• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

Шабнами Тоҷиддин: МАН МОДАРИ САХТГИРАМ

Улугбек - Шабнам

Улугбек — Шабнам

Мусиқии таскинбахш касро аз панҷараи ранҷу озори зиндагӣ ва ғаму андӯҳҳо раҳо сохта, ӯро ба паррандаи озоде табдил медиҳад.  Бад-ин минвол панҷараҳо ҳама во шуданд, аммо ӯ ҳанӯз ҳам асири орзуҳост. Баҳори раҳгумзадаро меҷӯяд, варақ-варақ ба рӯи барги тозаи бирешимӣ, ба рӯи чашмҳои шумо ҳикоя иншо мекунад. Аз ҳикояи зебои дили Шабнами Тоҷиддин баҳри хонандаи хушбини “Дилкушо” чанде  қисса хоҳем кард.

-Салом, ин шабу рӯз чӣ шуғле  бону Шабнамро  побанди худ кардааст?

-Обод бошед, хоҳари азиз. Чун ҳамешагӣ мо эҷодкорон дар пайи ҷӯстуҷӯйи таронаҳои ҷадид, шеъру оҳангҳои дилпазир ва банди таҳияи клипҳои тоза ҳастем, то баҳри мухлисони худ навиди сабзе дошта бошем.

Шунидем, ки Шабнам дар айёми наврасӣ орзуи табиб шуданро дар дил мепарваридаанд.

— Бале, намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки ҳанӯз аз хурдӣ орзуи духтури занона шуданро доштам ва то имрӯз ин касб бароям писанд аст. Аммо пушаймон нестам, ки роҳи ҳунарро интихоб кардам ва идомадиҳандаи касбу умри падар ҳастам.

— Аксари эҷодкорон беҳтарин офаридаҳои хешро ба каси наздиктаринашон мебахшанд.  Суруди «Ту маро мешунавӣ»-и Шумо ба кӣ бахшида шудааст?

— Қиссаи тавлиди ин суруд хеле ҷолиб аст. Вақте шоираи ширинкалом Меҳринисо ба ман китоби  худро ҳадя карданд,  миёни шеърҳояшон ин мисраҳо ба дили ман наздик афтод, он гӯё садои қалби маро бозгӯ мекард. Тарона сароғоз таронаи ошиқӣ буд, аммо вақте ба умқи он ворид шудам, донистам, ки он нидои беҷавоби Шабнам аст ба сӯи само, ба сӯи оне, ки роҳи омаданашро аз шаҳри дур то ҳанӯз интизорӣ мекашам — нидо ба сӯи падар буд. Ин суруд дар қатори ҳамаи сурудҳоям бароям азиз гашт ва бо маслиҳати дӯстонам ҳатто консерти худро “Ту маро мешунавӣ” номгузорӣ кардем.

Як бонуи зебову саропо ҳунар дар зиндагӣ боз ниёз ба чӣ дорад?

-Албатта ниёз ба хушбахтӣ, ниёз ба таваҷҷӯҳу дастгирии мухлисони азизаш дорад, ниёз ба ҳамсадои дили хеш дорад.

Шабнам, мегӯянд, дар тарбияи писар бояд сахтгир бошӣ. Шаҳромҷон  модари меҳрубону нармгуфтори хешро беҳтар аз худаш мефаҳмад ва ё баръакс?

-Албатта, Шаҳромҷон имрӯз мӯнису роздони модар аст. Бояд гуфт, ки тарбияи писар андаке мушкилтар аст ва ман кӯшиш менамоям, ки писари ягонаи ман эркаву якрав ва худхоҳ ба воя нарасад. Пӯшида нест, ки модари сахтгир ҳастам.

Беҳуда нагуфтаанд, ки “Фарзанд- дона, набера- мағзи дона”. Модаратон дар тарбияи Шаҳромҷон ба Шумо кӯмак мерасонанд?

-Албатта .Ӯ дар зиндагӣ барои мо ҳам падар ва ҳам модар аст. Ӯ дӯст намедорад вақте таърифу тавсифаш мекунӣ, аммо миннатдории хешро ба модари худ мерасонам, ки  зиндагии худро барои мо фарзандон бахшидааст . Бигузор ҳамеша соябони сари мо бошад!

Чаро сурудҳои шумо оҳанги ҳузн доранд? Чаро Шабнам дардро аз ҷони худ гузаронида месарояд?

— Мегӯянд, овози дилро бо гӯш не, бо дил бояд шунид. Вақте ба чашмони азизе нигариста суҳбат мекунем, бояд қабл аз ҳама ду чашм шавему баҳри чашмонашро тамошо кунем, вақте ба оҳанги дили ӯ гӯш медиҳем, бояд ду гӯш шавему танҳо садои ӯро шунавем!

Ташаккури зиёд, Шабнамҷон, барои суҳбати самимӣ

Зинда бошед!

Улуғбек Қодиров: ДАР ФИЛМҲО ТАРОНАҲОЯМ САДО МЕДИҲАНД

Қодиров Улуғбек Носирович 3 августи соли 1983 дар шаҳри Тошканд ба дунё омадааст. Улуғбек  аз хурдӣ орзуи санъаткор шуданро дар дил мепарварид. Ҳанӯз муҳассили академияи санъат буду бо мақсади офаридани нақши Ҳамлет роҳи театрро пеш гирифт, аммо дере нагузашта ба олами синамо майл кард. Имрӯз ӯ яке аз ситораҳои тобноктарини олами синамо натанҳо дар қаламрави Ӯзбекистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад.

Тараннумгари ишқ

Ин ҷавон бо табассуми зебову нигоҳи мӯъҷизакор ва холи гирди лабонаш дили садҳо мухлисдухтаронро ҳар лаҳза ба тапиш меорад. Ӯ нисбати худ хеле серталаб аст ва кӯшиш мекунад, ки ҳар нақши офаридааш нотакрору диданӣ бошад. Ин аст ки филмҳо бо иштироки Улуғбек Қодиров толорҳои кинотеатрҳоро аз тамошобин лабрез месозанд. Пеш аз нақшофарӣ дар ин ё он филм ӯ чанд моҳ  қабл бо сенарияи филм ошно мегардад ва на ҳамеша розигии худро ба ширкат дар он медиҳад.

Мегӯянд, ки Улуғбекро орзуи шӯҳратёр шудан ба олами ҳунар овард.

-Синамо ҷоест, ки ман дар он худро озод ҳис мекунам. Ман ба олами ҳунар на барои шӯҳратмандӣ омадам. Ҳунар бароям маънии зиндагист бо ҳама буду набудаш. Ман мисли баъзе аз ҳунармандон роҳи тиҷоратро пеш нагирифтам ва ягона воситаи даромадам кино аст.

Огоҳ ҳастем, ки бо дунёи мусиқӣ низ пайвандӣ доред?

-Бале, ҳатто  айёми мактабхонӣ мо ҳамроҳи дӯстону ҳамсабақон як дастаи хурдакаки ҳунарии худро доштем. Ва дар ҳама ҷамъомадҳову ҷашну чорабиниҳои мактабӣ дастаи мо фаъол буд. Ман сарояндагиро бениҳоят дӯст медорам ва дар аксари филмҳоям таронаҳои банда садо медиҳанд.

Садоятон низ дилкашу рӯҳнавоз аст, чаро овозхони касбӣ нашудед?

-Ман ҳар лаҳза мехоҳам суруд хонам, ҳатто баъзан андешаҳову ҳарфҳои ногуфтаи диламро тавассути созу оҳанг баён месозам. Аммо дар интихоби касби худ хато накардаам. Аз аввалин нақшҳоям дар филмҳои “Фотима ва Зӯҳро”, “ Ошиқон” ман ҳис намудам, ки роҳи ман роҳи актёрӣ аст.

Улуғбекро ҷоду кардаанд?

Шумо ба сеҳру ҷоду бовар доред?

-На, ман реалист ҳастам.

— Пас чаро барои нақшофарӣ дар филми “Ҷодугар” розигии худро додед?

-Агар бигӯям, ки нақшофарӣ дар филми мазкур бароям гаронӣ дошт, хато нахоҳам кард. Қаблан гумон доштам, ки худ аз олами “фэнтезӣ” нестам ва сужети филмҳоям низ бояд аз ҳаёти реалӣ гирифта шаванд. Аммо хостам дар ин ҷода низ худро санҷида бинам. Дар филм ман ба як фолбиндухтар шайдо мешавам ва дар ҷодуи ишқи ӯ гирифтор гашта, олами воқеиро фаромӯш мекунам.

— Боз дар зиндагии воқеъӣ дар ҷодуи ишқи хонум Лола гирифтор нашуда бошед?

 — (Механдад) Хонум Лола ҳунарманди нотакрор аст ва дар филм ҳамроҳаш нақшофарӣ бароям гуворо буд. Нақши ҷодугардухтарро ончунон бомаҳорат офарид, ки кас воқеан гумон мекард, ки ӯ аз сеҳру ҷоду огоҳ аст.

Улуғбек ва “ситорамания”

—  Баъзе аз коргардонҳое, ки барои иштирок дар филмҳояшон аз Шумо ҷавоби рад мегиранд, мегӯянд, ки Улуғбек ба бемории ситорагон гирифтор шудааст, шуҳратбемор шудааст.

-Бигузор чунин бошад. Ҳар кас ҳуқуқи интихоб карданро дорад ва агар бароям сенарияи филм писанд набошад, чаро бояд чашм пӯшида розӣ шавам? Ман ҳунари худро қадр мекунам ва аз коргардонҳо низ талаб дорам, ки нисбати мо, ҳунармандон, муносибати боэҳтиромона дошта бошанд.

Орзуи ба теар баргаштанро надоред?

Албатта дорам. Нақшаҳо зиёданд, бо хости Худованд ман боз ба саҳнаи Театри миллии драматургии Ӯзбекистон бармегардам ва ҳатман нақши Ҳамлетро меофарам. Гумон мекунам, ҳар як ҳунарманд дар дил ин орзуро мепарварад

— Баҳои Шумо ба киноматаграфияи муосири Ӯзбекистон

-Бе муболиға, баҳои баландро сазовор медонам. Синамои Ӯзбекистон имрӯз дар ҳоли рушд аст ва ин ифтихори мо, ҳунармандон, аст. Албатта на ҳама филмҳо дар сатҳи олӣ ба навор гирифта мешаванд. Аммо беҳуда нагуфтаанд, ки барои фаҳмидани он ки филми хуб кадом аст, филми нохубро низ бояд тамошо кард.

-Саломат бошед ва ба орзуҳои дили хеш бирасед.

Ҳангоми истифода аз маводҳои блог истинод ба маҷаллаи «Дилкушо» ҳатмӣ аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: