• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

САДРИДДИН: ПИСАРАМ ОРЗУИ ФУТБОЛБОЗ ШУДАНИ МАРО АМАЛӢ МЕСОЗАД

Ба ҷойи сарсухан

Садриддин - Хайфа Вахби

Садриддин — Хайфа Вахби

Мактаби ҳунарии Садриддини Наҷмиддин сазовори омӯхтану ба ӯ пайравӣ кардан аст. Ба андешаи Шоираи Раҳимҷон бигзор дигарон бинишинанду аз Садриддин биомӯзанд хоксор буданро ва таҳаммул кардани он ҳама шӯҳратҳое, ки ба сари инсонӣ мерезад. Садриддин ҳунармандест, ки солиёни зиёд  рӯи саҳна мондагор аст .

Ӯ ягона аз сарояндагони имрӯзи мусиқии попи  тоҷик аст ки дар хориҷа низ роғибони бешумори худро дорад. Аммо ба андешаи худи Садриддин ӯ ҳанӯзам  оҳанги зиндагии худро  пайдо накардааст ва ҳамеша пайи ҷустуҷӯҳост. Ва шояд бурди Садриддин низ маҳз дар ҳамин бошад. Дар ин айёми заррини сол, ки барои Садриддин махсусан фасли рамзист, хостем бо ӯ сӯҳбате ороста бошем  озоду ошкоро ва самимӣ, зеро худи ӯ саропо инсони заминиву самимист, ҳатто болотор аз он, ки мо тасаввур мекунем.

Агар гӯям, ки фасли хазонрез барои Садриддин фасли хотираҳои ширин аст,  розӣ мешавед?

-Бале , барои чӣ не? Тирамоҳ барои ман ҳамеша фасли дӯстдоштанӣ боқӣ мемонад. Дар ин фасли орзуҳо ман бори нахуст ошиқ шудам ва оила барпо кардам.

Садриддин ва футбол

-Ҳамаи мо медонем, ки зиндагии Шумо бидуни ҳунар маънӣ надорад, аммо бе футбол чӣ?

-Шояд бе футбол низ маънӣ надошта бошад, чунки аз хурдӣ ошиқи ин бозии шавқовар будам ва зиёд мехостам футболбоз шавам. Вале бо амри Парвардигор сароянда шудам. Имрӯз бошад футболро бо мусиқӣ тавъам мекунам.

Медонам, ки дастаи футболбозони худро доред.

— Бале чандест, ки бо дӯстони ҳунармандам як тими хурдакаки худро ташкил кардаем ва оянда ният дорем, ки дар мусобиқаҳо иштирок кунем.

Агар бе парда бигӯем, аз бохти тими дӯстдоштаатон боре ашк рехтаед? Шояд дар хурдсолӣ бошад?

-Бале, дар хурдӣ мо бо бародарам мухлиси дастаи “Помир” будем ва ҳар гоҳе, ки тими дӯстдоштаамон мағлуб мешуд, мо ашк мерехтем.  Имрӯз бошад писарам Маҳмудҷон ин анъанаро давом додааст ва аз бохти дастаи писандидааш зуд ғамгин мешавад.  Ман  ба ӯ мегӯям, ки ғамгин машав, чун дар зиндагӣ бохт низ бояд бошад.

— Ба фикрам, Маҳмудҷон  орзуи кӯдакии падарро амалӣ месозад?

— Бале, ӯ ният дорад, ки футболбози машҳур шавад ва айни ҳол дар дастаи наврасони “Солор” бозӣ мекунад.

-Мегуянд, айёми наврасӣ Садриддин як бачаи шӯху бебок будааст. Ба гумонам ҳамсоядухтарон зиёд ба модаратон шикоят мекардаанд .         

— Инро аз модарам пурсидан лозим (механдад). Ҳамеша шӯхтабиат буданро дӯст медорам ва дар ҳар куҷое, ки бошам, мехоҳам ҳамаро хурсанд созам.

Роҳ ба сӯйи Аҳмад Зоҳир

-Мегӯянд, рӯзгоре Садриддини хурдакак барои расидан ба дидори хунёгари Шарқ Аҳмад Зоҳир миёни Тоҷикистону Афғонистон аз қум  роҳ месохтааст?

— Ин қиссаро ҳамеша модарам ва модаркалонам бароям нақл мекарданд. Ҳеҷ боварам намеомад,  ки Аҳмад Зоҳир дар қайди ҳаёт нест. Ҳамеша таронаи “Лайлиҷон”-и ин хунёгари даврро замзама мекардам ва бо сурудҳои Аҳмад Зоҳиру устоди зиндаёд Кароматуллои Қурбон худ низ сароянда шудам.

— Кай бори охир номаи ошиқона навишта будед?

— Дар айёми мактабхонӣ мактубҳои пинҳонӣ зиёд менавиштем, он замон мобайлу интернет набуд. Имрӯз бошад ҳар гоҳе бо ҳамсарам каҳрӣ мешавем, тавассути смс бо ҳам оштӣ мекунем. Ин хеле завқовар аст барои мо.

— Кӣ нахустин шуда смс мефиристад?

— Аз ҳамон лаҳза вобаста аст, лек дар бисёр маврид кӯшиш мекунам, ки аввалин шуда ман оштӣ кунам. Чун мо мардон дар назди ҷинси латиф зиёдтар гунаҳкор ҳастем ва бояд зуд-зуд аз эшон бахшиш пурсем.

Шуморо дар  ҷумҳурӣ  ҳунарманди рақами аввал мегӯянд. Дар ин хусус чӣ андеша доред?

— Ҳеҷ гоҳ худро ҳунарманди рақами як намеҳисобидам ва ҳамеша кӯшиш мекунам, ки баҳри халқи азизам содиқона хизмат кунам, ман ҳам инсони заминияму мисли ҳамаи мардуми азизам худро баробар эҳсос мекунам. Бигузор мардуми шарафманди тоҷик рӯи каму ғамро набинанд ва ҳамеша мӯҳтоҷи мусиқӣ, мӯҳтоҷи созу наво бошанд.Ватанамон обод бошад ва ҳар яки мо кӯшиш кунем, ки барои ободии ин меҳани азиз саҳми худро гузорем.

-Ташаккур барои чунин як сӯҳбати самимӣ, ба кулли орзуҳои неки худ бирасед!

 Хайфа Ваҳби: ЗЕБО НЕ, ХУШБАХТ БОЯД БА ДУНЁ ОМАД 

“Зистан мехоҳам!”

Хайфа Ваҳби, ҳунарпеша ва сарояндаи лубнонӣ, 10 марти соли 1976 дар шаҳри Махрунаи Лубнон дар оилаи мусалмон ба дунё омадааст. Ӯ аллакай дар синни 16- солагӣ соҳиби ҷоизаи “Зебосанами Лубнони Шимолӣ”  гардид. Қаблан ба ҳайси модел фаъолият пеш бурдааст. Албоми нахустини худро соли 2002 таҳти унвони “Зистан мехоҳам” пешкаши роғибони ҳунараш сохтааст.

Як гулу сад харидор ё ситораи бетолеъ

 Ӯ пас аз Ненси Аҷрам дувувмин сарояндаи арабизабон аст, ки шӯҳрати ҷаҳониро  касб кардааст. Ҳамчунон дар қатори 99 зани ҷаззобтарини дунё дар ҷои 49-ум аст. Аммо дар мақоли  машҳури русӣ беҳуда наомадааст, ки “ Зебо неву хушбахт бояд ба дунё омад” —  бо ин ҳама дилрабогияш Хайфаи нозанин дар ҳаёти оилавӣ  чандон хушбахт нест. Пас аз соҳиби духтарча шудан аз шавҳари якумаш ҷудо мешавад ва аз рӯйи қарори суд Зейнаб Заза (духтари Хайфа) дар парастории падар мемонад. Соли 2005 Хайфа дубора бо тоҷири саудӣ Тариқа ал-Ҷаффалӣ оила барпо мекунад, аммо ин издивоҷ низ бо сабабҳои номаълум ҳафтае давом намекунад. 24 апрели соли 2008 Хайфа бори севвум ба тоҷири мисрӣ Аҳмад Абу Ҳусейн ба шавҳар мебарояд. Аммо  11 июли соли 2012 хонум Хайфа тариқи сомонаи “Facebook” ба ҳамагон эълон медорад, ки аз Аҳмад Ҳусейн ҷудо шудааст.

Мегӯянд, маҳз зебогии  Хайфа дар олами мӯд ва мусиқӣ “корти муаррифӣ”-и ӯ шуморида мешавад?

-Оҳо! Шояд чунин бошад. Аз наврасиам дар озмунҳои гуногуни зебоӣ иштирок карда дастболо мешудам. Ва ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳ қарор доштам. Дар 18- солагиам аллакай дар рӯйхати зеботарин бонувони ҷаҳон дохил будам.

Биёед бе парда бигӯем: бо ин ҳусни худододӣ чӣ сабаб шуд, ки Хайфа ба ҷарроҳии пластикӣ рӯй овард?

— Бе шарҳ,- дар ин мавзӯъ гап задан нахост сароянда.

— Рост аст ки тоҷири мисрӣ Аҳмад Абу Ҳусейн барои бо  Шумо оиладор шудан 20 млн доллари амрикоӣ қалин додааст?

-Бале, воқеан Аҳмад марди дасткушод аст ва пӯшида нест, ки танҳо барои баргузории маросими тӯйи арӯсии мо 9 млн доллар сарф шудааст.

Аммо чӣ сабаб шуд, ки Хайфа пас аз 3 соли ҳаётӣ оилавӣ аз марди сарватманд даст кашад?

-Як чизро дар хотир доред, ки сарват наметавонад мояи хушбахтии инсон бишавад.

— Мегӯянд, қобилияти расмкашӣ низ доред?

-Бале, мусиқӣ ва рангҳо ду чизе мебошанд, ки дар зиндагӣ бештар аз ҳама дӯст медорам.

Пас ду нафаре, ки дар зиндагӣ бештар аз ҳама дӯсташон медоред, киҳоянд?

-Духтарам Зейнаб Заза ва модарам

— Бароям аҷиб аст донистани он, ки дар чӣ гуна оила ба воя расидаед.

-Мо дар оила се духтаракон ҳастем: ман ва хоҳаронам Алия, Ханна ва Рола. Бародари ягонаам Ваҳби, рӯҳаш шод бод, дар ҷанги Лубнону Исроил соли 1982 ба қатл расонда шуд. Мо аз хурдӣ ғамхору муниси ҳамдигар будем, ба модарам ёрӣ мерасонидем, хулоса, кӯдаки хушбахт будам. Падарам лубнонӣ ва модарам мисрӣ мебошанд.

Рост аст, ки иштирок дар як клипи сарояндаи араб Георг Васуф ба Хайфа шӯҳрат овардааст?

— Пас аз ба маърази дид баромадани ин клип акси ман дар зиёда аз 100 маҷалла баромада буд ва шояд аз ин сабаб чунин шуморанд. Аммо бояд зикр кард, ки барои тарғиби банда ҳамчун ҳунарпешаи кино филми “Водӣ” нақши бориз гузоштааст.

Шумо рақиби ҳунарии худ сароянда Элиссаро замоне ба “автомашинаи кӯҳнашуда” нисбат дода будед?  Барои хонум Элиса имрӯз лақаби ҷадид пайдо накардаед?

-Шояд замоне миёни мо нофаҳмиҳо буданд, аммо бояд гуфт, ки Лубнон сарзамини муҳаббату дӯстист ва мо занҳои шарқиро маҳз бо иффату ҳаё ва сабуриву нармгуфториамон фарқ мекунанд. Бояд бухлу кинаро аз дил барорем ва ба ҳамдигар меҳрубон бошем, то аз бандаҳои дӯстдоштаи Парвардигор бошем. Худованд бо ин ҳама бузургиаш бахшояндаву меҳрубон аст, пас чаро мо, бандаҳои гунаҳгораш, ба ҳамдигар гузашт накунем?

«Дилкушо”

Ҳангоми истифода аз маводҳои блог истинод ба маҷаллаи «Дилкушо» ҳатмӣ аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: