• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

Зулайхо Маҳмадшоева ва Суруш Холов

Зулайхо Маҳмадшоева: АЗ СОЛИ СИПАРИГАШТА ҚАНОАТМАНДАМ

Зулайхо СурушҲамарӯза ба ҳафтаномаи мо номаҳои зиёде ба унвони ҳунармандон меоянд. Ҳаводорони ҳунари онҳо ҳамеша мехоҳанд, ки аз ҳаёти шахсӣ ва нақшаҳои тозатарини ҳунарманди писанди дилашон огоҳ бошанд. Зулайхо Маҳмадшоева аз зумраи сарояндаҳоест, ки мухлисон зиёд суроғашон мекунанд. Мо номаҳои мухлисони азизи худро ба сарояндаи ҷавону умедбахш расонида посухҳояшро гирифтем. Гарчанде ки ӯ низ мисли ҳамаи ҳунармандон хеле серташвишу сертараддуд буд ва лаҳзае вақти дар ихтиёрдоштааш барои ӯ арзиши бисёр дошт, аммо натавонист суолҳои мухлисони хешро сарфи назар кунад.

-Мо, хоҳарон, чандест, ки мухлиси садои дилнавози Зулайхо Маҳмадшоева гаштаем. Аз он ки садои ӯ ба Манижа Давлатова хеле зиёд монанд аст, боз ҳам моро мафтунтар гардондааст. Ӯ бо вуҷуди ҷавониаш хеле пеш рафтааст ва дар саҳнаи ҳунар мавқеи хешро пайдо кардааст. Мехостем донем, соле, ки сипарӣ гашт барои ӯ чӣ гуна буд? Аз кормандони “Дилкушо” хоҳиш дорем, ки ин суоли моро шахсан ба худи Зулайхо расонда ҷавобашро нависанд. РОБИЯ ва РОЗИЯ аз ш. Панҷакент

— Салому дуруди бепоён ба шумо мухлисони беҳтар аз ҷон! Албатта дар арафаи Соли нав ва ҷашнҳои дигар мо ҳунармандон андаке серташвиш мешавем ва ин ҳама ташвишҳоямон низ ба хотири шумоён аст. Мо кӯшиш мекунем дар арафаи ин идҳои зебо бо таронаҳои навтарин, ҷаззоб ва шуниданӣ табъи шумоёнро болида гардонем.

Соле, ки сипарӣ шуд, барои ман бобарору пурбаракат буд. Зеро дар ин сол чор клипи беҳтарини хешро таҳия сохтам . Ин клипҳо  “Дил-дил”, “Ваъдахилоф”, “Модар” ва “Чӣ қадар оҳ кашидам, ба Худо” буданд. Ҳамчунин сурудҳои беҳтарини хешро гирд оварда, албоми нави хешро бо номи “Кабӯтар” таҳия сохтам. Он дар сатҳи олӣ дар оғози соли 2013 ба дасти мухлисони азизам хоҳад расид. Умедворам, ки Соли нави 2013 низ барои мо ҳунармандон соли бобарор ва тантанаи ҳунар хоҳад шуд ва бо хости Кирдигори бузург консерти алоҳидаи хешро дар Кохи Борбад пешкаши ихлосмандони ҳунар хоҳам кард. Умуман аз соли нав барои кулли аҳли эҷод илҳоми тозаву завқи баланди ҳунариро, барои мардуми азизи кишварам тансиҳативу пирӯзиро хостгорам.

Салом, хоҳари азиз Зулайхо Маҳмадшоева! Ман мухлиси садои дилпазири шумо ҳастам, зеро садои фораму нотакрор доред. Мисли шумо сарояндаро модаре дигар то ҳол таваллуд накардааст. Шумо яктову беҳамтоед, аммо намедонам бо шумо чӣ тавр дар тамос шавам. Дуогӯи шумо ДИЛШОД

— Ба мухлиси худ Дилшод гуфтаниам, ки шумо хеле лутфи зиёд кардаед ва барои қадрдониатон сипосгузорам. Соли нави мелодӣ ба шумо ва аҳли пайвандонатон муборак бошад. Бароятон хушбахтӣ ва хонаободиро таманно дорам.

Саломи худро ба Зулайхо Маҳмадшоева мерасонем. Ба ӯ тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем, илоҳо овози фораматон ҳеҷ гоҳ хаста нагардад. Шумо, ки бо садои форами хеш дили ҳамаи моро тасхир кардаед, илоҳо ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошед ва Соли нави милодӣ бароятон муборак бошад. Оё рост аст, ки шумо дар пойтахт ҳам соҳиби автомашинаи шахсӣ ва ҳам хонаи худ гаштаед? ИСМОИЛ, ШАҲНОЗА, НЕКРӮЗ, ЗУМРАД аз Бадахшони Кӯҳӣ.

-Ба ҳаводорони дигари ҳунари худ аз вилояти Бадахшон Исмоил, Шаҳноза, Зумрад ва Некрӯз гуфтаниам, ки бигзор шумо низ мардумони азизи минтақаи баландтарини Тоҷикистон ҳамеша сарбаланду сиҳатманд бошед. Барои таваҷҷӯҳу илтифотатон миннатдории маро бипазиред. Ҳунармандон ба хотири зарурат ва ҳамеша ба дидори мухлисонаш ба зудӣ шитофтан ба автомашинаи шахсӣ ниёзи бештар доранд ва ман ҳам барои худ чунин корро раво дида, автомашинаеро харидорӣ намудам. Бо хости Худованди меҳрубон, соҳиби хона низ хоҳам гашт.

 Суруш Холов: СОЛИ МОҲӢ СОЛИ МАН БУД

Дар саҳифаи “Паём ба ситора”-и ҳафтаномаи мо ба унвони Суруш Холов низ хеле номаҳои зиёде ворид гашта водорамон сохт, ки ба суроғи ӯ бароем. Ҳафтаи гузашта ӯро пайдо накарда огоҳӣ ёфтем, ки ӯ дар сафари ҳунарӣ қарор дорад. Ва баробари расидани ӯ ба Ватан ҳамсӯҳбат гардида номаҳои ирсолнамудаи хонандагони фаъоли хешро ёдовар гаштем.

-Салом Сурушҷон, аз сафар хуш омадед. Ба фикрам соли сипаришударо бароятон “соли сафарҳо” гӯем ҳам, хато нахоҳад шуд.

-Бале, ин соли 2012 на танҳо соли сафарҳои хотирмон, балки соли ман буд. Яъне ман дар соли моҳӣ ба дунё омадаам. Дар ҳақиқат, мо дар ин сол ҳамроҳи Нигора сафарҳои зиёдӣ ҳунарӣ доштем ва аз ҳар як сафар барои худ илҳоми тозаву неруи нав гирифтем.

-Сафаре, ки ду ҳафта пеш доштед, шуморо қаноатманд сохт?

-Оре, ин навбат мо бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва дархости ҳамватанони азизамон ба ш. Нижневартовски Русия рафта, бо намояндагони ақалиятҳои миллӣ рӯбарӯ шудем. Бовар кунед, аз ин сафар бо қаноатмандии зиёду руҳбаландӣ баргаштем. Зеро пазироии гарму рӯҳияи идонаи мардум водорамон намуд, ки барояшон он шомро хеле самимонаву ғайриоддӣ ва дар сатҳи олӣ гузаронем. Ин консерти дӯстии халқҳо буд ва рӯзи аввал танҳо бо намояндагони диаспораҳои тоҷикони Руссия вохӯрӣ доштему рӯзи дувум дар назди намояндагони ақалиятҳои миллии дигар ҳунарнамоӣ кардем. Ҳамчунин ҷашни миллӣ – Наврӯзи оламафрӯзро дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷашн гирифта будем.

-Яъне бароятон сол бобарор буд?

-Соли барору комёбиҳо буд, албатта. Аз оғози соли 2012 ифтихорномаи “Чакомаи гесу” насиби мо шуд. Ҳамчунин дар ин моҳ дар лоиҳаи “Ҷило” ва “Парвози баланд” ширкат варзида сазовори таҳсинҳо гардидем.

-Мо, аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Дилкушо”, таманнои онро дорем, ки ин солу ҳама сол бароятон танҳо бахту барору комёбӣ ва сиҳатмандӣ ёратон гардад. Чанд намунаи номаҳои хонандагони худро пешниҳод намуда, посухатонро интизорем.

Саломамро ба Суруш Холов мерасонам. Шумо беҳтарин ҳунарманди давр ҳастед ва сурудҳои “Бозор рафтам” ва “Духтари хола”-и шумоён вирди забони ҷавонони ошиқ гардидааст. Пазмони сурудҳои наватон ҳастам, ҳеҷ гоҳ овозатон хаста набошад. МАЛОҲАТ аз ш. Кӯлоб.

Саломи худро ба Сурушҷон Холов мерасонам. Бигзор Соли нав барояшон бахту иқболи нав ва боз ҳам эҷодҳои тозаро биёварад. САРВИНОЗИ конибодомӣ.

Салом Суруш ва Нигора Холовҳо, ман мухлиси ашаддии шумоён аз ш. Турсунзода ҳастам, аз шумоён хоҳишу дархости самимона менамоям, ки дар шаҳри мо низ консерти худро баргузор намоед, сари мухлисони худро ба осмон мерасонед.

Бародари азиз Суруш Холов, садои фораматон хаста нагардад ва фаромӯш накунед, ки ман — Шаҳноза ва кулли мухлисони асилатон ҳамеша бо шумоем ва шумоёнро аз ҷонамон ҳам зиёдтар дӯст медорем. ШАҲНОЗА 4949

Салом ба ҳофизи дӯстдоштаам Суруш Холов мерасонам. Орзуманди онам, ки Соли нави 2013 ва солҳои дигар барояшон соли амалӣ гардидани орзуҳояшон бошад. Боз як хоҳишаки дигар: мехоҳам, ки бо номи Нилуфар суруде месароиданд. Акаи Суруш, ҳеҷ гоҳ овози ширинатон хаста набошад. Мухлиси ашаддии шумо — НИЛУФАР аз н. Рӯдакӣ.

-Саломи пур аз меҳрубонии хешро ба ҳамаи шумоён мухлисони азизам расонида, орзуманди онам, ки ҳамеша сарбаланду фараҳманду пирӯз бошед. Миннатпазирам аз мухлисони азизи хеш — Малоҳат аз ш. Кӯлоб, Сарвиноз аз Конибодом, Нилуфар аз н. Рудакӣ, Шаҳноза ва дигарон, ки санъати моро қадршиносӣ кардаанд . Ба он мухлиси худ аз ш. Турсунзода гуфтаниам, ки чунин нақшаҳо низ ҳастанд, дар ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистон нияти баргузор кардани консертҳо ва бо мухлисони музофотии хеш рӯбарӯ шуданро дорем. Соли нав ба ҳамаи шумоён муборак бошад!

Маҳинбону

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: