• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

МАДХУРИ ДИКСИТ: ФАРЗАНДОНАМ ҲИНДИРО НАМЕДОНАНД

Мадхури Диксит

Мадхури Диксит

Мадхури Диксит 15-уми майи соли 1967 дар оилаи ашрофзодагони Ҳиндустон чашм ба олами зебо во намудааст. Дар олами ҳунар гарчанде қадамҳои аввалинаш бобарор набуданд, лек дар як муддати кӯтоҳ маҳбуби ҳамагон гардидаву бо рақсҳову ҳаракатҳои наҷиб ва истеъдоди нодираш ҳамагонро мафтун сохтааст. Шӯҳрати ӯ сарҳади Болливудро кайҳост, ки убур кардаву ҳатто идеали кулли раққосони ҳиндӣ гаштааст.

Модари ду фарзанд

Ин бонуи ҳамешаҷавону зебо имрӯзҳо гарчанде ба синни 45 расида бошад ҳам, он ҷаззобият, зебоӣ ва шӯълаи рахшони чашмонашро гум накардааст. Ҳақ бар ҷониби бузурге, ки гуфтааст, зебоии ботин чун нур дар чеҳраи кас ҳувайдо мегардад. Нафаре, ки ҳама лаҳзаҳои беҳтарини ҳаёт ва муҳим аз ҳама ишқи покро дар қалби худ чун ганҷ нигоҳ медорад, ҳамеша ҷавон мемонад. Мадхури оиладор буда соҳиби ду фарзанд аст. Шавҳараш табиб аз Лос- Анҷелос Шрирам Нене мебошад.

Пурсишу посухи кӯтоҳ

— Аз чӣ ҳарос дорӣ?

—  Аз дур шудан аз азизони дилам, аз даст додани дӯстони меҳрубонам.

— Аз чӣ ва ё кӣ ифтихор дорӣ?

— Аз модарам, оилаам ва дӯстонам

— Киро идеали худ мешуморӣ?

-Худованди меҳрубонро.

— Аз чӣ бисёр хаста мешавӣ?

-Аз мусоҳибаи журналистон (механдад).

«Ду Шанкаре, ки дӯсташон медорам»

Мадхури ду хоҳар ва як бародар дорад, хоҳаронаш Рупа ва Бхарати ва бародараш Аҷит, модараш Снехлата ва падараш Шанкар ном доранд. Аҷиб он ки дӯстдоштаи ӯ дар филми «Ишқи безабон» ҳамноми падараш буд, ки, ба андешаи Мадхури, Шоҳруххон аз иҷрои ин нақш ба хубӣ баромадааст. Ва агар бигӯем, ки шӯҳрати Мадхури низ аз ҳамон лаҳза оғоз шудааст, хато нахоҳем кард.

Душвории нақш

Духтарчае, ки ҳанӯз аз лӯхтакбозиву давутози айёми наврасӣ сер нашудааст, мӯҳтоҷи дари хонаи номарде мешавад, ки бо пулу моли зиёд ӯро аз волидайн харидорӣ месозад. Он филм натанҳо ба рӯҳияи Мадхури ва тақдири минбаъдаи ӯ дар ҷодаи ҳунар таъсир расонид, балки кулли падару модарони бепарвову аз ғами дунё бехабарро ба ҳуш овард.

 

Мусоҳиба

-Асрори зебогии ту дар чист?

— Дар йога ва зиндадилии ман (механдад).  Зиндагӣ зебост, бояд ҳар як лаҳзаи ширини ҳаётро гуворо  гузаронем.

— Ҳанӯз аз хурдӣ майли ҳунар доштӣ?

-На, аслан он замонҳо на орзуи раққоса шуданро дар дил мепарваридаму на ҳунарманди синаморо, балки дар соҳаи  микробиология мехостам рисолаи номзадӣ ҳимоя кунам.

-Дар филми «Ишқи безабон» хеле ҷавон будӣ, оё қаблан боварӣ доштӣ, ки аз иҷрои он нақш мебароӣ?

-Инсон бояд дар ниҳод нисбати қуввату тавоноии худ шубҳа надошта бошад. Лек бо вуҷуди шӯҳрати беандоза пайдо кардани филм, коргардон Ракеш Рошан иброз дошта буд, ки барои ин нақш банда хеле ҷавон будам.

-Фарзандонат ин филмро тамошо кардаанд?

-Бо вуҷуди он ки эшон бо забони ҳиндӣ хуб ҳарф намезананд, лек бо камоли майл филмҳоямро тамошо мекунанд ва албатта маъние мебардоранд. Бисёр мехоҳам, ки забони ҳиндиро аз худ кунанд, лек аз сабабе, ки дар дабистон пурра бо забони англисӣ харф мезананд, барояшон ҳоло душвор аст.

-Зимни банаворгирии филми «Jhalak Dikhla Jaa»,  ба гуфтаи дӯстонатон, шумо ашк рехта будед?

-Даврони ширини ҳаёт, айёми беғамиҳо, ҳамсабақон ва дабистони азизам ба ёдам омаданд. Давраи мактабӣ барои ҳар як инсон давраи тиллоии ҳаёт ба шумор меравад.  Гуё, ки ба ҳама корҳо қодир ҳастӣ ва ин эҳсос туро басо хушбахт месозад. Ва агар ин лаҳзаҳои ширин ба хотири шумо низ ояд, шумо ҳатман ашк хоҳед рехт.

-Мегӯянд, ки имрӯзҳо ба сарояндагӣ рӯй овардаӣ?

-Барои шоу-консерти 5-умини ситораҳои ҳунар «Jhalak Dikhla Jaa» бо ҳамроҳии коргардон Каран Ҷохар сурудеро омода сохтаем ва ният дорам, ки дар ин барномаи косертӣ бори аввал ба мухлисонам худро ҳамчун сароянда муаррифӣ созам.

— Ба андешаи Анил Капур, Мадхури ҳанӯз ҳам рӯи экранҳо худро ба ҳайси модар тасаввур кардан намехоҳад?

-Дар ин бобат маро бо Анил сӯҳбати дурру дарозе интизор аст. Нақши модарро танҳо дар филми Капур иҷро накардани ман маънои онро надорад, ки ман аз ӯҳдаи ин нақш намебаромада бошам ва ё худро ҳанӯз ҷавон меҳисобам. Агар хатти сенарияи филм бароям писанд наояд, аз иҷрои он нақш даст хоҳам кашид.

-Пас кадом нақшро аз коргардон интизорӣ?

-Нақше, ки пас аз хомӯшиҳо тавонад дар қалби онҳое, ки Мадхуриро таи ин солҳо бесаброна интизор буданд, оташакеро бедор созад.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: