• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,309 hits
  • Flag Counter

Тахмина Ниёзова

Тахмина Ниёзова

Ин чеҳраи гарму ошно имрӯзҳо дар дилу дидаҳои хурду калон ҷой гирифта, санъату ҳунари моро ба ҷаҳониён муаррифгар аст. Кадом вақте ба ӯ занг мезанам, аз ҳарфҳои самимияш  ва лаҳни шевою ширинаш дилам лабрези фараҳ мегардад ва мехоҳам соатҳои дароз ин сӯҳбати гувороро давом диҳам. Ӯ бо вуҷуди ҳамеша серташвишу сертараддуд буданаш барои посухи саволҳоям вақт ҷудо мекунад. Ин навбат низ вақте занг задам, Таҳмина Ниёзова,, ин ҳунарманди ҷавону шӯҳратёр барои ширкат дар фестивали умумиҷаҳонии мусиқӣ, ки дар давлати Монтенегро баргузор мегардад, омодагӣ медид ва аз маҳдуд будани имконияташ ҳарфе ба забон наовард ва ин сӯҳбати пурғановатро барои хонандагони ҳафтаномаамон пешкаш гардондам.

Чеҳраи шинохта буданатон бароятон гуворо аст ё баъзан  ногуворӣ дорад?

-Аз як тараф гуворо аст албатта. Ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ба остонаи кадом дабистоне қадам ниҳам, маро ҳамчун набераи устоди ҳунар Боймуҳаммад Ниёзов муаррифӣ мекарданд ва хушам меомад. Ва мухлисон дар ҳар куҷо дида ихлосмандиашонро изҳор мекунанд, соядаст мепурсанд, аз ин ифтихор мекунам.

-Пас дар фурӯшгоҳҳо шояд шинохта нархро бароятон арзон мекунанд?

— Аммо ин тавр нест, баръакс нархро баландтар мекунанд ва мегӯянд, ки гӯё маро шинохта арзон кардаанд. Баъзе нафарон маро шинохта маслиҳатҳои ногувор низ медиҳанд, ки бояд ту аз дигарон бо намуди зоҳирӣ фарқ дошта бошӣ, мегӯянд, ки ин гуворо нест. Ман мехоҳам мисли ҳама инсонҳои хоксор бошам ва аз мардуми азизам фарқ надошта бошам. Зеро мо асосан барои онҳо заҳмат мекашем ва эҷод мекунем. Ҳама талошҳои мо ҳунармандон барои болидагии хотири халқи азизамон мебошад.

-Беҳтарин тӯҳфае, ки ҳамеша интизораш ҳастед?

-Ман хушбахтам, ки аз хурдӣ ҳама чизро дорам.Таваҷҷӯҳи падару модарам бароям хеле зиёд буд, ки ин беҳтарин тӯҳфа аст. Фикр мекунам, муҳаббати волидон, меҳри гарми мухлисон тӯҳфаи гаронбаҳотарин аст барои ман.

-Аз хурдӣ чӣ  гуна зиндагиро орзу мекардед? Оё ин орзуятон амалӣ гардид?

-Он чӣ ки то имрӯз ба даст овардаам, тавассути кушишу талошҳоям     ва заҳмату ғамхориҳои волидони меҳрубонам маро дастрас гаштааст. Шукргузорам аз он, ки маро меҳри баланди  ҳунар аз бобои азизам Боймуҳаммад Ниёзов (рӯҳи бузургашон шод бошад) ҳамчун мероси гаронбаҳо расидааст. Кӯшиш мекунам, ки сазовори ин номи бузург ва бовариву эътиқоди падару модарам бошам. Албатта, итминон бар он дорам, ки волидонам барои амалӣ гардидани тамоми орзуҳоям боз ҳам кӯмаку дастгириашонро дареғ намедоранд.

Кадом лаҳзаи кӯдакиро хеле хуб дар хотир доред?

-Ҳангоми кӯдакиам дар шаҳри Хуҷанд, мо, ҳамаи набераҳо, ба хонаи бобоям Боймуҳаммад Ниёзов мерафтем ва байни ҳамаи набераҳо он кас маро аз ҷиҳати тарҳи рӯй ба худашон монанд гуфта, тӯҳфаи аз ҳама беҳтаринро насиби ман мегардонданд. Таваҷҷӯҳи маро нисбати мусиқӣ дида, шояд он замонҳо орзу мекарданд, ки давомдиҳандаи касбу ҳунарашон бошам.

-Дар зиндагӣ боз чизи дигаре метавонад бароятон ҷои касби сарояндагиро гирад?

-Айни замон чизе гуфта наметавонам. Аммо ман танҳо бо сурудхонӣ қонеъ шуда нанишаста, ҳамзамон ба таҳияи суруду мусиқӣ машғулам, инчунин пешаи дигари ман рӯзноманигорӣ аст.

-Яъне, шумо гуфтанӣ, ки ба як ҷавондухтар чил ҳунар кам аст?

-Бале, ҳар як ҳунари омӯхтааш барои духтар бурди ӯст.

-Модар дар зиндагии шумо чӣ гуна мавқеъ доранд?

-Модар барои кулли мардуми олам муқаддасу яктову нотакрор ва анису ғамбарор аст, ки дар ҳама лаҳзаҳо ғамбарору маслиҳатгару нозбардори фарзанд аст.

-Айни замон ба чӣ шуғле андармон ҳастед?

-Айни замон имтиҳоноти хатмкунии Донишгоҳи славянии Тоҷикистонро бо баҳои аъло супорида соҳиби диплом гардидам. Барои ин ман аз коллективи омӯзгорони ин даргоҳ, хусусан аз устоди арҷманд Абдусаттор Нуралиев аз замин то осмон миннатдорам. Инчунин дар тамоми консертҳои хайриявӣ, ки дар рӯзҳои наздик баргузор гардиданд, ширкат варзидам.

-Дар фикри таҳияи албоми нави сурудҳоятон ҳастед?

-Бале, албоми нахустини сурудҳоям таҳия гаштааст ва дар рӯзҳои наздик ба дасти мухлисонам хоҳад расид. Бо оҳангсози озаритабори муқими Олмон Сейран Исмаилханов ҳамкорӣ намуда, барои ширкат намудан дар фестивалҳои байналмилалӣ якчанд суруд омода сохтем.

— Ин фестивал дар кадом давлат баргузор мегардад ва намояндагони кадомин давлатҳо дар он ширкат меварзанд?

-Ин фестивал дар Монтенегро баргузор гардида, дар сатҳи “Евровидение” аст ва дар он аслан аз давлатҳои гуногун, аз ҷумла Амрико, Олмон, Норвегия, Испания Юнон, Туркия, Россия , Тоҷикистон (бори нахуст) ва ғ.  иштирок мекунанд.

-Шуморо бо гирифтани диплом муборакбод мегӯем ва барои иштирок дар ин фестивали байналмиллалӣ бароятон барору комёбиҳоро таманно дорем. 

-Саломат бошед.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: