• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

Фарзонаи Файз: МАНУ КОМИЛҶОН ХУШБАХТЕМ

 

Фарзонаи Файз

Фарзонаи Файз

Пас аз иҷрои нақши асосӣ дар филми “Беҳуда хорам мекунӣ”-и Талабшо Муқимов мардум Фарзонаи Файзро барои худ дарёфт ва ӯро ҳамчун ҳунарманди соҳибкасб эътироф кард. Гарчи ӯ алҳол актрисаи ҳирфавӣ нест, вале дар дили мардум дар филми мазкур нақши духтараки соддадили деҳотиро хеле самимона бозида, тавонист тамошобинро ҳам гирёнад ва ҳам дар қалбҳояшон ҷой бигирад. Фарзона худ чеҳраи нозанину беғубор ва нигоҳи пурмеҳри тоҷикона дорад. Хонандагони ҳафтаномаамон занг зада донистан мехостанд, ки оё рост аст, Фарзона дар филми тозатарине нақш офаридааст ва гӯё аз шавҳараш ҷудо шудааст. Барои посухи ин суолҳо ба ин духтари хуршедсимо занг зада ҳамсӯҳбат гардидем ва хоҳишу дархостҳои ихлосмандонашро расонида посух гирифтем.

-Фарзонабону, шунидем, ки боз дар филми нави Талабшо Муқимов нақш офаридаед?

-Албатта, чунин нақшаву ниятҳо ҳастанд ва бародари азизам Талабшо филми хубе навиштаанд. Насиб бошад, чунин фурсат фаро мерасад ва мо барои мухлисони азизи ин силсилафилмҳо муждагонӣ хоҳем дод. Рости гап, дархосту пешниҳодҳо аз тарафи дигар филмбардорон низ буданд, аммо ман ҳоло омода набуданамро изҳор намудам.

-Бо тифлаки хурдсол шояд нақшофарӣ мушкилиҳо эҷод мекард?

-Албатта, то ин замон бароям чунин проблема буд. Ҳоло ки писарчаам Муҳаммадҷони беҳтар аз ҷон яксола гардид, бо иҷозати шавҳарам ва аҳли оилаашон барои давом додани кори худ дар бахши синамо омодагӣ мегирам.

-Агар шавҳаратон миёни зиндагиву синамо интихоби якеро пешниҳод кунад, кадоме интихоби шумо хоҳад буд? Умуман, агар гӯянд, ки аз иҷрои нақшҳо бояд даст бикашӣ…

-Бароям, албатта, гапи Комилҷон аввал аст. Яъне ман ҳатман оиларо интихоб хоҳам кард.

– Муҳаббат метавонад зиндагии касро дигаргун созад?

– Албатта. Агар дар хонадон муҳаббат набошад, он зиндагӣ нест. Муҳаббат воситаи пешрафти зиндагист. Он зиндагии касро рангу ҷилои тоза мебахшад ва  метавонад зиндагии шахсро куллан дигаргун созад, яъне ҳаёти одии дилгирро ба зиндагии афсонамонанд табдил диҳад.

-Оилаи шумо бо муҳаббат бунёд шудааст? Комилҷон шуморо аз куҷо пайдо карда бошанд?

-Гуфтан мумкин аст, ки асоси издивоҷи мо низ муҳаббат аст. Зеро Комилҷон маро дар як маърака диданду дӯст доштанд ва ман ҳам дар зиндагии якҷояамон шавҳарамро дӯст доштам ва хушбахтам, ки ӯро дорам.

Мебинам, ки хушбахт ҳастед, вале мардум ҳамеша овоза мекунанд, ки…

-Ман шуморо фаҳмидам ва гоҳо ба худи ман ҳам рӯирост ин саволро медиҳанд, ки оё ману Комил аз ҳам ҷудо гаштаем. Худо нишон надиҳад он рӯзро. Новобаста аз он ки мардум овозаҳои бардурӯғ мекунанд, ману Комилҷон ҷуфти хушбахтем ва ӯву писарам бароям тӯҳфаи бузурги Худовандианд. Хушбахтам, ки арӯси чунин хонадони бомаърифат гаштаам ва хушдоманаму аҳли пайвандони шавҳарам нисбатам меҳрубонанд. Ин аст бахти бузурги як нафар бону.

-Мехоҳед дар оянда Муҳаммадҷон соҳиби кадом касб гардад?

-Ҳоло касби ояндаи Муҳаммадҷонро интихоб накардаем. Як рӯз бо Комилҷон маслиҳат кардем, ки аз ҳозир бояд фикри касби ояндаи ӯро бикунем ва шавқу завқи ӯро ба он касб бештар гардонем. Фикр карда ба хулосае омадем, ки худаш бузург гардаду ба кадом касб, ки майли бештар дошта бошад, мо ӯро дастгирӣ намоем.

-Ва мехоҳед ӯ соҳиби чанд хоҳару чанд додари дигар шавад?

-Мехоҳем ӯ соҳиби як хоҳарак шавад ва ин ҳам, албатта, дар дасти Офаридгор аст.

-Шумо дар ягон донишгоҳи ҳунарӣ нияти таҳсил карданро надоред, ки ҳунарпешаи соҳибкасб гардед?

-Албатта, нақшаву ҳавасҳои бисёр дорам. Аммо пешакӣ бароятон чизе гуфта наметавонам. Зеро ҳоло танҳо побанди парастории фарзандам ҳастам ва асоси вақти хешро ба тарбияти Муҳаммадҷон бахшидаам.

-Шумо дар рафти филм мошинсавориро омӯхтед ё пештар?

-Пештар, ки падарам автомашинаи сабукрав доштанд, ба ман мошинсавориро омӯзонда буданд ва ман зимни филм бе душворӣ ва озодона мошин мерондам.

-Кадом тамғаи мошин писанди шумост?

-Навтарин тамғае, ки айни замон истеҳсол гаштааст, писанди ман аст.

-Барои ороиши рӯю мӯй ба кадом толори зебоӣ меравед?

-То тавлиди Муҳаммадҷон ба толорҳои зебоии махсус мерафтам. Ҳоло бошад, бинобар имконияти вақти камтар доштанам ба кадом хонаи ороишотие, ки дар наздикии хонаам аст, меравам.

-Боре орзу кардед, ки дар филми ҳиндие нақш офаред?

-Рости гап, чунин орзуро накардаам. Бароям дар филмҳои тоҷикӣ нақш офаридан ва иҷрои нақшҳои соф тоҷикона писанд аст. Зеро ҳар киро миллату забону расму оини худаш азизу муқаддас аст. Дар филми бегонае нақш офаридан шояд мушкил нест, аммо ифода кардани нозукиҳои хоси он миллат на ба ҳар кас даст медиҳад ва мумкин аст сохта барояд.

-Умуман дар айёми наврасӣ фикри нақшофаринӣ дар филмеро дар сар доштед?

-Ҳанӯз аз айёми наврасӣ мехостам сароянда шавам ва ин орзуву ният маро ба даргоҳи Донишкадаи ҳунарҳои зебо овард. Ман донишҷӯи факултаи сарояндагони мардумии ин донишкада будам. Вале иштирок дар кастинг барои дар филми “Беҳуда хорам мекунӣ”, нақш офаридан, роҳи маро дигар кард ва водорам намуд, ки қадам ба олами синамо ниҳам. Ҳамчунин орзу дорам, ки дар оянда бо дастгирии шавҳарам клипҳое низ таҳияву пешкаши ихлосмандони ҳунар гардонам.

-Саломат бошед ва мо талабгори амалӣ гардидани ҳамаи орзуву ниятҳои некатон ҳастем.

-Ман ҳам аз ин фурсати муносиб истифода намуда, ба мухлисони азизам ва ба кулли мардуми кишварам тани сиҳат, хонаи обод ва бахту саодат таманно мекунам. Ва мехоҳам дар дили одамон ҳамеша ишқу умед бошад. Он хуршеде, ки ҳангоми тифлӣ ба сари мо нур мепошид, ба фардои мо, ба сари тифлакони мо нурпошӣ кунад ва фардои онҳоро низ мунаввар созад.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: