• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

Баҳром Ғафурӣ: ЮСУФҶОН КӮДАКИИ МАРО БА ХОТИР МЕОРАД

Садое аз дур….

Махинбону - Бахром Гафури

Махинбону — Бахром Гафури

Ба гӯши модар аз дур садои сурудхонии Баҳроми хурдакак мерасид. Вақте думболи ин садо мерафт, медид, ки писараш хоб аст. Ӯ чандон аз он ҳайрон намешуд, ки писаракаш дар хоб низ аз мусиқии Аҳмад Зоҳир ҷудо нест, зеро меҳри ӯро ба ин ҳунарманд медонист. Ҳар вақте бародарон Анвар, Вайсиддин ва Баҳром хонаро танҳо меёфтанд, базм оғоз мешуд.

Яке дар даст косаву қошуқро гирифта навозандагӣ мекарду дигаре суруд мехонд, то он даме, ки ҳамсояҳо ба дод омада дари манзили амаки Шамсиддинро намекӯфтанд. Баҳром аз хашми падар метарсид, вале меҳри ҳунарро чун ганҷ дар қалби худ нигоҳ медошт. Вале пас аз хатми дабистон аввалан бо хости падар ҳуҷҷатҳои худро ба донишгоҳи иқтисодӣ супорида, соҳибтахассус гардид.

Ба Баҳром мухлисдухтаре автомобил ҳадя кардааст?

Аммо меҳри ҳунар дар дилаш ҳама вақт болонишин буд ва ӯ машқи навозандагию сарояндагиро рӯзе ҳам қатъ намекард. Дар ниҳояти кор, Баҳром ба қуллаҳои шуҳрат расид. Имрӯзҳо ӯро ҳама медонанду ба ҳунараш эҳтиром мегузоранд, роғибони ҳунараш  аз рӯи самимияти зиёд ҳамарӯза мактубҳои бешумор ва ҳар гуна армуғон мефиристанд. Ба қавли Мавлуда Раҳматова, хабарнигори маҷаллаи “Vip zone”,  “Баҳром аз шумораи он мардонест, ки аз ҷинси латиф тӯҳфаи гаронабаҳо қабул карданро ба худ раво намебинад. Ҳамингуна, вақте яке аз мухлисон ба Баҳром автомобил ҳадя мекунад, ӯ хоксорона тӯҳфаро рад мекунад”.

“Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст”

Баҳром ба маънои томаш инсони хоксор ва ниҳоят раҳмдил аст, ҳамеша кӯшиш мекунад, ки дасти мададаш ба ниёзманде расад. Вале худнамоиро дӯст намедорад ва дар бобати эҳсонкориаш ҳарф намезанад. Пас аз нақшофарӣ дар кинофилми “Сукут”, ки Баҳром дар он нақши марди сарватмандеро мебозид, чунин ибрози ақида мекунад: “Агар мисли қаҳрамонам чунин имкониятҳо медоштам, ҳатман нисфи зиёди дороиямро ба бепарасторону ятимон мебахшидам”.

Баҳроми баъдӣ ё Юсуфи аслӣ

Оила барои Баҳром муқаддас аст. Ӯ соҳиби се шоҳписар мебошад. Ҳамсараш Ҳамида натанҳо зани оқилаву бофаҳм, балки манбаи илҳоми Баҳром низ ҳаст. Бояд гуфт, ки беҳтарин офаридаҳояшро Баҳром ба бонуи хонадонаш бахшидааст. Писари калониаш Анушервон бошад аз ҳоли ҳозир тасмим гирифтааст, ки роҳи падарро идома медиҳад . Вале аз ҳама бештар дар сафарҳояш Баҳром пазмони Юсуфҷон – писари кенҷагиаш мегардад. ” Ҳар субҳ бо садои ширинаш маро аз хоб бедор мекунад, баъдан вақте ба кор рафтанӣ мешавам, туфлиҳоямро тоза мекунад ва пеши поям мегузорад. Чун аз кор бармегардам, аввалин шуда, ба пешвозам мешитобад ва бандҳои пойафзоламро мекушояд. Ҳеҷ гоҳ меҳри маро бо бародаронаш тақсим кардан намехоҳад, оғӯшамро-ку ҳеҷ гоҳ тарк намекунад. Гӯё ман фақат ба ӯ тааллуқ дораму халос. Юсуфҷон кӯдакии маро ба хотирам меорад. Ҳамон Баҳроми шӯху бебокро мемонад, ки аз дасти ӯ дар хона нафаре оромӣ надошт. Шояд ҳангоми тавлиди писари калониам ҳанӯз хеле ҷавон будаму аз шарм ба ӯ меҳрубонии зиёд намекардам. Мехоҳам ҳар лаҳза бо азизонам бошам, аммо аз сабаби серкориям наметавонам бо онҳо ба тамошо бароям . Дар ояндаи наздик ният дорам, ки бо аҳли пайвандонам ба Амрико сафар кунем ва фориғ аз ҳама ташвишҳо бо ҳам бошем”,- иброз намудааст Баҳром дар мусоҳиба бо хабарнигори «Vip zone».

 “Садои борон”-ро Баҳром ба Садриддин ҳадя кардааст?

Имрӯзҳо бошад, чун ҳамешагӣ сарояндаи маҳбуби ҳамагон Баҳроми Ғафурӣ банди таҳияи суруду таронаҳои тоза буда, пайваста пайи эҷоди оҳангҳои дилчасп аст. Ҳанӯз аз қадамҳои аввалинаш рӯи саҳна Баҳром оҳанг эҷод мекард. Ӯ на танҳо барои худ, балки барои дигар ҳунармандон низ оҳангҳои марғубу шунидание офаридааст. Аз ҷумла, оҳанги таронаи машҳури “Садои борон”-и Садриддин Нажмиддин маҳз моли Баҳром Ғафурист. Садриддин дар яке аз мусоҳибаҳояш иброз доштааст, ки “Таронаи садои борон як таркиш буд ва ман аз бародари ҳунармандам Баҳром Ғафурӣ барои ин оҳанг бениҳоят сипосгузорам”. Тибқи иттиллои продюсери Баҳром Ғафурӣ, директори кулли ООО “ТOP media” Беҳрӯз Зеваров, ин ҳунарманди писанди дили ҳамагон ба наздикӣ аз Федератсияи Русия, ки бо мақсади таҳия ва сабти клипи ҷадиди худ сафар намуда буд, баргашт ва ин клип дар наздиктарин фурсат ба роғибони ҳунараш пешкаш гардида, хотирҳояшонро болида медорад.

 Маҳинбонуи Исрофил: СОЛИ НАВИ ТВ “САФИНА” ҶОЛИБ МЕШАВАД

“Салом, апаи Маҳинбону, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки дар бораи худатон маълумоти муфассал диҳед. Оё Шумо дар ТВС кор мекунед? Маҳмадулло аз ш. Кӯлоб”. Чи тавре ки дар шумораи пешин дар ҷавоб ба ин номаи хонанда ваъда дода будем, бо Маҳинбону ҳамкори мо сӯҳбате орост ва онро пешкаши ихлосмандони ҳафтаномаамон намудем.

Маҳинбону муҳассили факултаи журналистикаи байналмилалии ДМТ буда, ҳамзамон муҳаррири Идораи барномаҳои ҷавонӣ ва варзиши ТВ “Сафина” аст. Ӯ ҳар шоми якшанбе дар барномаи “Ҷилваи ҳунар” парда аз рӯйи асрори ҳунарманди мусоҳибаш мебардорад ва ҷаҳони тафаккуру андешаҳои мусоҳибони хешро баҳри тамошобинони Сафина ифшо месозад.

Маҳинбону, ба андешаи ман ҳам таҳсил ва ҳам фаъолият дар ТВС хеле мушкилиҳо дорад?

— Таҳсил дар шӯъбаи рӯзонаи донишгоҳ ва ҳамзамон фаъолият дар телевизион барои ман дар оғоз мушкилиҳои зиёдро эҷод мекард. Чун мехостам ҳам толибаи намунавӣ бошаму ҳам дар телевизион фаъолияти хуб дошта бошам. Барои инсон бошад вақт ҳамеша камӣ мекунад. Ман низ, ба қавле, миёни донишгоҳ ва “Сафина” тақсим мешавам. Агар инсон андаке саъй кунад ва вақтро дуруст тақсим кунад, мушкилиҳо роҳи ҳалли худро меёбанд.

-Шояд устодони донишгоҳ баъзан гузаштҳо мекунанд?

-Ман аз устодони донишгоҳ бениҳоят сипосгузорам, бахусус аз муаллимаи кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултаи журналистикаи ДМТ Низомова Санобар, ки агар он кас ва устодони дигар намебуданд, шояд қобилияти журналистии ман то ҳол ифшо намешуд. Албатта, дар макотиби олӣ калимаи “гузашт” нест, аз ҳамаи донишҷӯён, новобаста аз он ки ӯ дар муассисае фаъолият мекунад ё не, дониш талаб карда мешавад ва фикр мекунам, ин ба манфиати худи донишҷӯ аст. Имсол бошад аллакай хатмкунанда ҳастам ва бо дастгирии аксари устодони азизам қадамҳои аввалини хешро дар ин ҷода мениҳам.

Ҳоло ки дар арафаи Соли нави мелодӣ қарор дорем, мехостам донам, ки Шумо дар ин айём чӣ нақшаву ниятҳо доред?

-Нақшаҳои мо куллан эҷодианд. Ман имсол дар фикри он нестам, ки Соли навро чӣ гуна ҷашн бигираму рӯи дастархон чӣ навоварие орам. Балки дар фикри онам, ки рӯи “хон”-и Сафина барои тамошобин чӣ “сюрприз”-е пешниҳод карда метавонам. Зеро завқи тамошобини имрӯза хеле баланд аст. Мо, аҳли эҷоди Идораи ҷавонӣ ва варзиш, тасмим гирифтаем, ки бо барномаҳои ҷолибтарин ва нотакрор шоми солинавии мардуми азизамонро пурғановату рангин гардонем.

-Шумо, ки дар барномаи “Ҷилваи ҳунар” ва рӯзномаҳо ҳамеша бо аҳли ҳунар сарукор доред, оё осон аст бо санъаткорон ҳамкорӣ намудан?

-Бовар кунед, ки осон нест. Зеро инсонҳои эҷодкор табъи нозук доранд ва мехоҳанд, ки барнома на мувофиқи талаботи телевизион, балки бо хости дили онҳо таҳия гардад. Албатта мо дархостҳои онҳоро ба инобат мегирем, аммо бештар онро ба завқи мардуми тамошобин ва талаботи ҷомеа созгор месозем. Баъзан ҳолатҳое мешаванд, ки сабту таҳияи барнома ба осонӣ даст медиҳад ва он ҳунарманд баъди пахши барнома ҳатто қаноатманд гардида, изҳори миннатдорӣ мекунад. Ҳолатҳое низ мешавад, ки дар таҳияи барнома мушкилиҳое пеш меоянд ва заҳмати бештаре мекашиву ҳатто хуни дил мехурӣ ва бар замми ин аз тарафи ҳунарманди мусоҳибат қадр карда намешавӣ.

-Дар ҷодаи пешанамудаатон киро такягоҳи худ мешуморед?

-Такягоҳи ҳамаи мо дар зиндагӣ қаблан Парвардигор аст. Ман дар зиндагӣ як нафари хомӯш ҳастам, яъне хомӯш ба он маъное, ки на ҳамеша ҳарфи диламро ба шахсони наздикам рӯ ба рӯ баён месозам. Аммо даруни дил ман қабл аз ҳама аз модарам миннатдорам барои он ҳама заҳматҳои шабонарӯзие, ки барои ману хоҳаракам мекашад ва албатта, дар ҳама ҷода маро такягоҳ аст. Ҳама оғозҳои мо аз модар ибтидо мегирад. Дар ин ҷода низ раҳнамои аввалини ман модарам. Баъдан телевизиони “Сафина” худ як мактаби бузург аст ва барои насли ҷавон ҳама имкониятҳоро фароҳам овардааст ва мисли такягоҳ аст. Бениҳоят миннатдорам аз роҳбарияти муассиса, ки заҳматҳои мо ҷавононро қадр мекунанд.

-Шумо ба ишқи ҳақиқӣ боварӣ доред?

-Бале, ҳамаи мо ҳатман дар зиндагӣ ишқи воқеии худро дучор мешавем. Танҳо бояд интизор шуд он азизи дилро …

-Нияти хонадор шуданро надоред?

-Ҳанӯз не.

-Таманниёти шумо ба хонандагони мо ва тамошобинони ТВ “Сафина”?

-Мехоҳам дилашон ҳамеша пур аз ишқу муҳаббату меҳрубонӣ бошад. Он хуршеде, ки дар айёми тифлӣ бар сари мо нурафшон буд, фардои моро низ мунаввар созад ва мардуми азизам ҳамеша бениёзу сарбаланду солим бошанд.

Ҳангоми истифода аз маводҳои блог истинод ба маҷаллаи «Дилкушо» ҳатмӣ аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: