• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ДИЛНОЗА КАРИМОВА: ФАРЗАНД ЗИНДАГИИ КАСРО ГУВОРО МЕКАРДААСТ

Дилноза Каримова

Дилноза Каримова

Моро хушхабаре аз Хуҷандшаҳр расид, ки Дилноза Каримова, ин духтараки ҳунарманди  соҳиби овози фораму маҳин, модар шудааст ва ӯ имрӯзҳо аз бахти баланди худ меболаду худро хушбахттарин модари рӯйи олам меҳисобад. Мо ин хабарро шунида ба ӯ занг задем ва хоҳиши мухлисонро дар бораи огоҳӣ пайдо кардан аз рӯҳияи Дилноза ба вай расонидем. Модари ҷавон бо вуҷуди серташвиш будан  ва беқарории тифлаки деринтизораш Диёрбек нанигариста барои мо андаке вақт ҷудо намуд ва ба саволҳоямон посух дод.

 

-Шоҳписар муборак бошад!

-Ташаккур!

 

Модар будан бароятон мояи  ифтихор аст?

-Ман имрӯзҳо ниҳоят хушбахтаму ба муроди дили хеш расидам. Бигзор ҳар як бону аз боғи зиндагӣ бебаҳра намонад.  Модар будан албатта кори осон нест. Ман акнун ба қадри шабзиндадориҳои модарон бештар  расидам. Акнун нигоҳам ба зиндагӣ дигаргуна гашт ва ин эҳсосоти ғайриоддиву гувороро бо сухан баён кардан душвор аст.

 

-Мехостам донам, ки шуморо чӣ рӯҳияест имрӯзҳо?

-.Чӣ тавре ки дар боло гуфтам, дар тасвири ин рӯҳияе, ки айни замон дорам,  сухане намеёбам, ки бароятон гӯям. Соҳиби тифл гардидан бахти бузург аст. Дунёи касро рангину зиндагиашро ҷилои тоза мебахшидааст фарзанд. Фарзандро меваи умри инсон мегӯянд, ҳақ асту рост. Ин мева ниҳоят ширин будааст.

 

-Номи зеборо ними ҳусн мегӯянд, шумо низ барои интихоби номи арзандаву зебое  барои тифлатон хеле фикр кардагистед?

-Асосан номгузорӣ кори одамони  рӯзгордида аст. Ман ҳам ҳангоми ҳомиладорӣ  дар қалби хеш номеро барои тифлаки ояндаам пинҳон медоштам ва онро ба касе намегуфтам. Зеро намедонистам, ки писардор мешавам ё духтардор. Вақте писар ба дунё омад, ҳама аҳли пайвандонам барои интихоби номи зебову арзанда байни худ машварат доштанд.  Чун маро пурсиданд, ки кадом номро интихоб кардаам, вақте Диёрбек гуфтам? ба бибиву бобо ва падараш писанд омаду чунин номи зебо насиби шоҳписарам гардид.

 

-Фикр мекунам, акнун ҷойи савту эҷодро парастории тифл ва рисолати модарӣ иваз намуд?

-Бале, акнун ҳушу ёди ман ба Диёрбек  банд аст. Ӯ ҳам савту эҷод ва манбаи илҳоми ман аст акнун.

 

-Шояд суруди “Алла” низ аллакай омода шуд?

-Суруди “Алла”-и махсус албатта омода мешавад ва ман ҳоло чунин шеъри беҳтаринро  ҷустуҷӯ дорам . Бояд суруде омода созам, ки он ҳам ба гӯши Диёрбеки ман ва ба ҳамаи тифлакон сароида шавад. Ҳоло бошад ҳамаи дарди дили хешро ва ҳам навозишу меҳрубониҳоямро дар шакли алла ба гӯши тифлакам мехонам. Ба наздикӣ як суруди “Модар”-ро , ки пештар таҳия гашта, ман онро хонда будам, дар маҳфиле сароидаму аз чашмонам ашк ҷорӣ гашт. Зеро ман акнун модар шудам ва онро бо эҳсосоти дигар сароидам.

 

-Барои Диёрбек парастор таъин намуда, ба саҳна бармегардед?

-Медонед, ман дар саҳна ҳастам. Дар консерту чорабиниҳои ҳукуматӣ низ ширкат мекунам. Аммо аз консерти саҳнаи калон худдорӣ мекунам. Фикр мекунам, барои

фарзанди ман аз ҳама парастори олитарин модарам мебошанд, ки маро хеле зиёд дастгирӣ мекунанд.

 

-Умуман шумо аз хизмати кӯмакрасоне истифода мебурдед?

-Бале, истифода мекардам. Зеро мо ҳамеша дар сафарҳои ҳунариву эҷодӣ қарор доштем ва аз хизмати кӯмакрасон истифода кардан лозим буд.

 

-Ба андешаи шумо хушбахтӣ аз ин ҳам зиёдтар мешавад?

— Ман хело хушбахтам, ки Худованд бароям чунин рӯзро насиб гардонид. Ба зиндагии якмароми шахс фараҳу шодӣ меовардааст тифл.

 

-Субҳи шумо бо чӣ оғоз мегардад?

-Бо тифлаки навзоди беқарор баъзан субҳу шомро фарқ намекунӣ. Албатта субҳи барвақт  аз хоб бедор мешаваму ба чеҳраи беғубори тифлакам менигарам.  Ман ба нигоҳи меҳрбори ӯ менигараму ҷаҳон-ҷаҳон шодию нишот фаро мегирадам. Ӯ дунёи орзуҳои ман, тамоми буду набудам аст. Субҳи ман бо нигоҳи ӯ оғоз гардида, тамоми рӯзам бо  фараҳу нишот мегузарад.

 

-Агар духтар тавлид мекардед,  худро хушбахт намеҳисобидед?

-Барои чӣ? Ҳам писар ва ҳам духтар атои Худои бузург аст ва шукр мебояд гуфт. Байни ин ҳарду фарқ гузоштан хатои маҳз аст. Мехоҳам фарзанди дуюмам духтарча бошад. Зеро духтарон бештар ғамхору дилсӯзи модар мешаванд.

 

-Аз чӣ озурдахотир мегардед?

-Вақтҳои охир, агар фарзандам беқарорӣ кунад, ман ҳам беқарор мегардам ва агар ӯ гиря кунад, ҳамроҳаш мегирям. Пештар фикр мекардам, ки модари бепарво мешавам. Аммо вақте ба ин чеҳраяки беғубори бегуноҳ ва беғаш менигарӣ, магар метавонӣ бепарво бошӣ. Айни замон танҳо аз нороҳатии ӯ ман озурда мегардаму халос. Модари ман 55-солаанду модаркалонам 85-сола. Ҳар гоҳе ба аёдаташон меравем, ҳангоми баргаштан ба модарам таъкид мекунанд, ки  роҳро эҳтиёткорона гузаранду худро аз хатари роҳ эмин доранд. Ҳар қадар ки фарзанд бузург бошад ҳам, дар назари модар ӯ ниёзманди ғамхорӣ аст. Аз ҳама муҳаббати бузургтарин дар олам ин муҳаббати модар ба фарзанд аст, мегӯянд модарам.

 

-Аз оянда чӣ умедҳо доред?

-Мехоҳам мисли модарам соҳиби чор фарзанд гардам ва ба онҳо тарбияти нек диҳаму рӯзҳои шодиву нишот ва муродашонро бубинам.

 

-Мехостам таманниёти шуморо ба мухлисони ҳунаратон донам.

-Орзу дорам, ки ҳамаи мухлисони азизи ман, мардуми барӯманди Тоҷикистон, сарбаланду сиҳатманд бошанд. Зеро саломатӣ гавҳари ноёб аст. Иди  Рамазон барояшон муборак бошад. Ҳамеша дастурхонашон мисли идҳо пурфайзу баракат бод.

 

-Саломат бошед, мо ҳам хостори амалӣ гардидани орзуҳои некатон ҳастем.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: