• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

Зулайхо Маҳмадшоева: ”КАБУТАРАК” БА МАН БОЛУ ПАР БАХШИД”

18-07-2013Тӯли ҳафтаи равон номаҳои ба саҳифаи “Паём ба ситора”-и ҳафтаномаи “Дилкушо” ба унвони сарояндаи ҷавону умедбахш ва соҳиби сабку услуби ба худ хос Зулайхо Маҳмадшоева воридгардида водорамон намуданд, ки суолҳоро ба самъи ин бонуи нозанин расонда, посух бигирем. Ногуфта намонад, ки албоми нахустини Зулайхо бо номи “Механдам”, ки иборат аз суруду клипҳои тозаэҷод  аст, ҳафтае қабл пешниҳоди мухлисони ҳунараш гардид.

Саломи худро ба Зулайхо Маҳмадшоева мерасонам. Агар Худованд маро офтоб месохт, тамоми гармии худро ба ту мебахшидам. Агар Худованд  маро моҳтоб меофарид, бо нури рӯшноиям хонаи дили туро ҳамеша мунаввар мекардам, агар Худованд маро абр меофарид, бар сарат борони раҳмат мепошидам. Вале Худованд маро одам офаридааст ва ҷон бахшидааст, то ки ин ҷонро нисори ту кунам.  Ҳайдар аз ш. Ваҳдат.

-Арзи сипос мекунам барои ин самимияти волоятон. Нисбати самимияти беандозаатон намедонам чӣ гуна миннатдории хешро баён созам. Аз даргоҳи Худованди бузург хушбахтиву саодатмандиатонро талабгорам, мухлиси азиз.

-Ман- Судайс аз ш. Кулоб. Саломи худро ба сарояндаи хушовоз — апаи Зулайхо Маҳмадшоева мерасонам. Аз ӯ пурсиданиам, ки кай консерти худро дар ш. Кӯлоби бостонӣ мегузаронад.

-Ташаккури зиёд барои эътиқоду қадршиносиатон. Айни ҳол дар бораи сафари  ҳунарии худ  дар ш. Кӯлоб чизе гуфта наметавонам. Аммо дар нақша ҳаст, ки барои  мардуми сарбаланду санъатдӯсти Кулоби бостонӣ бо даст додани имкону вақт ҳатман консерт барпо кунам.

-Зулайхо Маҳмадшоева! Ман як мухлиси ҳамешагии Шумо ҳастам. Ба Шумо аз даргоҳи Яздони пок пеш аз ҳама умри дароз, сиҳативу, саломатӣ ва дар корҳои эҷодиатон барору комёбӣ хоҳонам. Овози маҳинатон ҳаргиз хаста набошад.

-Ба шумо низ сиҳатмандӣ ва ободии зиндагиро бо эҳтирому арзи сипоси бепоён таманно дорам.

-Саломи худро аввалан ба кулли кормандон ва мухлисони ҳафтаномаи «Дилкушо» ва баъдан ба сарояндаи писандидаи хеш Зулайхо Маҳмадшоева мерасонам. Ман –Мирзо, 17-сола, мухлиси ашаддии Шумо ҳастам ва пайваста сурудҳои шуморо гӯш мекунам. Шумо рӯзадор ҳастед?

-Ташаккур, додари азизам, барои ихлосмандиатон нисбати ҳунари банда. Алҳамдулиллоҳ мо ҳам мусулмон ҳастем ва мисли ҳамаи шумо албатта рӯзадор ҳастем.

-Суруди «Кабӯтар»-и Шумо ба ман хеле писанд аст. Мехоҳам бидонам, ки муаллифи ин суруд кист. Аз Шумо як хоҳиши дигар низ дорам, мехоҳам додархонди шумо бошам. Илтимос, рақами маро аз идора дастрас намуда, бо ман дар тамос бишавед. Бо эҳтиром  — Сангалӣ Раҳимов аз ш. Норак.

-Муаллифи “Кабутарак” бонуи эҷодкор  Наргис Шарифзода аст, ки хеле оҳангҳои ҷолиб меофарад ва ин сурудро тобистони соли 2012 таҳия ва пешкаши мухлисон гардонидем. Фикр мекунам, ҳамин суруд, ки мақбули дили ман аст, маро назди мухлисонам боз ҳам маҳбубтар гардонд. Нисбати додархонд гуфтани шумо мегӯям, ки шуморо бо ҷону дил ба додарӣ қабул дорам ва кӯшиш мекунам ҳамеша баҳри дили шумо, ҳаводорони асили хеш, беҳтарин таронаҳоро таҳия ва пешкаш созам..

Салом, хоҳари азиз Зулайхо Маҳмадшоева! Ман мухлиси шумо ҳастам, аммо намедонам бо шумо чӣ тавр дар тамос шавам. Дуогӯи шумо Дилшод.

-Сисосгузорам аз ихлосмандии шумо, додари азизам Дилшод. Иншооллоҳ, шояд дар ягон толори консертӣ ва ё худ чорабиние вомехӯрем.

-Саломи худро ба бонуи ҳунарманди писанди дили ҳамагон – Зулайхо Маҳмадшоева мерасонем. Ба он кас  тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем, илоҳо овозатон ҳеҷ гоҳ хаста нагардад. Исмоил, Шаҳноза, Некрӯз, Зумрат аз Бадахшони Кӯҳӣ.  

-Дуруди меҳрубонӣ ба мардуми бофарҳанги вилояти Бадахшон! Орзуманди онам, ки  ба мисли кӯҳҳои осмонбӯси худ  ҳамеша сарбаланду масрур бошанд.

Ман салом худро ба апаҷони азизам Зулайхо Маҳмадшоева мерасонам, мехоҳам бо Шумо сӯҳбат кунам. Илтимос, рад накунед, апаҷон, ман мухлиси ашаддии Шумо аз н. Фархор.  

Саломи худро ба Зулайхо Маҳмадшоева мерасонам. Овозатон ҳеҷ гоҳ хаста нагардад. Мехоҳам бо Шумо аз наздик шинос шавам. Овози Зулайхо овози ишқ аст, аз кормандони «Дилкушо» хоҳиш дорам, ки рақами ӯро ба ман ирсол намоед ё рақами маро ба Зулайхо диҳед.

-Бо он эҳтироми баланде, ки нисбати ҳамаи мухлисонам дорам, мегӯям, ки бо имкон додани вақт бо ҳамаи шумо дар сӯҳбат хоҳам буд.  Зеро ҳамаи шумо бароям азиз ҳастед ва ҳар суруде, ки эҷод мешавад, баҳри болидагии қалбу рӯҳи шумо аст, ихлосмандони гиромиқадр.

Таманниёти Зулайхо ба хонандагони ҳафтаномаи “Дилкушо”?

-Дар ин моҳи муборак ба хонадони ҳамаи шумо файзу баракат, дар замиратон нексириштӣ, дар қалбҳоятон покиро аз даргоҳи Худованди бузургу меҳрубон талабгорам. Орзумандам, ки Худованд саҷдаҳои самимии шуморо ба даргоҳи бениёзаш қабул гардонад.

 Баҳроми Саид: ДАРДИ ДИЛИ МУХЛИСОНАМРО ТАРАННУМ МЕСОЗАМ   

Баҳроми Саид бо вуҷуди дар ҷодаи ҳунар навсафар будан малакаи хуби ҳунарӣ дорад. Шояд табиати афсункор, боду ҳавои тоза, гулу гиёҳҳои шифобахш ва обҳои софу зулоли  зодгоҳаш Варзоби биҳиштосо  ба ӯ  ғановату нерӯ бахшида, ба овозаш  таровату накҳати тоза зам намуда бошад?   Ҳанӯз аз овони наврасӣ ва таҳсил дар мактаб дар дили ӯ меҳри беандозаи сарояндагӣ ҷӯш мезад ва маҳфилҳои дабистони азизашро овози ширадори ин ҷавони хушсадо обод мекарду хотири ҳаммактабиёнро шод мегардонд. Айни замон ӯ дар тарабхонаи овозадори “Тайга”-и пойтахт ба ҳайси сароянда фаъолият дошта, ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯҳои эҷодӣ аст. Лаҳзае бо Баҳроми Саид ҳамсӯҳбат шуда, ба дунёи рози ӯ ворид гардидем. Мехоҳем, ту низ, хонандаи азизи ҳафтаномаи мо, вориди ин олами пурэъҷоз гардӣ.

-Салом, Баҳром. Дар ин фасли гармо ва моҳи мубораки Рамазон чӣ ҳол доред?

-Омадани моҳи шарифи Рамазонро ба кулли мардуми азизам муборакбод мегӯям. Ҳоли ман хуб аст. Худои меҳрубон ба кас қуввату нерӯ мебахшад.

-Кадом чиз Баҳромро  ба саҳнаи ҳунар оварда бошад?

-Ҳанӯз аз айёми наврасӣ дар маҳфилҳои мактабӣ иштирок мекардам ва аз хурди меҳри ҳунари сарояндагӣ дар қалбам маскан гирифта буд.

-Ба фикри ман, кадом тири ишқе ҷигари шуморо пора кардааст, ки ин қадар таронаҳои ошиқонаро самимона месароед?

-Сурудҳоямро барои ҳамаи ошиқон месароям. Магар зиндагӣ бидуни ишқ вуҷуд дошта метавонад? Ишқ дунёи дардҳои ширин аст. Ишқ чашмаи софест, ки аз қаъри сангҳои бузург фаввора мезанад ва ташнагонро сероб мегардонад.  Ман ошиқи зиндагӣ ва мафтуни ин хоку оби сарзамини биҳиштосоямон Тоҷикистон ҳастам.

-Аммо ман фикр мекунам, чунин мисраъҳоро танҳо касе  метавонад замзама кунад, ки ишқи ҳақиқӣ дари дилашро кӯфта бошад…

-Бале, ман ҳам ошиқам, ошиқи зиндагиву ҳамсари меҳрубонам.

— Кадом ҳодисаи зиндагӣ шуморо ранҷур месозад? Барои бартараф кардани он рӯй ба чӣ меоред?

-Аз фиребу хиёнат дилгиру ранҷур мешавам ва худро ба олами мусиқӣ андармон сохта таскин меёбам. Ҳамин мусиқии дилнавоз ҳаст, ки инсонро аз навмедиҳову ноҷӯриҳои зиндагӣ раҳо месозад.

-Барои модар низ ягон таронаи хубе  омода кардаед?

-Дар албоми худ, ки бо номи “Биё марав” таҳия гаштааст, як таронае аз ашъори устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ дар шакли клип ба ин мавзӯъ мавҷуд аст.

-Имрӯзҳо нархи оҳанги беҳтарин хеле гарон  шудааст, барои дарёфти матну оҳанги хуб кӣ шуморо мададгор аст?

-Мададгори ман аввал Худованди меҳрубон аст. Инчунин банда бо тиҷорат низ сарукор дошта, таронаву клипҳоямро бо заҳмати хеш таҳияву пешкаши ҳаводорони азизам мегардонам.

-Манбаи илҳоми шумо чист?

-Аз манзараҳои назаррабову дилфиреби кишвари азизамон Тоҷикистон илҳом мегирам. Ман ошиқи модарзоди савту наво ҳастам. Вақте кас ба фарози кӯҳсорони баланди Варзобдара ва уқобони баландпарвоз  менигарад, вақте хониши кабкони хушовоз ба гӯшаш мерасад, вақте ба чеҳраҳои беғубори дилбарон менигарад, мурғи илҳомаш ба парвоз омада мехоҳад, ки як чизаки хубе эҷод кунаду мухлисони хешро фараҳманд гардонад.

-Таманиёти Шумо ба хонандагон?

-Ба кулли мардуми азизи кишварам ва хонандагони доимии “Дилкушо” дар моҳи Шарифи Рамазон ободиву осудагӣ ва дастархони пурнозу неъматро таманно дорам. Орзу дорам, ки мардуми азизи Тоҷикистони офтобӣ  ҳамеша шукуфтадилу шукуфтарӯй бошанд, ба хостаҳои дилашон бирасанд, кулли орзуҳояшон амалӣ гардад ва зиндагиашон ҳамеша пурнакҳату рангину гуворо бигзарад.

Ҳангоми истифода аз маводҳои блог истинод ба маҷаллаи «Дилкушо» ҳатмӣ аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: