• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

Зайнура Пӯлодова: “ДАР РӮЗИ ХАНДА КИРО ФИРЕБ НАДОДААНД? ”

Зайнура МансурЗайнура Пӯлодова 30 августи соли 1982 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи марди ҳунар Ҳотами Пӯлод чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст ва тамоми тору пудашро меҳри ҳунар ғановату нерӯи тоза бахшидааст. Ҳар он меҳру муҳаббате, ки аз волидон ба мерос гирифтааст, ба ду ҷигарбанди дугоникаш Сомеъа ва Сония ҳадя месозад. Ӯ дар олами мусиқӣ ба воя расида, илҳоми аввалини хешро зери навои мусиқии аз зери дастони пурҳунари падар танинандозшаванда гирифтааст. Зайнура ба атроф бо назари дигар нигариста, ҷаҳони ботиниаш бо ҳунар сахт марбут аст. Ва ӯ ин меҳру ихлоси нисбати ҳунар доштаи хешро ҳадяи ҳаводорони хеш месозад.

-Зайнурабону, бигӯед, ки дар айёми баҳорони сабзу гулпӯш чӣ рӯҳияе доред?

— Баҳор фаслест гулфишон ва бо резаборону чаҳ-чаҳи булбулонаш, ки нишоне аз рӯзгорони нозанин аст. Дар он табъи кас болидаву рӯҳаш осуда мешавад. Зеро танҳо дар ин фасл ҳама атроф ботаровату ғанӣ мегардад. Табиати афсункор танҳо дар ин айём эҳё мегардад ва чашми мо, инсонҳо, аз тозакориҳои табиати афсункор роҳате мебардорад ва ба мо ҳунармандон илҳоми эҷодӣ эҳдо месозад. Фасли дӯстдоштатарини ман аст баҳор, аз ҷумла барои он ки Наврӯзро меорад.

 -Шуморо боре дар арафаи Рӯзи ханда ягон кас боре фирефтааст?

-Албатта фирефтаанд, вале танҳо фиребҳои ҳазломези айёми наврасӣ буд, ки дар дабистон барои хушҳолӣ мекарданд.

-Ва гуфтан мумкин аст, ки ҳатто шумо ҳам дигаронро…

-Бале, ман ҳам чандин дафъаҳо ба хотири ханда ягон дугона ё ҳамдарсамро сабук фиреб додаам.

 -Аз ҳаҷвнигорон кӣ шуморо аз ҳама бештар писанд аст?

-Медонед, ба ман ҳамаи ҳунармандони ҳаҷвнигор писанданд ва ҳамаашонро дӯст медорам. Ҳамчунин гурӯҳи “Лаҳзаҳои гуворо”- ро хеле зиёд меписандам ва аз ҳаҷвҳои намакинашон аз таҳти дил механдам.

 -Шуморо гирёндан осон аст?

-Оре, осон аст. Зеро ман дар як муҳити орому нармгуфторон тарбият ёфтааму аз ҳарфи дағали андаки нафаре зуд ашк мерезам. Агар ягон клип ва ё худ таронаи ғамангезеро бишнавам, албатта гиряам меояд.

 -Мегӯянд, ки клипи нави хешро дар Қазоқистон бо нархи гарон сабт ва таҳия карда онро ҳамчун тӯҳфаи наврӯзӣ пешкаши мухлисони ҳунаратон сохтед?

-Бале, ба хотири болидагии хотири мухлисони азиз ҳунармандон розианд, ки заҳмат бикашанд, то тавонанд дар дилу дидаҳо ҷо бишаванд. Ман ин сурудро дар арафаи Соли нави милодии 2012 таҳия сохта пешкаши мухлисони азизам карда будам. Имсол бо кӯмаки дӯстонам ва талошҳои хеш дар Ҷумҳурии Қазоқистон ин таронаи “Аморе”-ро клип сохтам.

-Воқеан шумо ба ҳадафи хеш расидед, зеро ин суруди шумо яке аз беҳтарин тӯҳфаҳои наврӯзии ташнагони савту наво гардид ва хеле олӣ буд. Ба андешаи Шумо дар Тоҷикистон чунин имкони клипсозиро фароҳам овардан мумкин аст?

-Чаро мумкин набошад. Табиати биҳиштосои Тоҷикистони мо албатта барои ин мусоидат мекунад. Танҳо дар ин ҷо таҷҳизоту дастгоҳҳои банаворгириву танзимгардонии олидараҷа мавҷуд нест. Ва мо орзуманди онем, ки рӯзе чунин имкониятҳо дар ватани мо низ бо кӯмаки нафари ҳунардӯсту саховатпешае фароҳам омада, аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя ба Тоҷикистони мо ниёзмандон биёянду клипҳои хешро бисозанд. Зеро таъриху фарҳанги мо дар гузашта аз ҳама болову пешрафта буд ва асоси ҳар он чизе ки дигарон имрӯз доранду муваффақанд, аз осори маданияту фарҳанги пурғановати мо манша мегирад.

 -Шуморо мефаҳманд?

-Албатта мефаҳманд. Агар намефаҳмиданд, магар ман дар чунин сатҳ қарор мегирифтам?

-Шумо ба ҳунари сарояндагии ҳунарманди эронӣ Мансур чӣ гуна баҳо медиҳед?

-Ҳунари Мансур имрӯзҳо ҳамаро мафтуни худ гардондааст. Ба фикрам имрӯз касе нест, ки ин ҳунарманди маҳбуби дилҳоро эътироф накунад. Дар рӯзҳои наврӯзӣ, яъне баргузории Наврӯзи ҳунармандони форсизабон дар Боғи Милии пойтахт бо иштироки ҳунармандони эронӣ Мансуру Бежану Афшин боиси хушнудии аҳли ҳунармандону мардуми фарҳангдӯст гардид.

— Зебогии занро дар чӣ мебинед?

-Дар гуфтори нарму хислату рафтори неку қалби поки ӯ мебинам.

-Шумо бонуи хушбахтед?

-Албатта хушбахтам, ки мухлисони сершумор, падару модари азиз ва фарзандону пайвандони нозанинро дорам.

 -Ба андешаи худатон, кадом суруд шуморо ба мардум муаррифӣ кард?

-Ин аввалан суруди “Баҳор” буд ва сипас таронаи “Мария” низ вирди забонҳои мардум гардида онро тақвият бахшид.

— Мегӯянд, ки имрӯзҳо аксари бонувон бо тақозои ташвишу кору бор ва заҳмати рӯзгорро бар дӯш доштан рисолати модарии хешро адо карда наметавонанд. Ақидаи шумо?

-Бале, чунин мегӯянд, аммо ман фикр мекунам, ки аксарияти бонувони мо бо вуҷуди хеле зиёд серташвишу тараддуд будан боз ҳам имконе пайдо мекунанд, ки ба фарзандони хеш ҷиддӣ машғул шаванд ва рисолати хешро ба иҷро расонанд. Қисми хеле ками бонувонро, ки бо тақозои тақдир танҳо мондаанду бори заҳмати рӯзгор бар дӯшашон аст, ҳатто метавон қаҳрамон номид, на ин ки ӯро маломат кард.

-Саломат бошед ва ба кулли орзуҳои дили хеш бирасед.

МАНСУР ВА ТОҶИКИСТОН

Дар арафаи иди Наврӯз сарояндаи эронии муқими Амрико Мансур (таваллудаш 28-уми июли с. 1971, ш. Теҳрон) ба Душанбе барои иштирок дар барномаи мусиқавии бахшида ба Наврӯз дар Боғи Ирам ташриф овард.

Чанде пеш дар сӯҳбат бо хабарнигорони тоҷик ӯ гуфта буд, ки шиораш дар зиндагӣ «Think big and go after your dreams» («Мақсадҳои бузургро парвару сӯи орзуҳоят бирав») аст. Дар ин байн ӯ чӣ қуллаҳои навро фатҳ кард? Душанберо дар муқоиса бо солҳои пешин чӣ гуна дарёфт? Ба ин ва дигар суолҳо чанде пеш сарояндаи маъруф дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ чунин ҷавоб дода буд.

Дар бораи Душанбе

Соли 2004, вақте маро радиои «Азия Плюс» даъват кард, Душанбе тамоман як макони дигаре буд. Ҳоло ҳатто боварам намеояд, ки ин ҳамон Душанбе бошад. Дигаргуниҳо дар ҳақиқат назаррасанд, ин шаҳри нав аст, ки ба фикрам воқеан байналмилалӣ шудааст. Фикр мекунам, ин дастовардҳо ба туфайли давлату худи халқ муяссар гардидааст. Мехостам, Қасри Миллат, китобхонаи бузург ва чойхонаро қайд кунам, ки хеле муассиранд. Сутуни азимро ҳам дидам, ки аз аввал ба назарам як чизи нофаҳмою аҷиб намуд, вале баъд фаҳмидам, ки ин парчами Тоҷикистон аст, ки 165 метр баландӣ дорад ва аз ҳама ҷо ҳамчун рамзи давлату миллат дастовардҳои он ба назар менамояд. Воқеан ҳам хеле аҷиб.

Оид ба забони тоҷикӣ

Дар ин ҷо бисёр калимаҳои тоҷикиро ёд гирифтам. Медонам, ки шумо «ташаккур» ва «мерси»-ро «раҳмат» мегӯед. Ё, масалан, мухлис мегӯед, ки маънии ҳаводорро дорад. Дар мо мухлис маънии андак дигарро дорост. «Сохтмон»-ро «баландошёна» мегӯед. Агар боз каме меистодам, хеле суханҳои навро аз худ мекардам.

Дар хусуси оила

Ман оиладорам, соли 2009 бо Марям Гордпур издивоҷ кардам ва ҳоло мо ду писар дорем. Ба духтарони тоҷик гуфтан мехоҳам, ки хеле шуморо эҳтиром мекунаму дар симои шумо хешовандони худ, хоҳаронамро мебинам.

 Доир ба эҷодиёт

Дар раванди эҷодӣ шахсан иштирок карданро дӯст медорам. Агар дар бораи сурудҳое гӯем, ки дар 10 соли охир хондаам, қариб 90% онҳоро худам омода кардаам. Худам мусиқӣ меофарам ва баъд шеър меҷӯям. Ё аз ягон кас хоҳиш мекунам, ки бароям шеър нависад ва илҳомам ояд, барои он оҳанг меофарам. Андак зиёдтар аз 80 тарона сароидаам. Филми мустанадеро сабт карда, дар он нақши муҳоҷирро бозидам. Ӯ аз Эрон ба Амрико омада, бо анъанаҳою фарҳанги кишвари нав ҳоло ошно нест. Пеш аз он ки ба мақсадаш расад, ба хеле душвориҳо дучор мешавад. Филм «America is so beautiful» («Амрико чунон зебо аст») ном дорад.

Атри «Мансур»-ро (бӯйҳои занона ва мардона) эҷод кардам, ки соли 2007 дар Дубай муаррифӣ шуд. Шояд ба Тоҷикистон ҳам расад.

Дар бораи тоҷикон

Мехоҳам як чизро арз кунам. Ва ин таърифу тамаллуқ нест, самимӣ аст. Ба як чиз бовар ҳосил кардам: тоҷикон мардуми хеле боодоб ва самимиянд, инро бо тамоми вуҷудам эҳсос кардам. Бо намояндагони бисёр миллатҳо вохӯрдаам, вале ба самимияти шумо бовар ҳосил кардам ва дарк намудам, ки то чӣ андоза фарҳанги меҳмоннавозӣ дар пӯсту устухони шумо ҷой гирифтааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: