• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

Фаридаи Бахтиёр: МИНБАЪД ТОҶИКӢ МЕПӮШАМ

Фарида - Голибчон

Фарида — Голибчон

-Имрӯзҳо продюсерии Фаридаро кӣ бар дӯш дорад?

-Айни замон продюсер  надорам, аммо дӯстони беҳтарине дорам, ки баҳри равнақи ҳунару эҷодам  кӯмаки  худро дареғ намедоранд. Миннатпазирам  аз эшон.

— Аз оғоз мехостед ба кӣ монанд бошед?

— Медонед, дар ҷодаи ҳунар идеали зиёд дорам. Хеле зиёд мехостам, ки мисли апаи Сурайё  Қосимова, Гугуш ва Аҳмад Зоҳир маҳбуби дили ҳамагон бошам.  Аммо мехоҳам сабку услуби хешро дошта бошам. Яъне ба касе тақлид накарда, танҳо ба худ монанд бошам.

— Арзандатарин тӯҳфае, ки ҳамеша интизораш ҳастед?

-Ҳар он тӯҳфае, ки  аз сидқи дил тақдим мешавад, новобаста ба нархи он арзандаву пурарзиш аст. Аммо  меҳру муҳаббати мардуми азизам гаронбаҳотарин тӯҳфа аст барои ман. Ҳамчунин дидани чеҳраи гарму осудаи наздикону пайвандонам ва шунидани ҳарфҳои гуворояшон бароям аз тамоми неъматҳои дунё арзишмандтар аст.

— Шикасту ноомадҳои зиндагӣ, албатта, ба рӯҳияи Шумо бе асар намемонанд?

-Албатта,  шикасту ноомадҳо ба рӯҳияи ҳар як инсон бетаъсир намемонад. Аммо он мисли як озмоиш буда, моро ҳушдор медиҳад, ки дар оянда беэҳтиётӣ зоҳир накунем. Аввалан кӯшиш бояд кард, ки аз шикасту ноомадҳо дур бошӣ. Аммо зиндагӣ пастиву баландиҳо ва қонунҳои нонавиштаи худро дорад ва мо инсонҳо наметавонем аз онҳо дар канор бошем. Худо накунад, ки чунин рӯзҳо ба сари кас биёяд. Рости гап ман рӯҳи шикастнопазир дорам ва аз он рӯҳафтода нагашта, бештар нерӯ мегирам ва барои ба пеш ҳаракат кардан мекӯшам ва ба худ бовар мекунам.

— Барои бартараф  кардани ноҷӯриҳои зиндагӣ бештар  рӯй ба чӣ меоред?

-Зиндагиро маҷмӯаи талошҳо мегӯянд.  Албатта бо он нафароне, ки боиси ин ноҷӯриҳо гаштанӣ мешаванд,  мубориза мебарам.  Бештар барои бартараф кардани ҳолати рӯҳии ноҷӯр  танҳо нишаста банди эҷод  мешавам ва андешаҳои танҳоӣ  маро ба дунёи дигар ворид месозанд. Дунёи дили эҷодкорон аз дигарон андаке фарқ дорад, зеро санъаткор соҳиби дили нозуку ҳассос аст.

— Вақте ки суруди ишқӣ месароед, дар он оҳанги шиква аз ишқ эҳсос карда мешавад. Бигӯед, ки кадом ишқе қалби шуморо пурдард кардааст? Шояд азизи дилатон дилозор аст?

-На,  шукронаи Оллоҳ, ки азизи дили ман дилозор нест ва арзандаи ҳамагуна ситоиш аст. Ба наздикӣ суруди  наверо ба хотири ӯ таҳия кардаам ва он дар арафаи омодагӣ аст. Ӯ сазовор аст, ки барояш бигӯям:

Дар дили поки ту ман нури сафо мебинам,

Дар нигоҳи ту чаҳоне зи ҳаё мебинам.

Ман туро хубтарин хуби Худо мебинам,

Ман чӣ шудам, ки мудом туӣ аз ман танҳо .

Аммо сурудҳои  шикваомези  худро баҳри  дили ошиқон месароям. Ман дарди дили ҷавонҳои ошиқро дар сурудҳоям тараннум мекунам. Кам нестанд одамоне, ки аз ишқ ранҷу озор дидаанд. Рисолати сароянда он аст, ки дарди дили ҷавонҳои ошиқро дар сурудҳояш бо эҳсоси дил бисарояд.

— Нохуштарин воқеаи зиндагиатон?

-Албатта дар ҳаёти ҳар як шахс воқеаҳои баду нек рух медиҳанд.  Ман бошам мехоҳам ҳамеша аз некиҳо андешам ва нохушиҳоро ёдовар нашавам. Мекӯшам, ки  чунин ҳодисаҳои ногувору нохуш ба табъу рӯҳи ман таъсири манфӣ нарасонанд.

— Консерту клипҳои шуморо кӣ сарпарастӣ мекунад?

— Консерту клипу сурудҳоямро танҳо тавассути меҳнату заҳматҳои худам пешкаши мухлисони азизам кардаам. Дар ҳаёт сарпарасте надорам. Аммо дӯстонам дастгириам мекунанд. Бигзор кам бошаду натиҷаи заҳмати худам бошад.

— Шуморо  бо кадоме аз ҳунармандон риштаи дӯстӣ мепайвандад?

— Бо аксарияти ҳунармандон ман муносибати самимонаву хуби инсонӣ дорам.  Ҳар як нафар новобаста аз касбу кори хеш  ба худ як ҷиҳати хубӣ  дорад.

-Дар интихоби либоси саҳнавӣ кӣ шуморо маслиҳатгар аст?

-Росташро гӯям, то имрӯз ман либосҳои саҳнавиамро мувофиқи завқи худ интихоб мекунам. Он либоси миллие, ки дар барномаи наврӯзии шабакаи “Nex 1” ба бар кардам, пешниҳоди модарҷонам буд ва мухлисонам низ онро хуб пазируфтанд. Минбаъд мекӯшам, ки бештар либоси миллӣ ба бар кунам.

— Шояд гуфтание барои хонандагон доред?

-Фарорасии моҳи мубораки Рамазонро ба кулли мардум муборакбод гуфта, барояшон қуввату неруи тозаро таманно дорам.

-Саломату пирӯз бошед.

Ҳангоми истифода аз маводҳои блог истинод ба маҷаллаи «Дилкушо» ҳатмӣ аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: