• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

МУҲАММАДРАФӢ ХИСЛАТҲОИ ПАДАРАШРО ДОРАД

22-08-2013 -11Cуруди Муҳаммадрафии Кароматулло қатраи шабнамро мемонад, ки баъди резаборони баҳорӣ ба рӯи зеботарин гулҳо падид меояд.  Лаҳзае, ки дар танҳоӣ бо чашмони пӯшида ба он гӯш медиҳӣ, туро ба сӯйи олами ишқ  мебарад. Ҷаҳони ботинии Муҳаммадрафӣ бо ҳунар сахт марбут буда, шеъру тарона ҳанӯз аз айёми тифлиаш қалбашро ғановату нерӯи тоза бахшидааст.

Гарчи падари ҳунармандаш– хунёгари нотакрори Шарқ Кароматуллои Қурбон дар ин фурсати кӯтоҳи умр натавонист бо писар машқи тарона кунад, аммо дар шарёни хуни писар меҳри ҳунар ҷорист ва ӯ идомадиҳандаи умру касби падар аст. Бо дархости хонандагони ҳафтаномаи “Дилкушо”, ки дар номаҳояшон ба унвони ин ҳунарманди ҷавон ҳамарӯза суолҳои хешро ирсол медоранд, тасмим гирифтем аз аҳволи ӯ бохабар шавем. Ба суолҳои хонандагон продюсери сарояндаи номӣ Умедҷон Аҳмадов посух гуфт. Инак, суҳбатамонро пешкаши хонандагони худ месозем.

-“Муҳаммадрафӣ, мегӯянд, ки Шумо ба консерти худ омодагӣ доред?”- мепурсанд хонандагон.

-Ҳоло дар ин маврид ягон тасмими ҷиддӣ нагирифтаем. Агар ният кунем, ки  дар ин ё он гӯшаи Тоҷикистон консерт баргузор кунем, ҳатман тариқи тамоми расонаҳои хабарӣ шумо, мухлисони азизро огоҳ месозем.

-“Имрӯзҳо Муҳаммадрафӣ банди  кадом корҳо ҳастанд?”

-Муҳаммадрафӣ чун корманди муассисаи давлатӣ, яъне гурӯҳи давлатии “Ориё”-и Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ҳастанд, саргарми кор дар он муассисаи давлатӣ буда,  ҳамзамон сабти 1-2 таронаи навашон идома дорад ва бо омода гардидан онҳо ҳатман пешкаши мухлисон мегардад. Инчунин ба чорабиниҳову  ҷашнҳои  давлатӣ омодагӣ доранд.

-“Бештар кадом ҳодисаи зиндагӣ илҳоми эҷодии Муҳаммадрафиро меорад?”

-Пеш аз ҳама ободиву тинҷии Тоҷикистони азиз, табассуми лабҳои модарони меҳрубон, фазои дӯстиву оромии Тоҷикистон манбаи илҳоми ҳамаи ҳунармандон аст. Ҳар як ҳунарманди асил бо дидани ободиву пешравиҳои Тоҷикистон ва табиати нотакрору  биҳиштосои он наметавонад ошиқ нагардад ва илҳоми эҷодиаш ҷӯш назанад. Дидани ободиву озодии ин кишвари маҳбуб ва мардуми сарбаландаш манбаи илҳоми Муҳаммадрафӣ аст.

-Мегӯянд, ки бештари сурудҳои Муҳаммадрафиро Орзу Исоев менависад?

-Агар гӯем, ки рост аст ҳам, хато намекунем. Муҳаммадрафӣ қариб бо аксари ҳунармандону эҷодкорони Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва бо Орзу Исоев низ ҳамкории эҷодӣ  дорад.

-Кадом ҳунармандро метавон хушбахт номид?

-Он ҳунарманде, ки сурудаш миёни мардум вирди забонҳо гаштаву ҳунараш байни онҳо  маҳбубиятро касб кардааст, дар як кишвари зебо мисли Тоҷикистон  умр ба сар мебарад ва ӯ ҳунарманди тоҷик буда, бо ифтихор бигӯяд, ки ман тоҷикам, хушбахту пирӯз аст.

-“Муҳаммадрафӣ ҷаҳли аз куча бардоштаатонро ба сари хонадон мерезанд?”

Ибни Сино мегӯяд: «Шавқу рағбат ҳамон вақт хуб аст, ки агар аз тарафи ақл идора шавад». Яъне шахси боақлу закӣ ҳама қаҳру ғазаби худро мардона фурӯ мебарад, ҳаяҷону изтиробро аз худ дур мекунад ва дунёро бо чашми хирад менигарад.

-Ба ҳамагон маълум аст, ки Муҳаммадрафиро  касби ҳунар ва овозхонӣ ирсӣ аст. Ба андешаи Шумо, оё  хислатҳои ирсиро метавон тағйир дод?

«Ҳар киро ҷавҳари  зотист, намонад пинҳон,

Нури хуршед зи симои саҳар тобон аст».

Хислати ирсиро тағйир додан кори Парвардигор аст. Аммо он чизе, ки ман дар Муҳаммадрафӣ мушоҳида мекунам, он қиссаҳое, ки дар бораи падараш нақл мекунанд, бисёр хислатҳои наҷиби шодравон Кароматулло дар худи Муҳаммадрафӣ ҳаст ва ман фикр мекунам, ки он чӣ, ки аз падар мерос гирифтааст, яке аз сабабҳои муваффақ гаштанаш дар ҷомеаи Тоҷикистон аст. Бештар хислатҳои инсондӯстӣ, ширинзабонӣ ва дар паҳлӯяш ҷамъ кардани дӯстони зиёд, аз рӯйи нақлҳои дӯстони Кароматулло, аз падар мерос аст Муҳаммадрафиро.

-“Кадом рафторест, ки Муҳаммадрафӣ онро ҳеҷ гоҳ бахшида наметавонад?”

-Дурӯғро намеписандад, зеро худаш инсони ростгӯву росткору ростқавл аст.

-Бештар дар куҷо истироҳат кардан ба ӯ писанд аст?

-Бештар дар ҷойи кор истироҳат карданро дӯст медорад. Шахси нисбати худ серталаб аст. Яъне истироҳати ӯ эҷоди як оҳанги хуб, як таронаи марғуб аст.

 -Таманниёти Шуморо донистан мехостем?

-Пеш аз ҳама боз ҳам осмони софи Тоҷикистон, муттаҳид будан ва якдилу якмаром будани тамоми мардум ва ба ин давлату миллат хизмат кардан аст таманниёти мо.

 Севинч Мӯминова: СУМАН ЗИНДАГИИ МОРО РАНГИН СОХТ

 Севинч Мӯминова дар олами шоу-бизнес маълуму машҳур аст. Новобаста аз синну соли ҷавонӣ ин нозанини фарғонагӣ дар олами ҳунар ва синамо мавқеи махсуси  хешро пайдо кардааст. Нақшҳои офаридаи Севинчро мардум дар филмҳои “Сунами”, “Рақси мардон”, “Бахт учун миллион” дида, хеле хуб қабул карданд. Ӯ дар ин филмҳо бо актёрони машҳур Тӯтӣ Юсупова, Зокир Муҳаммадҷонов, Алишер Ҳамроев ва Лола Элтоева нақшҳои ҷолиб офаридааст. Севинч яке аз ситораҳои тобноки олами ҳунари Ӯзбекистон буда, ихлосмандони  ҳунараш  дар кишвари мо низ хеле зиёданд.

Аз ин хотир Севинч ба Тоҷикистон сафар намуда, бо барномаҳои ҷолиби худ хотири ҳаводоронашро болида медорад. Ӯ дар саҳна серҳаракат буда, наметавонад орому боқарор дар гӯшае суруд хонад. Чунин чолокиву ҳаракатҳояш рӯйи саҳна зимни иҷрои суруд ҳамаро мафтуну шефтааш гардонидааст. Ӯ ҳам мерақсаду ҳам месарояд. Дар олами шоу — бизнес  ягон ҳунарманди машҳуре нест, ки  гирди номаш овозаву бӯҳтонҳо набофанд. Севинч низ аз ин гуна “пиар”- ҳо дар канор нест. Дар бораи ӯ низ хеле зиёд мегӯянду мегӯянд.

Чанд сол қабл байни мардум овоза буд, ки Севинч муддати 4 сол бо писари  директори “Ӯзбекнаво”-и Самарқанд Дамир Рустамов ҳамзист аст. Аммо Севинч Мӯминова ин ҳамаро рад намуда, худро нисбати овозаҳо бепарво нишон медиҳад.  Вақте аз ӯ мепурсанд, “Шумо ба овозаю ҳангомаҳое, ки гирди номатон паҳн мекунанд, чӣ гуна менигаред?”, мегӯяд “Гирди номи ҳунармандон бештар аз ҳама овозаҳои беасос паҳн мешаванд. Ман аввалҳо аз ин сахт меранҷидам ва даъвои ислоҳи онро мекардам. Ҳоло бошад бепарво гаштаам ва ба онҳо аҳамият намедиҳам”.

Шароф Муқимов гуноҳи Севинчро бахшидааст?

Моҳи августи  соли 2010  Севинч Мӯминова бо ҳунарманд Шароф Муқимов риштаи ҳаёти хешро пайваста, ба овозаю ҳангомаҳо хотима гузошт. Аммо ин хомӯшӣ муваққатӣ буд: ин навбат зуд-зуд дар бобати аз ҳам ҷудо гардидани ин ду ҳунарманд сару садоҳо баланд мешуданд. Хонандагони ҳафтаномаи моро низ ҳаёти шахсии ин ҳунарманди дилпазир бепарво намегузорад. Онҳо низ дар ташвишанд, ки дар ин муддати кӯтоҳи зиндагӣ чаро ин ҷуфти муносиб аз ҳамдигар ба зудӣ ҷудо гардидаст. Аммо Севинч Мӯминова ин ҳамаро танҳо овозае мегӯяд.

-Шумо  хушбахтед, Севинч?

-Бале, ман комилан хушбахтам. Пеш аз ӯ низ хостгорони зиёде маро ором намегузоштанд, аммо барои ман шавҳаре лозим буд, ки санъати маро эътироф кунад ва дар ин ҷода фаъолият намояд. Чунин шахс албатта Шароф аст, ки маро хушбахт гардонидааст. Шароф инсони нек аст ва маро мефаҳмад.

-Тавлиди нахустфарзандро ба Шумо муборакбод мегӯем.

-Ташаккур. Суман зиндагии моро боз ҳам рангину гуворо гардонд.

-Мегӯянд, ки аз Шароф дида Севинч бештар бадрашк аст ва баъди ба навор гирифтани клипи навбатии ӯ байни шумоён баҳсу мунозира шудааст?

-Аз шумоён, рӯзноманигорон, чизеро пинҳон доштан ғайриимкон аст. Ин клип “Кираги йуқ” ном дошта, аз клипҳои пешинаи Шароф фарқ мекунад. Баъди оиладоршавиамон бори нахуст дар клипи ӯ духтари дигаре ба навор гирифта шуда буд. Ман ҳам мисли ҳамаи бонувон рашк дорам охир.

-Рост аст, ки ин клипро Шароф дар хориҷи мамлакат сабт кардааст?

-Бале, ин клип дар Ҳиндустон ба навор гирифта шудааст.

-Баъди муноқиша албатта шумоён ба ягон хулоса омадед?

-Оре, Шароф ваъда кард, ки  он клипро ҳеҷ гоҳ ба ман нишон намедиҳад ва ман ҳам онро тамошо намекунам.

-Дар клипи дигари худ “Кечирдим” (“Бахшидам”) Шароф Муқимов гуноҳи киро бахшида бошад?

-Ин албатта танҳо суруд аст ва манзури ӯ ягон шахси конкретӣ нест (механдад).

-Дар оилаатон сухани кӣ аввал аст?

-Албатта ҳар талабу хоҳиши шавҳарам бароям қонун аст. Аммо ӯ ҳам ҳуқуқҳои маро поймол накарда, тамоми хоҳишҳоямро бо мамнунӣ иҷро мекунад.

Ҳангоми истифода аз маводҳои блог истинод ба маҷаллаи «Дилкушо» ҳатмӣ аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: