• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

МАНИЖА ВА САҲНА

Манижаи Давлат

Манижаи Давлат

Бо вуҷуди муддати зиёд дар рӯйи саҳнаи  ҳунар  набудан Манижа он ҷаззобияту маҳбубияти хешро байни мухлисони ҳунари хеш аз даст надодааст. Зеро ӯ ба қадри ҳунари хеш мерасид ва ҳар суруди камарзишро замзама  намекард. Барои ҳар як суруд ӯ хеле зиёд заҳмат мекашад, то ки ба дили мардумон наздику қарин бошад. Аз ин хотир ҳар як суруди ӯ мисли як бозёфти нодир ҳамаро моту маҳбут мекарду мекунад.  Ё ба гуфти  худи Манижа : ” Вақте ман сурудеро интихоб мекардам, ҳеҷ гоҳ саросема намешудам. Он суруд муддате дар ниҳонхонаи қалби ман маскун мегашт. Он дар ниҳоди ман зиндагӣ мекард ва шарики ғаму шодиям буд. Ман онро муддатҳо дар андешаҳоям таҳлил мекардам.  Ман аз суруду суруд аз ман мешуд ва сипас он рӯйи кор меомад. Ба андешаи ман чунин суруд умри абадро дорад.

Санъати нотакрори ӯ дар дили ҳаводорони асилаш ҷовидонӣ аст. Меҳри ҳунари Манижаро  мардум дар дили худ барои якумрӣ ҷой додаанд. Аз ин ҷост, ки дар як муддати начандон тӯлонии дар рӯйи саҳна ҳунарнамоӣ карданаш Манижаро мардум дар дилу дидаҳои хеш ҷой доданд ва замзамаи суруди дилпазираш ҳаловат мебурданду ӯро аҳсан мегуфтанд. Образи романтикии  ӯ, сурудҳои ошиқона ва садои дилфиреби Манижа дархӯри армонҳои ҷавонҳои навқадами пайроҳаи ишқ буд.

Ва то имрӯз он маҳбубият заррае кам нагаштааст. Дар ин муддати ба гуфти бисёриҳо “хомӯшӣ”-и  хеш Манижа 4 сурудро бе сабти видеоӣ пешкаши мухлисон гардонд, ки аз ин ҳам комёб гардид ва мардум  онро чун оташаки умедворӣ, ба умеди он ки соҳиби ин садо боз ба саҳна бармегардад хеле хуб қабул карданд ва дар ниҳонхонаи қалби хеш чун малҳами таскиндеҳ ҷой доданд. Вақте шогирди ӯ Зулайхо Маҳмадшоева рӯйи саҳна қадам гузошт, аксарият садои ӯро ба Манижа монанд  карданд ва оҳи сабук кашиданд, ки ниҳоят ин духти ҷавон ҷойи Манижаро дар саҳна пур хоҳад кард. Бо вуҷуди хеле ҷавон будан Зулайхо тавонист ба боварии Манижа сазовор гардад ва дар дилу дидаҳои мардум маҳбубияти хосе пайдо намояд.

“Ҳар касе  ки назди ман бо як умеду ихлос меояд, ман наметавонам ӯро навмед созам.  Зулайхо духтари хуб аст, дар ниҳодаш меҳри ҳунар баланд аст.  Ӯ  сабку услуби маро пайравӣ намуда, назди ман бо як муҳаббату садоқат омад ва ман инро аз чашмонаш эҳсос кардам. Эҳсоси қалби кӯчакаш дар чеҳраи беғубораш ҳувайдо буд. Ман эҳсос кардам, ки ин дилбастагии Зулайхо нисбати ман як ҳавасу худнишондиҳӣ набуда, болотар аз тамоми хоҳишҳо буд ва ӯ бо сад умеду орзу ба суроғи ман афтода буд ва дар назди худ мақсади конкретӣ дошт. Аз сидқи дил мехост, ки шогирди  Манижа бошад”.

Манижа инсони некбин аст ва ба ҷавононе, ки наздаш бо умед ва маслиҳатҷӯӣ меоянд ӯ бо дили кушод ва сами мият ба онҳо роҳнамоӣ мекунад. Дастгирӣ кардани навсафарони роҳи ҳунарро некбинона оини  инсонигарӣ мепиндорад.

Зулайхоро на танҳо мисли як шогирд, балки мисли як фарзанд ва як хоҳар қабул кардам. Вақте ӯ  бо муҳаббату ихлос ба кошонаи ман меояд, ман ҳам бо ҷону дил кӯмакаш менамоям. Чӣ қадаре ки аз дастам меояд барояш дасти мадад дароз мекунам. Боз ҳам фикр мекунам, ки асоси муваффақиятҳояш дар дасти ӯст. Ба чизе ноил гаштанаш аз худаш вобастагӣ дорад. Бисёр мехоҳам, ки ӯ гомҳои нахустини хешро дар ин ҷодаи мушкил устуворона ниҳад ва муваффақ бошад. Мехоҳам Зулайхо ва ҳар  як наврасе, ки соҳиби истеъдод аст, ба орзуи дили худ бирасад ва дар ҷодаи ҳунар мавқеи хешро пайдо намояд. Албатта дар олами ҳунар рақобати носолим вуҷуд дорад ва дар ин рақобат танҳо шахси дар ақидааш устувор ва оне, ки мақсади ягона дорад, яъне нияти фатҳи қуллаи баландтарини ҳунарро дорад, метавонад тоб орад. Ман ба Зулайхо ҳамеша мегӯям, ки саросема нашавад. Сабур бошад ва ин сабурӣ дар ҳунар аз ҳама муҳим аст. Зеро сабр пешаи оқилон аст. Бештар ба мазмуни суруд аҳамият диҳад ва танҳо маъниҳои баландро интихоб намояд. Вазифаи ман чун як устод маслиҳати дуруст додан аст. Агар ӯ маро дуруст фаҳмаду аз рӯйи ин гуфтаҳо амал намояд, бурди ӯст”.

Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки Манижа бо Шабнами Сурайё рақибонанд. Аммо ҳам Манижа ва ҳам Шабнам инро инкор мекунанд.

“Не,  аслан ман гумон намекунам,  ки рақиб дошта бошам.Шабнам  ба  ман ҳеҷ дахолате надорад Мо  як ҷо таҳсил намудаем. Шинос ва дугонаи деринаем. Аммо ахиран ӯро  соли  2011 дида будам. Ҳоло  на  он  қадар робитаи наздик дорем. ” – гуфтааст Манижа.

Шабнам бошад дар як мусоҳибаи худ ба ин суол чунин посух гардондааст:

Бо Манижа аз синфи якум якҷоя хондаем. Боре ҳангоми таҳсил дар мактаб як таронаи Лайло Фуруҳарро дар театри ба номи С. Вализодаи ш. Кӯлоб дуэт ҳам сароидаем. Дар тӯям Манижа шоҳиди ман буд. Мо ҳама вақт якҷо будем. Дертар ман шавҳар кардам, вай бошад, ба Душанбе рафт, то ки ба саҳнаи калон роҳ ҷӯяд. Баъд ман ҳам бо амри тақдир ҳунарпешаи эстрадӣ шудам. Миёни мо душманӣ нест. Мехоҳам гӯям, ки дар саҳна ба ҳама ҷой мерасад. Лекин дар шоу-бизнес бояд рақобат бошад, чунки ин сарояндаро пеш мебарад, маҷбур месозад бештару бештар меҳнат кунад”.

Ман фикр мекунам, ки Манижа аз як саволи мухлисону рӯзноманигорон, ки садҳо бор канораҷӯйии ӯро аз саҳна пурсон мешаванд,  қимоб гаштааст ва баъзан худ  ин саволро ба худ медиҳаду ҷавобашро пайдо намесозад.

Аз он ки  дубора ба рӯйи саҳна бармегардад ё не , ӯ дар як мусоҳибааш гуфтааст:

“Ман ҳам мисли дигарон зиндагӣ дорам ва миёни мардум мегардам. Бештари вақти худро ба кору бори хона ва эҷод сарф мекунам. Ҳар як кор мушкилӣ, муваффақият, барору нобарорӣ ва оғозу анҷом дорад. Вале ман санъатро пурра тарк накардаам ва шояд рӯзҳои наздик саҳна бароям. Ин пеш аз ҳама аз Худо ва гардиши замон вобастагӣ дорад”.

Мо ҳам дасти дуо дорем, ки чунин рӯз фаро расад ва Манижаи нозанин бо таронаи дилнишини хеш боз қалбҳои моро таскин бахшад ва шарики рӯзҳои шодию фараҳамон бишавад.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: