• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

Амир Хон: ИШТИБОҲИ ХУДРО БАХШИДА НАМЕТАВОНАМ

20-06-2013Ӯро сард, ботамкин ва мақсаднок мегӯянд, бар замми ин каме одамгурез мешуморанд. Вале кадоме аз ин хислатҳо беҳтар аз дигарон шахсияти Амир Хонро ифшо кардан метавонад? Фикр мекунем, муҳимтар аз ҳама он аст, ки Амир тамоми ҳастияшро ба ҳунар бахшидааст.  Ӯ фидоии роҳи синамо аст. Ин аст, ки ӯ яке аз актёрҳои дӯстдоштаи синамои Ҳинд гардида, ба музди зиёдтарин барои ширкат дар филмҳо сазовор шудааст.

Амир Хон афғон аст?

Амир Ҳусейн Хон 14 марти соли 1965 дар  Мумбайи Ҳиндустон дар оилаи ҳунармандон ба дунё омадааст . Мегӯянд, ки авлодони Амир аз қабилаҳои паштунии Афғонистонанд. Падараш Тоҳир Ҳусейн продюсер; амакаш Носир Ҳусейн коргардон ва бародараш  Файзал Хон ҳамчунон актёр мебошанд. Нависандаи дӯстдоштааш Лев Толстой аст.

Ситораи теннис

Амир ҳанӯз аз  наврасӣ ситораи ҷавонтарини Болливуд эътироф гардида буд. Бо нигоҳи мӯъҷизанокаш, бо чашмони сиёҳи оташбораш  ин ҷавони дидадаро  ҳамеша дар мадди назари ҳамагон қарор мегирифт. Ва дилбохтагони ҳунараш умед доштанд, ки ӯ роҳи интихобкардаашро идома медиҳад. Аммо дертар хабари ба варзиши теннис машғул шудани Амир  роғибонашро ноумед сохт. Дар риштаи теннис низ Амир ба зудӣ унвони чемпионро соҳиб гашт.

Ҳамсоядухтари фирорӣ ё ишқи нахустини Амир Хон

Ҳарчанд гулдухтарони зиёде ба ӯ таваҷҷӯҳ доштанд ва ҳатто пинҳонӣ номаҳои ошиқона мефиристоданд, аммо қалби Амирро бори аввал ҳамсоядухтаре тасхир кард. Акнун ӯ ғайр аз хандаҳои пасту баланд ва нигоҳҳои дилфиреби духтари ҳамсоя дунёи дигареро намедид. Ва билохира ба ӯ даъвати издивоҷ намуд. Ҳарчанд Амир аз оилаи мусулмон буду духтар аз оилаи ҳиндӣ,  аммо дили пур аз шӯру тазоди ҷавони ошиқ ғайр аз ба васли маҳбуба расидан дигар роҳи қароре надошт.

Дар муқоиса бо дигар ҳунармандон Амир дар масъалаи ҳаёти шахсӣ ниҳоят ҷиддӣ аст ва мехоҳад, ки ҳамеша дар атрофи ҳунараш ҳарф бизанад. Зиндагии шахсиашро ӯ ҳеҷ гоҳ дар ВАО баррасӣ намекунад. Дар зери ин ниқоби пуртабассуми ӯ чашмони маҳзуне ниҳон аст.  Зеро ӯ бар ивази шӯҳрат бахти аввалини худро аз даст додааст. Дар филми нахусти худ Амир нақши як донишҷӯро мебозад, ки бояд аз рӯи нақшаи коргардон пас аз тамошои филм қаҳрамони ӯ тавонад идеали наврасон ва ҷавони орзуҳои ҳар як духтар бошад. Бо ин мақсад назди ҷавони ҳанӯз соддаву шӯҳратпараст шарт мегузоранд, ки бояд аз ҳар ҷиҳат оиладор будани Амир пинҳон дошта шавад. Барои Ринаи пурэҳсос дар зиндагии Амир  сояе беш  набудан  сангину аламовар буд ва дере нагузашта ин оилаи ҷавон пароканда мешавад.

-Шумо  худро инсони комилан баҳадафрасида мешуморед?- пурсиданд аз Амир Хон.
-Ба гумонам дар дунё нафаре нест, ки аз худ комилан қонеъ бошад. Махсусан, дар соҳаи синамо. Дар зиндагӣ мо, инсонҳо, рассомонем, ки худро ҳаргуна тасвир кардан мехоҳем. Аммо худро то ҳанӯз ҳунарманди баҳадафрасида намеҳисобам.

-Ҳар дафъа тамошобин Амир Хонро дар образи нав мебинад. Яъне дар ҳар як филм Шумо зоҳиран дигаргун мешавед.

-Бале, мехоҳам, ки ҳамеша ба дунёи қаҳрамонам ворид шавам. Дар олами ӯ зиндагӣ кунам. Ҳам зоҳиран, ҳам ботинан аз  ӯ монданӣ надошта бошам.

-Воқеан,  қаҳрамони Шумо агар дузду роҳзан ва авбош ҳам бошад, маҳбубияти худро аз даст намедиҳад. Сирри муваффақияти Шумо дар чист?

— (Механдад) Ростӣ, то ҳол ба ин суол посух наёфтаам ва дар ин бобат  андеша ҳам нарондаам.  Ризқи ҳар бандаро худи Худованд медиҳад, албатта, дар ҷабҳаҳои гуногун. Ман танҳо аз кори худ ҳаловат мебараму халос. Новобаста аз он ки филми навбатии ман шӯҳрат пайдо мекунад ё на, ман қаблан қаҳрамонамро дӯст медорам ва билохира он дӯстдоштаи ҳамагон мегардад.

Шабнами Сурайё: ШУКРИ ҲАВОДОРОНИ АЗИЗАМ МЕКУНАМ

Имрӯзҳо ба ҳамагон маълум аст, ки Шабнами Сурайё яке аз сермухлистарин ва машҳуртарин ҳунарманди саҳнаи эстрадаи тоҷик аст. Агар гӯем, ки ӯ сарояндаи нотакрор ва рақами яки ҷодаи эстрадаи Тоҷикистон аст, хато нахоҳем кард. Ба унвони ин бонуи нозанин ва соҳиби овози дилнишин садҳо номаҳои пур аз меҳру ихлос ба ҳафтаномаи “Дилкушо” ворид мешаванд. Мо ба хотири болидагии хотири мухлисони Шабнами Сурайё ба суроғи ӯ афтодем. Шабнамро ба воситаи дӯсти хонадони онҳо Раҷабов Хусрав пайдо намудем ва номаҳоро супорида посухашро гирифтем. Ногуфта намонад, ки дар ин масъала Хусрав ҳамеша моро кӯмаку дастгирӣ менамояд ва аз номи Шумо– хонандагони азизи ҳафтаномаамон мо ба Хусрав Раҷабов миннатдории хешро баён месозем.

Апаи ШАБНАМҶОН, ман шуморо аз ҷонам зиёд дӯст медорам, бе сурудҳои Шумо зиндагии худро тасаввур карда наметавонам. Шумо зеби саҳнаи тоҷикед, бе Шумо саҳнаҳо  холист. Мехоҳам донам, ки суруд барои шумо зиндагист? АЗИЗАШКА.

– Бале, хоҳари ширин Азиза, суруд  маънои зиндагиам аст. Бе он зиндагиро наметавонам тасаввур кардан. Зеро асоси суруд шеър аст ва шеър худ зиндагист.  Ва метавон дар чор мисраъ шеър ё як суруд зиндагии як асрро  ифода кард. Ба андешаи ман санъаткоре ки эҷод мекунад ва аз таҳти дил  суруд мехонад шамъеро мемонад, ки худ месӯзаду хонаи дили мухлисонашро мунаввар месозад.

Апаи Шабнам, ба андешаи Шумо муҳаббат метавонад зиндагии касро дигаргун созад?  АЛИШЕРИ ШАМСИДДИН (МУЛЛОБАЧАИ  ЁВОНӢ).

– Албатта. Агар дар хонадон муҳаббат набошад, он зиндагӣ нест. Муҳаббат воситаи пешрафти зиндагист. Ва зиндагии касро рангу ҷилои тоза мебахшад. Меҳру муҳаббат ҳаст, ки зиндагӣ идома дорад ва рангину гуворо аст.

Салом, “Дилкушо”. Ман мухлиси апаи СУРАЙЁ ҚОСИМОВА ва  ШАБНАМИ СУРАЙЁ ҳастам.  Сарбаланд бошед, ситораҳои дурахшони осмони ҳунари тоҷик.  Аксари бонувони машҳур мегӯянд, ки вақте дар паҳлӯи худ марди дилхоҳро мебинӣ, гузаштани вақти дилгиркунандаро ҳис намекунӣ. Шумо ҳам нозбардоре доред? САБЗИНАДУХТАРИ КӮЛОБӢ. 

– Нозбардори инсон баъди модар Худованд аст. Ба дигарҳо  бошад, дар лаҳзаҳои душворӣ  кас метавонад такя намояд. Дӯстони наздикам, пайвандони азизам ҳамзамон такягоҳу нозбардорам  ҳастанд. Шукри буданашон мекунам ҳамеша.

Салом, ба апаи ШАБНАМИ СУРАЙЁ. Ман мухлиси ашаддии ШАБНАМҶОН ҳастам. Дар яке аз  шумораҳо ҳафтаномаи “Дилкушо” ШАБНАМИ ҚУРҒАНӢ  гуфтаанд, ки  чаро сурудҳои ШАБНАМИ  СУРАЙЁРО  дар оинаи нилгун пахш намекунанд? Ман ҳам ба ҳамин савол ҷавоб гирифтан мехоҳам. Ин бонуро бисёр ва ҳамеша дар  эфир дидан мехоҳам. САБЗИНАИ ХУҶАНДӢ.

Нафаре, ки аз ҷонам ҳам зиёдтар дӯсташ медорам, ин ШАБНАМИ СУРАЙЁ аст, ки бе сурудаш кор намекунам. Орзуи ягонаам ин аст, ки Шабнамҷон дар  тӯйи арӯсиям омада, бо қадами некаш базми моро пурнур гардонад. Апаҷон, Шумо ин хоҳишамро иҷро карда метавонед?

Саломамро ба ҳофизаҳои дӯстдоштаам  ШАБНАМИ СУРАЙЁ мерасонам. Овози ширинатон хаста набошад. САИДА аз Р.М.З.

Ва боз як қатор хонандагон дар номаҳояшон ба Шумо арзи ихлос намудаанд.

-Салому паёми меҳрубонии ман нисоратон бод, мухлисони арҷманду меҳрубонам!  Аз номаҳои самимиатон, ки ифшогари қалбҳои саршори меҳратон аст, миннатпазирам. Хоса мехоҳам арҷгузории худро ба Сабзинаи Хуҷандӣ, ки аз ҳама бештар нома ирсол кардаанд, бирасонам. Қалби ман ҳам саршор аз меҳру муҳаббати бепоёне  нисбати шумоён аст. Зеро барои  ҳар як ҳунарманд пеш аз ҳама будани мухлисони азизаш ва қадршиносии онҳо боиси хушбахтиаш аст. Аз Худоҷон шукрона мекунам, ки  Шумоён азизонро дорам ва ҳамеша бо дили гарм баҳри шумоён хастагиамро эҳсос накарда, таронаҳои писанди дилатонро таҳия месозам.  Ман ҳамаи шуморо аз самими дил дӯст медораму эҳтиром мекунам.  Ихлосмандии хеле зиёди шумо ба ман илҳоми тоза ва пару бол мебахшад, ман бо шумоён зиндаам. Ҷашни дар пешистодаи Ваҳдати миллиро ба мардуми азизу сарбаланди Тоҷикистон ва ҳаводорони ҳунари худ муборакбод мегӯям. Бигзор Тоҷикистони азизи мо мисли  имрӯза ҳамеша чунин тинҷу ободу офтобрӯ бошад ва ҳеҷ гоҳе ғуборе дар фазои сулҳофаринаш набошад ва мо тавонем ҳамаи  идҳои миллиамонро бо нишоту сарфарозӣ  ҷашн бигирем. Хонандагони ҳафтаномаи “Дилкушо”, аз ҷумла – Сабзинаи Хуҷандӣ, Азизашка, Қодиров Ҳотамшоҳ,  Азизова Тахмина аз ш. Кулоб, Шаҳзода, Манижаи Ваҳдатӣ, Саида аз РМЗ,  Алишери Шамсиддин аз Ёвон, Сабзинадухтари Кӯлобӣ, Шабнами Қурғанӣ, Шахачка ва Фаррух аз Шаҳритуз, Сангалӣ Раҳимов аз Норак,  бори дигар ба шумо сипосгузориамро ирсол дошта, таманнои пирӯзиву хонаободӣ ва фараҳмандиатонро дорам. Ба гулдухтарони интернати ноҳияи Вахш низ паёми махсус мефирстам. Мехоҳам бигӯям, ки Шабнам ҳамеша бо шумост ва бо даст додани имконияту хости Худованди бузург ба ноҳияҳои шумо рафта талабу дархостҳоятонро иҷро хоҳам кард. Ба наздикӣ дар давлати Испания ду клип таҳия кардем ва  айни замон рекламааш тариқи шабакаи НЕКСВАН ва  PMS пахш шуда истодааст.  Иншоолоҳ дар рӯзҳои наздик ин клипҳои  ҷадид ба дасти шумоён, ҳаводорони азизам, хоҳад расид.

Бо эҳтиром ва изҳори орзуҳои нек – Шабнами шумо.

Ҳангоми истифода аз маводҳои блог истинод ба маҷаллаи «Дилкушо» ҳатмӣ аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: