• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ФАРЗОНАИ ХУРШЕД: АГАР ЗИНДАГӢ БОРИ ДИГАР ТАКРОР МЕШУД…

Фарзонаи Хуршед

Фарзонаи Хуршед

Садои Фарзонаи Хуршед мисли чеҳраи нафисаш маҳину гуворо аст. Ӯ аз зумраи он сарояндагонест, ки ҳастиву вуҷудашро зевари ҳунар оро дода садояш пурэъҷоз аст. Шунаванда агар лаҳзае суруди ӯро бишнавад, дунёро бо ҳама гиру дораш фаромӯш месозад ва ба дунёи ӯ ворид мегардад. Ва он гоҳ эҳсос мекунад, ки ин овоз пурэъҷозу афсунгар, гӯшнавозу таскинбахш аст… Мо бо хоҳиши хонандагони бешумор ва мухлисони асили Фарзона бо ӯ ҳамсӯҳбат гардидем ва инак фишурдаи сӯҳбатамонро пешкаши шумо месозем.

-Фарзонабону, кадом кори хайрест, ки мехоҳед анҷом диҳед?

-Орзуи ҳамешагии ман дар ягон маҳалла ё худ деҳае бунёд сохтани як масҷиде ҳаст, ки дар он мардуми мусалмон тавонанд бароҳат намозгузорӣ намоянду савобаш ба мо расад. Аз Худоҷон ҳамеша шукргузорам ва талабгорам, ки меҳри ба мардуми ниёзманд ҳамеша хайру эҳсон намуданро дар қалби ман то охири умр боқӣ гузорад.

Кадом рафторест, ки онро ҳеҷ гоҳ рӯйи саҳна анҷом намедиҳед?

-Вақте ман дар рӯйи саҳнаам, албатта, бо мардуми азизам рӯбарӯ мешавам ва ман ҳеҷ гоҳ ба онҳо бо чашми номеҳрубонӣ ва боғурур нигоҳ намекунам. Ҳамеша мекӯшам меҳру муҳаббати нисбаташон дар қалб доштаамро барояшон бо як ҷаҳон сипос изҳор намоям. Ҳамаи заҳмату талошҳои мо барои халқи азизамон аст. Он чизе, ки писанди мардум аст, ба худ раво медорам.

-Ба мактубҳои телефонӣ (СМС) зуд ҷавоб мегардонед?

-Медонед, ман бо сабабҳои ба худатон маълум рақамамро зуд-зуд иваз мекунам ва аз ин хотир танҳо инсонҳои наздиктарин метавонанд бо ман дар тамос бошанд ва ман ба мактубҳои наздиконам, албатта, зуд ҷавоб мегардонам.

-Шояд бо ҳаводорони ҳунаратон тариқи сомонаҳои интернетӣ дар тамос мешавед?

— Дар сомонаҳои “Одноклассники”, “Мой мир” ва ғайраҳо дар асл ман нестам. Он ҷо нафарони номаълум аз номи ман менависанд ва мардумро фанд медиҳанд.

-Умуман, кадом зангҳо шуморо хаста месозанд?

-Ман аз ҳарфҳои самимиву пурмуҳаббат ҳеҷ гоҳ хаста намешавам.

— Барои таҳияи клипҳову сабти таронаҳоятон кӣ шуморо сарпарасту маслиҳатгар аст?

-Аввал Худованди бузург мададгори ман аст. Сипас модари азизам, апаам Шабнам ва он дӯсти бебаҳоям, ки маро аз худам бештар мефаҳмаду дастгирӣ мекунад, маро ҳамакаса маслиҳатгару мададгоранд. Шукри буданашон дорам.

-Барои ҳамеша соҳиби чунин қомати зебо будан албатта заҳмат мекашед?

-Бештар ба варзиш машғул мешавам, ки ин албатта заҳмат нест. Ҳамчунин ба тоату ибодат машғул шудан барои инсон ҳам фарз асту ҳам ба саломатӣ манфиати зиёде меоварад.

-Назари шумо ба ҷарроҳии пластикӣ, ки имрӯз аксари ситораҳои ҳунар рӯй ба он овардаанд, чӣ гуна аст?

-Бузургон гуфтаанд, ки офтобро бо доман пӯшонида намешавад. Он чӣ, ки Худованд додааст, ба он шукрона мебояд кард. Ман тарафдор нестам.

Боре аз пешаи интихобкардаатон изҳори пушаймонӣ кардаед?

-Пушаймонӣ танҳо дар як ҳолат шуда метавонад. Як зумра мардум, ки бекор монданд, ба дурӯғбофӣ машғул мешаванд. Боре ман дар сари ҷойнамоз будаму он лаҳза нафаре занг зада мегӯяд, ки шарм намедорӣ, дар дискоклуб рақсида истодаӣ. Худ қазоват кунед, ки як нафар чӣ гуна метавонад дар як вақт дар ду ҷой бошад. Чунин ҳодисаҳо баъзан ҳунармандро аз касбаш дилсард мегардонад. Аммо Худованд ҳунарро на ба ҳар кас медиҳад. Албатта, ба ҳар кас ризқашро ба таври гуногун мерасонад. Аз ин атои ҳунар низ шукру сипос дорам.

-Пухтани кадом ғизо хеле хуб аз дастатон меояд?

-Ба ин суол чандин маротиба посух додаам ва боз ҳам мегӯям, ки пухтани таомҳои гуногун ва кулчақандҳо аз дастам меояд, зеро хуб медонам, ки ҳар як бону агар омода сохтани 70 ғизоро донад ҳам, боз кам аст. Ман Худо мегӯям, ки зиндагии беҳтаринро насибам гардонад ва шавҳари ояндаам ҳамеша бигӯяд: “ Бонуи ман аз ҳама беҳтар аст”.

-Агар зиндагӣ бори дигар такрор мешуд, шумо кадом чизро дар худ тағйир медодед?

-Агар чунин мешуд, ман ба он нафаре, ки бовар карда будам ва он ҳама хатоиҳо ба туфайли ӯ буд, аз пушти вай ман фиреб хӯрдам, ҳаргиз бовар намекардам. Аммо афсӯс, ки Худованд ба инсон як бор умрро эҳдо месозад.

-Кадом ҳодисаи зиндагӣ шавқу рағбати шуморо барбод медиҳад?

-Ҳар як шахс каси ба худаш монанде дорад. Вақте ки нафаре худро ба ягон ҳунарманд монанд карда, тақлидкорӣ мекунад ва ба тарзи ороиши мӯю садои ӯ кӯр-кӯрона тақлид мекунад ва ҳатто аз номи ӯ дар маъракае сурудхонӣ мекунад, албатта, ҳаваси эҷодкории шахси аслиро барбод медиҳад.

-Зиндагии шумо аз дигарон бо чӣ фарқ мекунад?

-Ҳар як нафар зиндагии ба худ хосеро дорад. Ман ҳам мисли ҳамаи инсонҳоям, ки падару модари ғамхор, апаҳои меҳрубон, додарчаву ҷиянҳои дӯстрӯяк ва дӯсти азизу нотакроре дорам, ки онҳо бо будани худ зиндагии маро гуворо ва рангин месозанд.

-Шумо камбудии хешро дар чӣ мебинед?

-Камбудии ҳар як нафарро пеш аз ҳама дигарон мебинанду баҳогузорӣ мекунанд. Як камбудии ман ин, ки то ҳол эркаи модарҷони нозбардору аниси ҷонам ҳастам (механдад).

-Тозатарин хушхабаре, ки тавонад мухлисони Шуморо шод гардонад?

-Медонам, ки ҳар як навгонию пешравии ҳунарие, ки дар ҳаёти мо рух медиҳад, барои мухлисони асил мисли худи ҳунарманди писанди дилашон азиз аст. Аз ин хотир як муждаро барояшон мехоҳам расонам, ки насиб бошад, моҳи октябри соли равон бо ҳамроҳии Шабнамҷон ба давлати Иттифоқи Австралия (шаҳрҳои Канберра, Сидней, Мелбурн) сафари ҳунарӣ хоҳем кард, ки аллакай шартномаи онро дар Олмон ба имзо расонидем.

-Саломату пирӯз бошед ва ба орзуҳои дилатон бирасед.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Один ответ

  1. Фарзонаи хуршед мухлисии ман.Апаи Фарзона ба конибодом биеен.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: