• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

НИГИНА АМОНҚУЛОВА: “МОДАРАМ КЕЛИНИ ДӮСТДОШТАИ БИБИАМ ҲАСТАНД”

Нигина Амонкулова

Нигина Амонкулова

Ман ҳам мисли шумо хонандагони азиз, як тан мухлиси садову симои  нозанини Нигина Амонқулова ҳастам ва хеле хуб медонам, ки ӯ ба муаррифӣ ниёз надорад. Номаҳои пур аз меҳри хонандагони ҳафтаномаи мо гувоҳи онанд, ки Нигина сарояндаи беҳамтост ва дар саҳнаи ҳунар бо лаҳни ширину гуворо ва садои нотакрораш беназир аст. Инак, ба ҷои муаррифӣ намунае аз он номаҳои самимонаи ҳаводорони Нигина Амонқуловаро меорам.

 

Номаҳои меҳру ихлос

Salom, Niginabonu! Shumoro shaxsan az nomi xudam va az nomi tamomi Samarkandiho tabrik mekunam, ki shumo pisardor shuded. Azamjon nagz kalon shuda ba voya rasad. Shumoro hamai mo dust medorem. Hamzamon Idi Ramazonro baroi shumo muborakbod meguyam. Xudovandi karim ejodi shumoro ziyoda kunad. Ovozi shirini shumo dar Tojikiston yakta. Mo hamesha az shumo surudhoi navbanav intizor hastem.  MEHROJ az Samarkand.

Ман шайхбачаи шаҳритузӣ БЕКНАЗАР, соли тав. 1988, маро сурудхонии  Нигина Амонқулова  мафтуни худ кардааст, мехоҳам бо он кас шинос шавам.

Салом, НИГИНА АМОНҚУЛОВА, ман мухлиси ашаддии шумо ҳастам ва ҳамеша сурудҳоятонро бо шавқ гӯш мекунам, азёд ҳам медонам, аз забон намемонам. Сурудҳои шуморо гӯш накунам, шабҳо хобам намебарад. Ҳар гоҳе муваффақиятҳои шуморо шунавам, сарам ба осмон мерасад.  Апаи НИГИНАҶОН, албоми сурудҳоятонро бесаброна интизорем. Овозатон ҳеҷ гоҳ хаста набошад. Як мухлиси  ашаддиатон аз в. Суғд АМОНБОЕВ Ф.

Салом, ҳафтаномаи “Дилкушо”! Ман мухлиси ашаддиии  НИГИНА АМОНҚУЛОВА ҳастам, зеро ӯ дар интихоби либоси саҳнавӣ беҳамто аст ва ҳар либосе, ки дар бар мекунад, ба худаш зебанда аст. Орзуманди онам, ки ӯ ҳеҷ гоҳ тарки ин либоси зебандааш накунад, охир Нигинабону тоқии қадимиро ба сар гузошта, муҳаббати моро ба фарҳанги ниёгонамон бедор кард. Мехоҳам бо НИГИНА АМОНҚУЛОВА ҳамсӯҳбат  шавам. МАЛИКОВА МАЛИКА.

Салом ба НИГИНА АМОНҚУЛОВА! Ман мухлиси шумо ҶАМШЕД аз н. Восеъ. Шумо сарояндаи ҳамаҷиҳата ба талаботи санъат ҷавобгӯ ҳастед. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ман занг занед, занги шуморо интизорам. 918792800.

Салом, ҳафтаномаи “Дилкушо”, ҳамватанони азиз ва сарояндаи писандидатаринам НИГИНА АМОНҚУЛОВА! Ман  ва чандин нафар ҳамватанони муҳоҷири шумо ихлосмандони ҳақиқии садои форами шумо ҳастем ва ба масъулони саҳифаи “Шиносоӣ” занг зада ҳарчанд хоҳиш мекунем, ки ба мо рақами телефони ин бонуи ҳунарро диҳед, ки бо он кас ҳамсӯҳбат гардида, садояшонро тариқи телефон шунавем, аммо онҳо намедиҳанд. Апаи Нигина, агар имкон дошта бошед, ба рақами +79099981953 занг равон кунед, мо ба шумо занг занем, илтимос.  Фирӯз аз ш. Москва

Сӯҳбат бо Нигина

Нигинабону, шумо ба мухлисони хеш паёме доред?

-Аз ин фурсати муносиб истифода намуда, паёму дуруди пурмуҳаббати хешро ба кулли мухлисони азизам, ба  мардуми гиромиқадри Тоҷикистон ва инчунин ба мухлисони саҳифаи “Паём ба ситора” — и ҳафтаномаи “Дилкушо”, аз он ҷумла ба Меҳроҷ аз Самарқанд, Малика аз Душанбе, Бекназар аз Шаҳритус, Фирӯз аз ш. Москва, Ҷамшед аз Восеъ ва Амонбоев Ф. аз вил Суғд  ирсол медорам. Бигзор онҳо ҳамеша хонаободу сарбаланду сурхрӯ ва шукуфтадил бошанд. Барояшон иди дар пешистодаи Рамазонро низ самимона муборакбод мегӯям. Дар ин  моҳи шариф бигзор ҳар яки шумо аз марҳамату инояти Худованд баҳраманд гардед.  Обод бошед, ҳамватанону мухлисони азиз!

-Консерти нахустини шумо дар Панҷакент ҳамаро ба ваҷд овард ва мардумро мафтуни худ гардонд.  Оё ин оғози консертҳои бузург дар Тоҷикистон хоҳад буд?

— Чунин консертҳо қариб дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ сурат гирифт ва ман тавонистам бо мухлисони хеш рӯбарӯ гардида хотирашонро болида созам.

-Он бо ибтикори кӣ ба амал омад ва худи шумо аз он қонеъ ҳастед?

-Ин фестивали фарҳангии “Ганҷи Зарафшон” буд, ки бо ибтикори  ин фонд, Ҳукумати шаҳри Панҷакент ва Вазорати фарҳанг сурат гирифт. Албатта ман аз он ки бо мардуми азизам  рӯбарӯ мешавам, қаноатмандам.

-Тӯҳфае, ки ҳамеша мунтазираш ҳастед?

-Ман ба тӯҳфа ҳаваси зиёде ҳам надорам. Асосан меҳру ихлос ва дастгирии мухлисони азизам бароям беҳтарин тӯҳфа аст.

-Вақте клипи “Чархи фалак”-ро бибиатон ва аҳли пайвандон тамошо карданд, ба шумо эрод нагирифтанд?

-Барои чӣ эрод мегирифтаанд? Бибиам  ва аҳли пайвандонам хуб медонанд, ки ин ҳамагӣ эҷод аст ва ифодагари зиндагии нафаре дар тахайюлоти эҷодкор аст ва он ба зиндагии мо иртиботе надорад.

Бибии шумо хушдомани сахтгир буданд нисбати модаратон?

-Бибиам аз ҳама хушдомани беҳтаринанд ва модари ман келини писандидатаринашон ҳастанд.

-Шумо рӯзадор ҳастед?

-Албатта.

-Дар моҳи шарифи Рамазон нияти иҷрои  кадом кори хайрро доред?

-Натанҳо дар моҳи мубораки Рамазон, балки ҳар гоҳе имкон даст диҳад, ба назди маъюбон ва пиронсолон рафта консерт додан яке аз корҳои хайри ба нақша гирифтаи ман аст.

-Чиро дар худатон меписандед?

-Дар ин бобат боре наандешидаам. Рости гап, ман дар худам чизи хуберо ҷустуҷӯ намекунам ва баръакс камбудии хешро мебинаму дар пайи ислоҳаш мешавам.

-Вақте шуморо дар фурӯшгоҳҳо ё худ роҳ мешиносанду ҳарфе мегӯянд, ноҳинҷор мешавед? Умуман, мекӯшед, ки касе шуморо нашиносад? Ё ки бароятон гуворо аст?

-Вақте мешиносанду ҳарфи пур аз меҳру ихлос мегӯянд ва нигоҳи бомуҳаббат сӯям медӯзанд,  дилам лабрези фараҳ мегардад. Ҳеҷ гоҳ накӯшидаам, ки маро нашиносанд. Мо, ҳунармандон, ҳамаи заҳмату эҷоди худро баҳри мардуми азизамон  мекунем.

-Ба тӯйҳо низ меравед?

-Не, асосан ба тӯйҳо намеравам. Танҳо дар маъракаҳои хурсандии хешовандон ва ёру дӯстон бо хоҳиши онҳо як-ду суруд мехонам.

-Чӣ нияту нақшаҳо доред?

-Ҳамаи нақшаву ниятҳои мо, албатта, таҳияву пешкаш гардонидани клипу таронаҳои нав ба ҳаводорони ҳунар аст.

-Тозатарин таронаи  шумо кадом аст?

-Ин клипи суруди “Рафтӣ” аст, ки муаллифи  матнаш Орзу Исоев ва оҳанги Даврони Раҳматзод аст.

-Ташаккур, бароятон барору пешравиҳоро таманно дорем. Ҳамеша чунин зебо, ҷаззоб, ботароват, хостанӣ ва гули сари сабади маҳфилҳо бимонед.

-Шумо низ хушбахт шавед!

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: