• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

Наимҷони Саидалӣ: ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ МАЪРАКА ДОРАМ

02-01-2014Садои дилангези Наимҷони Сайдалӣ кайҳост, ки дили мухлисон ва хоса модаронро тасхир кардаву ӯро маҳбуби дилҳояшон гардондааст. Номаҳои ба ҳафтаномаамон расида водорамон намуданд, ки дар ҷустуҷӯи Наимҷон гашта, посухи суоли мухлисонашро гирем. Ӯ ба консерти дар пешистодааш, ки рӯзи 31 декабр дар Кохи Лоҳутии шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мегардад, омодагӣ медиду фурсати каме дар ихтиёр дошт. Аммо ба хотири хонандагони азизи ҳафтаномаи “Дилкушо” ӯ пораеро аз ҳамин вақти гаронбаҳои хеш ҷудо намуда ба идораи ҳафтанома омад ва ба мухлисонаш паёми меҳрубониашро эҳдо намуд.

“Саломи худро ба бародари азизам Наимҷони Саидалӣ мерасонам. Ҳаргиз овози нотакрораш хаста нашаваду Худованд умри дарозаш ато бикунад. Акаи Наимҷон, барои чӣ Шумо сарпарасти худро боре ҳам номбар намекунед? Мухлиси ашаддиатон Мадина аз н. Ёвон».

-Салом, хоҳари азиз Мадина. Барои таваҷҷӯҳу орзуҳои некатон изҳори сипос мекунам. Дар мавриди саволатон  гуфтанӣ ҳастам, ки сарпарасте надорам, ки номбар намоям. Сарпарасти мо, ҳунармандон, кулли мардуми азизамон мебошанд, яъне аз ҳисобу тӯю маъракаҳо худро сарпарастӣ мекунем.

“Салом ба ҳафтаномаи “Дилкушо”, мо мухлисони ашаддии сарояндаи маҳбуби дилҳо Наимҷони Саидалӣ ҳастем. Ба ин сарояндаи хушовоз комёбиҳо орзумандем. Наимҷон, кадом саволи рузноманигорон шуморо писанд нест?  Сангалӣ Раҳимов , аз ш. Норак”.

-Бародар, ба андешаи ман рӯзноманигорон саволи нописанд надоранд. Ман ҳамеша ба ҳамааш бемалол ҷавоб мегардонам. То ҳол аз суоли нафаре аз онон нороҳат нагаштаам.

“Саломи худро ба бародари меҳрубон Наимҷони Саидалӣ мерасонам. Ман мухлиси ашаддии сурудҳои акаи Наимҷон мебошам. Аз акаи Наимҷон хоҳиш дорам, ки нахустконсерти худро дар ш. Хуҷанд барпо намоянд. Мехоҳам ҳамеша дар саҳнаи ҳунар бошед, овози фораматон хаста набошад,  акаҷон.   Хушнуда, аз Хуҷанд”.

-Шумо боре дар ш. Хуҷанд консерт баргузор кардаед?

-Хоҳарам Хушнуда, рости гап, то ҳол дар ин шаҳр консерти худро баргузор накардаам. Насиб бошад? баъди Соли Нав дар Хуҷандшаҳр  низ консерти худро баргузор карданӣ ҳастам.

“Салом, ҳафтаномаи “Дилкушо”!  Мегӯянд, ки Наимҷони Сайдалӣ дар арафаи Соли Нав оиладор шуданӣ аст? Ба ин суолам худи Наимҷон посух гардонад”.

-Айни ҳол оиладор шуданӣ нестам. Аммо дар арафаи Соли Нав консерт баргузор карданӣ ҳастам ва ҳамаи мухлисони азизамро рӯзи 31-уми декабр, соати 14.00 дар толори Кохи Лоҳутии шаҳри Қурғонтеппа ба ин нишасти пур аз меҳру самимият даъват мекунам.

-Мегӯянд, ки ин навбат марди саховатпешае аз ш. Қурғонтеппа консерти солинавиии Шуморо сарпарастӣ мекунад?

-Инашро дуруст гуфтаанд. Аммо як мард неву якчанд мардони саховатпешаи шаҳри Қӯрғонтеппа, ки барои рушди ҳунари миллати тоҷик бетараф нестанд ва барои он чизеро дареғ намедоранд, сарпарастони асосии ин консерти ман мебошанд. Яъне, консерти ман бо дастгирии студияҳои “Юсуф”, “Эҳсон” ва “Ёсуман” баргузор хоҳад шуд, ки пешакӣ аз эшон миннатпазирам.

-Ба фикри Шумо, манбаи илҳоми сарояндагон ҳатман дард аст?

-Манбаи илҳом дар ҳар давру замон вобаста ба шароиту вазъияти шахси эҷодкор мешавад. Баъзан метавонад ҳатто дард ҳам бошад, баъзан чеҳраи зебои дилбари тоҷик, як вақти дигар меҳру муҳаббати нисбати модар, Ватан ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон доштаи кас илҳом меоварад.

-Мегӯянд, ки сарояндагон ҳар вақт ошиқ мешаванд ё ки ба ҳамон дилбари пешина боз ҳам ва ҳар рӯз ошиқтар мешаванд?

-Чӣ тавре ки дар боло қайд кардам, ошиқӣ чанд намуд мешавад.  Ва ишқ ба суроғи ҳар нафар новобаста аз касбу кораш дар як вақте меояд, ки интизораш набошӣ. Агар шумо ошиқӣ ба дилдодаро дар назар дошта бошед, ба ӯ як бор бояд ошиқ шуд, на ҳар рӯз.

-Дар арафаи Соли нави 2014 чӣ гуна тӯҳфаро интизоред?

-Тӯҳфаи беҳтарин барои ҳар як ҳунарманд, ин таваҷҷуҳу дастгирии мухлисони азизаш аст. Ман ҳам аз ҳаводорони ҳунари хеш дар рӯзи консерти хеш дастгириву таваҷҷӯҳу қадршиносиашонро интизорам.

— Ва ҳамзамон нияти тақдим кардани туҳфаро ба касе доред?

-Албатта, чунин ниятҳо зиёданд. Тӯҳфаи аввалинам дар ин замон он аст, ки рӯзи шанбе клипҳои навам таҳия  гардид. Консерти дар пешистодаам низ тӯҳфаи солинавии ман барои тамоми ҳамватанон ва мухлисони азизам мебошад. Ҳамчунин ният дорам, ки дар арафаи Рӯзи Модар дар моҳи март барои мухлисони азизам, хоса модарон, ҳамчун тӯҳфаи идона консерти худро пешкаш созам.

-Орзуҳои солинавии Шумо ба мухлисонатон?

-Орзу дорам, ки мардуми азизи кишварам ва кулли мухлисонам дар арафаи Соли нави милодӣ ва ҳама рӯзи зиндагӣ доимо сарсабз, хонаобод, шукуфтадилу шукуфтарӯй, сафедбахт бошанд.  Муваффақияти бештареро дар рӯзгору фаъолияташон хоҳонам. Сарбаландии шумо,  ихлосмандони азизам орзуи ҳамешагии ман аст.

-Ташаккур барои чунин як сӯҳбати  самимӣ. Шумо низ дар ин Соли нав сарбаланду муваффақ бошед ва консерти дар пешистодаатон барору кушоишро хоҳонем. Бигзор дар толори Кохи Лоҳутӣ дар он рӯзи консерти  Шумо ҷойи сӯзанзанӣ ҳам набошад.

СОЛИ НАВ МУБОРАК БОШАД!

Баҳром Ғафурӣ: “Дар хонадонатон нури умед фурӯзон бошад!”

Соли 2013 барои ман соли бобарор буд. Ба наздикӣ клип-таронаи ҷадиди худро бо номи “На–на, нару”  дар шаҳри Маскав таҳия намуда, тариқи барномаи “Ҷилваи ҳунар”-и ТВС бори нахуст пешкаши мухлисони азизам гардонидам, ки хеле гарм аз он пазироӣ намуданд. Ҳамчунон кӯлвори суруду таронаҳои тозаи худро тартиб додам ва ба наздикӣ албоми ҷадиди худро таҳия ва пешкаши мухлисон хоҳам кард. Аз ин фурсати мувофиқ истифода намуда, сараввал падарҷону модарҷони азизам ва баъдан тамоми мухлисони ҷоноҷони худро бо омад-омади Соли нави мелодӣ муборакбод мегӯям. Барояшон бахту барору комёбиҳои беназирро таманно дорам. Бигзор дар хонадони ҳамаатон ҳамеша нури умед ба ояндаи дурахшон фурӯзон бошад. Зинда бошед, азизонам! Баҳром ҳамеша бо Шумост!

Муқимҷон Абдуфаттоев: “Ҳамеша барои хандидан сабаб ёфта тавонед”

Соли 2013 барои театр-студияи “Хандинкамон” беҳтарин сол буд . Аввалан мо 10-солагии таъсисёбии театр-студияро ҷашн гирифтем. Аз ҷониби давлат, мақомоти иҷроияи вилояти Суғд заҳматҳои мо қадрдонӣ гардиданд ва аз тарафи Вазорати фарҳанг ҳунармандони мо бо медалу нишонҳои фахрӣ ва унвони “Аълочии фарҳанг” сафароз гардонида шуданд. Ният дорем, ки бахшида ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз як видео-филми ҳаҷвиро бо номи “Хӯшаҳо аз гӯшаҳо” ҳамчун армуғони идона пешкаши мухлисони ҳаҷву ханда созем.  Барои ҳамаи хонандагон, ҳамаи мухлисони театр-студияи “Хандинкамон” пеш аз ҳама таманнои онро дорам, ки  лабонашон ҳамеша пурханда бошад ва  муҳимтар аз ҳама барои хандидан сабаб пайдо карда тавонанд.  Ҳамеша кушодачеҳра бошанд, дар соли нави омадаистода, дар соли саманди бодпо бигузор корҳояшон мисли саманд ҳамеша ба пеш бошад!

Нигина Амонқулова: “Соли саманд ба хонадонатон файзу нусрати азалӣ биёрад!”

Соли 2013 бештар аз он ҷиҳат бароям хотирмон буд, ки ман консерти нахустини худро бо номи “Салом, азизам”  барпо намудам ва шукронаи Парвардигор, ки он бо муваффақияти зиёд  анҷомид. Умед мебандам, ки соли 2014 низ бароям соли пурбаракат ва хотирмон хоҳад буд. Бигузор дар соли саманд файзу нусрати  азалӣ дар хонадони якояки Шумо ҷойгузин бошад. Ошиқ шавед, дӯст доред ва ба зиндагӣ хушбин бошед. Соли нави мелодӣ муборак!

Дилноза Каримова: “Қудуми Диёрбеки азизам нек будааст”

Соли 2013 соли пур аз талошҳо, соли сафарҳои ҳунарӣ, як соли пур аз файзу баракат буд бароям. Гумон мекардам, ки пас аз тавлиди Диёрбек ташвишҳоям зиёд мегардад ва аз эҷодиёт дур мемонам. Аммо писаракам ба пою қадам будааст, дар давоми сол пайваста сурудҳои нав эҷод намудам, якчанд сафарҳои ҳунарӣ доштам. Ҳатто дар арафаи Соли нави мелодӣ ман имсол дар сафар ҳастам. Аз сафарҳои ҳунарӣ вақте бармегардам, Диёрбек ҳатман як калимаи навро аз худ карда, маро хурсанд мекунад. Ҳамаи ҳамватанони азизамро бо соли асп муборакбод мегӯям. Мисли саманди сафед роҳашон ҳамеша сафед ва комёбиҳои беназир думболагирашон бошад!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: