• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

Бенёмин Баҳодурӣ: «МУХЛИСОНИ ТОҶИКИСТОНИЯМРО ПАЗМОН ШУДААМ»

Бенёмин Нигора

Бенёмин Нигора

Овозхони машҳури форсизабон Бенёмин Баҳодурӣ дерест, ки бо суруду таронаҳои марғубаш дар қалбҳои мо ҷо гирифтааст. Оҳанги таронаҳои Бенёмин оҳанги бедории дили мост, дар матни сурудҳояш мо ҳарфҳои ногуфтаи диламонро мешунавем ва беихтиёр ба ин овоз  ошиқ мешавем. Ҳар боре ки ба сурудҳояш гӯш меандозӣ, чеҳраи ин ҷавони нилгунчашм пеши назарат ҷилвагар мешавад. Бенёмин орифона месарояд ва суруди хешро ошиқона ба саъми мо мерасонад.

Нидои дилдор

Бенёмин соли 1982 дар Теҳрон ба дунё омадааст. Аз хурдӣ ба навохтани гитара майл дошт.  Ҳанӯз 16-сола буд, ки ба сурудхонӣ шурӯъ кард. Аллакай дар 19-солагӣ мустақилона ба эҷоди  клип-таронаҳо пардохт.  Албомҳои ӯ  «Гулҳои рангинкамон», «Бӯи муҳаррам» ва «85» дар бисёр мамлакатҳо маълуму машҳуранд. Албоми нахустинаш таҳти унвони «85» ё ин ки «Дунё дигар мисли ту надорад» бо дастагули пурсӯзтарин таронаҳои ошиқона бо 2 млн нусха дар тамоми ҷаҳон фурӯхта шуданд.

Писари андӯҳ

Бенёмин маънии исми худро медониста бошад?

-Бале, Бенёмин маънои «писари андӯҳ»- ро дорад, ки дар ин ҷо ғаму андӯҳ ба маънои мусбат омадааст.

Аз сафарҳои хориҷ бо кадом хотираҳо бармегардед?

— Албатта, бо таассуроти наҷиб ва хотираҳои нек. Соли 2006, вақте дар шаҳри Стокголми Шветсия барномаи калони консертии худро баргузор кардам, бовар кунед аз пазироии мардум шодии маро ҳадду канор набуд. Ва ин консерт дар хотираҳои ман абадан нақш бибаст.

Аз баҳри ту бегона нест…

— Аз Тоҷикистон бо кадом таассурот ба Ватан баргаштед?

-Бо як дунё хотираҳои ширин ва фаромӯшношуданӣ. Бо забони ноби тоҷикӣ суруд хондан ба кас рӯҳу ҳаловат мебахшад. Мардуми Шумо дар меҳмоннавозӣ ҳамто надоранд. Мухлисони Тоҷикистониямро бениҳоят пазмон шудаам.

Нисбати  муқаллидони ҳунаратон чӣ андеша доред?

— Ба гумонам, тақлид намудан ё, ба иборае, ба касе пайравӣ кардан дар ҷодаи ҳунар ягон бадие надорад.  Баръакс. барои онҳое, ки дар ин ҷода қадамҳои аввалин мениҳанд, доштани идеал хеле муҳим аст.

Мақоми поп-мусиқӣ дар Эрон

Дар Эрони кунунӣ поп-мусиқӣ чӣ ҷойгоҳ дорад?

-Дар ҳоли тараққиёт аст.

— Дар Эрон низ консерт барпо намудаед?

-Бале, дар Теҳрон ду консерти алоҳидаи худро барпо кардаам ва он рӯзҳое, ки дар ин шаҳри нозанин будам, бароям бешубҳа рӯзҳои фаромӯшношуданӣ буд.

 

 

Нигора Холова: ҲЕҶ ГОҲ БА ФУРӮШГОҲҲО НАМЕРАВАМ

 Саломи худро ба маликаи саҳнаи точик НИГОРА ХОЛОВА мерасонам. Ба он кас  гуфтаниям, ки  сурудҳоятон ба дарди ҳама дармон аст. Мегӯянд, ки Нигорабону хонаи нав харида  мустақилона зиндагӣ дорад, рост аст?

Мухлисатон аз ш. Кӯлоб МАЛОҲАТ.

-Салом, мухлиси азиз Малоҳатбону. Барои самимиятатон миннатпазирам. Аммо ман ҳоло хонаи нав нахаридааму нияти танҳо зиндагӣ карданро ҳам надорам.

Саломамро ба апаи НИГОРА ХОЛОВА мерасонам ва гуфтаниям, ки  шумо зеби саҳнаи тоҷик ҳастед. Хеле зиёд донистаниам, ки Нигораҷон аз кадом бозори Душанбе бештар харид мекунанд.  

ТАҲМИНА, сокини пойтахт

— Таҳминабону, агар гӯям, ки ман умуман ба фурӯшгоҳҳо намеравам, шояд бовар  накунед. Аммо ҳамаи он чизе, ки бароям лозим аст, падару модарам ва бародарам харидорӣ мекунанд.

Салом, СУРУШ ва НИГОРА. Мо, сокинони шаҳри  Турсунзода, мухлисони шумоён ҳастем. Агар дар шаҳри мо консерти худро баргузор кунед, сарамон ба осмон мерасад. Акнун савол: агар байни ҳардуи шумо баҳсу мунозира шавад, волидонатон тарафи киро мегиранд? 

КАМОЛА

-Камолаи азиз ва сокинони барӯманди шаҳри Турсунзода, хеле шодам аз будани шумоён. Мо ҳатман ба шаҳри шумо ташриф оварда консерти хотирмоне баргузор хоҳем кард. Аммо дар мавриди баҳси ману бародарам Суруш ҳаминро гуфтаниам, ки байни мо то имрӯз баҳсе нашудааст ва намедонам волидонам тарафи киро мегирифта бошанд. Аммо бародарам хеле инсони бофарҳангу ботамкинанд ва ҳамеша мекӯшанд, ки бо ман меҳрубониву ғамхорӣ зоҳир намоянд. Агар бароям суруде писанд афтад, зуд аз пайи пайдо кардани танзимгару оҳангсоз мешаванд. Магар бо чунин бародар баҳс  кунам?

Салом, НИГОРА  ХОЛОВА! Ман як тан мухлиси ашаддии шумо мебошам. Хеле зиёд орзуманди он ҳастам, ки бо шумо сӯҳбати самимӣ дошта бошам. Ҳамеша аз даргоҳи Кирдигор сиҳатмандии шуморо металабам ва мехоҳам ҳеҷ гоҳ овози ширинатон хаста нагардад. Дар кишварҳои хориҷа оҳангсозон барои заҳмати худ маблағи калон мегиранд, дар кишвари мо чӣ?

 БИБИРАҶАБ, деҳаи Шоҳони ноҳияи  Ҳисор.

-Дар кишвари мо, Шукри Худованд, оҳангсозон боинсофанд.

Ман — УМЕД аз н. Вахш, мехоҳам бо НИГОРА ХОЛОВА ҳамсӯҳбат шавам, илтимос рад накунед.Фаҳмидан мехостам, ки Нигора тамошои филмро низ дӯст медоранд? Агар ҳа, пас филми охирине, ки тамошо кардаанд кадом аст?

-Додари азиз Умед, ман бештар тамошои филмҳои хориҷиро меписандам. Филми ба наздикӣ тамошокардаам “Великолепный век» (“Садаи бошукӯҳ”) аст.

Саломи самимиву пурмуҳаббати хешро ба сарояндаи писанди дилам НИГОРА ХОЛОВА расонида аз он кас пурсиданиам, ки байни сарояндаҳо киро рақиби худ меҳисобанд?

САРВИНОЗИ  конибодомӣ

-Сарвинозҷон, бовар мекунед, ман ҳамаи аҳли ҳунари кишвари азизамро дӯст медораму эҳтиром мекунам ва ҳеҷ нафари онҳоро рақиби худ намеҳисобам. Зеро Худованд ба ҳар нафар роҳу равиш сабку услуби ба худаш хосро ато фармудааст ва ҳар як ҳунарманд маҳорати хоси худро дорад.  Ман фикр мекунам, ки як навбати умри кӯтоҳе, ки насибамон гаштааст ба душманиву кинаву ғаразҳо намеарзад. Дар ин як фурсати кӯтоҳи умр бояд ба таври шоиста зист ва ҳамдигарро дӯст бояд дошт ва ба қадри якдигар бояд расид.

Шахсе, ки эҷод мекунад, дунёро бо чашми дигар мебинад ва тахайюлоташ бою рангин аст, ҳамчунин соҳиби дили ҳассос аст. Аз андаке ҳарфи ноҷо ранҷуру хаста мегардад ва ҳамин хастагиҳоро шумо бо чӣ бартараф месозед?

ҶАМШЕД, сокини ноҳияи Ҷиргатол

-Мегӯянд, ки мусиқӣ занги дилҳоро мешӯяд, ман ҳам дар чунин лаҳзаҳо мусиқӣ гӯш мекунам ва ягон филми хуберо тамошо карда, худро аз ҳолати рӯҳии ноҷӯр берун месозам. Бештар суруди Шабнами Сурайё, Нигина Амонқулова ва дигаронро гӯш мекунам.

“Салом, ҳафтаномаи азиз, ман ҳанӯз аз айёми наврасӣ садои фораму гӯшнавози  НИГОРА ХОЛОВАРО  дӯст медорам. Вақте ӯ месарояд, дар назарам зиндагӣ боз ҳам зеботар менамояд. Зеро ин садо нотакрору ҷаззоб аст. Орзу дорам, ки Нигора ҳамеша тансиҳату шукуфтадилу хандонлабу ғазалхон бошад. Бо эҳтиром АМИН”.

“Салом апаи НИГОРА ХОЛОВА шумо зеби саҳна ҳастед. Шумо  аз беҳтарини беҳтаринҳо ҳастед. Худованд бароятон садои дилнишинро ато фармудааст, бигзор солҳои зиёд мисли имрӯза ҳунарманди маҳбуби ҳамагон бисонед. Мухлисонатон  ШАҲНОЗА, ФИРӮЗА, МИҶГОНА, ФАРИЗА”.

“Ҷаҳон абадӣ намемонад, ки ба мо ишқи абади диҳад, пас ишқ ҳам вақту соат дорад. Ба вақташ меояд ва боз бар мегардад ба ҷойи асли худаш. Ростӣ, надонистам куҷо меравад ин ишқ. Дар охир гуфтаниям:  НИГОРА ХОЛОВА, мехоҳам бо шумо ҳам сӯҳбат шавам. Beкha Tajikistan reper”.

 

-Мухлисони азизу беҳтар аз ҷон, ба ҳамаи шумо тансиҳатии комил, сарбаландӣ ва тамоми фараҳмандиҳои оламро аз даргоҳи Яздони пок талабгорам. Бигзор Тоҷикистони азизи мо мисли имрӯза ҳамеша тинҷу орому осуда бошад ва осмони ватани азизам доимо беғубор бошад ва дар ин даврони осудагӣ мо тавонем зиндагии хушу хуррам дошта бошем. Ҳамаи шумо ҳамеша дар канори пайвандону азизонатон хушбахту масрур бошед. Домани орзуҳоятон гулрезу чароғи рӯзгоратон фурӯзону гуҳаррез бодо!

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: