• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

СУРУШ ХОЛОВ: АГАР ДӮСТОНАМРО НОМБАР КУНАМ, САФҲАИ ШУМО НАМЕРАСАД

Суруш - Рия Сен

Суруш — Рия Сен

Суруш Холов бо лаҳни гуворову ба худ хосаш дерест, ки дилу дидаҳои мардуми ҳунардӯстро тасхир намудааст. Номаҳои пур аз меҳру ихлоси хонандагони ҳафтаномаи мо гувоҳи ин суханонанд. Мо намунае аз номаҳои сершуморро пешкаши Суруш намуда, посухашро бо меҳру ихлос пешниҳоди хонандагони хеш мегардонем.

Салом ба «Дилкушо», ман мехоҳам дар бораи Суруш Холов маълумоте  бигирам. Хеле зиёд мухлисаш  ҳастам. Ба он кас як савол дорам: акаи Суруш, кадом одате доред, ки аз он халос шудан мушкил аст?  

Мухлиси ашаддиатон Шахаи шаҳритузӣ.

-Салом, хоҳари азиз ва кулли хонандагони ҳафтаномаи “Дилкушо”. Ташаккури зиёд барои таваҷҷӯҳатон, росташро гӯям, ягон одати баде надорам.

Салом, ҳафтаномаи “Дилкушо”! Ман мухлиси ду ҳунарманди асил–  Суруш ва Нигора ҳастам. Хеле зиёд мехостам, ки бо онҳо аз наздик шинос шавам. Саволи ман ба  Суруш Холов ин аст: кадом ҳодисаи зиндагӣ шавқу рағбати шуморо барбод медиҳад ва он лаҳза наметавонед таронаи  тозае баҳри мо эҷод кунед? Мухлиси ашаддиатон Абубакр, ин рақамҳои телефонам. 934695055.

-Дар ҳаёти инсонҳо ҳамеша ҳодисаҳои гуногун рӯй медиҳанд, ки аз он ҷойи гурез нест. Вақте ки нафаре аз пайвандонам бемор мешавад, албатта рӯҳафтода мешавам. Дар ҳолати рӯҳафтодагӣ албатта ҳунарманд наметавонад эҷод бикунад.

Саломи худро ба Суруш Холов мерасонам. Мехоҳам садояшон ҳеҷ гоҳ хаста нагардад. Мехостам донам, ки дӯсти беҳтарини он кас кӣ аст?

Моҳира аз ноҳияи Қубодиён

-Дӯстони беҳтаринам хеле зиёданд, ки агар ҳамаашонро номбар кунам, тамоми саҳфаҳои ҳафтаномаи шумо пур мешавад (механдад). Яке аз он дӯстони ба дил наздики ман  Шароф аст, ки ҳамеша бо ман аст ва таронаҳоямро танзиму таҳия мекунад. Ӯ танзимгари беҳамто аст ва мувофиқи табъу завқи мо ҳунармандон мусиқиро аранжировка мекунад.

Ман мухлиси ашаддии Суруш Холов мебошам ва ба он кас  гуфтаниам, ки  овозатон хаста нагардад. Ман мехоҳам, ки ба Кохи Ҷомӣ омада, консерт баргузор намоед. Акаи Суруш, кадом таронаи худро дӯст медоред ва он бароятон азиз аст?

 Аз номи Гулдухтари тоҷик аз ш. Душанбе

-Сипосгузорам барои орзуҳои самимиатон. Ба андешаи ман, ин суруди халқии “Ай ворӣ- ворӣ” аст, ки барои худам ҳам писанд асту маро байни ҷавонон маҳбуб гардонд.

-Салом, акаи Суруш. Кадом лаҳзае аз баромадҳои рӯйи саҳнаатон бароятон нотакрору хотирмон буд, яъне худатон ба худатон писанд будед?

 Нозофарин аз ш. Душанбе.

-Консерти якҷояамон  дар Кохи Борбад, ки 1 майи соли 2011 баргузор гардид, бароям хеле хотирмон гардид. Зеро зимни сурудхонӣ медидам, ки аксари тамошобинон бо як овоз ҳамроҳи ман сурудҳоямро замзама мекарданд. Ин магар бахти бузург нест?

Салом, бародари азиз  Суруш Холов. Мо, ёвониҳо, хеле зиёд мухлисатон ҳастем ва қадами мубораки Шуморо ба ноҳияамон ҳамеша мунтазирем. Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки барои шахси эҷодкор ҳатман нозбардоре лозим аст. Нозбардори Шумо кист? Муллобачаи Ёвонӣ

-Ташаккур барои даъвати самимиву ихлосмандиатон, додари азиз. Бо даст додани имконият ва даъвати барпокунандагони консертҳо албатта ба Ёвон ҳам  меравем. Ба суоли шумо ҳаминро гуфтаниам, ки нозбардори инсон баъди модар Худованд аст. Ба инсонҳои наздик дар лаҳзаҳои душворӣ метавон такя кард.

Салом, ҳунарманди писандидаи ҳамагон Суруш Холов! Ман мухлиси ҳамешагии шумоён акаву хоҳари ҳунарманд ҳастам. Ҳамеша дуогӯи шумоёнам. Ба Шумо ду савол дорам. Кадом садо шуморо нороҳат мекунад? Кадом ҳарфест, ки ҳамеша вирди забони Шумост?

Фарзонаи Файзулло, аз деҳаи Харангони Варзоб.

-Садои гӯшхароши як тоифаи мардум, ки дар кӯчаву паскӯчаҳо аз будани одамони атрофашон сарфи назар намуда, бо алфози қабеҳ ва садои баланд ҳамдигарро  таҳқир мекунанд, писанди ман нест ва гумон мекунам чунин садоҳо ҳар як нафарро нороҳат месозанд. Ҳарфи писандидаам, ки ҳамеша вирди забонам аст, ин “шукронаи Аллоҳ” аст.

Рия Сен: БАРОЯМ БАХТ ДАР ҶОИ АВВАЛ АСТ

Мухтасари тарҷумаи ҳол

Рия Дев Варма машҳур  бо тахаллуси Рия Сен 24 январи соли 1981 дар  Калкуттаи Ҳиндустон ба дунё омадааст. Хатмкардаи коллеҷи Рани Бирлаи Калкутта мебошад. Забонҳои англисӣ, банғолӣ ва ҳиндиро балад аст.

“ Дӯстат дорам ҳамеша”

 Барои Рия дунёи ҳунар аз хурдӣ бегона набуд, зеро модараш Мун Мун Сен ҳунарпешаи машҳури банғолӣ ва модаркалонаш Сучитра Сен низ аз аҳли ҳунар буданд. Рия нақши аввалини худро аллакай дар синни 15-солагӣ дар кинофилми “Тоҷмаҳал”-и коргардон Бҳарати Раҷа бозидааст. Аммо маҳз  филми “Дӯстат дорам ҳамеша» тавонист ин зебосанамро миёни нафарони санъатқарину санъатпазир муаррифӣ созад.

Дар олами орзуҳо

Овозае  ҳаст, ки бону Рия марди орзуҳояшро пайдо кардааст?

— Шояд чунин бошад. Орзуи ягонаи банда имрӯз бунёди оилаи солим аст. Мехоҳам соҳиби фарзандони дӯстрӯяк бошам, онҳоро ба дабистон барам, ҳамроҳи аҳли оилаам  ба сайругашт бароем ва шомгоҳон омадани султони қалбамро аз кор мунтазир шавам.

Оҳо, пас  Болливуд чӣ мешавад?

-Ман борҳо гуфта будам, ки вақте интихоб байни оилаву ҳунар ояд, яқин аст, ки аввал бахтро интихоб мекунам. Барои зан дар зиндагӣ муҳим аз ҳама хушбахтӣ аст.

Мегӯянд, ки ҳатто барои шавҳари ояндаатон нозукиҳои ҳунари рақсро аз худ карда истодаед?

— (Механдад.) Мо ҳиндудухтаронро бо ҳунари раққосиамон мешиносанду эътироф мекунанд. Зебо рақсидан ҳам ҳунар асту ҳам қоматро мавзун месозад.

Коргардон Ритупарно Гхоша дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфта буд, ки “мо бо Рия нақшаҳои зиёд дорем”. Магар пас аз оиладор шудани Шумо ин нақшаҳо барбод мераванд?

 —Ритупарно Гхоша коргардони писандидаи ман аст . Аз оғоз бо ӯ ҳамкорӣ мекардам ва беҳтарин нақшҳоямро дар фимлҳои ӯ иҷро кардаам.  Аз ҷумла дар филми «Noukadubi»-и Гхоша ҳамроҳи хоҳарам Райма нақш офарида будем, ки ба ҷоизаи “Filmfare” сазовор гардидааст. Умуман бо ӯ ҳамкорӣ кардан роҳатбахш аст ва ҳатто агар ман аз  синамо дур шавам, бо ҷаноби Гхоша риштаи дӯстии худро намеканам.

Ба бозии футбол низ ба хотири дӯстписаратон рағбат пайдо кардаед?

— Не, ман аз хурдӣ шефтаи футбол ҳастам. Ҳарчанд духтараки наҳифпайкару эркаи хонадон будам, аммо дар қатори писарбачаҳо бозӣ мекардам. Футболро бениҳоят дӯст медоштам ва ҳамеша ба мукобили писарон бозӣ мекардаму аксаран бар эшон ғолиб мебаромадам.

Оё пас аз 10 сол аз интихоби худ пушаймон намешавед?

-Ман 16 соли  худро ба синамо бахшидаам. Дар 23 филм нақш офаридаам, бо коргардонҳои варзидаи ватаниву хориҷӣ ҳамкорӣ кардаам ва маҳз тавассути ҳунарам ҷаҳонро чарх задам. Боварӣ дорам, ки дар кунҷаки дили мухлисонам ҷои худро дорам ва ҳамеша кӯшиш мекунам, ки ба боварии эшон сазовор бошам.

«Дилкушо”

Ҳангоми истифода аз маводҳои блог истинод ба маҷаллаи «Дилкушо» ҳатмӣ аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: