• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

Баха-84: “МЕХОҲАМ ҲАМА МАРО МИСЛИ ДӮСТУ БАРОДАР БОШАНД”.

БАХА-84

БАХА-84

Имрӯзҳо номи рэпсарои тоҷик  Баха-84 — Бахтиёр Қосимов дар сартосари ҷумҳурӣ байни ҷавонон паҳн гаштаву маҳбубияташ дар дили онҳо рӯз то рӯз бештар шуда истодааст. Байни ҷавонон нафареро ёфтан душвор аст, ки ӯро нашиносаду рэпи ӯро гӯш накарда бошад. Ӯ бо як суръати баланд дар олами рэп мавқеи хешро пайдо кард ва акнун дар байни ҷавонон “шоҳи рэп”-и  тоҷик ҳисоб меёбад. Ба унвони ҳафтаномаи мо низ садҳо номаи меҳру ихлос ба номи Баха-84 ворид мегардад ва ин моро водор намуд, ки ҷавони ҳунармандро пайдо намуда, ба идораи ҳафтанома даъват намоем. Баха-84 меҳмони мо гашта номаҳоро хонда посух гардонд. Номаҳо хеле зиёд буданд. Азбаски бисёраш мазмуни якхела доштанд, мо шаммае аз онҳоро  ин ҷо овардаем.

“Ассалом, ай  ситораи осмон Баха-84, ман ба шумо хушиҳои зиндагиро орзумандам. БАХАҶОН ман шуморо дӯст медорам. Бо эҳтиром, ДИЛОРОМ».

“Салом, ман СУМАЯ аз Роғун, ба БАХА-84 гуфтаниям, ки дӯсташ медорам”.

“Саломи худро ба акаи БАХА-84 мерасонам, шуморо хеле дӯст медорам. Мухлиси ашаддии шумо РУХШОНА».

«Ман ШОИРА, ба БАХА-84 ошиқи зор шудам, мехоҳам бо ӯ дар алоқа бошам”.

“Салом, ҷони ман БАХА-84, туро бо тамоми вуҷудам дӯст медорам. Ман 18-сола, ЗУЛЯ аз н. Қубодиён, мехоҳам дар н. Қубодиён консерт барпо кунед. Илтимос, ман мухлиси ашаддии шумо.  Ҷавобашро интизорам».

“Салом, БАХАҶОН, ман мухлиси ашаддии ту ва ошиқи девонаат, мехоҳам, ки ту ба Ҳисор омада консерт диҳӣ ва бо ту ҳамсӯҳбат шавам. Илтимос, занг зан, суханамро рад накун. ГУЛӢ аз Ҳисор”.

“Саломи худро ба ситораи рэпи тоҷик БАХА -84 мерасонам. Мухлиси доимии шумо аз н. Шаҳринав ФАРИДА- 95».

-Хоҳаракони азизи ман Дилором, Сумая, Рухшона, Шоира, Зуля, Гулӣ, Фарида ва дигарон, ҳамаи шуморо мисли хоҳарам ва чун як мухлиси ҳақиқиам дӯст медорам. Ҳамеша баҳри шумо рэпи тозатарин ва пурмазмунро пешкаш сохта кӯшиш мекунам, ки сазовори меҳру муҳаббати самимиатон бошам, — ҷавоб дод ба ҳамаи онҳо Бахтиёр ва мо чанд суоли хонандагони дигарро барояш расондем.

«Мехостам донам, ки БАХА-84 кадом таомро дӯст медорад, ки барояш пухта барам. МАДИНА аз ш. Душанбе”.

-Хоҳараки азиз Мадина, ман ҳамаи таомҳои тоҷикиро меписандам. Аммо намехоҳам шуморо ташвиш диҳам.

“Мехоҳам БАХА-84 барои муштариёни МЕГАФОН-и шаҳри Панҷакент дар майдони варзишӣ як консерт намоиш диҳад. Танҳо ба муштариёни он!  Аз ин кор ҳам ширкати МЕГАФОН бурд мекунаду ҳам БАХА-84 мебинад, ки то чӣ андоза ӯ дар Панҷакент мухлис дорад. Маҳпора аз ш. Панҷакент”.

-Ман дар Панҷакент будам ва ба мухлисони панҷакентии худ низ боварӣ дорам. Агар нафарони фарҳангдӯст пайдо гардида, барои намоиши консерт шароит фароҳам оваранд, на танҳо муштариёни “Мегафон”, балки муштариёни тамоми ширкатҳоро ҷамъ меовардам, барои лаҳзаи хушию фароғаташон кӯшиши зиёд ба харҷ медодам.

“Ман мухлиси ашаддии БАХА -84 ҳастам ва пурсидан мехостам, ки он кас маро ба шогирдӣ қабул мекунанд?  ОЗАР аз деҳаи Хӯҷапанҷи ш. Панҷакент”.

-Вақте студияи худро таъсис додам, ҳамаи хоҳишҳои шумоён ихлосмандони азизам, ба иҷро мерасанд ва дари он ба рӯи ҳамаатон ҳамеша боз хоҳад буд.   

Ассалом, БАХА-84!  Ман барои шумо Русия меравам, барои он ки ба шумо гитара харам ва шумо як суруд ба номи ДИЛОРОМ хонед. Ман мухлиси ашаддии шумоям. Бо эҳтиром ДИЛОРОМ»

— Ба Руссия овора шуда наравед, маблағи рафтуомад ба Руссия ва суми гитараро ҷамъ кунед,  суруд бо номи шумо эҷод мешавад. (механдад).

«Ман МУНИРА аз н. Ёвон саломи худро ба БАХАИ-84 мерасонам. Илтимос, акаи БАХАҶОН, ба номи МУНИРА як рэп сароед».

Қариб аксарияти рэпҳои ман ба номи духтарони мисли шумо зебо марбут аст, хоҳарҷон.

«Салому дуруди бепоён ба БАХА -84. Садоятон хаста набошад. МАҲДИЯ ҳастам аз ш. Душанбе, ки орзуи бо шумо лоақал лаҳзае сӯҳбат карданро дорам. Аз даргоҳи Худои бузург дуо бар он мекунам, ки донаҳои бахтро ба саратон резад».  

-Ташаккур барои орзуҳои самимиатон, хоҳари азиз МАҲДИЯ!  Ба шумо низ тамоми хубиҳои ҳаётро орзу дорам. (Вай рақамҳои Маҳдияро ба хотири иҷрои хоҳиши ӯ бичид, аммо  аз он тараф касе гӯшакро набардошт).

“Саломи худро ба БАХА-84 мерасонам, мо мухлиси ашаддии ӯ ҳастем, ҳеҷ гоҳ овозатон  хаста нагардад. Мо бо сурудҳои шумо зиндаем!  Шумо кай нияти оиладоршавиро доред?  Мухлисонатон НАФИСА, ГУЛЧЕҲРА”.

-Кай вақте, ки модарам арӯси ба хости дилашонро пайдо карданд, ман он вақт хонадор мешавам. (Механдад)  

Номаҳои меҳру ихлос

“Ман мухлиси ашаддии БАХА-84, мехоҳам бифаҳмам, ки консерти нави БАХА-84 кай барпо мешавад?  Ва боз гуфтаниям, ки овозатон ҳеҷ  гоҳ хаста нагардад. Шумо зеби саҳнаи тоҷик ҳастед ва  аз беҳтарини беҳтаринҳоед. РУХШОНА аз ш. Душанбе”

“Салом, БАХА-84, ман мухлиси шумо ҳастам, мехоҳам бо шумо ҳамсӯҳбат шавам. Рӯзи консертатон  ваъда дода будед, ки 1 моҳ пас боз консерт медиҳед, интизорам. Бо арзи эҳтиром, НОЗАНИН аз 8-уми  март”.

“Мо мухлиси ашаддии БАХА-84  ҳастем, ӯ дар консерти худ  дар Кохи Ҷомӣ , гуфта буд, ки баъди 1  як моҳ боз консерт медиҳад.  НИЛУ ва РУХА аз Душанбе”.

-Сипосгузорам аҳ лутфу қадрдониатон хоҳарони азиз  -Рухшона, Нозанин, Нилу ва Руха. Ба фикрам ман ба ваъдаам вафо кардам ва рӯзи 24 май танҳо ба хотири шумо барин мухлисони асили худ консерт додам. 

“Мо мухлиси БАХА-84 мебошем. Шумо беҳтарин рэпсарои тоҷик мебошед, овозатон ҳеҷ гоҳ хаста нагардад. Ба шумо аз даргоҳи Худованди бузург хушиҳои зиндагӣ, сиҳатию саломатӣ ва дар ҷодаи санъат бурдбориҳоро таманно мекунем. Мехоҳем бо шумо дӯстӣ пайдо кунем.  ШОДРӮЗ – 95 ва ШАМШОД – 96  аз деҳаи Ворухи Исфара”.

“Саломамро ба бародарам БАХА-84 мерасонам. Ман як мухлиси конкретии шумо. Мехоҳам бо шумо шинос шавам. _SAICHO_17_KULYAB_” 

“Саломи худро ба БАХА-84 мерасонам. Ман мухлиси шумо аз Регар ПАРВИН. Ба шаҳри мо омаданатонро чашминтизорам”. 

“Саломи худро ба беҳтарин рэпсарои тоҷик БАХА 84 мерасонам. Садоятно хаста нагардад, мехоҳам бо шумо ҳамсӯҳбат шавам, рад накунед. “АННАЛУИЗА”.

“Привет, дорогой БАХА-84! Ты самый лучший рэпер на земле! Продолжай в том же духе. Я люблю тебя! С уважением, ЛИЛИЯ из Фархора”. 

“Саломи гарми худро ба БАХА-84 мерасонам. АСАЛИ қурғанӣ

«Саломи худро ба рэпсарои  беҳтарин БАХА-84 мерасонам! Шумо дар байни дигар рэпсароён фарқ мекунед, ман шуморо мисли бародарам дӯст медорам. Аз кормандони «ДИЛКУШО» хоҳиш дорам, номаи маро ба акаи БАХА расонанд. Занги шуморо интизорам.  Мухлиси шумо ДИЛНОЗА аз ш.Ваҳдат».  

«БАХА-84  шоҳи рэпи тоҷик мебошад. Ҳамеша сарбаланду овозатон хаста набошад, бародари ман! (М@ЗЯ)».

 -Ба ҳамаи онҳое, ки бо лутфу меҳрубонӣ ба унвони ман нома ирсол кардаанд, аз ҷумла ба Шодрӯз, Шамшод, Дилноза, Асал, Лилия, Парвин, Саидшо, Анналуиза, Мазя ва дигарон сипосгузории хешро мерасонам. Ҳоло бо нияти клипсозӣ сафар дорам ва баъди анҷоми ин сафар, Худо хоҳад, ба тамоми ноҳияҳои кишвари азизам рафта бо мухлисонам рӯбарӯ мешавам.

Чанд суоли рӯзноманигор

-Бахтиёр, бештар кадом вақт илҳоми рэпнависии шумо меояд?

-Ин вақту соати муайян надорад. Ман дарди ҳамаи инсонҳоро, ки дар зиндагии  имрӯза  эҳсос мекунам  ва ҳамаи дардҳоро аз ҷони хеш гузаронида сипас  ба риштаи рэп медарорам, дарди сурудаҳои ман низ  дарди ҷомеа аст ва мо ҳунармандон ҳамеша барои мардум ва мухлисони хеш ва барои тасаллои қалбҳои онҳо месароем.  Аслан эътиқод ба инсонҳо, ба зиндагӣ, ба зинда будан, ба Худованд ва худ  касро ба зиндагӣ дилгарм месозад ва ба ҳамаи ин шукргузорӣ намуда илҳоми кас меояд.

-Кадом чиз илҳоми эҷодии шуморо барбод медиҳад?

-Медонед, тӯҳмату бадгӯии баъзе ашхос, ки гӯё ман дар рэпи худ мардумро ҳақорат мекарда бошам, баъзан касро нороҳат месозанд. Ман мардуми азизам, халқи тоҷикамро аз ҷонам ҳам зиёдтар дӯст медорам ва ҳеҷ гоҳе нисбаташон сухани пасту баландро раво намедорам. Ман дар рэпҳои худ ҳамеша мардумро ба сулҳу оштӣ, рафоқат, дӯстӣ, бародарӣ, ба қадри ҳамдигар расидан, бо ҳамдигар яктану якҷон будан ва аз як гиребон сар баровардан даъват мекунам. Тоҷикистон хонаи умеди мо тоҷикон аст ва мехоҳам тамоми тоҷикони дунё маро на ҳамчун мухлис, балки  мисли дӯсту бародар ва ҳамхуну ҳамҷон бошанд.

-Агар ин лаҳза дастагули зебое дар дастатон бошад, онро ба кӣ тақдим мекардед?

-Албатта, ба модари беҳтар аз ҷонам, ки аз ҷонам ҳам зиёдтар дӯсташ медорам. Барои заҳматҳои шабонарӯзӣ, барои ба мо ҷон бахшиданаш ва барои бо ранҷу заҳматҳо тарбият карданаш фидои модар бояд шуд.  Ва месазад, ки қадри бузургии ӯро аз дилу ҷон замзама кунӣ ва барояш ашк резию дилхун гардӣ ва тамоми ганҷи оламро меарзад, ки дар пеши пояш бирезӣ.

-Идеали шумо дар зиндагӣ?

-Идеали ман худораҳматии падарам Юсуфҷон Қосимов (рӯҳи бузургашон шод бошад) мебошанд, ки соҳибэҳтиром ва маслиҳатгари мардум буданд. Ҳар як сухани пурҳикматашон ҳамеша дар лавҳи хотирам нақш бастааст. Кӯшиш мекунам, ки номбардори чунин падари бузургвор бошам.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Один ответ

  1. Баха 84 реп намехонад балки эстрада мехона барои чи реперистои хакикира дар телвизиону радио ва газета нишон наметан барои чи M.One a.k.a Master Ismail-ро нишон наметен охи у кароли репи точикай

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: