• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ВАЛИҶОН АЗИЗОВ: ШӮҲРАТ БАРОЯМ ОСОН БА ДАСТ НАОМАДААСТ

Ноздонаи хонадон

Ненси Ачрам - Валичон Азизов

Ненси Ачрам — Валичон Азизов

Табиати биҳиштосову афсункори кӯҳистон, боду ҳавои тоза, гулу гиёҳҳои шифобахш ва обҳои софу зулоли деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ  ба ӯ накҳату ғановати афзун бахшида, садои форамаш ато кардаанд. “Ӯ аз хурдӣ ноздонаи хонадон, писари кенҷагии оила  буд.  Ҳама ба суханҳояш гӯш медоданд. Падар ба хона бозичаву ҳар гуна тӯҳфаҳо меоварданд, мошини аз ҳама зебову калон насиби Валиҷони эркаю чарогӯяк мегардид”, — нақл мекунад бародараш Абдуҷалил Азизов.

Барои хотири шабзиндадориҳо….

Гӯё дар назари аввал ҳама чиз барояш осон ба даст омадааст, ҳам шӯҳрат, ҳам маҳбубият ва ҳам обрӯву эътибор. Зеро гурӯҳи  овозадори “Эҳсон” дар муддати хеле кӯтоҳ тавонист дар дилу дидаҳои дӯстдорони созу наво роҳ ёбад. Баробари рӯйи саҳна омадани ду ҷавони гармчеҳра ва садо додани оҳанги таронаи “Гулбадаст” саҳнаи дилҳо рӯшан мегардид. Аммо ба ақидаи худи Валиҷон шӯҳрату маҳбубият барояш он қадар осон ба даст наомадааст. Қаҳрамони мо ҳар бор чун пушти дари ҳамсоя бо мақсади ҳамагӣ барои соатаке пурсидани рубоб шабзиндадориҳояшро ба ёд меорад, боз ҳам шукронаи атои Парвардигор, яъне ҳунар мекунад.

Қиссаи  “Фариштаи ман”

-Дар зери чанд навоҳанги Шумо бо навиштаҷоти “оханги Валиҷон Азизов” рӯ ба рӯ шудам. Ба оҳангсозӣ низ майл доред?

-Бале, барои якчанд таронаҳоям худ оҳанг бастаам ва умуман эҷодкор бояд аз ҳама ҳунарҳо кам-кам баҳравар бошад.

-Сари такмили як оҳанг шудааст, ки чанд рӯз бехобӣ кашида бошед?

-Оре, баъзан ҳафтаҳову моҳҳо барои такмили як оҳанг вақт сарф мешавад. Масалан барои пурра омода шудани як таронаи “Фариштаи ман” (“Мой ангел”) мо ҳамроҳи такмилгарон ду моҳ зиёд азият кашидем.

-Воқеан, клипи ин таронаро дидам, писандам омад. Як кори тоза, сабти хуб. Донистан мехоҳам, ки “фариштаҳо” аз он чӣ гуна истиқбол карданд?

-Хеле хуб истиқбол карданд. Дар сомонаҳои интернетӣ ҳама рӯз мухлисон фикру ақидаҳои худро бобати ин клип баён месозанд, ман аз ин сарфарозам.

“Ба қадри ҳар чароғи давра мебояд расид имрӯз”

-Имрӯз бисёре аз сарояндаҳои ҷавон пайгири суханҳои соддаву сабук ҳастанд. Валиҷон дар интихоби шеъру суханҳо ба кӣ такя мекунад?

-Кӯшиш мекунам, ки аз эҷоди устодони сухан  шеър интихоб кунам ва дар ин роҳ ба саводи худ такя мекунам. Бештар матнҳои мушкилу лирикиро меписандам. Якчанд сурудҳои тозаро аз эҷоди устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ омода намудам, ки иншоллоҳ рӯзҳои наздик пешкаши тамомиён месозам.

-“Очата бигӯ, мӯйи тура шона кунад…”. Чанд сол қабл мо шоҳиди он будем, ки чӣ гуна ин суруд дар гӯшу ҳуши мардум ҳалқа зада буд. Чӣ гуна тавлид шудааст хамин суруд ?

-Сарчашмаи ин суруд аз халқ аст. Банда аз хурдӣ мухлиси ин суруд будам ва ҳамеша онро дар пеши устоди аввалинам замзама мекардам.  Баъди солиёни зиёд маро муяссар гардид, ки ин сурудро такмил намуда, бо услуби замонавӣ сароям.

Стайли Валиҷон

-Либоси ҳар як сароянда, фикр мекунам, ин нишондиҳандаи завқу дид ва симову ҳунари ӯ мебошад. Валиҷон бемори брендҳои гуногун аст ё худ пеша мекунад хоксориро?

-Ҳар як ҳунарманд бояд имиҷи хосаи худро дошта бошад. Банда бемори брендҳо нестам, аммо кӯшиш мекунам либосеро рӯйи саҳна ба бар кунам, ки хоси Валиҷон Азизов бошад.

-Дар симои фарзандон идомадиҳандаи касби падарро мебинед ?

-Фарзандони ман ҳанӯз хеле хурд ҳастанд ва  агар мабодо ягон нафарашон пешаи падарро интихоб кунад, зид намебароям.

-Чаро ҳар дидор замзамаи ишқ мекунед?

-Чаро ки ман доим ошиқ ҳастам. Ишқ ҳадяест аз нури Илоҳӣ ва шахси эҷодкор агар ошиқ набошад, илҳомаш намеояд.

Ненси Аҷрам: МАН АЗ ТАНҲОӣ МЕТАРСАМ

Бо ҳунари нотакрори хеш Ненси кайҳост, ки дили ҳазорон нафар ҳаводорони хешро тасхир намудаву дар ҷодаи ҳунар мавқеи ба худ хосро соҳиб гардидааст. Садои фораму маҳин, ҳаракатҳои ғайриоддиву танҳо хоси худаш ӯро машҳури олам гардонд. Ӯ ҳанӯз дар синни 15-солагиаш  нахустин албоми сурудҳояшро бо номи «Ту ба ман даркорӣ»  пешкаши роғибонаш намудааст. 

Марвориди Шарқ

Ӯ месарояд, мерақсад он қадар самимиву заминӣ, он қадар шӯху бебок, он қадар дилкашу афсунгар. Имрӯзҳо сабти клипҳои ӯро дар тамоми шабакаҳои телевизионии дунё намоиш медиҳанду ин барояш шӯҳрати ҷаҳонӣ овардааст. Ненсиро гоҳо “серхаридортарин ситораи олами ҳунар” ва гоҳи дигар “Марвориди Шарқ” мехонанд.

Дар синни 18-солагиаш ӯ аллакай соҳиби  ҷоизаи «Сарояндаи беҳтарини Шарқ»  гаштааст. То ба имрӯз қаҳрамони мо зиёда аз 10 албоми мукаммали сурудҳояшро таҳия намуда, бо бисёр забонҳо тарона сароидааст.

Рӯйи саҳна ва паси пардаи ҳунар

-Дар ҷое хонда будам, ки Ненси зиёда аз 18 ҷарроҳии пластикиро аз сар гузаронидааст, рост бошад ин?

-На, аслан ин нодуруст аст. Ман дар зиндагиам ҳамагӣ 4 ҷарроҳиро аз сар гузаронидаам, ки танҳо яктои онҳо ҷарроҳии пластикӣ буду халос.

-Рост аст, ки дар оғоз Шумо ба худ зоҳиран писанд набудед?

-Ман аз хурдӣ қаду қомати мавзуну расо доштам, аммо ягона чизе, ки маро дар ташвиш мегузошт, ин фарбеҳии рӯям буд, аз ин лиҳоз ман рӯ ба ҷарроҳии пластикӣ овардам.

-Мегӯянд, баъд аз ин Шумо куллан тағйир ёфтед, ҳатто хешу таборон Шуморо нашинохтанд?

-Бале, тағйирот хеле зиёд буд, аммо наздиконам  зуд ба шакли нави ман одат карданд.

-Марди идеалӣ аз нигоҳи Ненси?

-Марди ҳақиқӣ аз нигоҳи ман бояд саховатманд, меҳрубон ва хоксор бошад.

Бо кӣ дуэт хондан мехостед?

-Бо сарояндаи рус Филлип Киркоров.

-Шуморо “Марвориди Шарқ” меноманд, оиди ин чӣ андеша доред?

-Ин тахаллус бароям бениҳоят писанд аст. Умуман, дар зиндагӣ  хеле муҳим аст, донистани оне, ки ту ба касе даркор ҳастӣ  ва бо ҳама камбудиҳову норасоиҳоят ҳастанд нафароне, ки туро дӯст медоранд.

-Зимни эрод гирифтани баъзе аз нафарон тезгуфторед ё ки ҳамаро таҳаммул месозед?

-Ман эроди устодонро зимни хатогиҳоям дар саҳна қабул медорам, ҳазм мекунам ва умуман худ дар зиндагӣ шахси сабур ҳастам ва ҳама чизро таҳаммул карда метавонам.

-Барои мухлисони ҳунари худ чӣ ҳарфи гуфтание доред?

-Дунёи ман имрӯзу ҳар рӯз бо мусиқӣ тавъам аст. Гуфтаниҳо зиёд дорам, аввал  ин ки дӯсташон медорам ва ҳамеша муштоқи дидорашон ҳастам. Бигузор таронаҳои Ненси дар фазои хонадонашон ҳамеша танинандоз бошад. Ман ба муҳаббати  Шумо мӯҳтоҷам.

«Дилкушо”

Ҳангоми истифода аз маводҳои блог истинод ба маҷаллаи «Дилкушо» ҳатмӣ аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: