• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

Амиша Пател: АНГУШТАРИИ НИКОҲӢ МЕХОҲАМ, АММО…

Амиша Пател - Чонибек Муродов

Амиша Пател — Чонибек Муродов

Вақте Амиша ба дунё меояд, падар мехоҳад ӯро Амина ном гузорад, бехабар аз он ки бонуи хонадон барои гулдухтараш аллакай номи Ашаро интихоб кардааст. Волидайни ҷавон ҳеҷ ба як хулосаи муайян омада наметавонанд ва оқибат ин ду номро якҷоя мекунанд, ки  дар натиҷа Амиша ҳосил мешавад. Ӯ ҳанӯз панҷсола буд, ки қадам ба саҳнаи рақс ниҳод.

Дар бораи ҳаёти пасипардагии ин ситораи тобноктарини синамои Ҳиндустон мо хеле кам медонем. Мисоли аксари намояндагони ҷинси латиф Амиша низ дӯстдори “шопинг” аст. Нақши аввалини худро ин бонуи ҳунар дар филми “Бигӯ, ки дӯстам медорӣ” бозидааст. Дар оилаи Пателҳо ғайр аз Амиша бародараш Ашмит низ дар ҷодаи синамо фаъолият мекунад.

Аҳду паймонам буридӣ, рафтӣ аз даргоҳи дил….

Имрӯз агар хато накунам 3 сол мешавад, ки Амиша аз ҷаноби Канав Пури ангуштарии никоҳиро қабул кардааст. Мо ҳамагон аз Амиша хушхабареро интизорем.

-Аҳаҳа,  Шумо ҳоло ҳам дар ҷаноби Пури таваққуф кардаед? Аз ростӣ, маро хандондед. Мо бо Канав моҳи июли соли 2011 аҳду паймонро шикастем ва аллакай 2 сол мешавад, ки роҳи ману ӯ ҷудост.

Фариштаи хурдакак

Пӯшида нест, ки ту бо нафаре мисли Канав дар муносибатҳои бардавом набудӣ. Ва ҳамагон гумон мекарданд, ки муносибатҳои шумо фарҷоми нек хоҳанд дошт.

-Барои ман ва махсусан Канав маросими тӯйи арусиамон аз ҳама бузургтарин бахт буд, лекин чӣ илоҷ, ки  мо танҳо бозичаем дар ангушти қаламкаши тақдир.

Пас шояд тоҷири покистонӣ бо насаби Кунал Гумер дили фариштаи  хурдакакро ба даст овардааст?

На, мо бо Кунал дӯст будем ва дӯст хоҳем монд.

Аз муҳаббат то самимият

Оё дар шоу-бизнес мафҳуми хоҳару бародар вуҷуд дорад. Бо бародари ҳунармандат имрӯз дар чӣ гуна муносибатҳо ҳастӣ?

-Ашмит пас аз падару модар ягона такягоҳи ман аст. Бародари азизамро чунон дӯст медорам, ки баъзан андеша мекунам, агар ӯ дар бари ман намебуд, шояд ман кайҳо аз пешаи актёрӣ даст мекашидам. Дар ҳама лаҳзаҳои душвор ман ба ӯ такя мекунам. Ашмит зуд- зуд маро ба театр даъват мекунад ва мо ҳамроҳ меравем. Аз ин рӯ китфу бозуи устувори бародар маро натанҳо дар театр, балки дар зиндагӣ низ мададгор аст.

Амиша: раққоса, модел ё ҳунарпеша?

-Мегӯянд, Амиша раққосаи модарзод аст. Чаро ба таври касбӣ ба рақс машғул нашудӣ ва роҳи синаморо интихоб кардӣ?

-Ҳанӯз 4-5-сола будам, ки тамрини рақс мекардам, ёдам ҳаст, ки чӣ гуна муаллимаи рақсамро ба ҳаракатҳои зебоям ба ваҷд меовардам ва қодир будам, ки дар синни хурдӣ диққати ҳамагонро ба сӯи худ ҷалб созам. Аммо таҳсил дар дабистони “Ҷон Кенон Ҳай Скул” дунёи дигареро ба рӯи ман боз кард. Мехостам ҳарчи бештар омӯзам ва ин то андозае маро аз рақс дур кард. Имрӯз бошад аз интихоби худ пушаймон нестам, зеро яке аз хатмкунандагони беҳтарини “Ҷон Кенон”  будам ва тавонистам бо дониши худ ба яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳои ИМА дар штати Массачусетс дохил шавам.

-Рост аст, ки ҳатто замоне ба ҳайси модел низ фаъолият бурда будӣ?

-Пас аз хатми донишгоҳ ман дар ширкати молиявии «Морган Стенли» ба кор даъват шудам ва ҳамзамон барои муаррифии молҳои ин ширкат мусоидат мекардам.

Пас чӣ боис шуд, ки боз ба Ҳиндустон баргардӣ?

-Албатта меҳри ин хоку ин оби муқаддас ва наздикону пайвандон. Ҳарчанд ин суханҳоро мо ҳар рӯз мегӯем ва мешунавем, аммо вақте дур аз Ватан бошӣ, ҳатман маънии ин суханҳоро сарфаҳм меравӣ. Вақте ба Ҳиндустон омадам, яку якбора бо маслиҳати волидайн ба театр ба назди бародарам рафтам ва то кунун театр хонаи дуюми ман аст.

 

Ҷонибек Муродов: ДИЛИ МАРО РАБУДААНД

ё ки Дуэти Шабнаму Ҷонибек аз нав эҳё мешавад?

-Ҷонибек, номи падар барои мавқеи Шумо дар ҷодаи ҳунар ёрӣ мерасонад ё баръакс?

-Ман фахр мекунам, ки фарзанди чунин инсони барӯманд ҳастам ва ҳамеша кӯшиш бар он дорам, ки номбардори падар бошам.

-Дар бисёр мавридҳо Шуморо пеш аз ҳама чун фарзанди Ҷӯрабек Муродов муаррифӣ мекунанд, ин бароятон писанд аст?

-Дар оғози эҷодам воқеъан ҳам маро зиёдтар чун фарзанди Ҷӯрабек Муродов мешинохтанд. Имрӯзҳо бошад шукрона аз он мекунам, ки натанҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ мухлисони худро дорам ва аз ин сарфароз ҳастам. Беҳуда шоир нагуфтааст, ки:

“Гирди номи падар чӣ мегардӣ?

Падари хеш шав, агар мардӣ?”

Ба ҳамаи мо маълум аст ки ба наздикӣ устод Ҷӯрабек Муродов 70-солагии худро бо шукӯҳи зиёд ҷашн гирифтанд. Ва албатта, ки Ҷонибек барои падар тӯҳфаи ғайриоддиеро эҳдо кардааст?

-Хурсандиовар аст, ки дар ин рӯзи фаромӯшнопазир ба табрики сарпаноҳам аз Русия ҳунармандони маҳбуби давр ба монанди Иосиф Кобзон, Пӯлод Булбулоғли, Александр Серов, Юрий Антонов ва дигарон ташриф оварда буданд, ки базми моро боз ҳам зеботар сохтанд. Аҳли оила тасмим гирифтем, ки ба устод дар ҷашни мавлудашон автомобил ҳадя намоем ва ба гумонам писандашон омад.

— Баъзеҳо бар он назаранд, ки Ҷонибек Муродовро Шабнами Сурайё машҳур кардааст. Худи Шумо чӣ андеша доред?

— Шояд то андозае чунин бошад. Мо бо хонум Шабнам соли 2007 шартномаи сесолаи ҳамкорӣ баста будем. Он замон ӯ аллакай маҳбуби дилҳо гашта буд. Вале дар ин замина заҳматҳои бандаро низ сарфи  назар кардан нашояд.

Пас аз се соли хомӯшӣ овозае ба гӯши мо расид, ки дуэти Шабнаму Ҷонибек аз нав эҳё мешавад. Рост бошад ин?

-Ростӣ, ба  наздикӣ аз ҷониби продюсерони хориҷӣ якчанд пешниҳодҳо шуданд, то ки мо бо Шабнам дар ҳудуди Аврупо консерти якҷояи худро барпо кунем. Аммо бояд гуфт, ки то ҳол ба ягон тасмими ҷиддӣ наомадаем.

-Шумо дар интихоби сару либоси саҳнавӣ ба кӣ такя мекунед?

— Танҳо ба худам такя мекунам ва аз ман хубтар касе бароям шиму костюм интихоб карда наметавонад.

— Мегӯянд, Ҷонибек ба тӯйи арӯсӣ омодагӣ мебинад?

-Аз ростӣ? Ман то ҳол дар ин бора хабар надоштам (механдад).

— Ба ҳар ҳол “таги коса нимкосае ҳаст”- а?  Чаро пинҳон мекунед?

-Не, албатта, ҷои пинҳон кардан нест, ки як духтари хеле зебову қашанге дили маро рабудааст, аммо ҳанӯз дар бобати оиладоршавӣ сухан рондан барвақт аст.

-Шояд ин бону-мӯъҷиза Мадина Мadison ном дошта  бошад? Зеро вақтҳои охир ҳардуи Шуморо ҳам дар клипҳову  расмҳоятон дар сомонаҳои иҷтимоӣ якҷоя мушоҳида мекунанд.

-На, на, моро бо ин духти ҳунар танҳо фаъолияти ҳунарӣ мепайванданду халос. Мадина истеъдоди нотакрор дорад ва воқеъан ҳам тавонист бо чусту чолокиву мушкилнописандияш худро берун аз марзи кишвар низ муаррифӣ созад. Ман фахр мекунам, ки чунин дӯстони ҳунарманд дорам.

Пас  мухлисдухтарони Шумо метавонанд осуда бошанд?

-Бале (механдад).

— Худро боре ҳам дар синамои ватанӣ насанҷидаед? Боварӣ доред, ки аз иҷрои нақши марказӣ ба хубӣ мебароед?

-На, то ҳол насанҷидаам, вале аз худ сад фисад боварӣ дорам!

-Ҷонибек, сипос барои сӯҳбати озоду самимӣ.

-Саломату сарфароз бошед!

Аз маҷаллаи «Реклама & IDEAS»

Ҳангоми истифода аз маводҳои блог истинод ба маҷаллаи «Дилкушо» ҳатмӣ аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: