• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

Чаро Амиша Пател волидонашро ба суд дод?

Амиша Пател

Амиша Пател

Дар фасли  ҷавонӣ гулҳои зиндагӣ ҳама шукуфонанд. Ҳаёт лаззатбахш асту дилҳо фориғаз ғам. Баҳор, ки худ айёми шукуфтанҳост, з-ин рӯ ҷавониро баҳори умр, фасли ишқ мегӯянд. Нозанине, ки кунун перомуни зиндагиву фаъолияташ, яъне шурӯъ аз кадом рангро дӯст доштан,  кадом таомро писандиданаш  ҳарф  хоҳем зад, зодаи фасли ишқ нест. Лек маҳз  як суол  ӯро дар ҷодаи ҳунару зиндагӣ раҳнамо аст: «Бигӯ, ки дӯстам медорӣ?».  Чунин ном дорад, филме, ки Амиша Пателро бори аввал  миёни кулли мухлисону ҳаводорони бешумораш муаррифӣ сохтаву то ҳол аз хотири эшон зудуда нашудааст. Яъне ҳамон духтараки малеҳпайкару начандон қоматбаланд ва воқеан ҳам дӯстдоштанӣ — АмишаҚаҳрамони Амиша дар он филм ба ӯ ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан хеле шабоҳат дорад.  Пасон ӯро дар филми дигаре дар нақши қаллобдухтаре дида, сараввал хеле афсӯс хӯрдам, аммо дертар ба маҳорату истеъдоди ӯ бори дигар офарин хондам. Барои ҳунарманди асил сарҳад вуҷуд надорад, яъне ӯ қодир аст, ки дар ҳамагуна нақш нотакрор бошад.  

« Навмедӣ»

Дар зиндагӣ баъзан мо инсонҳо ба ҷойи меҳрубон будан меозорем, лаҳзаи пушаймонӣ мушт бар девор мезанем, маҳалле, ки бунёди ишқ бояд барпо кунем, маҳкамаи ҷабр бунёд мекунем, он чизи дидаамонро нодида вонамуд месозем, афтодаро жарфтар тела медиҳем ва ба ҳамин минвол рӯзгори худ сипарӣ мекунем. Хати сенарияи кулли филмҳои ҳиндӣ гарчанде аз фантазияи зиёди муаллиф бой ҳам бошанд, вале дар маҷмӯъ ҳамин ҳақиқати  бебаҳси зиндагиро дар бар мегиранд.  Ва чун дар урфият мегӯянд, ки оқибати ҳар кор ба хайр бошад, фарҷоми филмҳои ҳиндӣ низ то як муддати муайян маҳз ба ҳам омадану ба висоли ҳам расидани ду дилдодаро дар  бар мегирифтанд. Пас аз нақшофарӣ дар кинофилми «Навмедӣ» дар Боливвуд Амиша аз анҷоми он чандон қаноатманд набуд, зеро қаҳрамони ӯро сари ҳар қадам ноумедиву оқибат нохушие  интизор буд. Гуё ки он нақш дар рӯҳияи ӯ таъсир  расонида, ки муддате аз чунин нақш дар синамо даст кашид, вале пас аз иштирок дар филми «Лабиринт» бори дигар барои худ ва дигарон исбот кард, ки поёни шаби сиёҳ ҳамеша сафед аст.

Лаҳзае фориғ аз дурӯғ

Дар зиндагӣ аз ҳама беш ниёз ба чӣ дорӣ?

— Ба муҳаббат

— Хуштарин ҳарфи шунидаат?

— Туро дӯст медорам.

Тӯҳфаи беҳтарине, ки тақдимат сохтаанд?

— Автомобил.

— Тамғаи  кадом ширкат?

— Феррари.

 Мусиқие, ки аз шуниданаш ба рақс меоӣ?

— Мусиқии қадимаи ҳиндӣ ( механдад).

Машғулияти писандидаат?

— Шопинг.

 Чанд соатро қурбони шопинг  мекунӣ?

—  На камтар аз 5 соат.

Фарз кардем, дар давоми 2 соат чиро харидорӣ мекунӣ?

— Фақат барои харидории пойафзол фурсат меёбаму халос.

Дар 15-солагият чиро интизор будӣ?

— Шаҳзодаро дар киштии азим (механдад).

 Бо он киштӣ ба куҷо шино кардан мехостӣ?

—   Ба шаҳри ишқ.

Амиша волидонашро ба суд додааст?

-Амиша ба ту боре нагуфтаанд, ки исми зебо дорӣ?

-Ташаккури зиёд, лекин  боре ҳам нагуфтаанд (механдад).  Исми Амишаро волидони меҳрубонам, ки яке мехост маро Амин ва дигаре Аша номгузорӣ кунаду ҳеҷ ба як фикри муайян намеомаданд, «ихтироъ» кардаанд.

Албатта, ин аз меҳру муҳаббати зиёди волидон далолат мекунад, лекин чӣ сабаб шуда, ки чанд сол муқаддам ту бар муқобили падарат ба суд ариза навишта будӣ?

Дар ин бобат чанд ҳарфе беш гуфтан намехоҳам, зеро аз ин ҳодиса зиёдтар аз 6 сол гузаштааст. Танҳо ба хотири оне, ки имрӯз дили мухлисони азизам аз тасдиқу инкор пурра холӣ бошад, мегӯям, ки тавассути суд мо якчанд масъалаи ҳалталаби иқтисодиро матраҳ намудему халос.

-Ту мехостӣ аз волидонат маблағи муайянеро бозпас гардонӣ?

-Ман танҳо дар ҷустуҷӯи ҳақиқат будам. Ва гузаштаро ба ёд овардан намехоҳам.

  Яъне , мехостӣ ба волидайн исбот намоӣ, ки ситораи ҳунар будан маънои аз ҷиҳати иқтисодӣ таъмин будан аст?

— На, ман чизеро ба ин восита исбот кардан намехостам. Ин масъалаи ниҳоят ҳасос ва нозук аст барои ман.

Мегӯянд, ки  бародарат низ дар ҷодаи синамо фаъолият дорад?

-Бале, бародари калониам Ашмит низ ҳунарманди синамост ва дар ин роҳ ҳамеша ба ман маслиҳатҳои судманди худро дареғ намедорад.

Андаке ишқ ва андаке ҷоду

 -Амиша мегӯянд, ки косаи сабри Канав Пури аз интизории рӯзи тӯй лабрез шуда, ки рӯ ба фирор ниҳодааст?

-Моҳи июни соли 2010 дар рӯзи зодрӯзам пас аз 2 соли муносибатҳоямон Канав ангуштарини никоҳиро бароям тақдим кард. Ман он ангуштаринро танҳо бо шарте қабул намудам будам, ки ҷаноби Пури то камтар шудани мушкилиҳои ман сабр намояд ва ман тавонам, ки комилан худро ба ҳаёти оилавӣ бубахшам. Лекин афсӯс, ки  ӯ иродаи мустаҳкамро соҳиб набудааст.

  -Пӯшида нест, ки ту бо нафаре мисли Канав дар муносибатҳои бардавом набудӣ. Ва ҳамагон гумон мекарданд, ки муносибатҳои шумо бо «ҳеппи энд» анҷом меёбад?

Барои ман ва махсусан Канав маросими тӯйи арусиамон аз ҳама бузургтарин бахт буд, лекин чи илоҷ, ки  ки мо танҳо бозичаем дар ангушти бозингари тақдир.

—  Имрӯз рахти сард, ҷодаи сукуту танҳоӣ туро ба маҳалли пушаймонӣ намехонад?

-Аз он шурӯъ мекунем, ки ман лаҳзае танҳо нестам, зеро ҳамеша дар иҳотаи дӯстону наздиконам қарор дорам. Зиёда аз ин ман дақиқаи холӣ надорам, ки дар бораи танҳоӣ фикр кунам.

— Лекин баъзан дар курсиҳои  кинотеатр нишаста, мехоҳӣ сар ба китфи азизе гузорӣ?

-Аслан дар театру кино маро бародарам ҳамроҳӣ  мекунад.  Ашмит зуд- зуд маро  ба театр даъват мекунад ва мо ҳамроҳ меравем. Аз ин рӯ китфу  бозуи устувори бародар маро натанҳо дар театр, балки дар зиндагӣ низ мададгор аст.

-Мегӯянд, ки ту бо ҳамроҳии ишқи нави худ, яъне “бойфренд”- ат Кунал  Гумер ширкати филмсозии хешро таъсис додаед?

-Аммо Кунал Гумер “бойфренд”-и ман набуда, балки шарики тиҷорати ман аст ва дар таъсиси ширкати филбардории  “Ameesha Patel Production“  дасти кӯмак дароз намуд. Айни ҳол ният дорем, ки ба маблағи 300 млн. рупия филми ҷадиде ба навор гирем ва коргардони он ҳатман Девид Дҳаван хоҳад шуд. Ман ба ягон авлоди ҳунармандон пайвандие надорам ва мисли Карина Капур ва Ритик Рошан волидони ҳунарӣ надорам. Ман дар олами синамо шахси бегона ҳастам ва мисли сангпушт бо азобе ба пеш ҳаракат мекунаму дар ин ҷода на падархонд дораму на “бойфренд”. Агар мисли Салмонхон ва Акшай Кумар “бойфренд”-е  медоштам, ҳунарманди рақами 1-ум мебудам.

 

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: