• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

АЙШВАРИЯ ВА АБХИШЕК АЗ ҲАМ ҶУДО ШУДАНД?

Айшвария Абхишек

Айшвария Абхишек

Айшвария 25 кг фарбеҳ шудаасту  Абхишек аз ӯ гурезон аст?

Мо ҳамагон Айшвария Райро ҳамчун маликаи ҳусн, олиҳаи зебоӣ, бонуи химчамиёну мавзунқомат ва қоматбаланд мешиносему дӯсташ медорем. Ҳазорон духтарони ҷавон бо ҳасрати зиёд ба ӯ дар экранҳо менигаранду орзуи заррае ба вай монанд шуданро мекунанд. Лекин хабари он ки Айшвария яку якбора 25 кг тағйири вазн кардааст, миёни мухлисони бешумораш сару садоҳоро афзун кард. Баъзеҳо гумон доранд, ки фарбеҳӣ ҳусни зебояшро коста кардаасту иддае тамасхуромез мегуянд, ки «ӯ бояд ба мисли Анҷелина Ҷоли ва Виктория Бекхем пас аз тавлиди тифл дубора дар муддати кӯтоҳ  тавассути парҳезу тамрин ба ҳолати пештара бармегашт». Инчунин мегӯянд, ки шавҳараш Абхишек Баччан нияти аз ӯ ҷудо шуданро дорад.

                              «Духтари тиллоӣ»

Аз рӯи пурсиши 820 млн нафар дар ҷаҳон Айшвария Рай зеботарин бонуи рӯи дунё эълон гардида буд. Имрӯзҳо бошад, Айш миёни ситораҳои Боливвуд аз ҳама модари зеботарин, мунису ғамхор ва меҳрубон  унвон гирифтааст.  Вайро ҷаҳониён  дар сатҳи   маликаҳои синамо ба мисли Анҷелина Ҷоли, Малакка Кхан, Лара Датта пазируфтаанд.  Лекин аз ҳама тӯҳфаи пурарзиштарини тақдир  барои Айш  духтарчааш Арадха мебошад.

      Падари ҷавон ҳанӯз худ ба нозбардор ниёз дорад

Моҳи августи соли 1997 зимни банаворгирии филми «Онҳо низ якдигарро дӯст доштанд», ки дар Швейтсария баргузор мегардид, бори аввал чашмҳояшон ба ҳам бармехӯрад. Ин як лаҳзаи дидор кифоя буд, ки замин аз зери қадамҳошон пароканда шаваду даст ба дасти ҳам ба сӯи осмон парвоз кунанд, дар самои нилгун бошад,  танҳо ду ахтари пурҷило боқӣ монанду халос.

Абхишек:  Айш дар он филм нақши асосиро мебозид, ман бошам ба филм робитае надоштам ва танҳо барои дидори ӯ омада будам. Ростӣ, қаблан дар борааш шунида будам, лек боре ҳам аз наздик симояшро надида. Пас аз банаворгирии филм яке аз дӯстонам маро ба шабнишиние даъват кард, ки Айш низ дар он ширкат меварзид ва бори аввал чашмонашро дидам. Гӯё дар баҳри зебои он чашмон  шино мекардам. Ҳамин тавр ман ӯро баҳри ҳамешагӣ дӯст доштам.

Айш: Ростӣ,  сараввал аз симои ҷиддиаш дар ҳарос омадам, зеро лаҳзае аз ман чашм намеканд. Ва чун аҳли шабнишинӣ даъвати нишастан карданд, ӯ дар рӯбарӯи ман ҷой гирифт. Аз ин ҳолат худро андаке ноҳинҷор ҳис мекардам ва худро ба даст мегирифтам. Ӯ бошад, хамоно аз чашмони ман чизеро меҷуст (механдад).

-Абхишек, оё мисли хамагон Айшро боз химчамиён дидан намехоҳед?

— На, шумо намедонед, ки ман чӣ гуна солҳои зиёд орзуи чунин Айшро мекардам. Дар лабонаш хандаи беғаш, фориғ аз ҳама ғаму ғусса ва ошӯбҳои синамо. Арадхаи хурдакак имрӯзҳо  бештар ба ғамхории мо ниёз дорад.  Қадамҳои аввалин, ҳарфи нахустин бо лаҳни ширини тифлӣ  ва боз ҳам шири модар барои тифл аз ҳама ғизои сервитамин буда, барои ҷисман обутоб ёфтанаш кӯмак мерасонад.

— Айш, оё дар асл Абхишек чунин падари ғамхор аст?

— Бале, гарчанде, ки худ ҳанӯз ба ғамхорӣ  ниёз дорад (механдад).

— Фикр мекунам, барои ин бахти бузург ту бояд пеш аз ҳама аз Абхишек миннатдор бошӣ.

Ҳақиқатан ҳам мо саҳми падари меҳрубонро фаромӯш сохтем. Тавлиди Арадхаи дӯстрӯякамон меҳроби қалби ӯро боз ҳам лабрези муҳаббат намуд.  Акнун Абхи (Айш навозишкорона Абхишекро чунин ном мебарад) барои озурда насохтани дили хурдакаки мо чунон орому нафис ҳарф мезанад, ки кас ҳаловат мебарад.  Сипосгузорам аз ӯ, ки ҳатто дар лаҳзаи басо ҳасос, яъне тавлиди тифли нахустинамон маро ҳамраҳӣ мекард, маҳз гармии дастонаш маро қувват мебахшид, нигоҳи меҳрбораш қалбамро ором месохт. Ва чун гиряи тифлакамонро бори аввал бишнид, қатраҳои ашки хушбахтӣ аз чамшонаш ҷорӣ шуданд.

Чакомаи муҳаббат

— Мегӯянд, ки ҷуфти зеботарини Болливуд, яъне Абхишек ва Айшвария, пароканда мешаванд?

— Аз ростӣ? Аслан дар фосилаи кӯтоҳе ҳам дур аз Айш қарор доштан бароям бори гарон аст. Ҳеҷ гоҳ намехоҳам аз зиндони ишқи ӯ раҳо шавам. Модари зеботарин тифли рӯи оламро бениҳоят дӯст медорам. Айш, Арадха ва модари азизам – се дастагули тароватбахши зиндагиям ҳастанд.

—  Айш кай нияти ба синамо баргаштанро дорад?

— Пас аз ба дунё омадани Арадха ман тамоми ҳастиямро ба ӯ бахшидам. Ва моҳе қабл  маро дар шоу- консерти «Авардс» ровӣ интихоб карданд, ки ин бароям тӯҳфаи беҳтарин буд. Ният дорам, ки нақши модарро дар филми пурмазмуну пурмӯҳтавое иҷро кунам, то ки мухлисони азизам бубинанд, ки то кадом андоза модари меҳрубон ҳастам.

Шояд  волидайни ҷавон пас аз тавлиди Арадхаи дӯстрӯяк ба қадри азобу заҳматҳои модарони худ расида бошанд?

Айш:  Нақши модар дар зиндагии ман басо бузург аст. Ӯ  мояи ҳастию офариниш ва раҳнамост дар ҳама кору пайкорам. Вақте аввалин қадамҳои худро рӯи замин мегузоштам, ӯ сахт аз бозуям медошт, то ки ба замин наафтам ва чун бузург гаштаму  синаморо интихоб кардам, ӯ аз ман боварии зиёд дошт.  Маҳз ҳамон боварии ӯ буд, ки дар зинаҳои ноустувори санъату ҳунар маро қувват мебахшид ва мададгорам буд. Воқеан ҳам шабҳои дароз бедорхобӣ кашидану ҳангоми тулӯи офтоб боз ҳам барои ором хуфтану баногоҳ аз гиря ва гуруснагӣ бедор нашудани фарзандаш модар хобу хаёлро фаромӯш месозад.

Абхишек: Дар  ҳақиқат ҳам бори гарони тақдир бар дӯши зан аст ва миннатдорам аз модари азизам барои ҳама азобу ранҷу кулфатҳояш, ки аз барои ман кашидааст.  Вале дар ин ҷо чун ҳамешагӣ Айш нақши падарро фаромӯш кардааст. Охир ҳангоми нисфирӯзи «офтобак»-ро маҳз ман ба сайругашт мебарам, бо зочаҳояш бозӣ мекунам ва ҳатто афсона низ мегӯям.

— Баъзеҳо дар он акида буданд, ки дар фестивали Канн вазни барзиёд гирифтани Айш ақидаи доваронро иваз мекунад?

Абхишек: Чунин акидаҳо хеле зиёд буданд, вале хушбахтона дар ин фестивал Айш тавонист, ки яке аз беҳтаринҳо бошад ва бо ҳунару истеъдодаш ҳамагонро ба ҳайрат гузорад. Ва бовар кунед, ҳамагон чун ҳамешагӣ аз зебогии ӯ сухан меронданд.

Андешаи дӯстон  дар бораи Айшвария

 

Шоҳруххон:

— Айшвария ягона бонуест, ки ҳама зебогиҳои дунёро Худованд дар ӯ таҷассум кардааст.  Ва мусаллам аст, ки ин бонуи соҳибҷамолро ҳамагон ҳамеша нозуку малеҳпайкар дидан мехоҳанд. Гуё дар ҷамолаш ягон зарра нуқсону камбудӣ набояд бошад. Ва чунин ҳам ҳаст. Ӯ имрӯз низ барои ман маликаи зебоӣ аст ва мухлисони ҳақиқиаш низ набояд ба ин шубҳа дошта бошанд.

Каҷол:

-Ҳар як инсон дар зиндагӣ доираи муайяни дӯстон ва ҳаммаслакони худро дорост. Новобаста аз оне, ки солҳои зиёд Айшро мешиносаму нисбаташ меҳри беандоза дорам, лек ҳамоно андеша меронам, ки ӯ чӣ дунёи асроромезе дорад.  Табассумаш нафис, ҳар як ҳарфу ҳиҷояш  самимӣ, нигоҳаш пур аз меҳр. Дар ҳаёти оилавӣ низ ҳамто надорад, бонуи ниҳоят меҳрубон аст, лек гумон меравад, ки модари сахтгир хоҳад буд ( механдад). Доир ба тағйири вазн карданаш танҳо он нуқтаро мехоҳам зикр кунам, ки ин кори шахсии ҳар як инсон мебошад. Ба гумонам андаке фарбеҳӣ заррае ҳусни нотакрорашро коҳиш надодааст, балки зебогии ба худ хосро дар симояш зам кардааст.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: