• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ФИРӮЗА ҲАФИЗОВА: “МЕХОҲАМ АЗ МАРДУМИ БАДКИНА ДУР БОШАМ ”

Фируза Хафизова

Фируза Хафизова

Фирӯза Ҳафизова соли 1984 дар шаҳри Қурғонтеппа чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Дар байни фарзандони падар, яъне   бародараш   Ҷамшед ва хоҳаракаш  Мавлуда, танҳо Фирӯза дар ҷодаи ҳунар қадам ниҳода муваффақ гаштааст. Соҳиби як духтарчаи нозанине бо номи  Шаҳзода аст. Барои хонандагони имрӯза бештар дар бораи  ҳаёти оилавии ҳунармандон шунидан шавқовартар аст. Дар саҳифаи Садои дил ва Паём ба ситора хонандагони ҳафтаномаи “Дилкушо” хеле зиёд нома навишта хоҳиш кардаанд, ки бо сарояндаи маҳбуби дилашон ҳамсӯҳбат гардида, онҳоро аз розу ниёзҳояш огоҳ созем.

-Хушбахтии комил барои зан чӣ аст?

-Дар оилаи ободу фарзандону накӯ доштан, тани сиҳат ва падару модари дуогӯ дар болои  сар доштан.

-Ман чандин дафъа шоҳиди он гаштам, ки мегӯянд, ки модари Фирӯза Ҳафизова аслан фархорӣ ҳастанд. Ҳатто бо маблағ шарт кардани ҷавонҳоро шунидаам.

-Асли Ватани бобоии модари ман Панҷакент аст.

— Агар марде пайдо гардаду дар ҷодаи ҳунар дастгириатон намуда изҳори ҳамзистӣ кунад, розӣ мешавед?

– Албатта , агар марди хубу бофарҳанг  бошад, ба қадри ҳунари ман бирасад.

-Умуман синну соли оила барпо карданро барои зан дар кадом син дуруст меҳисобед?

-Ба фикри ман дар синни 20 солагӣ ба шавҳар додани духтарон  дуруст аст. Зеро дар ин вақт духтар аллакай кӯдаки нодон нест ва рамузи зиндагиро меомӯзад ва барои пеш бурдани зиндагии мустақилона омода аст.

-Марди идеалии шумо кист? Бо кӣ бе чуну чаро ба мулоқот мешитофтед?

-Барои мулоқот ҳавас надорам.

-Кадом хислати занонро намеписандед?

-Суханчиниву ғайбатгӯияшонро, ки бадтарин одати инсонӣ буда, ба бонувони нозанин зебанда нест ва  ҳусни зебояшонро  зишт нишон медиҳад чунин одатҳои безеб.

-Ишқи нахустини хешро ёд доред?

-Як замоне буд ишқи зебое.

— Ӯ бевафоӣ кард ё шумо?

-Бевафоӣ аз тарафи ӯ шуда буд.

-Вақте дар бораатон ҳарфи ноҷо гуфтанд, чӣ кор мекунед?

-Ба ҳама гуна ҳарфҳои ноҷову носазо аҳамият намедиҳам.  Гузаштагон гуфтаанд, ки ҳаволаи шахси бадгӯро ба  Худо биспор. Ман ҳам духтари бекина ҳастам ва ҳаволаи инсонҳои суханчину  ҳангомаҷӯро, ки ҳамеша гирди номи ҳунармандон овоза бофтан  кори асосиашон аст,  ба Кирдигори бузург месупорам.

— Кадом ҳунармандонро эътироф  мекунед?

-Қариб ҳамаи ҳунармандонро, аз ҷумла Зикри Оллоҳ, Баҳроми Ғафурӣ , Садриддини Наҷмиддин, Меҳрубони Равшан, Шабнами Сурайё ва дигарон.

-Метавонед бигӯед, ки Шабнами Сурайё рақиби шумост?

-Бо Шабнами Сурайё дӯст ҳастем ва ба ҳамдигар эътиқоду эҳтиром дорем.

— Беҳтарин макони фароғат барои шумо?

— Истироҳатгоҳи Сочи, инчунин  манзараи зебои  Варзоб низ аз Сочи кам нест.

— Шуғли писандидаатон ҳангоми бекорӣ?

-Ба варзиш машғул мешавам. Ба  маркази варзишӣ  меравам барои нигоҳ доштани лоғарбадани ва қомати зебо.

-Бадтарин одати шумо?

-Одати бад  надорам.

-Кадом тоифаи мардум шуморо ба ҳарос меоранд ё ки боиси нораҳатиатон ҳастанд?

-Аз мардуми бадкина мехоҳам дур бошам.   

— Кадом  садо  шуморо мафтун месозад?

-Мусиқии нарму форам

-Ва кадом садо нороҳатӣ меорад?

-Садои  нофорами сигнали баъзе автомашинаҳо.

—  Шумо дар ҷодаи ҳунар  унвон доред?

-Барои ҳунарманд унвони аз ҳама беҳтарин ин қадршиносиву  эътирофи мардум аст.

— Ба андешаи шумо ҳунармандон бештар ба чӣ ниёз доранд?

-Ба дастгирии мухлисон ва сарпарастон.

-Сарпарасти конкретӣ доред?

-Не,  аз ҳисоби меҳнату заҳмату талошҳои худ ба пеш қадам мезанам.

— Ба мактубҳои телефонӣ зуд ҷавоб мегардонед?

-Ин албатта ба  мазмуну матни он вобаста аст.

— Умуман кадом зангҳо шуморо хаста месозанд?

-Маро ягон занг хаста намесозад. Асосан мухлисони азизи ман занг мезананд, ки занги онҳо боиси хастагиву нороҳатӣ набуда, баръакс маро хушҳолу болидарӯҳ мегардонад.

— Барои  таҳияи клипи нав кӣ шуморо сарпарасту маслиҳатгар буд?

-Онро худам танҳо кардаам.

-Таманниётатон ба хонандагони мо.

-Ба ҳамаи мардуми азизу гиромии Тоҷикистон ва  мухлисони беҳтар аз ҷонам тансиҳативу хонаободӣ таманно дорам. Хоса ба он нафароне, ки дар саҳифаи Паём ба ситора бароям номаҳои пур аз меҳру ихлос равон кардаанд , паёми пурмуҳаббати худро ирсол медорам.  Бигзор ҳамеша тансиҳату покизарӯзгор ва тинҷу осудаву серу пур бошанд ва хонашон ҳамеша пур аз нозу неъматҳо бошад.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Один ответ

  1. Дусти наздиктарини шумо ки мебошад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: