• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

«ИШҚ ВА ҶАЗО»-И ЗИНДАГИИ НУРГУЛ ЕШИЛЧАЙ

Нургул Ешилчай - Сирочиддин Фозилов

Нургул Ешилчай — Сирочиддин Фозилов

Нургул Ешилчайро тамошобинон дар силсилафилми туркии «Ишқ ва ҷазо» дар нақши Ясмини нилгунчашм дида мафтуну шефта гардиданд.  Дар ин филм Ясмин дар арафаи ҷашни арӯсиаш азизи дили хешро бо каси дигар дида, дилаш аз зиндагиву ишқу муҳаббат сард мегардад.

Гарчи ӯ ба падари хеш ваъда карда буд ки то рӯзи арӯсиаш бокирагии хешро аз даст нахоҳад дод, аммо хиёнати маҳбуби дилаш ӯро водор месозад, ки бо ҷавони тасодуфие дар тарабхонае вохӯрда, шабро дар бистар бо ӯ рӯз кунад. Гарчи ин ҳисси интиқоми ишқ ба Ясмин гаронӣ мекунад ва аз ин вохӯрии тасодуфӣ ӯ ҳомиладор мешавад, вале ӯ бо матонати хеш ва иродаи қавиаш ин ҳамаро паси сар менамояд.

Писари дӯстрӯяш Умар, ки ҳосили алоқаи тасодуфиаш бо Саваш Балдар буд, зиндагии Ясминро рангу ҷило бахшид. Ва ниҳоят, будани ин тифл ӯро бо Саваш ҳамқисмат мегардонад. Нақши Ясмини матиниродаро дар ин филм Нургул Ешилчай хеле бомаҳорату табиӣ бозида, дар  дили тамошобинон ҷой гирифт.

Зиндагиномаи Нургул

Нургул Ешилчай 26 марти соли 1976 дар ш. Афёни Туркия таваллуд ёфта, бори нахуст ба саҳнаи кино соли 1998 қадам ниҳод. Ӯ яке аз шӯҳратмандтарин ҳунарпешагони Туркия маҳсуб меёбад. Насабаш Ешилчай маънии «чойи кабуд»-ро дорад. Пас аз хатми донишгоҳи театрӣ муддате дар театр фаъолият мекунад ва дар намоишномаи «Гамлет» нақши Офелияро мебозад. Айни замон Нургул дар филми “Шаб” нақши духтари руҳан беморро меофарад. Ӯ дар ҳама нақш зебову мафтункунанда аст ва метавонад бо нақши муассири хеш бинандаро мафтуни хеш созад.

Соли 2004 қалби ҳасоси ин санами сабзчашмро актёр, продюсер Ҷем Ёзер ба даст меорад ва дере нагузашта онҳо издивоҷ мебанданд. Соли 2005 соҳиби писарчаи дӯстрӯяке бо номи Усмон Наҷот мегарданд. Аммо соли 2010 бо сабабҳои номаълум ин ҷуфти зебо аз ҳам ҷудо мешавад. Дар синамо аввалин нақши худро дар филми туркии «Ҳамааш хуб мешавад» офаридааст.

Бо дӯстдоштаам аз хона гурехтам

-Шумо ишқи нахустини хешро ёд доред?

-Бале, дар айёми наврасиам ишқи зебое доштам. Ба наздикӣ дар шаҳри Измир маро касе садо кард. Ба қафоям нигарам, ҳамон ишқи бачагиам аст.

-Албатта бо ӯ муҳаббати сӯзоне доштед?

-Ману ӯ танҳо дасти ҳамдигарро қапидаему халос. Зеро он замонҳо хеле хурд будем.

-Шуморо он лаҳза чӣ ҳиссиёте фаро гирифт?

-Ман хеле мутаҳайир шудам ва ӯро қариб нашиносам. Зеро ӯ ишқи фаромӯшшудаи ман буд. Ҳангоми 16-солагӣ ман бори дигар ошиқ шудам. Аммо волидонам муқобили ин ишқи ман буданд. Мо девонавор якдигарро дӯст медоштем ва алорағми хоҳиши волидони тарафайн мо аз хона фирор кардем. Онҳо мехостанд, ки мо аввал ба донишгоҳ дохил шуда, сипас дар фикри бунёди оила шавем. Аммо ишқ сабру таҳаммулро аз мо рабуда буд. Муддате дар Нарлидер дар як утоқи бешароит зистем. Дар ҳавои сард шароити гармкунии он хонаро надоштем ва азизи дили ман ба бемории сил мубтало гардид.

Қиссаи хеле аҷиб…

-Бале, қиссаи ғайриоддӣ. Ошиқи бемори ман дар бемористон бистарӣ гашту ман ба хонаамон баргаштам ва шаппотии аввалини падарам дар рухсораи ман нақш баст. Ба бемористон назди ӯ рафтанро падараш барои ман манъ карда буд. Хеле зиёд хоҳиши диданашро доштам ва мехостам, ки ман ҳам аз бемории ӯ сироят ёбам. Гуруснанишинӣ мекардам ва ҳар гоҳе аз ташхис гузашта суол мекардам, ки сироят ёфтаам ё не. Аммо ман комилан солим будам.

-Ва бо ҳамин ишқи шумо хотима ёфт?

-Бале, ӯро падараш ба Амрико фиристод ва мо ҳамдигарро гум кардем.

-Шумо боре ба саҳифаҳои интернетии ошиқони пешинаатон таваҷҷӯҳ мекунед?

-Ин кори аблаҳӣ аст. Барои чӣ ишқи пешинаро меҷустаам? Ишқи пешинаро бояд ба қафо гузошт.

-Рост аст, ки боре шуморо ба тарабхонае роҳ надодаанд?

-Ҳафтаи гузашта бо дӯстонам дар тарабхонаи «Paper Moon» мехостем ғизои пешин тановул кунем. Аммо маро бо сабаби либоси варзишӣ доштанам нагузоштанд, ки вориди он шавам.

-Албатта, хеле аламовар буд?

— Не, танҳо хандаовар буд.

— Дар образи манфӣ нақш офаридан мехоҳед?

-Агар пешниҳоди идея хуб бошад, барои чӣ не?

— Наметарсед, ки сафи мухлисонатон кам мешавад?

-Не, албатта. Мухлисон ҳунари маро пазируфтаанд ва ба гумонам ҳунарманди воқеӣ бояд дар ҳама гуна нақш беҳамто бошад. Образҳои манфӣ низ ба хотири тарбияи ҷомеа офарида мешаванд. Зеро дар аксари филмҳо оқибат некӣ ғалаба мекунад.

Мегӯянд, ки дар филми “Шаб” нақши духтари руҳан бемореро мебозед…

-Дар ин филм ман ҳамроҳи қаҳрамони худ Сюсен, як духтараки азоби тақдирдида, хеле зиёд азоби руҳӣ мекашам. Пеш аз он ки ин нақшро офарам, чандин китобҳоро варақ задам, бо табибони равоншинос ҳамсӯҳбат гаштам. Яъне барои офаридани ин нақши душвор пешакӣ омода гаштам. Нахустнамоиши ин филм дар санаи 15 ноябри баргузор гардид ва ман то чӣ андоза мақбули дили тамошобинон гардидани онро ба шумо наметавонам баён созам.

-Агар баъди 10 сол писаратон Наҷот аз шумо суол кунад, ки чаро саҳнаҳои шаҳвониро низ бозидаед, ба ӯ чӣ ҷавоб хоҳед гуфт?

-Ман ба вай мегӯям, ки ин касби ман аст ва ман дар он ягон зарра норавоиро намебинам.

— Дар зиндагӣ барои Шумо чӣ аз ҳама муқаддас аст?

Албатта пеш аз ҳама оила, дӯстон ва виҷдон.

 Сироҷиддин Фозилов: МОДАРАМ ДАР ҲАМА ҶОДА УСТОДИ МАНАНД

Қиссаи ҷавони кулоҳбасар

Оғози соли 2000 шунавандагони радиои “Садои Душанбе” бори нахуст бо як садои  ширину дардолудаи ҷавони ҳунарманд ошно гаштанд, ки таронаи дилангезеро замзама менамуд. Ин тарона таронаи “Ҳаргиз” буд, ки мардум онро бо шавқу ихлоси зиёд пазируфтанд ва соҳиби ин садоро ҷӯё шуданд. Бо  қиёфаи андешаманд Сироҷиддин Фозилов аз лаҳзаҳои аввалини рӯйи саҳна омаданаш тавонист диққати атрофиёнро ба сӯи худ ҷалб кунад. Ҳама ба ӯ гӯш медоду  ҳавас мекард ва барои ҳар нафар аҷиб буд кӣ  ва аз куҷо будани ин ҷавони кулоҳбасар. Образи романтикии ӯ, сурудҳои ошиқона ва садои дилфиреби Сироҷиддин дардхӯри армонҳои ҷавонҳои навқадами пайроҳаи ишқ аст.

Эҷодкори асил

Ҳанӯз аз қадамхои аввалинаш рӯйи саҳна Сироҷиддин оҳанг эҷод мекунад. Ӯ на танҳо барои худ, балки барои як қатор ҳунармандони шинохтаи ватанӣ оҳангҳои хубу шунидание офаридааст. Эҷоди ҳунарманди асил намиранда аст. Ҳарчанд ӯ рӯйи саҳнаву экранҳо имрӯз кампайдост , аммо санъати нотакрораш дар дили ҳаводорони мусиқии попи тоҷик ҷовидонӣ аст. Меҳри ҳунари Сироҷиддинро, оҳангҳои ӯро  мардум дар дили худ барои якумрӣ ҷой додаанд.

Эркаи модар

-Рост аст, ки мегӯянд, дар хурдӣ бачаи ниҳоят шӯху эрка будед?

-Бале ва ин албатта беҳуда нест, ман дар оила фарзанди кенҷагӣ ҳастам. Аз хурдӣ ҳама хоҳишам дар хона иҷро мешуд. На аз хашми бародарон метарсидаму на ба сухани хоҳарон гӯш меандохтам. Танҳо ҳарфи ширини модар ғурури кӯдаконаи маро паст карда метавонисту халос.

-Гумон меравад, ки нахустустоди маънавии Сироҷиддин низ модар буданд?

-Модарам дар ҳама ҷода бароям устод ҳастанд. Умуман, падару модар дар зиндагии ҳар як фард бузургтарин дороӣ мебошанд. Санъаткор будан албатта хуб аст, аммо дар бисёр маврид модарон аз мо андаке ранҷур мешаванд. Ҷаҳони ҳунар, чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, як ҷаҳони пур аз валвалаю шӯру шар аст ва дар лаҳзаҳои ноҷур ҳатто аз чашмонам осори дардро модарам эҳсос  мекунанд ва он дардро аз ҷони худ мегузаронанд. Аз Худованд хоҳонам, ки  тамоми модарон дар зиндагӣ рӯи каму ғамро набинанд.

Тозатарин оҳанг

-Ба наздикӣ таронаи тозаэҷоди Шуморо таҳти унвони “Зебо ватанам ҳаст” шунидам, ростӣ, писандам омад. Бисёре аз овозхонон бар он андешаанд, ки бо сурудани ин қабил таронаҳо ба дили ғарибон наздик мешаванд, Шумо низ ба ҳамин андеша ин таронаро сурудед?

-Бале. Аслан навоҳанги ин тарона ҳангоми дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия қарор доштанам тавлид шудааст. Умуман, инсон ҳар қадар, ки бузург мешавад, ба синни камолот мерасад, ҳамоно меҳри Ватан дар дили ӯ афзун мегардад. Чуноне ки шоир ишора кардааст:

Ин хона қашанг аст, вале хонаи ман нест,

Ин хок чӣ зебост,вале хоки Ватан нест.

Дар навоҳанг, яъне клипи суруд, мо манзараҳои зебои Тоҷикистону Русияро ҷой додем,  яъне хонаи бегона ҳарчанд қашангу зебо ҳам бошад, аммо инсон танҳо дар манзили худаш осудаву хушбахт аст. Чуноне ки ҷойи модарро дар зиндагӣ ҳеҷ кас пур карда, иваз карда наметавонад, ҳамчунон ҷойгоҳи Ватан низ дар қалби кас мавқеи алоҳида дорад.

— Аз ӯҳдаи омода кардани ягон намуди таъом мустақилона мебароед?

-Бале, ҷойи таъриф ҳам нест, ман қариб ҳама намуд таъомҳои миллиро бо завқи зиёд омода мекунам.

ҳо, пас маълум мешавад, ки ҳамсари Шумо зани толеъбаланд будаанд?

-Албатта, аммо дар хона банда кам-кам хӯрок мепазам. Зеро ҳамсарам кадбонуи хуб  ҳастанд.

-Рост аст, ки мегӯянд, аксари мардони санъаткор булҳавас ҳастанд?

-Гумон дорам, агар шахси эҷодкор ҳар лаҳза ошиқ набошад, деги эҷодаш чандон ҷӯш намезанад. Умуман, натанҳо санъаткорон, балки ҳама мардон табиатан булҳавас ҳастанд.

-Саломат бошед.

«Дилкушо”

Ҳангоми истифода аз маводҳои блог истинод ба маҷаллаи «Дилкушо» ҳатмӣ аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: