• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ҲАБИБА ДАВЛАТОВА: «МАРО ЗЕБУННИСО МАШҲУР КАРД»

Хабиба Давлатова

Хабиба Давлатова

Ҳабиба Давлатова аз ҷумлаи он сарояндаҳоест, ки бо садои дилпазиру рӯҳнавозаш ба дилу дидаҳои ҳаводоронаш ҷой гирифтааст. Ҳабиба ба тамоми буду набуди зиндагӣ бо нигоҳи шукрона менигарад. Албоми нахустини сурудҳои ӯ бо номи «Рӯйи аз ёд рафта» соли 2007 пешкаши мухлисон гардида, ӯро маҳбуби дилҳояшон гардонида буд ва «Ашки ман»-и ӯ соли 2011 мухлисони асилашро боз ҳам мафтунтар сохту водор намуд, ки ҳамроҳи ӯ ашк бирезанд. Зеро он садои дили ин бону бо тамоми ҳастӣ ва самимияти беандоза таҳия гашта буд. Инак, бо хоҳиши ихлосмандони ҳунари ӯ, ки ҳамзамон хонандагони азизи ҳафтаномаи мо ҳастанд, тасмим гирифтем бо ин бонуи ҳунар дар тамос гардида сӯҳбате биороем ва онро бо ихлосу меҳрубонӣ пешкаши онон мегардонем.

 

-Ба фикри шумо, таронаи хуше метавонад зиндагиро ранги дигар бахшад?

-Бале, таронаи хуш қудрати бисёр дорад ва метавонад навозишгари рӯҳу қалб бошад. Он ғаму дардро аз дили инсонҳо ба зудӣ дур месозад ва ҷойи онро бо меҳру самимият ва шодмонӣ пур месозад. Вақте қалби кас лабрези фараҳу шодмонӣ аст, пас зиндагӣ дар назараш хеле зебову рангин мешавад. Ман ҳам, вақте аз ягон ҳодисаи зиндагӣ андаке хаставу ранҷур мегардам, ҳатман таронаеро замзама намуда бо он андӯҳи диламро берун месозам.

-Бештар чӣ гуна таронаро?

-Аксаран таронаҳои ҳиндӣ, ки нафосати ба худ хос доранд ва таскинбахшандаи қалбанд.

-Шояд аз оғоз идеали шумо сарояндаи ҳиндие буд?

— Ҳанӯз аз айёми наврасӣ — айёми орзуҳо хеле зиёд мехостам ба касе тақлид накарда, танҳо ба худ монанд бошам. Ва ман тавонистам ба ин ҳадафи хеш бирасам. Суруди аввалинам «Рӯйи аз ёд рафта» бар матни шоира Зебуннисо буд, ки ба он ҳунарманди шодравон Самандар Мирзоев оҳанг баста буд. Ва онро сароида ба муваффақият ноил гардида будам.

 -Кадом ҳодисаи зиндагӣ шуморо навмеду хаста месозад?

-Ман аз он нафароне нестам, ки ба ҳар ҳодисаҳои ночиз аҳамият диҳам ва он тавонад маро хаставу навмед созад. Вале дар зиндагӣ инчунин ҳодисаҳое низ рух медиҳанд, ки на танҳо чидду ҷаҳд, балки инсонро аз зиндагӣ дилсард менамоянд. Ва боматонаттарин инсонро низ метавонанд ба сӯйи навмедӣ тела диҳанд. Ҳар як нафарро тӯҳмати ноҳақ ва ҳарфҳои дурӯғ навмеду дилсарду ранҷур месозанд.

— Шикасту ноомадҳои зиндагӣ низ ба рӯҳияи Шумо таъсири манфӣ мерасонанд?

— Албатта, ман ҳам охир инсони заминиям. Вале бештари вақт мекӯшам, ки аз шикасту ноомадҳо дур бошам. Аммо зиндагӣ пастиву баландиҳо ва қонунҳои нонавиштаи худро дорад ва мо инсонҳо наметавонем аз онҳо дар канор бошем. Худо накунад, ки чунин рӯзҳо ба сари кас биёяд.

-Беҳтарин тӯҳфаи бо меҳру муҳаббате, ки ҳамеша мунтазираш ҳастед?

-Худи зиндагӣ асосан бо меҳру муҳаббат ва ишқу садоқат обод аст ва аз ин рӯ бе ин ҳама зиндагӣ бемаъност. Мехоҳам на танҳо дар арафи идҳо, балки ҳар рӯзи зиндагӣ бароям таваҷҷӯҳ ва меҳру муҳаббати беандозаашро арзонӣ дошта бошад ва ҳамеша бигӯяд, ки: «Дӯстат медорам».

-Дар ишқ чиро хато мепиндоред?

-Албатта хиёнатро, ки душмани қаттоли ишқ аст.

— Вақте ки суруди ишқӣ месароед, эҳсос карда мешавад, ки дар он дарди ширине, ки оҳанги шиква аз ишқу бевафоӣ дорад, ниҳон аст. Бигӯед, ки кадом ишқе қалби шуморо пурдард кардааст? Азизи дилатон дилозор аст?

— Не, ман аз ишқ шиква надорам. Ман ҳунармандам ва вазифадорам, ки дарди дили ҷавонҳои ошиқро дар сурудам бо эҳсоси дил бисароям. Азизи дили ман дилозор нест ва номеҳрубон ҳам нест, маро хеле хуб мефаҳмаду дӯстам медорад. Аммо ман ҳунармандам ва рисолати ҳунарманд дар сурудаш тараннум карда тавонистани дарду оззурдагиҳои мардум аст. Ман ҳам мекӯшам дарди дили мардум ва асосан ҷавонҳои ошиқро бисароям ва бо ин андаке бошад ҳам қалби ошиқонаашонро таскин бахшам.

 — Рост аст, ки мегӯянд, Шумо модари сахтгир ҳастед?

— Ман ҳам чун ҳамаи модарон нисбати се пораи дили худ — гулдухтарони нозанинам Нисо, Сабина ва Омина меҳрубонам. Албатта насиҳаташон мекунам ва ҳама чиро бо нармӣ мефаҳмонам. Бо сахтгирӣ муроде ҳосил намегардад.

— Барои тарбияти онҳо кадом воситаро истифода мебаред?

— Чи тавре ки гуфтам, нармгуфториро истифода мебарам. Зеро медонам, ки ҳар як фарзанд, новобаста аз он ки вай духтар аст ё писар аз муомилаи дағали волидонаш озурдаву дилшикаста мегардад ва ҳамзамон аз зиндагӣ дилсард мешавад. Албатта. ҳарфи хушу гуворо дили кӯдакро низ нарм месозад. Ӯ ҳам инсон аст ва сазовори эҳтирому боварист. Агар ҳар қадар бо ӯ муомилаи дағал кунед, вай асабӣ гашта, барқасдона кор мекунад. Шукри Худо духтаронам маро бо як нигоҳ мефаҳманд ва ҳоҷат ба сахтгирӣ намемонад. Ман сахтгирии баъзе аз модаронро намеписандам.

— Барои консерту таҳияи клипҳо кӣ шуморо дастгиру сарпараст аст?

— Дастгиру мададгорам аввал Худоҷон аст. Консерту клипу албоми сурудҳоямро танҳо тавассути меҳнату заҳматҳои худам таҳияву пешкаши мухлисони азизам мекунам. Дар ҳаёт сарпарасте надорам.

-Либоси саҳнавии хешро бо маслиҳати кадом тарроҳ омода месозед?

— Ман либосҳои саҳнавиамро мувофиқи завқи худ интихоб мекунам ва тарҳи онро пешкаши дӯзандаҳо менамоям.

-Таманниёти шумо ба мухлисони ҳунаратон?

-Кулли мухлисони азизам ва Шумо низ, қаламкашони арҷманд, ҳамеша хонаободу сарбаланд бошед. Ин паёми пур аз меҳру садоқати маро дар арафаи ҷашни Истиқлолият ба мухлисони азизам, ки боиси буданамон ҳастанд, бирасонед. Орзуи ҳамешагии мо санъаткорон ин беҳбудии рӯзгори мардуми азизамон аст, ки агар онҳо рӯҳияи хубу рӯзгори обод дошта бошанд, мо шарики базму шодиҳояшон ҳастем. Ҷашни пирӯзӣ ба кулли мардуми Тоҷикистони азизам муборак бошад!

-Саломату пирӯз бошед! Шумо ҳам ба орзуҳои неки дилатон бирасед.

 

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: