• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

САИДАИ СИРОЧИДДИН: “ШАВҲАРДОР МАШҲУР НАМЕШАВАД”

Саидаи Сирочиддин

Саидаи Сирочиддин

Байту рубоиҳое, ки Саидаи Сироҷиддин интихоб мекунад, гувоҳи онанд, ки дили нозукписанд ва завқи баланд дорад. Ва мардум низ ин ҳунарманди ҷавону хушзавқро барои чунин рафтораш маҳбуби дили хеш кардаанд. Сурудҳои халқӣ ҳанӯз аз айёми кӯдакӣ дар зеҳни ӯ лона доштаанд ва дар айёми наврасӣ ҳастияшро фаро гирифтанд. Саидабону бо вуҷуди як нафар духтари соҳиби садои махмалин будан, инчунин духтари кушодадилу хушсӯҳбат аст. Он чӣ, ки дар дил дорад ба забон меорад ва ҳарфи дурӯғро барои худ раво намедорад. Хонандагони кунҷкоби ҳафтаномаи мо мехоҳанд донанд, ки ин сарояндаи писанди дилашон чӣ табъу завқе дорад ва бештар аз ҳама чиро меписандад. Барои иҷрои талаби онҳо бо Саидаи Сироҷиддин сӯҳбате ороста, фишурдаи онро пешкашашон месозем.

 

-Саидабону, барои зебоии зоҳир  бештар аз хизмати кадом машшотахона истифода мебаред?

–Бигзор ин махфӣ бошад.

Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки зебоии зан дар рафтору ботини ӯст, шумо бо ин фикр розӣ ҳастед?

-Аммо шумо медонед, ки бисёриҳо инро танҳо дар забон мегӯянду аммо дар асл танҳо зебоии зоҳирро мебинанд. Ман фикр мекунам, ки агар қалби кас зебо бошад, он дар намуди зоҳириаш низ ҳувайдо мегардад. Зебосуратоне ҳам ҳастанд, ки аз сӯҳбаташон мехоҳӣ бигрезӣ.

-Аз чӣ парҳез мекунед?

–Аз ҳама чизи бад ҳамеша парҳез мекунаму мегурезам, аммо аксар вақт он маро думболагирӣ мекунад.

-Баро интихоби матну оҳанг ва сару либос бо кӣ маслиҳат мекунед?  

-Танҳо бо худам маслиҳат мекунам. Бештар аз интернет барои худ тарҳи либосро пайдо намуда, онро ба тарҳи пироҳани миллӣ мувофиқ мекунам ва либоси худро омода месозам. Матну оҳангро бошад, вақте ба ман чанд оҳанг ё матнро пешниҳод кунанд, аз байни он якеро интихоб менамоям.

-Мегӯянд, ки ҳунарманде, ки шавҳар дорад, машҳур шуда наметавонад? Шумо ба ин ақида розиед?

-Бале, чунин аст.

Оҳанги ба дилатон наздик кадом аст? Дар лаҳзаи ғамгинӣ кадом савту наво шуморо таскин мебахшад?

-Ҳамаи он сурудҳоеро, ки дар вақтҳои гуногун ва бо оҳанги рӯҳбахшу ба дил наздик омода намудаам, дар ин лаҳзаҳо гӯш мекунаму таскин меёбам.

-Як нафар бонуи ҳунармандро шарт аст, ки боз ҳунарҳои кадбонугиро аз худ намояд?

-Албатта, ҳар як бону новобаста аз касбу кораш бояд аз ӯҳдаи ҳамаи корҳои хона барояд ва ин бурди ӯ хоҳад буд.

–Имрӯзҳо шумо чӣ гуна рӯҳия доред ва чӣ эҳсосе шуморо фарогир аст?

-Эҳсосоти аҷоибот дорам имрӯзҳо. Ҳаво хеле гарм асту барои ман нӯшидани нӯшобаи ташнашикани писандидаам манъ карда шудааст. Ва шумо тасаввур кунед, ки кас бе нӯшобаи писандидатаринаш чӣ рӯҳия дошта метавонад.

–Зиндагӣ аз нигоҳи шумо чист?

-Зиндагӣ неъматест, ки Худованд бароямон як навбат эҳдо хоҳад кард ва дар ин фурсати хеле кӯтоҳ шоиста мебояд зист.

-Шумо инсони озодед?

-Албатта озодам ва мӯҳтоҷи касе нестам.

–Алами аз кӯча бардоштаатонро ба сари хонадон мерезед?

-Магар дар олам касе ҳаст, ки аз кӯча алам бардораду онро фурӯ бурда, сипас ба хона дарояд?  Ақаллан ба хона баргашта онро бо ашк холӣ кардан мумкин аст шояд.

–Шуморо мефаҳманд?

-Аз куҷо? (Механдад.)  Дар камтарин ҳолатҳо мефаҳманд албатта.

–Кадом чизро дар худ қадр мекунед?

-Хоксорӣ ва домани пок доштанамро.

-Бароятон комплимент бисёр мегӯянд? Гуворо аст ё ногувор?

-Ҳарфи хуш ба кадом духтар писанд намеояд? Албатта ҳарфҳои самимиву гуворое, ки “комплимент”-аш ном бурдед, маро низ писанд аст.

-Суруде , ки зиндагиатонро ифода  намояд кадом аст?

-Ин суруди “Модар” аст ва модарҷони азизам,  ҳастии ман, гавҳари ноёбам, нури басарам, дилсӯзу ҷонсӯзам ва маънои зиндагиам аст. Дил мехоҳад, ки пеши пойҳои модари ҷон, пеши бузургиаш,

назди бурдборию қаноатпешагиаш саҷда орӣ.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: