояд? Чунин аст мазмуни асосии номаҳое, ки ба унвони ҳафтаномаи мо ба сарояндаи писанди дилҳо – Шаҳзоди Даврон ворид мешаванд. Мо баҳри иҷрои дархости хонандагони азизи ҳафтаномаамон бо ӯ ҳамсӯҳбат гардида, ба саволҳояшон посух гирифтем.

Салом ба ҳамаи кормандони «Дилкушо», аз Шумо хоҳиш мекунам, ки дар бораи Шаҳзоди Даврон маълумот диҳед. Хеле зиёд мехостам донам, ки он кас аз чӣ парҳез мекунанду дӯстони худро чӣ гуна интихоб мекунанд. Духтари Ворухӣ.

-Айни замон корманди Муассисаи давлатии сафарии ҳунарии “Базморо”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастам. Аз хиёнату дурӯягӣ парҳез мекунам. Фикр мекунам, ки дӯсти беҳтарин онест, ки дар ҳама лаҳзаи зиндагӣ, хоҳ душвориву хоҳ хушбахтӣ мӯнису ҳамдамат бошад. Хушбахтона маро низ чунин дӯсте дар насиб будааст. Бо Бахтиёр барин дӯсти ҷониам муддати 7 сол мешавад, ки қарину наздикем ва ӯ шахси самимиву дӯсти ҳақиқӣ аст. Ҳатто лаҳзаҳое низ буданд, ки нотавонбиноне ёфт шуда, мехостанд байни мо ҷудоӣ андозанд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама мо дӯст ҳастему то абад чунин хоҳем монд.

Салом акаи ШАҲЗОДИ ДАВРОН, ман мехоҳам барои мо, мухлисон, тамоми таронаҳоятонро дар шакли МР-3 пешкаш намоед.

-Мухлиси азиз, шумо метавонед, рақамҳои телефони ҳамроҳи маро аз идораи ҳафтаномаи “Дилкушо” дастрас намуда, бо ман дар тамос шавед. Ман зиёда аз 70 суруди хешро сабт карда пешкашатон хоҳам кард.

Саломи худро ба ҳофизи дӯстдоштаам Шаҳзоди Даврон мерасонам. Ва гуфтаниям, ки илоҳо садои фораматон хаста нагардад. Шумо беҳтарини беҳтаринҳо мебошед, доимо сарбаланд бимонед. Шуғли писандидаи шумо чӣ бошад? Дуогӯи ҳамешагии шумо Сайҳуна.

-Шуғли асосиву писанди дили ман, албатта, замзамаи тарона ва эҷоди оҳанги наве мебошад. Хастагиро эҳсос накарда мехоҳам баҳри ҳаводорони азизи хеш беҳтарин сурудҳоро таҳия сохта хотирашонро шод гардонам. Аммо ҳангоми бекорӣ ба варзиш машғул мешавам. Футболро хеле зиёд дӯст медорам.

Саломи гарму ҷӯшони худамро ба ҳамаи ҳунармандони ватанӣ, махсусан ба Шаҳзоди Даврон мерасонам. Овозатон хаста нагардад, ҳамеша хурсанду хушбахт бошед. Акаи Шаҳзод, миллатам ҳиндӣ, лекин дар Тоҷикистон ба дунё омадагиям, аз ин хотир забони тоҷикиро хуб медонам. Илтимос, рақамҳоямро аз идора дастрас намуда, бо ман дар тамос гардед. Мунтазири зангҳоятон ҳастам. Шаҳзод, ҳамеша хушбахт бошед. Дуогӯи Шумо духтари ҳиндӣ – Гулҷаҳон. Илтимос, тезтар як бор занг занед.

-Хоҳари азиз Гулҷаҳон, барои ихлосмандиву орзуҳои некатон сипосгузорам. Шумо низ ҳамеша сарбаланд бошед. Бо даст додани имконияте ба шумо занг хоҳам зад.

Саломи худро ба сарояндаи дӯстдоштаам Шаҳзоди Даврон мерасонам ва ба он кас аз даргоҳи Худованд умри дарози пурбаракатро талабгорам. Овозатон хаста набошад. Зеби саҳнаи тоҷик шумоед, Шаҳзоди Даврон. Мегуфтед, ки аз чӣ боис дар таронаҳоятон оҳанги замзамаи ишқ бештар аст? Шумо худ ошиқ ҳастед? Агар махфӣ набошад, мегуфтед, ки суруди “Дубора моҳ бадар шуд, чаро намеоӣ?”-ро барои кӣ сароидаед? Шахритузская  принцесса Марвор.

— Ин шеърро устод Бозор Собир дар он солҳои вазнин ва зиндаҷудоиҳо барои муҳоҷирону мусофирони аз Ватан дурафтода шояд  иншо кардаанд. Ман бошам онро барои як шахси конкретӣ неву ба ҳамаи он ошиқони содиқе, ки як умр дар роҳи маҳбуби дили хеш мунтазиранд, таҳияву пешниҳод кардам.  Воқеан, ҳар касеро азизи гумкардае дар дил ҳаст. Ва меарзад, ки барои азизи арзандаи дил умре мунтазир бошӣ. Зиндагӣ магар бидуни ишқ маъное дорад. Албатта, ман ошиқ ҳастам, ошиқи зиндагӣ, ошиқи касби худ.

Салом, кормандони “Дилкушо” Бароям кӯмак кунед, дар бораи сароянда Шаҳзоди Даврон маълумот доштан мехоҳам. Ҳоло ки айёми занги охирин аст ва хеле зиёд мехостам донам, ки акаи Шаҳзод дар айёми мактабхонӣ ишқи пинҳоние дар дил доштанд ва ҳар гоҳе моҳи май ояд, он кас барои он айёми гулфишони зиндагӣ ва даврони беҳтарини умр дилашон гум мезанад? МАФТУНА

-Хоҳари азиз Мафтуна, албатта ҳар як ҷавон дар айёми наврасиву мактабхонӣ ишқи пинҳоние дар дилаш дорад. Маро ҳам ишқе дар дил буду бирафт. Бачагиро айёми беғамиву даврони хушбахттарини умри хеш медонам. Дар канори падару модари ғамхору меҳрубон қарор дошта намедонистем, ки ғаму ташвиши рӯзгор чист. Он лаҳзаҳо аҷибу фаромӯшношуданӣ буданд. Ҳар гоҳе он айёмро пеши назар орам, ҳавлии падар бо тамоми буду набудаш пеши назар ҷилвагар мешавад ва ба ёди навозишҳои дастони падари бузургворам дилам гум мезанад. Фикр мекунам, ба ёди он айёми беҳтарини зиндагӣ ҳар як фардро дилаш гум мезанад. Дар бораи навигариҳои ҳунариам ҳаминро гуфтаниам, ки дар рӯзҳои наздиктарин албоми навам бо номи “Баҳори ишқ” ба дасти мухлисони азизам мерасад.

-Саломату пирӯз бошед ва ба кулли орзуҳоятон бирасед.

Амрита Рао: ШАҲИД МАРДИ ҶИДДӢ НЕСТ

Амрита – садбарги нафису дилкаш, нӯшдоруи ҷонбахш. Ҳар гунае ки ин нозанинро ном барӣ, барояш зебанда аст. Зеро ӯ нилуфари рӯи об аст, ки ҳамеша тару тозаву назаррабо чашмҳоро афсун мекунад ва дилу дидаҳоро беихтиёр ба сӯи худ мекашад. Ӯро тамошобин бо ҳамон хандаи малеҳу чеҳраи ба мисли кӯдак беғубораш дӯст медорад. Замоне мелодрамаи «Чӣ гуна аст муҳаббат?», ки Амрита дар он аввалин  нақши марказии худро иҷро карда буд, ба серталабтарин кинофилми ҳиндӣ табдил ёфтаву дар қатораи панҷгонаи беҳтарин дохил мешавад. Маҳз баъди ин филм таваҷҷӯҳи ҳамагон ба Амрита зиёд мешавад.

         

Захме, ки Шаҳид монд

Бояд гуфт, ки дар айёми мактабхонӣ шаҳзодаи хаёлҳои Амрита Бред Питт буд. Ӯ ба ин шахсияти ҳунарӣ таваҷҷӯҳи зиёд дошт. Ва ҳангоми хатми дабистон ҳатто назди худ қавл гузошта буд, ки танҳо бо шахси ба Бред Питт монанд издивоҷ мекунад. Аммо баъдан дар Боливвуд ӯ Шаҳид Капурро вохӯрда, марди орзуҳояшро дар симои ӯ пайдо мекунад. Бехабар аз оне, ки ҷавонмардони мисли Шаҳид барои муносибатҳои ҷиддӣ офарида нашудаанд. Ҳарчанд чун бонуи қавиирода ва оқила Амрита ин ҷудоиро мардона паси сар мекунад, вале захме ба дили нозукаш ҳамоно боқӣ мемонад.

       

«Орзуи модар шуданро дорам»

-Амрита, имрӯзҳо банди кадом корҳо ҳастед?

-Имрӯзҳо маро имконият даст додаст, ки бо коргардонҳои дӯстдоштаам Пракаш Ҷха ва Анил Шарма ҳамкорӣ кунам. Ҳамчунон орзуи деринаам ҷомаи амал пушид, зеро бо ҷаноби Амитабх Баччан дар филми наве нақш хоҳам офарид. Бо чунин шахсиятҳои наҷиб дар робита будан воқеан ба кас ҳаловат мебахшад.

Мегӯянд, ки дар филми нав Шумо хоҳиши бо кӯдакон нақш офариданро доштед?

— Оре, зеро имрӯз образи модар бештар ба дили ман наздик аст. Зиёд мехоҳам, ки дар филмҳо нақши модарро офарида, пасон ҳудро аз дур назора намоям, ки то чӣ андоза аз ӯҳдаи он мебароям.

Мутмаинем, ки чунин бонуи ҳалиму меҳрубон дар ҳама ҷода маҳорат дорад, аммо ба гумонам ин фикру ақидаҳо беҳуда Шуморо безобита намекунанд?

-Дуруст пай бурдед ( механдад). Ҳар як зан орзуи модар шуданро дорад. Бузургтарин бахт барои зан ин доштани фарзандони солеҳу фарзона аст. Зеро фарзанд идомадиҳандаи умри инсон аст. Бо хости Худованд ман низ дар қатори ҳама бонуҳои зебо, чунки ҳама занҳои дунё дилрабоянд, мехоҳам оилаи солим бунёд карда, шаҳзодаҳои хурдакакро ба дунё биёрам.

 

Сеҳри зебоии Амрита

— Амрита аз рӯи кадом шиор зиндагӣ мекунад?

-Аз нобарориҳо озурдаву дилсард нашудан. Изтироб чеҳраро номақбул месозад, аз ин рӯ кӯшиш мекунам, ки ҳамеша хурсанду хушҳол бошам. Зеро мо, ҳунармандон, 24 соат дар ташвишу изтироб ҳастем. Ва баъзан дар бораи вазъи саломатии худ фаромӯш карда, пурра ба кор дода мешавем.

— Дар ин соҳаи рақобатпазир Амритаро нозбардоре ҳаст?

-Ман хеле ҷавон будам, ки ба ин дунёи рақобатҳо ворид шудам ва имрӯз аз интихоби хеш пушаймон нестам. Ҳеҷ гоҳ барои нақшеро соҳиб шудан талош наварзидаам. Аз ин ру, пас аз Худованд танҳо ба иродаву қувваи худам такя мекунам.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: