• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

МЕҲРНИГОРИ РУСТАМ: ТОБИСТОН БАРОЯМ ФАСЛИ САФАРҲО БУД

Мехрнигор - Акшай

Мехрнигор — Акшай

Меҳрнигори Рустам 12 октябри соли 1994 дар ноҳияи Ховалинг дар оилаи ҳунармандон ба дунё омадааст.  Ин духтари наҳифпайкари нозукадо бори нахуст соли 2000 дар озмуни «Ғунчаҳои умед» бо суруди “Куртаи чакани ман” рӯи саҳнаи бузург омад ва маҳз аз иштирок дар ҳамин озмун ғунчаи умеди Меҳрнигор ба шукуфтан сар кард.

Салом, Меҳрнигор, нахуст бигӯед, ки армуғони тозаи Шумо баҳри хонандаҳои мо кадом аст?

-Муждаи нав аз Меҳрнигор баҳри мухлисони азиз, пеш аз ҳама сурудҳои нав, клипҳои тоза аст. Ба наздикӣ ду клипи ҷадиди худро бо номи “Паррандаҳо” ва “Мебарӣ” пешкаши кулли ҳаводоронам сохтам, ки ба гумонам мақбули дили эшон гардид.

Воқеъан ҳам клипи “Паррандаҳо” имрӯз миёни ҷавонон, ба қавле, “хит” шудааст. Аммо чаро Меҳрнигор дар он клип ҳамоно дар олами кӯдакиҳои худ аст?

Аввал ин ки ман кӯдаконро бисёр дӯст медорам ва бисёр фараҳманд мешавам, вақте онҳоро хушҳол мебинам. Ин клип низ як тӯҳфаяке барои эшон буд ва хурсандам, ки он аз ҷониби ҳамагон хуш пазируфта шуд.

Рост аст, ки оҳанги ин суруд моли худатон аст?

— Бале, кам-кам оҳанг низ эҷод мекунам.

— Гуфтед, ки кӯдаконро зиёд дӯст медоред, ба хона-интернатҳо зиёд ташриф меоред?

-Бале, ба фонди “Лона” ташриф меорам ва ҳар дафъа назора мекунам, ки чӣ гуна аз омадани ман кӯдакон шоду масрур мешаванд, бовар кунед, дар куртаи худ намеғунҷам. Ҳамеша ба сӯи Парвардигор даст ба дуо мебардорам, ки Худоҷон ҳеҷ кас мариз нашавад.

— Завқи клипмейкерони ватанӣ Шуморо қонеъ месозад?

-Албатта қонеъ мекунад. Бо коргардон Носир Саидов ҳамкории зич дорам ва маҳсули кори эшон бароям писанд аст.

Бону Меҳрнигорро кадом лаҳза писанд аст: шоми романтикӣ, хӯроки шом бо шамъ ва ё сафари дуру дароз?

— Сафари дуру дароз.

— Огоҳӣ ёфтем, ки тобистони имсола барои Меҳрнигор фасли сафарҳо буд?

— Бале, дуруст аст. Аз шаҳрҳои зебои кишвари Олмон дидан намудем.

Аз рӯи шунидаҳоямон бону Меҳрнигор завқи баланди тарроҳӣ низ дорад. Хонаи мӯди худро таъсис доданӣ нестед?

-Рости гапро гӯям, ман вақте мехостам дизайнер шавам, ба ман иҷозат надоданд ва баъд шавқу ҳавасам низ гум шуд.

— Кӣ иҷозат надод?

— Модарам. Албатта, он кас мехостанд, ки ба Консерваторияи Миллӣ дохил шуда, касби бобоиямро идома диҳам. Бояд гуфт, ки бобоям Рустами Абдураҳим беҳтарин санъаткори даврони худ буданд ва ман кӯшиш мекунам, ки номбардори бобову аҳли оилаи худ бошам.

— Тарроҳии либосҳоятонро кӣ ба ӯҳда дорад?

— Аслан қобилияти расмкашӣ, ки дорам, нақшаи либосҳоямро худам тартиб медиҳам ва баъдан тарроҳияшонро ба ҳунармандони чирадаст Умед Кучкалиев ва Умед Негматов бовар мекунам.

— Коллексияи тасвирҳои худро доред?

-Бале, коллексияи расмҳоямро тартиб дода истодаам, аммо бисёри “мусаввараҳоям”- ро ба дӯстонам тӯҳфа мекунам.

— Барои Шумо миёни мардум машҳур будан хуб аст ё маҳбуб?

— Албатта, маҳбуб будан муҳим аст.

Шумо барои мутолиаи номаҳои бешумори мухлисон дар почтаи элетрониатон вақт меёбед?

— Бале, бо эшон робитаи самимӣ дорам. Бароям фикру ақидаи ҳар яки онҳо муҳим аст ва бисёр вақт кӯшиш мекунам, ки ба суолҳояшон посух гардонам.

— Кадом забонҳои хориҷиро балад ҳастед?

-Туркӣ ва англисӣ.

-Саломату пирӯз бошед. Ҷашни истиқлоли Ватан муборак бошад.

-Ба шумоён, кормандони ҳафтаномаи “Дилкушо” ва кулли мухлисону мардуми азизи кишварам ин ҷашнро самимона муборак мегӯям ва орзуманди сиҳатмандиву осудаҳолияшон ҳастам. Обод бошед, мухлисони азиз.

 Акшай Кумар: ҲАЁТИ ОИЛАВӢ МАРО ДИГАР КАРД

“Дон Жуани давр”, “ҳунарманди писандидатарини бонувон” ва “ҷавони орзуҳо” — ин шумораи ками тахаллусҳоест, ки ба ҳунарманди асили Боливвуд Акшай Кумар гузоштаанд, то замоне, ки ӯ Твинклро вонахӯрд.  Имрӯз ӯ шавҳари меҳрубон ва ҳам падари ғамхор аст. Писари ягонааш Ааравро бештар аз ҷонаш дӯст медорад ва ба ибораи дигар тамоми ҳастияшро барои азизони дилаш бахшидааст.  Аксари дӯстону ҳамнишинони Акшай боварии комил доранд, ки маҳз муҳаббати Твинкл тавонист Акшайи “бесар”-ро ба як марди ҳалими хонагӣ табдил диҳад.

— Акшай, рост аст, ки Твинкл Шуморо “палангчаи ман” гуфта нидо мекунад?

— (Гӯё ба сабти рекламаи ягон хамираи дандоншӯӣ омодагӣ медида бошад, табассуми зебое тамоми чеҳраашро фаро мегирад.) Бале, ман палангчаву ӯ хирсаки ман

— Оҳо! Маълум мешавад, ки Тина бо меҳрубониҳояш шерро ба палангча табдил додааст?

 — Бояд гуфт, ки Тина ҷаҳони дигареро ба рӯи ман боз кард.  Баъди издивоҷ ман куллан тағйир ёфтам. Ба зиндагӣ, ба кори худ ҷиддӣ муносибат карданро, дарси вафоро омӯхтам аз ӯ.

— Аммо миёни ҳазорон  духтарон чаро маҳз Твинкл?

 — Ӯ пеш аз ҳама як нафар инсони поку дӯстдоштанист ва ҳар нафар беихтиёр ба ӯ дил мебандад. Ва пас аз оне, ки ӯ бароям шоҳписарро ҳадя кард, меҳру муҳаббати ман нисбати ин олиҳаи зиндагиям дучанд гардид.

—  Ҳамроҳи Аарав  зиёд вақт мегузаронед?

-Албатта. Ман дақиқае бе ӯ зиста наметавонам. Дар кор бошам, сонияҳоро мешуморам, то ки зудтар ба назди ӯ равам, ҳамроҳаш бозӣ кунам. Ҳар лаҳза назора кунам, ки чӣ гуна афтону хезон роҳгардиро меомӯзад ва бо як лаҳни ширину нофаҳмо ба ман нидо мекунад. Мехоҳам мисли падараш ҷасуру нотарс ва худбовар ба воя расад.

Шояд дар оянда ҳатто касби падарро идома диҳад-а?

-Барои дар ин бобат андеша кардан  ҳоло барвақт аст. Ман кӯшиш мекунам, ки барояш озодӣ диҳам, ба ҳар коре, ки дилаш мехоҳад, машғул шавад. Агар актёр шудан хоҳад , бигзор шавад ва агар не, пас ин интихоби ӯст.

Сирри муваффақияти Шумо дар чист?

— Ман ҳар рӯз аз болои худ кор мекунам. Мехоҳам дар хотираи  мардум пеш аз ҳама чун инсони самимӣ ва пас он чун ҳунарманди асил боқӣ монам.

— Шуморо ҳамкоронатон инсони толеъбаланд мегӯянд, худатон чӣ андеша доред?

-Ин нисбат ба “Дон Жуан” тахаллуси беҳтар аст- ку (механдад).  Бале ман гумон мекунам, ки воқеан шахси толеъбаландам. Ман ҳам дар назди Парвардигор ва ҳам дар назди одамон фарди ростқавл ҳастам ва ҳамеша кӯшиш мекунам, ки бо меҳнати ҳалоли худ зиндагиямро пеш барам. Чӣ тахаллусе, ки ба ман нисбат медиҳанд, додан гиранд, муҳим он ки ҳунари маро мардуми одӣ қабул кардаанд ва дӯстам медоранд.

Бо собиқ дӯстдухтарҳоятон аз олами синамо имрӯз чӣ гуна муносибат доред?

-Муносибати хуби дӯстона. Масалан, ба наздикӣ ҳамроҳ бо Равина Тандон дар як  филм нақшофарӣ намудем ва ҳатто дар як шоу-барнома якҷоя ровигӣ намудем. Шиори ман “ба гузашта салавот” аст, имрӯз зистан лозим.

«Дилкушо”

Ҳангоми истифода аз маводҳои блог истинод ба маҷаллаи «Дилкушо» ҳатмӣ аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: