• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

РУСТАМИ НУР: «АГАР ДАР ОИЛА МАРД САХТГИР НАБОШАД…»

Рустам - Манижа

Рустам — Манижа

17 декабри соли 1976 дар ноҳияи Хуросон ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи рақами 16-и ҳамин ноҳияро хатм намуда, таҳсили худро дар Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода, дар шуъбаи актёр-режиссёри драма ва кино давом додааст. Фаъолияти ҳунарии худро ба ҳайси актёр дар театри «Оина» оғоз кардааст.

Салом, Рустам, фарорасии моҳи шарифи Рамазонро бароятон муборак мегуям. Гуфтаанд, ки ба як йигит чил ҳунар кам аст. Шумо ба ҷуз ҳунари сарояндагӣ боз кадом ҳунарҳо доред?

-Саломат бошед,  Шумо ва дар симои Шумо кулли мардуми боимону шарафманди тоҷикро бо  фарорасии моҳи шарифи Рамазон сидқан муборакбод мегӯям. Зиндагӣ кӯшиш аст ва мо, эҷодкорон, талош бар он меварзем, ки ҳар дақиқаи дар ихтиёр доштаи худро ғанимат шумарида,  самаранок истифода барем. Банда ғайр аз сарояндагӣ боз аз ҳунарҳои актёрӣ ва ошпазӣ низ бархурдорам.

-Дилбастагии хешро ба ҳунару сарояндагӣ кай эҳсос кардед?

Ҳанӯз дар айёми мактабхонӣ ба сурудҳои ҳиндӣ таваҷҷӯҳи зиёд доштам ва ҳамеша зери лаб сурудҳои ҳиндиро зам-зама мекардам. Дар чорабиниҳои мактабӣ ва ҷашни мавлуду маъракаҳои ёру дӯстон ҳамеша суруд мехондам. Маҳз дилбастагии зиёд нисбати ин ҳунар буд, ки ҷаҳондида гаштам. Аз Амрико дидан кардам, ба наздикӣ дар Ҳиндустон будам, боз ният дорам, ки ба кишвари Чин сафар кунам

-Ҳар лаҳзаи умр барои инсони комил нотакрору бебаҳо аст. Лаҳзаи гуворотарин дар зиндагии шумо кадом буд?

-Лаҳзаи дидори ман бо ҳунармандони асили давру замон Шоҳруххон ва Салмонхон буд, ки маҳз бо ҳамин ният ба кишвари афсонавии Ҳиндустон сафар карда будам. Аз хурдӣ мухлиси ҳунари ин нафарон будам ва бо хости Худованд дида ба дидор расид.

-Ҳаст лаҳзаҳое, ки аз кардаву гуфтаи хеш пушаймон шуда бошед?

-Ба гумонам нафаре дар зиндагӣ ёфт намешавад, ки аз кардаву гуфтааш пушаймон нашуда бошад. Аммо кӯшиш мекунам, ки хатогиямро зуд ислоҳ кунам ва нафаре аз ман озурда нашавад Чун услуберо, ки ман пеш гирифтаам, омехтаи санъати ҳаҷву овозхонӣ аст. Мехоҳам дар лабони мардуми мо ҳамеша табассум ҳувайдо бошад, бениёзиву чеҳрахандонии онҳо орзуи ҳамешагии мо ҳунармандон аст.

Шумо падари сахтгиред ва  қаҳри  аз кӯча бардоштаи худро ба сари хонадон мерезед?

-Албатта, дар оила мард бояд сахтгир бошад, чун пойдевори хонадон мард аст. Аммо кӯшиш мекунам, ки қаҳру ғазаби аз кӯча гирифтаамро дар худ фурӯ барам. Кӯшиш мекунам, ки дар вақти асабоният низ шӯхӣ кунам ва ғубори дилро тавассути ҳазл берун кунам.

-Ягон хислате ё рафторе ҳаст, ки аз фарзанди худ омухта бошед?

-Ман шукронаи Аллоҳ, ки соҳиби 7 фарзанди нозанин ҳастам. Кӯшиш мекунам, ки эшонро дар рӯҳияи  меҳанпарастӣ тарбия намоям. Пеш аз ҳама ҳурмати калонсолонро донанд, якдигарро эҳтиром кунанд, соҳиби ҳунар бошанд. Зеро шахси ҳунарманд дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ хор намешавад.

Оғози дустии шумо бо Садриддини Наҷмиддин мегӯянд, ки таърихи аҷибе дорад?

-Мо бо Садриддин гуё дар як парта ба воя расида бошем. Воқеан дӯстии мо таърихи дуру дароз дорад. Мо ҳамроҳ ба Амрико сафари ҳунарӣ доштем. Дар бисёр лаҳзаҳо ҳамроҳ ҳастем ва якдигарро ҳамеша дастгирӣ  мекунем.

Шумо рӯза мегиред?

-Бале, банда Алҳамдулиллоҳ мусулмон ҳастам ва барои ҳар як бандаи муъмину мусулмон гирифтани рӯза ва адои намоз фарз аст.

-Мегӯянд, ки ҳунармандон дар моҳи Рамазон дилгир мешаванд?

-Бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон Парвардигор файзу нусратро дар хонадони мо, сари дастархони мо дучанд мегардонад. Ва дар ҳар хонадони мусулмон ин моҳро бесаброна интизорӣ мекашанд. Нигаред, ҳатто тоҷирон низ дар ин моҳ саховатпеша гардида, ба хотири ноил гаштан ба савоби бештаре нархи маводу маҳсулоташонро арзон мекунанд. Ва нафаре ба гумонам ёфт намешавад, ки аз омад-омади Рамазон дилгир шавад.

-Боре сурудҳои хешро ҳисоб кардаед?

— Не,  сурудҳоям зиёданд ва агар бародарам Давлати Нур, ки ҳамзамон охангҳои маро  мураттаб месозад,  шумори онҳоро надонад, ман намедонам (механдад).

 Манижаи Некрой: АЗ СӮҲБАТҲОИ ИНТЕРНЕТӢ ДАР КАНОР БОЯД БУД

Салом, ҳафтаномаи “Дилкушо”. Ман як нафар мухлиси ашаддии Манижаи дуэти “Манижа ва Эҳсон” ҳастам.  Садои ӯ ва нозу адои ба худаш зебандааш маро хеле зиёд писанд аст. Аз донишҷӯ будани Эҳсон хабар дорам. Аммо намедонам, ки Манижабону чӣ навгоние дорад.  Имсол, ки ӯ хатмкунанда аст, нияти ба кадом мактаби олӣ дохил шуданро дорад? Рост аст, ки ӯ низ ба донишгоҳи Қазоқистон дохил шуданӣ аст? Мехоҳам ба саволҳои худ ҷавоб  пайдо кунам.

Меҳрангез, сокини пойтахт.

Имрӯзҳо сарояндаи   дуэти “Манижа ва Эҳсон” Манижаи Некрой мактаби миёнаро хатм намудаву дар фикри таҳсил дар мактаби олӣ аст. Дар ин муддате, ки Эҳсон дар хориҷи мамлакат таҳсил дорад ва донишҷӯи Донишкадаи технологии шаҳри Алмаато аст, Манижаи хушсадо барои таҳияи  суруди нав ва баромадҳо кӯшише намекунад, зеро ӯ саҳнаи ҳунарро бе дӯсти худ Эҳсон тасаввур карда наметавонад. Вақте ба Манижа занг зада дархост намудам, ки ҳамин  сӯҳбатамонро тариқи интернет анҷом диҳем, ӯ  изҳор намуд, ки дар ҳеҷ кадоме аз сомонаҳо барои худ саҳифае боз накардааст. Ӯ алоқаҳои  интернетиро барои духтарони ҷавон ғайри қобили қабул медонад. Манижаву Эҳсон аз қадамҳои нахустини ҳунарии хеш мисли дугоникҳо якҷоя баромад намудаву бо ҳам унс гирифтаанд. Мо тасмим гирифтем, ки тибқи дархости ҳаводорони Манижабону, ки ҳамзамон хонандагони ҳафтаномаи мо мебошанд, бо ин духти  ҳунарманд  ҳамсӯҳбат гардида, аз созу розҳои қалби нозанинаш ва  навигариҳояш огаҳӣ пайдо намуда, ба хонандагони азизи худ пешкаш созем.

-Манижабону, бигӯед, ки дурӣ аз дӯстатон Эҳсон бароятон гарон аст?

-Бале, хеле зиёд гарон аст ин дурии дӯстам Эҳсон барои ман. Ӯ маро мисли дӯсту бародар нозбардор аст. Осон нест ин дурӣ. Аммо вай ба наздикӣ, яъне аниқтараш дар рӯзи ҷашни зодрӯзам –28-уми июл ба Душанбе  меояд.

-Агар бо интернет пайваст набошед, пас бо Эҳсон чӣ гуна дар тамос мешавед?

-Танҳо бо телефон гап мезанем. Воқеан, Эҳсон дирӯз занг зада аз ҳоли мо пурсон шуд.

-Бисёриҳо интернетро воситаи хуби вақтгузаронӣ ва шиносоии беҳтарин мепиндоранд?

— Ман намехоҳам, ки касе аз ман хафа шавад, аммо ба ҳеҷ нафар маслиҳат намедиҳам дар сомонаҳои интернетӣ вақтгузаронӣ карданро.  Хоса ба  духтари тоҷик намезебад ва мо ҳоло омода нестем. Аксари онҳое, ки бо интернет сарукор доранд, дуруст рафтор карданро намедонанд. Бачаҳо бисёр дағалӣ мекунунд. Интернетро майдони васеи муносибатҳои озод пиндошта, байни ҳам ҳақоратдиҳӣ мекунанд. Ин зумра ҷавонон бефарҳангии хешро ба тамоми олам овоза мекунанду худ бехабаранд.  Ман ҳеҷ гоҳ духтаракони пайвандонамро намегузорам, ки бо касе сӯҳбати интернетӣ кунанд.

-Вақтҳои холии Манижабону  чӣ гуна сипарӣ мешаванд?

-Ман ба тамрин машғул мешавам. Бо тренери худ Фотима (Фотимаю Зуҳро ҳарду хоҳарони чемпионанд). Намехоҳам, ки дақиқаеро ба зоеъ бигзаронам. Фикр мекунам, машқ ҳам воситаи хуби нигоҳ доштани солимӣ буда табъу руҳи моро болида медорад. Аз духтарон ва хоҳарони азизи худ хоҳиш мекунам: аз маблағу вақти гаронбаҳои хешро ба ҷойи дар сомонаҳои интернетӣ сарф намуда, ҳам саломативу ҳам обрӯяшонро резондан беҳтар мебуд, ки ба тамрин машғул шаванд.

-Рост аст, ки шумо низ ба Донишгоҳи технологии Қазоқистон ҳуҷҷат супориданӣ ҳастед?

-Албатта, рост нест ин гап. Ман мехоҳам табиб шавам, табиби  дерматолог. Мехоҳам косметолог шуда, барои зебоии андоми одамон мусоидат намоям.

— Беҳтарин комплименте, ки Эҳсон ба Манижа гуфтааст?

— Гарчи ман ба комплимент кам аҳамият медиҳам, аммо Эҳсон мекӯшад, ки бароям беҳтарин суханҳоро бигӯяд, ки то дер дар хотири ман нақш бандад.

-Агар Шумо  соҳиби маблағи зиёде гардад, онро бо кадом мақсад масраф мекунед?

-Албатта бо нияти эҳсонкорӣ. Ҳар сол дар арафаи ҷашни зодрӯзам волидонам ба ман маблағ медиҳанд, ман бошам онро ба ниёзмандон медиҳам. Бори охирин ба хонаи ятимону бепарасторони ноҳияи Ёвон  сарф карда будам. Инро ба он хотир мегӯям, ки ба дигарон ҳам ёдрас кунам: мо нафарони муҳтоҷ дорем, ки набояд фаромӯшашон кунем.

-Чӣ орзуву ниятҳо шуморо дар дил аст? 

-Орзуҳоям зиёданд. Мехоҳам ҳамаи кӯдакону наврасон камиву нодориро набинанд ва дар зиндагӣ мавқеи худро биёбанд. Ҳар наврасе,  ки имрӯз мактабро хатм мекунад, бигзор ба орзуи дили хеш бирасад. Ҳамаи орзуҳоямро волидонам амалӣ мекунанд ва мехоҳам кулли ҳамсолонам  низ мисли ман бениёз бошанду ба қуллаи мақсуд бирасанд.

-Саломат бошеду ба орзуҳои некатон бирасед.

«Дилкушо”

Ҳангоми истифода аз маводҳои блог истинод ба маҷаллаи «Дилкушо» ҳатмӣ аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: