• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

Орзу Исоев: МОДАР – МАҶМӮИ АРЗИШҲОИ ЗАМИНИВУ ОСМОНИСТ!

Орзу Нозия

Орзу Нозия

Имрӯзҳо зиёд таронаҳои хубро дар иҷрои сарояндагони беҳтарин шунида пурсон шавем, ки офарандааш кист, дар ҷавоб номи Орзу Исоевро мешунавем. Орзу сабки ба худ хоси эҷодкорӣ дорад. Таронаҳои офаридааш зуд дар дилҳо ҷой мешавад. Зеро ӯ содда, самимӣ ва дилпазир менависад.

 

Салом, ҳафтаномаи «ДИЛКУШО», ман мухлиси рӯзномаи шумо, хеле зиёд мехостам, ки дар шумораи навбатии ҳафтаномаатон  дар бораи ОРЗУ ИСОЕВ маълумот диҳед. Акаи ОРЗУ,  ба шумо як суол дорам ва ҷавобашро бесаброна мунтазирам. Агар як ҷомадон  доллар ёбед, онро бо кадом ниятҳо масраф мекардед?  Бо эҳтиром, як мухлиси ашаддии шумо ДИЛАФРӮЗ. Ҷавоби суолҳоямро шахсан аз худи  аз акаи ОРЗУ  ИСОЕВ мунтазирам. Кормандони ҳафтанома, агар имкон пайдо кардед, ин номаи маро ба дасти акаи Орзу расонед илтимос. Саломат бошед.

– Салому сипос ба ҳаводорони “Дилкушо”. Дар аснои дарёфти ҷомадони доллар аввалан савобҷӯйӣ  мекардам! Чӣ савобе, ки набошад… Синдроми савобҷӯйии мардуми тоҷик ирсист ва ман низ доиман дарк кардаам, ки агар нафареро кор омад кунад, аввалан корҳои хайрҷӯёнаро анҷом медиҳад! Хеле мехостам, ки ба ятимон кӯмак кунам.

-Мегӯянд, ки клипи суруди “Рафтӣ” ҳам ба сарояндааш Нигина Амонқулова ва ҳам муаллифаш Орзу Исоев шӯҳрати бемисл овардааст? Зеро ки хеле диданиву беҳтар аз ҳамаи он клипҳое аст, ки дигарон дар хориҷи мамлакат таҳия месозанд. Боз барои Нигина Амонқулова кадом сурудҳоро офаридаед? Афшона аз ноҳияи Роғун

-Ман ҳеҷ гоҳ думболи шӯҳрат натохтам ва бо сарояндаҳо ҳамкорӣ карданам аз лиҳози шӯҳратталабӣ нест! Ман хеле зиёд менависам ва, ростӣ, мутмаин нестам, ки маҳз таронаҳои ман боиси шӯҳратмандии овозхоне гаштаанд! Шӯҳрат азалист ва ҳар касе, ки шӯҳратёр аст, дар мароҳили мураккаби санҷиш қарор дорад! Бардошти бори шӯҳрат муҳимтар аст. Ман бо аксарияти сарояндаҳо ҳамкорӣ  дорам ва вижагиҳои ҳунарашонро ин замон қиёс  нахоҳам кард!
-Занро фариштаи рӯйи Замин, бунёдгару эҳёгари ҳаёти одам гуфтаанд гузаштагон. Барои шумо Зан-модар чӣ гуна мавқеъ дорад? Санҷида аз ноҳ. Панҷакент

-Зан дар фаҳмиши ман дигар асту модар дигар! Зан амсоли як баҳори пуртароват аст! Вуҷуди зан ба он хотир аст, ки мардонагии мард дар васати ишқ, отифа, меҳрварзӣ ифода ёбад,  аммо вожаи «модар» маьнои фаррохтареро дар худ ниҳон медорад! Модар — масьулият аст, ки сад дар сади занҳо шояд ин масьулиятро бардошта натавонанд! Модар – маҷмӯи  арзишҳои заминиву осмонист!

-Акаи Орзу байни ҳунармандоне, ки шумо бо онҳо ҳамкорӣ доред, аз ҳама бештар киро меписандед ва ҳамкориро бо ӯ осон меҳисобед? Сангалӣ аз Норак

-Бо ҳамаашон ҳамкорӣ мекунам, ҳамаашон одамони фарҳангианд ва зиндагонии инфиродии худро доранд! Ин ҷо исми касеро намегирам, зеро феҳрасти он  хеле тӯлонӣ хоҳад шуд, аммо тақвияти назарам кулли сарояндаҳоро дар бар мегирад! Ман дар симои сарояндаҳо ҳеҷ гоҳ  одамони зиштро намебинам! Зиштиву зебоиҳои пушти саҳна масьалае нест, ки ба муҳокима биарзад!

-Рост аст, ки нияти офаридани филмеро бо иштироки Шабнами Сурайё  дар дил доред? Зарафшон аз ноҳияи Дарвоз

-Не, ҷонам, чунин ниятро надорам!

-Салом, Орзу, мехостам пас аз мутолиаи ин номаҳои хонандагон, андешаҳои шуморо бифаҳмам.

-Андешаҳои ман хеле рушану мусбианд! Шукр мекунам, ки одамон ҳисси зебоиҷӯиву саньатпарастиро дар меҳвари ҳаводиси мухталифи дунё аз даст надоданд.  Ҳанӯз ҳам навое, садое, таронае ба дилҳо асар дорад! Ин хуб аст! Ташаккур ба асҳоби номаҳо.

-Бисёре  аз ҳунармандон мегӯянд, ки дарди дили хешро ба Орзу Исоев гуфтаму ӯ бароям сурудеро омода сохт. Агар худи Орзу ошиқ набошад, магар метавонад чунин шеърҳои ба дарди кас давобахш бинависад?

-Дардҳои мо тавьаманд. Ман бо услуби Станиславский ба дунёи рози сарояндаҳо ворид мешавам ва дар аьмоқи мавзӯь замоне зиндагӣ мекунам, нафас мекашам, хулоса мебардорам ва баьдан эҷод мекунам! Ҳисси ҳамдардӣ ин ҷо ғолибтар аст.
-Ба фикрам шумо бештар ба бонувони ҳунарманд сурудҳои тозаву  шуниданӣ эҷод кардаед. Ба андешаи  шумо аз ҷавонон дида  бештар бонувони ҳунарманд бо ноҷӯриҳои зиндагӣ дучор гардидаанд?

-Медонед, нокомиҳои зан ҳамеша пуровозаву ҳангома аст. Зиндагии зани эҷодкор аз ин беш, аммо мардон роҷеь ба накбати хеш кам ҳарф мезананд. Ин ҳам қавонини ҷинсии зоти одам аст! Ман ба зиндагонии сарояндаҳо ворид нестам, ки бахту бебахтиашонро донам! Ман розҳоро ҳақ надорам, ки ифшо кунам!

-Аз зиндагӣ ба чӣ хулоса омадед?

-Ҳанӯз  мароҳиле нарасидааст, ки ман аз зиндагӣ хулосаи интиҳоӣ  кунам! Агар умр боқӣ бошад, дар пиронсолӣ хулоса хоҳам кард! Ҳоло бошад, баробари ҳамаи шумо зиндагӣ мекунам, ишқ меварзам, хато мекунам, хаторо ислоҳ мекунам, меомӯзам, меравам, мерасам ва ғайра!

-Кадом нияту орзуҳо шуморо дар дил аст?

-Орзу дорам, ки ҳамаамон сари як суфраи маънӣ сарҷамьу фархунда ҳамнишин бошем ва ин суфраро ободу зебо нигаҳ дорем!

-Ташаккур барои чунин як сӯҳбати самимӣ. Хостори амалӣ гардидани кулли орзуву ниятҳоятон ҳастем.

   

 

 

 

«ХУРСАНДАМ, КИ МАРО ДӮСТ МЕДОРАНД!» 

                 Аз суҳбат бо Нозияи Кароматулло

 

—  Медонем, ки шумо дар Консерваторияи ҷумҳурии Ҳиндустон таҳсил кардаед ва онро бо дипломи аъло хатм намудед. Донише, ки он ҷо меомӯзанд, аз таҳсил дар Донишгоҳи санъат ё Консерваторияи Тоҷикистон чӣ тафовут дорад?

— Аслан, ба ҳамагон маълум аст, ки ҳунар дар Ҳиндустон хеле пеш рафтааст, бахусус рақс, сарояндагӣ ва синамо. Ба хотири он, ки асбоби мусиқӣ ва рақси классикии ҳиндиро омӯзам, дар консерваторияи Ҳиндустон таҳсил кардам. Мехостам каме аз онҳо омӯзам, каме аз худамон ва аз омезиши онҳо сабки худро пайдо кунам. Бисёр устодони хуб доштам. Аз онҳо миннатдорам. То ҳол ҳамкорӣ мекунам.

— Ҳоло ҳам таҳсилро идома медиҳед?

— Албатта, тариқи интернет аз устодонам вазифа мегираму иҷро мекунам. Ҳар боре ба дидорашон меравам, ҳатман аз ман имтиҳон мегиранд.

— Мухлисон ҳамеша ба ҳунармандони шинохта таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Вақте дар барномаи наврӯзии имсола шумо дар Наврӯзгоҳ набудед, бисёриҳо мепурсиданд, ки чаро Нозия набуд? Чун шумо қариб дар ҳама барномаҳои расмӣ ҳастед.

—  Ман дар барномаҳои наврӯзӣ будам. Вале ҳамаи санъаткорон наметавонанд дар як барнома иштирок кунанд. Дар ҳар гӯшаи шаҳр маҳфилҳои ҷашнӣ баргузор мешаванд. Мо тақсим мешаваем, як гурӯҳамон дар як ҷой хизмат мекунем, як гурӯҳамон дар ҷои дигар. Ба ҳамин хотир ман натавонистам дар Наврӯзгоҳ ширкат кунам.

— Бале, шумо хеле фаъол ҳастед. Барномаи ҳунарии шуморо ҳам тавассути телевизион зуд-зуд нишон медиҳанд. Дар ин ҷода шуморо кӣ дастгирӣ мекунад?

— Пеш аз ҳама модарҷонам маро бисёр дастгирӣ мекунад. Дар ҳама кору ҳар маврид модарам дар паҳлӯи ман аст. Ман аз модарам бисёр миннатдорам ва бисёр дӯсташ медорам.

— Барои пахши консертҳои баъзе ҳунармандон монеа эҳсос мешавад, вале дар мисоли шумо мо инро мушоҳида намекунем.  Чӣ гуна ба ин муваффақ шудед?

— Ман ба он хотир таҳсил кардам, ки ба ҳама хидмат кунам ва тавонам ҳунарамро нишон диҳам. Кӯшиш мекунам, ки сазовори боварии мардум бошам. Баъдан ман овозхони гурӯҳи ҳунарии «Ориё»-и назди Кумитаи телевизион ва радио ҳастам.

— Чун бо Шумо сӯҳбат мекунем, наметавонем аз падаратон, ҳунарманди шаҳир Кароматуллоҳи Қурбон ёд накунем. Чӣ хотироте доред аз падар?

— Он ҳангом ман хеле хурд будам. Сарфи назар аз ин падарамро дар хотир дорам. Ҳама меҳрубониҳояшон дар хотирам ҳаст. Вақте хешу табор ва ёру дӯстон аз ман мепурсанд, ки падаратро дар ёд дорӣ, мегӯям, бале дар ёд дорам. Онҳо мегӯянд, чӣ хел дар ёд дорӣ, ки хеле хурд будӣ, чор сол доштӣ. Мисли хобе ҳар рӯз ба ёдам меояд, ки ин қадар меҳрубон буданд, сари моро ба оғӯш мегирифтанд. Ҳеҷ аз ёдам фаромӯш намешавад. Асбобҳоро менавохтанду суруд мехонданд. Кумири ман падарам ҳастанд. Ман ҳам мехоҳам мисли падарам бошам. Обрӯи баланд доштан хеле мушкил аст. Бубинед, ин қадар солҳо гузаштаасту то ба ҳол мардум бо эҳтиром номашонро ба забон мегиранд. Ман ҳам мехоҳам сазовори чунин падар бошам. Ману бародаронам барои ин кӯшиш мекунем.

— Дар бораи шавҳар карданатон зуд-зуд овозаҳо паҳн мекунанд. Чӣ нақшаҳо доред дар ин самт?

— Ҳар духтари ҷавон орзу дорад, ки оиладор шавад. Оиладор мешавам, насиб, иншооллоҳ. Ҳоло танҳо овоза аст. Ягон нақшаи аниқ надорам. Ҳар ҳафта маро ба шавҳар медиҳанд. Вақте арӯсиро ба нақша гирифтам, ҳатман ба ҳамаи мухлисонам мерасонам.

-Ба шумо номаҳои ошиқона менависанд?

— Агар рӯзе номаҳои ошиқона нагирам, мегӯям имрӯз чаро мактуб набуд. Бароям гирифтани нома одат шудааст. Бисёр меояд. Пеш аз хоб номаҳоро хонда, бо табассуму ханда хобам мебарад. Менависанд, ки бо ман оиладор шудан мехоҳанд. «Чӣ хел бо ман оила барпо мекунӣ, ки ман санъаткор ҳастам, шабу рӯз кор мекунам, оё тоқат мекунӣ», — мегӯям худ ба худ. Бисёр хурсанд мешавам, ки маро дӯст медоранд, ҳурмат мекунанд. Ман ҳам ҳамаи онҳоро дӯст медорам, лекин барои зиндагии худ ҳанӯз касеро интихоб накардаам. Ҳоло фурсат дорам, фикр мекунам.

— Ба ҷуз ҳунару санъат боз ба кадом соҳаҳо таваҷҷуҳ доред?

— Ман варзишро дӯст медорам. Барои саломатии худ кам-кам машқ мекунам. Кадбонуӣ ҳам мекунам. Инро бояд ҳар бонуи тоҷик тавонад. Агар натавонем, барои мо айбу шарм аст. Албатта, вақти бисёр кам дорам. Вале кунҷкобӣ карда, ягон чиз омода мекунам.

— Барои бист соли оянда нақша доред? Умуман, нақшаҳои дарозмуддат мекашед?

— Вақте ҳунарнамоии ансамбли «Бибиҷонҳо»-ро мебинам, шӯхиомез ба дӯстонам мегӯям: «Нозия баъди 50 сол». Албатта, агар Тоҷикистон обод бошад, санъати тоҷик пеш равад, фикр мекунам, ки баъди 20-30 сол ҳам ман рӯи саҳна ҳастам ва ҳунарнамоӣ мекунам.

Аксҳо ва матн (бо ихтисорот) аз «Озодӣ»

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: