• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ЗУЛАЙХО МАҲМАДШОЕВА: “ДИДОРИ ПАЙВАНДОН РӮЗИ МАРО БОБАРОР МЕКУНАД”

Зулайхо Махмадшоева

Зулайхо Махмадшоева

Имрӯзҳо номи Зулайхо Маҳмадшоева дар байни мардум паҳн гаштаву маҳбубияташ рӯзторӯз афзунтар гаштааст. Садои фораму дилнишини ӯ ба дилҳо маскан гирифтаву меҳри ӯ дар қалбҳои ташнаи суруд амиқ ҷой гирифтааст. Зулайхо бо вуҷуди хеле ҷавон будан бо сабку услуби хеш, ки Манижаро мемонад, шунавандагони хешро мафтун гардондааст. Ба унвони ин духти нозанин ва соҳиби овози форам ба ҳафтаномаи мо номаҳои пурмеҳр хеле зиёд ворид мешаванд. Мо низ бо мақсади болидагии хотири хонандагони худ, бо Зулайхо Маҳмадшоева сӯҳбат намуда, онро пешкаши мухлисонаш гардонидем.

— Шумо дӯстони худро чӣ гуна интихоб мекунед?

-Ман аслан дугона надорам. Дӯсти ман он нафаре , ки бароям ягон маслиҳати хубе додааст ва хислаташ бо ман мувофиқат намояд, шуда метавонад. Ман аслан инсонҳои хоксор ва мисли худам кушодадилро  меписандам ва дӯстони ман ҳам чунин инсонҳо буда метавонанд.

-Агар дӯсте ба шумо хиёнат кунад ба ӯ чӣ гуна ҷавоб мегардонед, бахшида метавонед?

-Аслан дӯсти ҳақиқӣ набояд хиёнат кунад ва хиёнат чизе нест, ки онро фаромӯш созию бубахшӣ. Шояд бо он нафар боз ҳам муносибат менамоям, аммо дигар дӯстии мо самимӣ буда наметавонад.

-Рост аст, ки шумо бо Абдураҳмон Ҳакимзода дуэт сароидаед?

-Рости гап ман чунин сарояндаро намешиносам ва бо ӯ суруде насароидаам.

-Мегӯянд, ки Зулайхо сарпарасти хубе пайдо кардааст.

-Не, ин гап дуруст нест. Ман барои таҳияву бандубасти албомам худам заҳмат мекашам

-Як нафар хонандаи фаъоли ҳафтаномаи мо, Ҷумахон аз ноҳияи Восеъ, ки  мухлиси ашаддиатон аст, ҳамчунин менависад, ки ба шумо дил бастааст ва  мехоҳад донад, ки шумо ишқи ӯро  қабул мекунед?

-Ман аз бародари азиз Ҷумъахон барои мухлисиашон нисбати ҳунарам миннатпазирам. Аммо барои ишқ ҳоло фурсат надорам ва фикр мекунам, ки аввал дар ҷодаи санъат мавқеи худро устувор намоям, сипас дар бораи ишқ фикр мекунам.

-Ишқро чӣ гуна мефаҳмед?

-Ҳоло ба ишқи ҳақиқӣ  дучор нашудаам, агар дучор шавам он гоҳ мегӯям, ки онро чӣ гуна мефаҳмам.

-Мегӯянд, ки агар сароянда ошиқ набошад, сурудаш ҷаззобу дилпазир садо намедиҳад?

-Ман ошиқи зиндагӣ ҳастам ва сурудҳоям низ аз зиндагӣ гирифта шудааст. Ҳар як сароянда вақти сароидан нафареро пеши назари худ оварда бо эҳсоси дил месарояд. Ман ҳам ошиқи садову сурудҳои Манижа Давлатова ҳастам ва ҳангоми сароидани суруд танҳо Манижаро пеши назар меорам ва ғайри ӯ каси дигарро намебинам.

— Шумо ба  корҳои эҳсонкорӣ низ даст задаед?

-Аслан гуфтани корҳои хайру эҳсон аз рӯйи одоб нест. Ҳар субҳ ҳангоми давидан чашмам ба онҳое меафтад, ки кӯчаҳои шаҳрро мерӯбанд ва заҳмати     тозагиву покизагии мо бар дӯши онҳост. Ба ин занони заҳматкаш дилам месӯзад ва ба чандин нафарони ниёзманд, ки дар сари роҳ мебинам, дилам реш-реш мешавад ва аз рӯйи имконият ба онҳо кӯмаке мерасонам. Агар рӯзе имкониятам бештар гардад, ҳатман  ба чунин и нсонҳои ниёзманд дасти мадади хешро дароз хоҳам кард.

— Кадом чизро дар худ қадр мекунед?

-Инро бигзор дигарон гӯянд. Дар бораи худаш инсон чӣ ҳам гуфта метавонад.

-Суруди нави хешро ба кӣ бахшидаед?

-Ин суруди ман ки “Оҳ кашидам ба раҳат” ном дорад, ба қалами Орзу Исоев тааллуқ дошта, оҳангашро Даврони Раҳматзод таҳия намудааст ва ин суруд зиндагии маро ифода мекунад.

-Барои худ кадом рӯи зиндагиро бобарор меҳисобед?

-Рӯзе ки дидори пайвандонам насиб мегардаду мо ҳамакаса нишаста шодмонӣ мекунем, он рӯзи бобарори зиндагиам аст. Вақтҳои охир чунин рӯзҳо бинобар серташвишӣ хеле кам рух медиҳад ва  кас ба дидори пайвандонаш ҳамеша ниёз дорад.

-Рост аст, ки Диловари Мизроб имрӯз продюссери шумост?

-Бале, Диловари Мизроб маро мисли як бародар маслиҳатгару роҳнамо аст.

-Мегӯянд, ки албоми нави шумо аллакай таҳия гаштааст, чӣ ном дорад, агар махфӣ набошад, онро бо дастгирии кадом шахс таҳия сохтед?

-Рости гап албоми ман айни замон омодаи тамомшавӣ аст ва ҳоло дар бораи номаш фикр накардаам. Дар таҳияи он маро Орзу Исоев, Даврони Раҳматзод ва Диловари Мизроб  бо маслиҳату идеяҳои тозаи худ дастгирӣ карда истодаанд, ки аз онҳо сипосгузорам.

-Чӣ нақшаву ниятҳои тоза шуморо дар дил аст?

-Албатта баъди таҳияи албоми навам , барпо намудани консерт дар кохи Борбад орзуи ман аст .

-Мо ҳам орзуманди онем, ки ба ниятҳои некатон бирасед.

-Саломат бошед. Мехоҳам паёму дуруди пурмеҳри маро низ ба мухлисони азизам, хоса ба онҳое, ки ба ҳафтаномаи шумо СМС равон кардаанд: Исмоил, Шаҳноза, Некрӯз, Зумрад аз Бадахшон ва Дилшод  бирасонед. Бигзор онҳо ҳамеша тансиҳату осударӯзгор ва сарбаланду комёб бошанд ва ҳамеша дар хонадонашон хурсандиву шодмонӣ бошад ва  мо ҳунармандон шарики рӯзҳои шодиашон гардем.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст .

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: