• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

АСАЛ ШОДИЕВА: БО МУҲАММАДҶОН РАҲМОНОВИ ТОҶИК БА АВРУПО МЕРАВАМ

Асал Шодиева - Мухаммадчон Рахмонов

Асал Шодиева — Мухаммадчон Рахмонов

Ҳунарманди ҷавони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асал Шодиева 19 апрели соли 1992 дар ш. Тошканд ба дунё омада, мактаби миёнаро низ дар ҳамин шаҳр ба итмом расондааст. Ҳангоми наврасиаш дар ансамбли бачагонаи “Настарин” фаъолият намуда, соли 2005 дар фестивал озмуни “Янги авлод” иштирок намуд ва сазовори ҷои намоён гашт.

Сипас факултаи мусиқии Донишгоҳи Миллии Ӯзбекистонро муваффақона хатм намуда, соҳибихтисос гардидааст. Мо дарак ёфтем, ки ин духти олами ҳунар дар филми ҷадиди Муҳаммадҷон Раҳмонов нақши асосиро бозида, аз он нақши хеш қаноатманд аст. Ва ният дорад, ки дар оянда низ ин ҳамкориҳоро давом хоҳад дод.

 -Салом, Асал. Дар сомонаи «Одноклассники» шумо бо мухлисонатон бисёр сӯҳбатҳои гуворо мекунед.

-Салом, аммо ман дар ин сомона нестам ва он нафарон мухлисони ман  мебошанд, ки аз номи ман сайт кушодаву бо ихлосмандони ҳунарам суҳбат анҷом медиҳанд. Рости гап, асосан ба кору эҷод машғулам ва дақиқае вақти бекорӣ барои “Одноклассники” надорам.

-Шуғли писандидаатон ҳангоми бекорӣ?

-Чи хеле ки гуфтам, бароям вақти бекорӣ вуҷуд надорад. Аммо вақте дилгиру хаста мешавам, суруд мехонам ва оҳанги ба дил наздикеро гӯш мекунам.

ӣ гуна инсонҳоро қадр мекунед?

-Инсонҳои поку ростгӯй бароям азиз ҳастанд.

-Шумо оиладор ҳастед?

-На, ҳоло мехоҳам дар ҷодаи ҳунар мавқеи хешро мустаҳкам намоям ва сипас дар ин бора фикр намоям.

-Дар зиндагӣ бароятон аз ҳама чизи муҳим кадом аст.

-Бароям аз ҳама муҳим албатта дар вақти муайяне бунёд намудани оилаи солим ва ба дунё овардану накӯ тарбият намудани фарзандони солеҳу фарзона аст. Орзуҳои нек илоҳо ҷомаи амал пӯшанд.

— Кадом забонҳоро балад ҳастед?

-Забонҳои  русӣ, англисӣ ва ӯзбекиро медонам.

— Аз маълумоти ба дастовардаам дарёфтам, ки дар бисёр филмҳо нақшҳои ҷолибе офаридаед?

-Бале, дар филмҳои ӯзбекии – «Жаноб Ҳечким», «Уйланиш», «Адашган совчилар», «Қалб кӯзи», «Пойма-пой», «Ҳай-ҳай қизалоқ», «Салом, севги. Хайр, севги», «Хавфли саргузашт», «Учар қиз» ва филми тоҷикии “Оташи ишқ”-и эҷодкори ҷавон Муҳаммадҷон Раҳмонов нақши асосиро бозидаам. Фикр мекунам, ин яке аз беҳтарин нақшҳоям аст. Ҳамкорӣ бо ин коргардони сермаҳсул маро писанд аст.

-Шумо дар оянда низ бо ӯ нияти ҳамкориҳо доред?

-Албатта, ин ҳамкориҳои мо акнун  давомдор хоҳанд шуд. Тибқи шартномаи ҳамкории тарафайн, ният дорем, ки барои ба наворгирии филми ҷадиди ӯ “Фарзанд” ба наздикӣ ба сафари Аврупо биравем.

-Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки шумо мехоҳед тарки “Ӯзбеккино” ва умуман олами ҳунар намоед?

-Маро барои дар ин ҷода қадам ниҳодан касе маҷбур накардааст. Актриса шудан орзуи ҳамешагии ман буд. Магар инсон метавонад аз орзуҳои ширини хеш даст кашад? Фикр мекунам, давраи аз ҳама сермаҳсулу ҷолибтаре дар ҷодаи ҳунар маро оғоз гардидааст, на фурсати тарки он.

-Саломат бошед. Амалӣ гардидани ниятҳоятон орзуи ҳамешагии мо ва хонандагони “Дилкушо” хоҳад буд.

 МУҲАММАДҶОН РАҲМОНОВ БА АВРУПО МЕРАВАД

Филмсозӣ яке аз соҳаҳоест, ки таваҷҷуҳи ҷавононро зиёд ба худ ҷалб мекунад. Муҳаммадҷон Раҳмонов низ аз зумраи ҷавонони эҷодкорест, ки баҳри рушду равнақи филмсозӣ дар Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи филмҳои тоҷикӣ талош меварзад. Ӯ дар фосилаи начандон тӯлонӣ тавонист чанд филм офарида, бо сужаву сенарияҳои навоваронаи хеш бинандагонро мафтун созад.

Имрӯзҳо бисёриҳо аз тамошои филмҳои ӯ лаззат бурда, чашмдори офаридаҳои ҷадидаш ҳастанд. Филмҳои  “Нотарс” ва “Биҳиштӣ” ӯро дар байни мардум шинохта гардонданд. Ва ба наздикӣ филми нави ӯ — “Оташи ишқ” дар ҷумҳурии ҳамсоя дар якҷоягӣ бо ҳунарманди ӯзбек, нозаниндухтар Асал Шодиева ва чанде дигарон ба навор гирифта шуд.

-Салом, Муҳаммадҷон. Дар ин фасли гармо чӣ ҳол доред?

-Барои шахси эҷодкор гармиву сардии ҳаво таъсири манфие надорад. Ҳар фасл ба ӯ таассуроти нотакрори худро мегузорад. Ман ҳам дар ин рӯзҳо танҳо машғули эҷод ҳастам ва дар сарам нақшаву ниятҳои зиёдеро тарҳрезӣ кардаам.

-Дар бораи филми охирине, ки ба навор гирифтаед, мехостем маълумоте дошта бошем. Онро дар куҷо сабт кардед ва дар нақшҳои асосӣ киҳоро ҷалб кардед?

-Чи хеле ки ба шумо дар сӯҳбатҳои пешин гуфта будам, ин филми “Оташи ишқ” буда, якҷоя бо ҳайати эҷодии “Ӯзбеккино” ба навор гирифта шуд ва дар он ҳунармандон Асал Шодиева, Наргиза Салмонова ва ҳунарманди тоҷик Раҷаб Ҳусейнов нақш офаридаанд. Нақши асосиро дар ин филм ҳунарманди  “Ӯзбеккино” Асал Шодиева офарида, ҳамаро мафтун сохт.

Ва аз ин сабаб шумо ӯро ба филмҳои минбаъдаи хеш ҷалб карданӣ ҳастед?

-Бале, ӯ нақши ба ӯҳда доштаашро бо як маҳорати хос ва  мувофиқи талаботи давру замон бозида, маро дар ҳайрат гузошт. Аммо довари асосӣ тамошобин аст ва насиб бошад, зимни тамошои филм инро собит месозад.

-Робитаи Шумо бо Асал Шодиева фақат робитаи эҷодӣ буд ё худ муносибатҳои наздиктаре Шуморо ба ҳам пайванд месозанд?

-Моро бо Асал Шодиева бисёр чизҳо мепайвандад.

-Баъди “Оташи ишқ” боз ягон филми дигарро ба навор гирифтед?

-Бале, филми “Номеҳрубон” дар арафаи коркард аст ва сенарияи филми “Фарзанд” низ омода буда, дар Аврупо ба навор гирифта мешавад.

-Аз рӯи шунидам, муаллифи сенарияи “Оташи ишқ” низ худатон ҳастед, шумо онро аз назари мутахасисони соҳа низ гузарондаед?

-Бале, пеш аз таҳияву банаворгирии филми мазкур онро ба коргардонҳои машҳури  “Ӯзбеккино”  Дониёр Аъзамов ва Абдувоҳид Ғаниев пешниҳод намуда, фикру ақидаҳояшонро низ ба назар гирифтаам.

-Ҳамзамон чанд филмро таҳияву таҳрир кардан ва ба навор гирифтан, дар нақшҳои асосӣ образ офаридан шуморо душвор нест? Аз куҷо ин қадар нерӯ пайдо мекунед? Шумо ширкатҳои филмсозии Болливуди Ҳиндустонро ҳам гузарондед-ку.

-Ташаккур, аммо барои то ба дараҷаи филмсозии Ҳиндустон расидан хеле зиёд меҳнат бояд кард.

-Худованд ҳамчунин барои ҳалли кулли мушкилиҳоятон мададгор бошад.

-Неруву  тавонмандиро ба ҳар як инсон новобаста аз касбу кораш албатта Худованд медиҳад. Барои ман ҳам неруву матонатро Худо додааст ва ҳамчунин дар хунам ҳаст.

-Чаро боре дар нақши манфӣ худро намесанҷед?

— Агар умр вафо кунад ва аҷал амон диҳад, дар ин нақш низ худро хоҳам санҷид. Зеро барои ҳунарманд нақши манфиву мусбат вуҷуд надорад. Ҳамааш нақш аст ва бояд бибозид.

-Чӣ сабаб аст, ки дар филмҳоятон чеҳраи шумо ҳамеша олудаи дард аст?

-Олудаи дард? Беҳуда нагуфтаанд, ки “зиндагӣ оинаро мӯҳтоҷи хокистар кунад”. Яъне ман худ дар зиндагӣ азоби бисёр дидаам. Мегӯянд, ки кори садаспа баъзан ба якаспа меафтад. Ин зиндагӣ косаи давр аст, гоҳ ин тавру гоҳи дигар ба таври дигар давр мезанад. Ана ҳамин ноамниҳои зиндагӣ олудаи дардам кардааст.

-Саломат бошед, ташаккур барои сӯҳбати гуворо.

«Дилкушо”

Ҳангоми истифода аз маводҳои блог истинод ба маҷаллаи «Дилкушо» ҳатмӣ аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: