• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

САИДА: “ШАХСЕ, КИ ДОРОИ РАФТОРИ НЕК, ГУФТОРИ НЕК ВА ПИНДОРИ НЕК БОШАД…”

Саида - Шон-МС

Саида — Шон-МС

-Саидабону, чаро яку якбора имиҷи худро иваз кардед? Шумо барои зебоии зоҳир заҳмати бисёр мекашед?

-Ҳар як сароянда дар талоши он аст, ки дар ҳар як клипаш ба таври дигар намоядбаҳри мухлисонаш мекӯшад, ки тафовут дошта бошад. Чун асри 21 аст ва ҳар як одам метавонад дар кораш як таҳавулоти нав пайдо кунад. Ба хотири суруду клипҳо дигар кардам. Аз он як саидаи ҷавон ба Саидаи мукаммал, ки устуворона гом мезанад дар ҷодаи ҳунар. Дар клипи Бачаи ғармӣ майда майда бисёриҳо пайхас карданд, ки ӯ куллан дигар шудааст. Барои ҳунарманд муҳим аст дигар шудан чун имрӯз бинандаи имрӯз хеле дигар шудааст.

-Бештар аз хизмати кадом машшотахона истифода мебаред?

-Муддати мадидест, ки аз хизмати пардозгарони хонаи ороишии “Бону” истифода мекунам, зеро заҳмати онҳо табъи дили ман аст.

Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки зебогии бону дар рафтору ботини ӯст, шумо бо ин фикр розӣ ҳастед?

-Аслан инсон бояд ботинан накӯву ҳамидаву раҳмдил бошад ва кору рафтораш ҷавобгӯи рафторҳои табии ӯ бошад .Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки ҳунармандон ҳавобаланданд. Аммо ман фикр мекунам, ки хоксорӣ рисолати муҳимми инсонӣ аст. Шахсе, ки дорои рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек бошад, дар назари аҳли ҷомеа зебо менамояд. Ин се андарз барои ҳар як фарди мусулмон гаронмоятарин хислати инсонист.

Дар интихоби либос маслиҳати киро ба инобат мегиред?

-Аввал бо модарам ҳамдиливу ҳамфикрӣ мекунам. Аз оғоз ҳамеша аз рӯйи маслиҳати модарҷонам амал намуда, муваффақ гаштаам. Инчунин бо тарроҳи номӣ Бо Хуршед Сатторов ҳамкории зич дорам.

Аз хурдӣ чӣ гуна зиндагиро орзу мекардед? Оё ин орзуятон амалӣ гардид?

-Аз овони кӯдакӣ дар дил як орзуро мепарваридам. Орзу доштам, ки мардум дарди дили маро, навои маро, гӯш кунанду дастгиру мададгорам бишаванд. Нияти нек ними давлат аст, гуфтаанд, ки ҳақ аст. Шояд он замонҳо фариштаҳо омин карданд, ки ба орзуи дили бачагиам расидам. Ҳамчунин мехоҳам соҳиби чор фарзанд, хонаи ободу осуда, фарзандони солеҳу фарзона ва хонаи шахсии худ бошам.

Мухлисони кунҷкоби шумо бештар ба ҳаёти шахсии сарояндаи писандидаашон мароқ зоҳир мекунанд ва донистанианд, ки Саида фикри издивоҷро дар сар надорад?

-Аввалан мехоҳам дар ҷодаи ҳаёти эҷодӣ комгор шавам ва ба сатҳи муаяни орзуҳои қалби хеш бирасам ва сипас фикри оиладоршавиро кунам.

-Мехоҳед, ки чӣ гуна ҷавон савори саманди орзуҳо ба суроғатон ояд?

-Мехоҳам ба суроғи ман як ҷавони ғаюр, бонанг, боимон, ботақво, худотарс, ҳалиму мушфиқ, боинсоф ва оиладӯстдору фарзанддӯстдори тоҷик биёяд. Ҷавони ғайритоҷикро ҳаргиз орзу надорам.

Барои таҳияи клипҳои наватон кӣ шуморо сарпарасту маслиҳатгар буд?

— Ба наздикӣ се клипи нав рӯйи кор омад, ки якеи он “Менависӣ рӯйи шишаҳо”, дигараш “Тавбаи ишқ” ва Ёр ай Ғармай” аст.

-Маълум, ки ғармибачаи ошиқе даъвои ишқ дорад?

-На, ин суруди дархостӣ буда, аз тарафи як нафар мухлиси асиле таҳия гаштааст. Матнаш моли устод Хайрандеш аст. Маслиҳатгари ман дар ҳамаи ҷодаҳо аввал модари бузургам буда, ҳамеша пайгириву дастгириам мекунанд. Инчунин бо эҷодкори ҷавон Раҷҷаббек Аҳмад ҳамкории эҷодӣ дорем ва матни чанд сурудам ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Ӯ дорои завқи баланду идеяҳои тоза аст ва маро дӯсту маслиҳатгари бемалоле аст.

-Шумо кушодадил ҳастед ё асрори дилатонро пинҳон нигоҳ дошта метавонед?

-Кушодадилу содадилам ва ғаразу кинаро дар дил нигоҳ намедорам.

-Таърих бисёр шоҳбоную занҳои қаҳрамонро ёд дорад. Кадоме аз онҳо барои шумо идеал аст?

-Шоҳбонуи боҷасорат Томирис идеали ман буда, мехоҳам ҳар як зани тоҷик мисли ӯ боиродаву боматонату далер ва дар ақидаҳои хеш устувор бошад ва дар ҳама ҷодаҳои зиндагӣ тавонад, ки ҳуқуқҳои хешро дифоъ кунад.

-Илоҳо ба орзуҳои некатон бирасед.

-Ҳамчунин, ба мардуми шарифи Тоҷикистон, мухлисону роғибони худ фазои сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, рушду равнақи Тоҷикистони маҳбуб, поянда будани ҳунари ғании тоҷик, хонаи обод, хотири ҷамъ, бахту иқбол ва тамоми хушиҳои зиндагиро сидқан таманно мекунам.

 Шон МС: АЗ БАХА-84 МИННАТДОРАМ

Шон МС 18 январи соли 1991 дар н. Темурмалики вилояти Хатлон чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Номи аслии ӯ Шарифов Шаҳбоз Абдусаломович аст. Аз соли 1993 бо аҳли оилаашон ба ш. Душанбе кӯч баста, сокини пойтахт шудаанд ва ӯ мактаби миёнаи рақами 37-и Душанберо хатм кардааст. Айни замон донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аст. Бори нахустин соли 2008 ба рэпсароӣ оғоз кардааст. Яке аз беҳтарин рэпсароён буда, байни ихлосмандони рэп маҳбубияти зиёдеро касб намудааст. Номаҳои сершумори хонандагонамон далели инанд.

“Салом, акаи Шон, ман як мухлиси Шумоям ва гуфтаниам, ки Худованд нигаҳбонатон бошад, овозатон хаста набошад, ҳамеша дар хонадонатон хурсандӣ бошад. Дар миёни душманонатон сарбаланд бошед. Илтимос, барои писарони шаҳри мо як рэп эҷод кунед. БЕҲРӯЗ аз ш. Роғун”.

“Саломи худро ба рэпсарои тоҷик Шон МS мерасонам. Овозатон хаста нагардад. Аз номи духтарони н. Рӯдакӣ – ЗУЛОЛА, НИГОРА ва МУКАРРАМ”.

“Салом ба ҳамаи мухлисони Shon Mc аз номи Taj Rep Hissor ва Nasik MC, ба Шумо респект, 99-танировка пешкаш, баланд ба пеш. 501.03.01.99”.

«Хочу передать привет МС Шону. Вы лучше всех, никто не заменит Вас, как бы не старался. С огромной любовью – НИЛУШ МИССИС ХУЛИГАНКА».

“Саломамро ба беҳтарн рэпсарои тоҷик Shon MC мерасонам. Овозат хаста набошад. Беҳтарин рэпҳоро месароӣ. Худованд нигаҳбони ту бошад. Мухлиси ашадди ту – САЙКА 102 мкр”.

“Бародари азиз ШОН МС! Барои мо мухлисонатон ҳамаи рэпҳои шумо азизу шуниданианд ва дӯсташон медорем. Ба андешаи худатон, кадом суруд шуморо байни мардум маҳбуб гардонд? АЗИЗА ОДИНАЕВА, сокини пойтахт”

— Сипосгузорам аз ҳамаи он нафароне, ки бо ихлосу меҳрубонӣ ба унвони банда нома ирсол намудаанд. Ба суоли хоҳари азизам Азиза посухам ин аст: суруде, ки маро маҳбуб гардонд, “Аз пушти ту” буда, ҳамроҳи бародар Issen Tayson сароидаем.

-Шумо бештар сурудҳои ишқӣ месароед, худ моҳияти ишқро дарк кардаед?

-Ба андешаи ман, ишқ мисли саволест, ки ду ҷавоби радро дорад. Инсоният мисли файли компютер ба программа даровардагӣ аст. Воқеан вақте бо духтаре ошноӣ пайдо мекунӣ, он замон қадрашро намедонӣ ва баъди ҷудоӣ эҳсос мекунӣ, ки сидқан дӯсташ медорӣ.

 -Ва шояд ҳамин дардро Шумо дар рэпҳои худ баён месозед?

-Ман дар рэпҳоям бештар дарди кулли ҷавонони алами бевафоӣ чашидаро месароям. Имрӯз нафареро намеёбӣ, ки аз ишқ ранҷ надида бошад.

-Аз рӯйи зангҳову номаҳои бешумори ҳамватанони муҳоҷирамон дарёфтем, ки байни онҳо низ ихлосмандони Шон МС зиёданд, Шумо нияти сафар ба назди муҳоҷирони меҳнатиро надоред?

-Албатта, чунин ниятҳо ҳастанд. Худо хоҳад, моҳи март меравам. Аслан бо дархости як нафари хонуми рус, ки ӯ ин консертҳоро сарпарастӣ мекунад, мо азми сафар дорем.

-Агар махфӣ набошад, мегуфтед, ки он хонум ягон шиноси шумост?

-Як нафар мухлисест, ки танҳо садои маро мепарастад. Он хонум иқрор шудааст, ки матни сурудҳои маро намефаҳмад, вале ба садоям мафтун аст.

 -Мегӯянд, ки байни шумо ва Баха-84 рақобат вуҷуд дорад.

-Байни мо умуман рақобат нест. Баръакс аз Баха-84 миннатдорам, ки ӯ сабаб шуд, ки рэпи тоҷик дар расонаҳову телевизионҳо муаррифӣ гардад. Ӯ дар байни мардум дарвозаи рэпи тоҷикиро боз кард. Агар ӯ он дарвозаро намекушод, мо дар пушти дар мебудем.

-Шумо бештари сурудҳои худро барои нафари конкретие бахшидаед ё ки барои ҳамаи духтарон месароед?

-Шумо дуруст қайд кардед, ман беҳтарин рэпҳоямро ба нафари конкретие бахшидаам. Агар мухлисонам онро донистан хоҳанд, сирри ин рақамҳоро кушоянд, номи ӯ мебарояд –526422.

— Барои модар низ ягон офаридаи хешро бахшидаед?

-Бале, барои модари ягонаву беҳамтоям хеле зиёд суруд сароидаам. “Зодрӯз муборак очаҷон”, “19-уми Март” аз зумраи он сурудҳост.

-Кадомин ҳарфи хушест, ки ҳамеша вирди забони шумост?

-Дар забони ман ҳамеша на ҳарф, балки як рақами хуше ҳаст. Як замоне шоҳе будааст, ки дар даст ангуштарине доштааст ва дар он сухани “имрӯз ҳам мегузарад” ҳаккокӣ шуда будааст ва шоҳ ҳамеша ба он менигаристааст, навиштаҷотро хонда дар дилаш умеди тозае пайдо мешудааст. Шоҳ аслан дар рӯзҳои шодӣ ғуссаманд мешуд, он поён мерасад ва дар рӯзҳои ғамгинӣ шод мешуд, аз он ки имрӯз низ анҷом дорад ва рӯзҳои нек дар пешанд. Вирди забони ман ҳамеша рақами “12” аст, ки шахсан барои ман мисли навиштаҷоти он шоҳ мебошад.

— То кадом андоза аз зиндагӣ қонеъ ҳастед ва аз чӣ пушаймонед?

-“Поёни шаби сиёҳ сафед аст”, гуфтаанд бузургон. Аз зиндагии имрӯзаам то андозаи даркорӣ қонеъ ҳастам, зеро падари модари дуогӯ дорам, ҳамсари писанди дилам бо ман аст. Хонаву дари обод дорам. Аз ҳамаи додаву надодаи Худованд шукргузорам.

-Ва шояд ба наздикӣ падар ҳам мешавед?

-Иншооллоҳ, падар низ хоҳам шуд.

-Баро ҳар як падар тавлиди шоҳписар дар хонадонаш мисли ид аст…

-Барои ман муҳим аз ҳама фарзанд аст, на ҷинси ӯ.

— Беҳтарин макони зист барои шумо кадом аст?

Тоҷикистони азиз ва кӯчаи Маяковский бароям азизу муқаддас аст. Зеро беҳтарин лаҳзаҳои зиндагиам он ҷо сипарӣ шудааст ва он ҷо маро аксарият на чун Шон МС, балки ҳамчун Шаҳбоз мешиносанд.

-Бовафотарин дӯсти Шумо кист ва Шумо дӯстони худро чӣ гуна интихоб мекунед?

-Бовафотарин дӯстони ман Issen Tayson, Мунис, Валиҷон, Сайф, Меҳрубон, Ҳусниддин, Шоҳрух ва Наҷа буда, дар ҳама гуна лаҳзаҳо метавонам такя ба онҳо намоям.

— Шумо ишқи аввалину мулоқоти нахустинатонро ёд доред?

-Магар он чизе ҳаст, ки фаромӯшаш кунӣ? 21-уми апрели соли 2005 дар назди боғчаи кӯдакона бори аввал мулоқот доштам ва 17 декабри соли 2010 ишқи мо бо 526422 анҷом пазируфт.

 -Таманниёти шумо ба мухлисони ҳунаратон?

— Мухлисони азизам боиси маҳбуб гаштану дар ҷойи аввал буданам ҳастанд. Агар онҳо то ба охир ба ҳунари ман содиқ бимонанд, ваъда медиҳам, ки кумири (сарояндаи дӯстдоштаи) онҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон ҷойи аввалро фатҳ мекунад. Дар сомонаи “Одноклассники” мебинам, ки дар пурсишҳо байни ману дигар рэпсароҳо ман дар ҷойи аввалам. Барои ин ҳам аз ихлосмандони ҳунарам сипосгузорам. Ҳамеша сарбаланду хонаободу хушбахт бошанд!

«Дилкушо”

Ҳангоми истифода аз маводҳои блог истинод ба маҷаллаи «Дилкушо» ҳатмӣ аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: