• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

Дилноза Каримова — Муҳаммадҷон Раҳмонов

Дилноза Каримова: ДИЁРБЕКИ МАН ЯКСОЛА ШУД

Дилноза Каримова Муxаммадчон Раxмонов 1Моро иттифоқ афтод, ки бо Дилноза Каримова ҳангоми нав аз Хуҷанди бостон ба пойтахт омаданаш вохӯрда, сӯҳбате биороем. Мӯҳтавои он сӯҳбати гувороро пешкаши хонандагони “Дилкушо” мегардонем.

-Салом, Дилнозабону. Хуш омадед. Чӣ гуна то Душанбе расидед? Мебинам, ки танҳо нестед, Шуморо модар ва шоҳписаратон ҳамроҳӣ мекунанд. Диёрбек хеле зебояк, аз ҳозир Шуморо танҳо гузоштанӣ нест, ба фикрам? Аллакай “оча” мегӯяд?

-Бале, Диёрбеки ширинаки худам алаккай очагӯй шудааст, мо аллакай яксола шудем. Ӯ ҳар руз як харфу ҳиҷои нав, нағмаҳои нав мебарорад ва ман ӯро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорам. Диёрбек имрӯз ба гулаки умеду орзуҳои модар табдил ёфтааст. Ба гумонам, рисолати асосии зан қабл аз ҳама тарбияи неки  фарзанд аст.

-Дар тарбияи Диёрбек кӣ ба Шумо кӯмак мерасонад?

-Албатта модарам. Он кас  мисли кӯҳе ҳастанд, ки мо, фарзандон, ҳамеша ба он кас такя мекунем. Диёрбек низ бибиашро бениҳоят дӯст медорад. Вақте ҳамроҳи бибиҷонаш бошад, бо лаби пурханда бо ман хайрухуш мекунад ва ман низ хурсанд мешавам.

-Беҳуда намегуфтаанд, ки агар Дилноза таронаи “Модар”-ро сарояд, дар чашмонаш ашк ҳалқа мезанад. Эҳтимол, Шумо худ модар гашта,  бузургии модари хешро боз бештар эҳсос кардед?

-Дунёи тифлаконро ман акнун фаҳмидам, гарчанде ки худ ҷиянчаҳо дорам, вале вақте худ модар шудам, дубора бузургии модарамро эҳсос кардам. Ман модарамро ҳамеша қадр мекунам. Он кас дар хона модари меҳрубону дар кору эҷод устоди сахтгири ман мебошанд. Бар замми ин, модарам роҳбари бадеии ансамбли «Дилноз» ба шумор мераванд.

-Мегӯянд, ки ҳар дафъаи омаданаш Дилноза ба Душанбе бо армуғони тоза меояд.

-Бале, сафари навбатии ман ба шаҳри азизам Душанбе низ бе ҳадаф нест. Як сурудеро омода кардаам, ки дар он ҳам аз санъати халқӣ ва ҳам аз муосир истифода намудаам ва ният дорам, ки як қисмати клипи ин сурудро дар пойтахт сабт кунам.

— Хуб маълум аст, ки ворид шудани Дилноза ба олами ҳунар тасодуфӣ нест. Зеро худ дар оилаи ҳунармандон ба воя расидааст ва ҳам таҳсилкардаи мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова мебошад.  Шояд барои хонандагони мо аҷиб он аст, ки оташаки меҳр нисбати сурудхонӣ кай дар дили Дилноза аланга зад ва водораш кард, ки суруд хонад?

-Ман ҳанӯз дар боғча ба сурудхонӣ шурӯъ кардаам (механдад). Ва мураббиам ҳар дафъа ба модарам таъкид мекардааст, ки духтарчаатон овози ширин дорад ва дар оянда ҳофизаи машҳур мешавад. Бояд гуфт, ки меҳри ҳунар ҳанӯз аз он айём  дар хунам ҷӯш мезад

— Дилноза имрӯз соҳиби рӯзгори обод,  ёри маҳбуб ва тифлаки нозанин  аст. Аз ин дида бахти баландтаре ҳаст? Шумо  имрӯз худро бонуи  ба орзуи дили хеш расида меҳисобед?

— Орзуҳо ҳар рӯз тавлид мешаванд. Ба гумонам, инсони комил ҳеҷ гоҳ аз худ қонеъ намешавад.

-Хуб, ба андешаи Шумо барои як бонуи эҷодкор ҳамсари эҷодкор доштан лозим аст ё дур аз эҷод?

-Муҳим он ки дар зиндагӣ  ёри ҳамфикр дошта бошӣ . Яъне зану шавҳар дар зиндагӣ бояд қабл аз ҳама дӯст ва ҳамрози ҳамдигар бошанд. Бале, то як муддати муайян гумон доштам, ки худ эҷодкор ҳастам ва бояд ҳамсафари ҳаётии ман низ аз дунёи эҷоду ҳунар бошад, аммо ҳарчанд шавҳари ман эҷодкор нестанд, аммо маро ҳамеша  дастгирӣ мекунанд.

— Рост аст, ки Дилноза аз ӯҳдаи навохтани скрипка ва фортепиано мебарояд?

-Бале, ман дар муҳите ба воя расидаам, ки дар он ҳамеша навои рубобу танбӯр танинандоз буд. Мо дар хона фортепиано доштем ва ману бародарам Зайниддинҷон аз хурдӣ ба навохтани он шурӯъ карда будем.

— Боз чӣ нияту нақшаҳо имрӯз Дилнозаро дунболи худ мехонанд.

-Ба наздикӣ ният дорам, ки албоми нави сурудҳоямро тартиб диҳам ва консерти худро барпо намоям. Бояд гуфт, дар ин албом мухлисонам шоҳиди як қатор тозакориҳо мегарданд. Ҳамчунон бояд қайд кард, ки дар ин албом баҳри азизаки дилам Диёрбек як сурудеро ҷой хоҳам дод. Ва орзу дорам, ки ин  суруд ба оҳанги дили кулли модарон табдил ёбад.

Муҳаммадҷон Раҳмонов: ФИЛМИ “БИҲИШТӢ” ИФОДАГАРИ ҲАҚИҚАТИ ТАЪРИХ АСТ

Имрӯзҳо номи Муҳаммадҷон Раҳмонов вирди забонҳои мардуми синамодӯст гаштааст. Ӯ бо нахустнамоиши филми “Нотарс”-и худ, ки дар санаи 7 июли соли равон дар Кохи Ҷомӣ баргузор гардид, дар зеҳни онҳо бо сабки  навоваронаи хеш ҷой гирифт. Филми мазкур боиси вокунише миёни аҳли ҳунари ҷумҳурӣ низ гардид, чунин як филмро, ки жанри асосиаш фоҷиа буд, солҳои охир дар синамои тоҷик касе ёд надорад.

Мо дарак ёфтем, ки Муҳаммадҷон Раҳмонов дар фурсати наздиктарин нияти ба маърази тамошои умум гузоштани боз як филмеро дорад. Ногуфта намонад, ки муаллифи филмнома ва коргардон худи Муҳаммадҷон буда,  нақши асосиро низ худ офаридааст. Бо ӯ ҳамсӯҳбат гардида, мӯҳтавои асосии филмро донистанӣ шудем. Вақте ӯ мазмуни мухтасари филми наваш “Биҳиштӣ”-ро нақл намуд, рости гап, мо саҳнаҳои онро пеши назар оварда, мутаассир гардидем. Итминон бар он дорем, ки шумо, хонандагони азизи мо, низ аз тамошои он ҳаловату таъсире хоҳед бардошт.

-Салом, Муҳаммадҷон, нахустнамоиши филми “Нотарс”-ро бароятон муборакбод мегӯям. Бигӯед, ки он то кадом андоза Шуморо қонеъ сохт?

-Филми мазкур, ки 7 июли соли 2013 дар Кохи Ҷомӣ ба маърази тамошо гузошта шуд, маро, албатта, қонеъ сохт. Аммо ман фикр мекунам, ки довари асосӣ тамошобин аст. Он соат толори кинонамоишдиҳӣ пур аз тамошобин буд. Ҳол он ки мо барои тарғиби филми мазкур фурсати хеле кам дар ихтиёр доштем. Масъулони ин толор иқрор шуданд, ки то имрӯз чунин филми ҷолиб ба назар намерасид, ки ин қадар тамошобинро ба худ ҷалб созад.

-Яъне Шумо ба ҳадафи хеш расидед?

-Аз ҳама муҳимаш он буд, ки мардуми бинандаро қонеъ карда тавонист ин филм.  Ҳатто пешниҳод ҳам  карданд, ки қисми 2-юми филмро таҳия созем ва ҳарчи зудтар диски ин филмро ба фурӯш барорем. Иншооллоҳ, баъди моҳи шарифи Рамазон сабти филми “Нотарс” ба ҳаводорони асил дастрас хоҳад шуд. Бисёр аз филмсозони тоҷик филми мазкурро тамошо карда, изҳори қаноатмандӣ карданд ва эътироф намуданд, ки жанри интихобкардаамон душвор аст ва на ҳама қудрати офаридани чунин як филмро дорад. Ҳатто гуфтанд, то имрӯз дар Осиёи Марказӣ чунин филм набуд.

-Боре андеша кардаед, ки акнун вақти он расидааст, филми замонавие аз ҳаёти имрӯза таҳия созед? Ба назар менамояд, коргардонҳои тоҷик зиёдтар ба мавзӯи ҳаёти гузаштаи мардуми мо рӯ оварда, пешравиҳои зиндагии одамон ва кишварамонро дар солҳои истиқлолият кам инъикос менамоянд.

-Ҳамин филми “Нотарс” замонавӣ аст ва мо хеле зиёд кӯшиш ба харҷ додаем, ки ба дили мардум наздик офарем. Дар он дардҳои тоҷикона инъикос шудааст ва он ифодагари фоҷиаи рӯзгори имрӯза аст. Имрӯзҳо мардум филмеро қабул доранд, ки ба дилашон, ба эҳсосоташон асар кунад, масалан, аз оғоз то ба охир гирёнда тавонад.

-Аксари ҳунармандон беҳтарин офаридаашонро ба шахси наздике мебахшанд, шояд Шумо низ…

-Филми “Нотарс” нахустин филми ман  буда,  онро ман ба падари азизам Раҳмонов Иброҳим, ки моро дар хурсолӣ далерию нотарсиро омӯхтаанд, бахшидаам.

-Мо огоҳ шудем, ки Шумо дар фурсати наздик боз як филмеро пешкаши тамошобинон карданӣ ҳастед?

— Филми навбатии ман “Биҳиштӣ” ном дошта, жанри он асосан таърихӣ ва мелодрама аст. Дар он дарду алам, ҳақиқати зиндагӣ, тарбияти фарзанд ва ҳурмати волидайн дар ҷойи аввал аст. Он аз фоҷиаи солҳои 1974-и як минтақае ҳикоят мекунад, ки  ҳама он ҷоро тарк кардаанду танҳо як оила имкони аз он берунравиро надорад.

-Ба ин филм ҳунармандони касбӣ низ ҷалб карда шудаанд?

-Бале, дар филми мазкур мо мекӯшем бештар бо ҳунармандони касбӣ ҳамкорӣ намуда, онҳоро ба филми худ ҷалб намоем. Айни замон Сӯҳроб Нуриддинов, Ҳамза Самеъ, Ҳусейн Раҷабов даъват шудаанд.

-Шуморо дар филмсозӣ асосан кӣ сарпарастӣ мекунад? Дар сӯҳбати пешинаи худ гуфта будед, ки ба Шумо ҳатто ҳайвонҳои ваҳширо барои истифода дар филм дастрас намуданд. Албатта, ин ҳама бе кӯмаку дастгирӣ намешавад.

-Мададгори ман пеш аз ҳама Худованд аст, сипас падару модари азизам. Бародарону ёру дӯстони ҷониам дастгириам мекунанд. Ин нафарони мададгор фарзандони фарзонаи миллатанд, ки ҳисси бузурги миллӣ доранд ва хунашон барои Ватани азиз дар ҷӯш аст. Аз ҳамаи он нафарони некхоҳу фарҳангдӯст миннатпазирам.

-Чаро Шумо такя ба асарҳои нависандагони бузург намекунед? Шояд гумон мекунед, ки қиссаҳои онҳо ба тамошобини имрӯза писанд намеоянд?

-Ман дар оянда чунин ниятҳо низ дорам. Инчунин мехоҳам дар асоси афсонаҳои қаҳрамонию далерии халқи тоҷик филме офарам. Яке аз онҳо “Эраҷи тилисмшикан” аст, ки образи ӯ дар асоси орзуву омоли мардуми оддӣ офарида шудааст.

— Кадом лаҳзаи ҷолибе зимни наворгириҳо дар хотири Шумо нақш бастааст?

-Ҳангоми банаворгирии филм ба ҳунарманд Ҳамза Самеъ нақши шахси ҷоҳиле вогузор шуда буд. Ӯ, ки табиатан марди нармдил аст, барояш офаридани чунин нақш гаронӣ мекард. Ниҳоят дар миёнаи филм ӯ аз мо дархост намуд, ки метавонед дар ҳамин ҷойи филм маро бикушед, ки дигар наметавонам ҷоҳил бошам. Ин гарчи дархости ҷиддӣ буд, аммо ҳамаро хандонд.

ӣ орзуву ниятҳо Шуморо думболи худ мехонанд?

-Орзу дорам, ки синамои тоҷикиро дар ҷаҳон муаррифгар бошам ва филме офарам, ки сазовори ҳама гуна ҷоизаҳои фестивалҳои байналмилалӣ гардида, ҳамаро ба ҳайрат оварад. Ва бигзор дигарон боварӣ ҳосил кунанд, ки мардуми тоҷик соҳибистеъдодҳо ва ҳунармандони нотакрори худро доранд, ватандори асиланд, олими дақиқназару ҳунарманди беназиранд. Фарорасии Иди Рамазон бар мардуми азизам муборак бошад!

Хонандагони азизи ҳафтаномаи мо, агар Шумо ба Муҳаммадҷон Раҳмонов дархосте доред, метавонед тариқи сомонаи электронии мазкур ба ӯ фикру ақидаҳо ва дархости хешро ирсол доред. www.muhammadjon.tj , rahmonovmuhammad01@gmail.com

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: