• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

“СУПЕРКЕЛИНЧАК” ДАСТ БА ХУДКУШӢ ЗАД?

Диана Наимчон

Диана Наимчон

Ҳунарманди ҷавону бомаҳорат Диана Ягофароваро филми “Суперкелинчак” байн мардум машҳур кард. Диана метавонист дар Ӯзбекистон ситораи машҳури синамо гардад. Аммо сару садоҳое, ки нисбати ин духтари нозанин баланд гардид, дари олами ҳунарро ба рӯйи ӯ бубаст. Яъне коргардонҳо нисбати ӯ “бойкот” эълон намудаву аз иштироки Диана дар филмҳояшон даст кашиданд. Ҳатто дар расонаҳои интернетӣ хабари даст ба худкушӣ задани ӯ низ паҳн гардид. Асоси ин ҳама сару садоҳо сабтҳои видеоии фаҳш бо иштироки духтараки бениҳоят ба Диана ва марди ба коргардони машҳури ӯзбек Баҳром Ёқубов монанд гардид.

Аслан Диана Ягофароваро ҳамчун ҳунарманд Баҳром Ёқубов кашф карда буд. Филми “Суперкелинчак”, ки соли 2008 рӯйи экранҳо паҳн гардид, ҳам ба Диана ва ҳам ба коргардон шӯҳрати бемислу монанд овард. Филми мазкур дар форуми Осиёи Марказӣ – “Кино Виза” сазовори ҷоиза гардид. Аҷоибии кор дар он аст, ки ҳангоме коргардон барои дарёфти ҷоиза дар хориҷи мамлакат қарор дошт, дар интернет сабти видеоии фаҳши номбурда паҳн гардид. Бисёриҳо бар он ақида буданд, ки ин кори дасти худи коргардон аст. Августи соли 2009 ҳангоми дар Қасри санъати ба номи Алишери Навоии Тошканд баргузор шудани нахустнамоиши филми навбатии ӯ – “Колючки” (“Нешҳо”, бо ӯзбекӣ “Зирапча”) , ки боз ҳам дар он нақши асосиро Диана офарида буд, бештари кинематографистони Ӯзбекистон онро рад карданд ва намоиши филми мазкурро манъ намуданд.

Диана Ягофарова фирор кардааст

Диана Ягофарова 27 феврали соли 1989 дар шаҳри Тошканд зода шуда тахассуси асосиаш моделйер (тарроҳ )аст. Аммо соли 2008 дар филми Баҳром Ёқубов “Суперкелинчак” нақши асосиро офарида ҳамаро мафтуну шефтаи ҳусну ҳунараш намуд. Филми мазкур зуд паҳн гардид ва дар дилу дидаҳо ҷой гирифт. Ҳар як рафтору кирдоре, ки ӯ дар ин филм иҷро мекард, мардумро ҳам ба завқ меовард ва ҳам ҷиҳати тарбиявӣ дошт. Ҳатто дар Тоҷикистон низ “Суперкелинчак” машҳур гардида як зумра хушдоманҳоро ба ҳуш овард ва онҳо рафтори ноодилонаи худро нисбати арӯси хонадони худ дар филм дида, худро шинохтанд ва баъди он хислати худро тағйир доданд. Арӯсон низ тарзи рӯзгордориву муносибат бо хушдоманро аз ӯ омӯхтан мехостанд. Чандин нафарон аз рӯйи ин филм лоиҳаҳо пешниҳод намуда, дар он лоиҳаҳо ҷавондухтаронро  бо услуби ӯ дарси рӯзгордорӣ омӯзонданд. Гузаштагон  беҳуда нагуфтаанд, ки “шӯҳрат бӯйи хун дорад”. Яъне шӯҳрати бармаҳал аксаран ба шахс бадбахтиҳо меорад. Диана низ зуд шӯҳратманд гардиду гирди номаш овозаҳои зиёд ҳам ба зудӣ паҳн гардиданд. Тибқи иттилои баъзе расонаҳои хабарӣ гӯё Диана Ягофарова соли 2010 тарки ватан карда рӯй ба Ғарб овардааст, то ки дар он ҷо ҳамчун ҳунарманд мавқеъ пайдо кунад. Зеро дар ватан тамоми дарҳои ҳунарро ба рӯяш баста буданд ва ӯ дигар имкони ба пеш қадам заданро надошт.

 

Ин сабт ба ману Диана иртиботе надошт

Баҳром Ёқубов, ки аз баҳсу мунозира ва суолҳои бешумори ҳангомаҷӯёна хаста гардида буд, ба хулоса омад, ки шӯҳратманд гардидани филми мазкур боиси овозаҳои бардурӯғи нотавонбинону ҳангомаҷӯён гардид.

-Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки паҳнкунандаи видеоролики фаҳш худи шумо ҳастед?

-Инро ба ман ҳам гуфтанд, аммо на ман ва на Диана чунин роликро ба навор нагирифтаем ва ба ин сабти видеоӣ иртиботе надорем.

-Яъне шумо на бо актёрони ин сабт ва на бо муаллифаш шиносоӣ надоред?

-Рости гап, ин барои мо ҳам муаммо аст. Аммо ҳайрон набояд шуд. Зеро имрӯзҳо чунин рафтор нисбати ҳунармандони машҳур мӯд шудааст. Як замоне дар ҳаққи ҳунарманд Шаҳзода ва пештар аз ӯ чунин сабтҳои фаҳшро дар ҳаққи Фирӯза Ҷуманиёзова низ паҳн карда буданд.

-Паҳн гардидани ин сабти видеоӣ ба рӯҳияи Диана чӣ гуна таъсир расонд?

-Диана, ки аслан аврупоинажод аст, ба ин ҳангомаҳо чандон аҳамият намедод ва гоҳо ҳатто маро тасаллӣ дода мегуфт, ки ба чунин ҳангомаҳои ночиз чандон дода шуда рӯҳафтода нашавам. Агар ин сабт обрӯйи моро резонда бошад ҳам, наметавонад шарафу номусамонро аз мо рабояд,- мегуфт ӯ ҳамеша.

 

 

 

 

Наимҷони Саидалӣ: ТО БАХА-84 ЗАН НАГИРАД, МАН ҲАМ НАМЕГИРАМ

 

Наимҷони Саидалиро гарчи силсилаи сурудҳои “Ғарибӣ”  байни мардум муаррифиву маҳбуб гардонидааст, вале  сурудҳои ишқии ӯ низ байни ҷавонон маҳбубият пайдо кардаанд. Дар дӯконҳои фитафурӯшӣ то ҳол мардум суруди  “Ғарибӣ”- 4- ро  дархост мекунанд. Ҳунарманди ҷавон Наимҷон таваҷҷӯҳи зиёди ҳаводорони ҳунарашро ба инобат гирифта аллакай онро омода намудааст, аммо онро кай пешниҳод мекунад, мо намедонем. Ба хотири пайдо намудани ҷавоб ба ин суол ва чандин саволҳои дигар мо Наимҷонро суроғ кардем ва ба воситаи дӯсташ Баха-84 ӯро пайдо намуда, ба суолҳои хонандагони ҳафтаномаи “Дилкушо” посух пайдо намудем.

 

-Ман – Меҳринисо, мухлиси Наимҷони Саидалӣ ҳастам. Рост аст, ки як нафар муҳоҷири сарватманд ҳамаи консертҳои шуморо ва таҳияи клипҳоятонро сарпарастӣ мекардааст?

-Хоҳари азиз Меҳринисо, барои ихлосмандиатон сипосгузорам. Дар ҳақиқат, имрӯзҳо инсонҳои  дасткушоду саховатпеша хеле зиёданд. Гарчи бисёриҳо бар ин ақида розӣ нестанд ва бовар намекунанд, аммо чандин бародарон, ки айни замон дар Федератсияи Русия қарор доранд, ба мисли акаи Ҳикматулло, акаи Акбар ва акаи Шариф, баъди шунидани силсилаи сурудҳои “Ғарибӣ” мухлиси ҳунари ман гашта, ба ман ҳам автомашина ва ҳам хонаи шахсиро дар пойтахт тӯҳфа карданд. Албатта, онҳо бароям кӯмаки хешро дареғ намедоранд, аммо ин консерте, ки ҳоло нияти баргузориашро дорам, аз ҳисоби худ таҳия кардаам.

-Мо мухлисони ашаддии сарояндаи маҳбуби дилҳо Наимҷони Саидалӣ ҳастем. Саломи ҳамаи исфарагиҳоро қабул намоед. Дар клипи суруди “Ғарибӣ” он духтар дар асл хоҳаратон аст ё не?  Овози ҳардуятон хеле форам аст.

Гулафзо аз Исфара

-Мухлиси азиз Гулафзо, шумо низ саломи самимиву изҳори сипоси маро ба мардуми шарифи Исфараи зебоманзар расонед. Хеле хушнудам, ки дар ин диёри гулфишон мухлисони зиёде дорам. Ман бо даст додани имконияте ба Исфара низ ҳатман сафар хоҳам кард ва ба шумо, хоҳари азизам, имконияти иштирок дар консертро муҳайё хоҳам кард. Дар клипи суруди “Ғарибӣ” дар ҳақиқат он духтарак хоҳари азизи ман аст, аммо сурудро  як духтараке аз ноҳияи Бохтар, ки воқеан хеле овози ширини худодода дорад, иҷро менамояд. Дар клипи “Оча” низ садои ин духтар сабт гаштааст.

Саломи худро ба бародари азизам Наимҷони Саидалӣ мерасонам. Ҳаргиз овози нотакрораш хаста нашаваду Худованд умри дарозаш ато бикунад. Рост аст, консерти шуморо Баха-84 сарпарастӣ мекунад?

Мадина аз н. Ёвон

-Хоҳарам Мадина, барои ихлосмандиву таманниётатон миннатпазирам, аммо бародарам Баха-84 сарпараст набуда, маро бародари арҷманд аст, ки ин ҳам боиси ифтихору сарбаландиам аст. Албатта, ӯ дар консерти ман ширкат варзида, бо буданаш сари маро ба осмон мерасонад. Мо якҷоя як суруди хубе омода намудаем ва мехоҳем онро мисли “сюрприз” ба мухлисони азизамон пешкаш намоем.

Саломи худро ба сарояндаи дӯстдоштаам Наимҷони Саидалӣ мерасонам. Ман дар курси 2-юм мехонам, дар хурдсолӣ аз модарам маҳрум монда, дар тарбияти бибиям ҳастам.  Ягона духтар ҳастам, мехостам, ки бо Шумо дӯст шавам. Илтимос, рад накунед.

Дуогӯи Шумо, духтари ҳиндӣ Гулҷаҳон.

-Мухлиси азиз Гулҷаҳон, ман аллакай рақамҳои шуморо дастрас намудам, ҳатман ба шумо занг хоҳам зад ва бо шумо ҳамчун мухлис дӯст мешавем, албатта. Зеро мо, мардуми тоҷик, бо ҳам дӯсту тифоқ ҳастем ва доштани боз як дӯсти дигар боиси хушнудии ман аст. Барои орзуҳои неку самимиатон сипосгузорам.

-Мегӯянд, ки Наимҷони Саидалӣ бевафоӣ дидааст ва аз ин сабаб сурудҳои бевафоиро бо дард месарояд.

Шаҳноз аз шаҳри Душанбе

-Не, ман бевафоӣ надидаам. Аммо садои дили ихлосмандони хешро дар сурудҳоям тараннум мекунам. Мисли он ки азоби мусофириву ғарибиро начашидааму аммо суруди “Ғарибӣ”-ро месароям, зеро фикр мекунам, ки рисолати санъаткори асил он аст, ки дарду шодии мардумро дар худ эҳсос карда сипас бисарояд. Ҷавонони ошиқ сурудҳои ошиқонаи “Шаҳноза”, “Ошиқ намешам”-ро, ки ба дилашон наздик буд, хеле хуб қабул карданд. Барои ман ишқи илоҳӣ, ишқи ҳунар ва ишқи падару модар аз ҳама болотару азиз аст ва фикр мекунам, ишқи ҳақиқӣ набояд ба бевафоӣ дучор гардад. Зеро қиматтарин моли бозори ишқ муҳаббату самимият аст ва онро бедареғ ба ҳамдигар ҳадя мебояд кард.

Барои Наимҷони Саидалӣ шӯҳрат муҳим аст ё сарват?

Духтари ҳисорӣ

-Хоҳари азиз, аслан барои ман чизи аз ҳама муҳим ин қадршиносии мухлисони азизам аст. Баъдан, фикр мекунам, ки агар як шахс, ки шӯҳратманд гардид, сарват ҳам аз паси шӯҳрат барояш муяссар мегардад.

-Ба андешаи шумо, беҳтарин сифати ҳунарманд кадом аст?

Фарзонаи Файзулло, ноҳ. Варзоб

-Ман фикр мекунам, ки сифати беҳтарини ҳар як ҳунарманд пеш аз ҳама хоксории ӯ мебошад. Мардуми мо умуман шахси хоксорро меписанданд. Хоксорӣ аз накӯтарин хислати инсонӣ аст.

-Акаи Наимҷон, тибқи нақшаатон дар  Русия консерт баргузор намудед?

Муллобачаи ёвонӣ

-Бале, моҳи апрели соли равон бо ҳамроҳии бародари мутрибам Рустам ба Федератсияи Русия сафар кардем ва дар назди муҳоҷирони ҳамватани худ консертҳо баргузор кардем. Аммо аз сабабии тангии вақт ва консертҳои дар Ватан ба нақшагирифтаамон зуд баргаштем. Ҳоло ният дорем, ки баъди баргузории консерт, дар моҳҳои август тақрибан ба 15 шаҳри Федератсияи Русия сафар намуда, баҳри болидагии хотири мухлисони асили худ, ки бо амри тақдир ва тақозои рӯзгор дар мусофират қарор доранд,  консертҳои хотирмон баргузор намоем.

-Рост аст, ки шумо бо Баха-84 ҷашни хонадоршавиатонро дар як рӯзи тобистон карданӣ ҳастед?

Нӯшофарини Шоҳрух, ш. Душанбе

-Мо дар асл чунин нақша ҳам кашидем. Аммо ман фикр кардам, ки ӯ аз ман як сол калон аст ва бигзор аввал акаи Бахтиёр оиладор шавад ва баъди як соли ӯ ман ҳам оиладор мешавам (механдад).

-Мо ҳам, аҳли кормандони ҳафтаномаи “Дилкушо”, дасти дуо дорем, ки шумо ба кулли орзуву ниятҳои некатон бирасед ва ин консерте, ки нияти баргузориашро доред, низ бобарор даргузар шавад ва рӯзи 7-уми июн дар Кохи Ҷомӣ ҷойи сӯзанзанӣ ҳам пайдо нашавад.

-Ташаккур барои орзуҳои нек ва тарғиби мо, ҳунармандон. Мехоҳам кулли мухлисони ман ва хонандагони ҳафтаномаи “Дилкушо” ҳамеша сарбаланду тинҷу хонаобод  бошанд. Ҳеҷ гоҳ  ва ҳеҷ як ҷавонмарди сарбаланди тоҷик рӯйи камбудиву  мусофиратро набинад. Ҳама сарҷамъ дар ватани тинҷу ободамон  бошем ва дар назди аҳли байту ёру дӯст шарики шодиву ҳамдигар бишавем. Агар дар дили касе андаке ғубори андӯҳу ноҷӯрӣ соя афканда бошад, рӯзи 7-уми июн ба Кохи Ҷомӣ биёяд, онро якҷоя бартараф хоҳем кард.

П.С. СМС-саволҳои шумо, хонандагони азиз, бо ихтисорот чоп гардиданд, аммо ба сароянда пурра хонда шуданд.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: