• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

Шаҳриёри Давлат: РӮЗИ 31 ДЕКАБР ИЗҲОРИ МУҲАББАТ КАРДАНИАМ

19-12-2013“Салом, кормандони “Дилкушо”. Аз Шумо хоҳиш дорам, ки дар бораи ҳофизи дӯстдоштаам ШАҲРИЁР ДАВЛАТОВ маълумот диҳед. НИГОРАИ шаҳритузӣ-95”.

Шаҳриёр Давлатов 7 сентябри соли 1991 дар ш. Душанбе, дар оилаи ҳунарманд Нусратулло Давлатов ба дунё омада, мактаби рақами 58-и пойтахтро хатм  кардааст. Ният дорад, ки соли оянда ба Донишкадаи  санъат дохил шавад. 6 албоми сурудҳояшро мураттаб карда, ба мухлисонаш пешкаш кардааст.  Шаҳриёр дар санаи 31 декабри соли 2013 дар Кохи Ҷомӣ консерт баргузор намуда, барои мухлисони хеш “сюрприз”-е  дорад.

“Ман саломи худро ба сарояндаи дӯстдоштаам ШАҲРИЁРИ ДАВЛАТ мерасонам. Ман духтари ҳиндӣ,  мухлиси шумоям ва бароятон гуфтание дорам. Илтимос, аз идора рақамҳоямро дастрас карда ба ман занг занед. Ҳамчунин ба суолам ҷавоб диҳед: агар рафту Шаҳриёр сароянда неву варзишгар мешуд, дар кадом риштаи варзиш фаъолият менамуд?”

-Албатта, гӯштингир мешудам. Ин намуди варзишро аз айёми хурдиам хеле зиёд дӯст медораму ҳоло кам-кам машқ ҳам мекунам ва дар мусобиқаҳои ҷашнӣ ва мардумӣ аз рӯйи завқ иштирок  ҳам мекунам.   

«Саломи худро ба ШАҲРИЁРИ ДАВЛАТ мерасонам. Ман мухлиси ашаддии шумоям, мехоҳам бо шумо ҳамсӯҳбат шавам. Ман шуморо дӯст медорам, бе шумо зиндагӣ карда наметавонам. Мухлисатон МАФТУНА аз н. Қубодиён».  

“Ман мухлиси ашаддии ШАҲРИЁР ДАВЛАТОВ ҳастам ва дар консерташ ба ӯ муваффақ шуданро таманно дорам. Аз номи ГУЛБАҲОР”.

“Саломи худро ба сарояндаи дӯстдоштаам ШАҲРИЁР мерасонам. Ба он кас тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Суруди “Ман Шаҳриёрат намешам” бароям хеле писанд омад. Дар ҷодаи ҳунар муваффақ бошед. Мухлиси Шумо аз н. Ванҷ”.

“Ман  мехоҳам дар бораи ШАҲРИЁР ДАВЛАТОВ маълумот дошта бошам. Ба ӯ занг зада бипурсед, ки ба ӯ тайёр намудани ҳам сурудҳояш ва ҳам  кино мушкил нест. Дар ҷодаи санъат бо кӣ ҳамкорӣ  дорад? Рост аст, ки устоди ӯ падараш аст? Ҷавоби ин саволҳоро танҳо аз   ШАҲРИЁР фаҳмидан мехоҳам, хеле зиёд мехостам, ки бо ӯ тариқи телефон дар тамос бошам. Аз номи МАДИНА, аз ш. Кулоб”.

“Ман мухлиси ашаддии ШАҲРИЁР ДАВЛАТОВ мебошам. Овозатон хаста нагардад. Пеш аз ҳар як баромадатон рӯйи саҳна рост аст, ки Шумо махсусан ба устодатон занг зада дуо мегиред? МАРҲАБО,  аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ”.

-Рости гап, ман устоде надорам. Падарам ва амакам Лутфулло Давлатов бо маслиҳатҳои  муфиди хеш маро устоданд.

-Байни ҷавонон гап-гапе ҳаст, ки Шаҳриёр аҳд кардааст, ки дар анҷоми соли 2013 ба духтаре изҳори муҳаббат кунад.

-Бале, чунин аст.

-Бисёр аҷиб.

-Яъне ман ба як духтар неву ба кулли мухлисонам меҳру муҳаббати самимии диламро рӯзи 31-уми декабр, соати 14. 00 дар Кохи Ҷомӣ бо таронаҳои ошиқона изҳор карданиам.

-“Ман Шаҳриёрат намешам” гуфта , Шаҳриёр ба кадом нозанин хитоб дорад?

— Ин сурудро ба ҳамаи мухлисони азизам пешкаш кардаам ва онҳо фикр накунанд, ки ин муроҷиат ба онҳо аст. Ман Шаҳриёри тамоми мардуми азизам ва ҳаводорони арҷмандам ҳастам.

-Ба ҳар ҳол номумкин аст, ки зимни эҷоди ин суруд шахси ба дил наздике дар пеши назар набошад?

-Бигзор ин махфӣ бошад.

-Шаҳриёр ба имиҷи худ чӣ гуна аҳамият медиҳад?

-Пеш аз он ки ба саҳна қадам ниҳам, чунин намуди зоҳирӣ доштам ва итминон дорам, ки ҳамеша чунин монам. Зеро ман фикр мекунам, ки ба ихлосмандони ҳунарам намуди зоҳирӣ неву истеъдоди ман муҳимтар аст.

Озодбаёниро дӯст медоред ё на?

-Кадом ҳарфе, ки ба забон меорам, аввал андеша мекунам, ки он чӣ маънӣ дорад ва сипас баён месозам.

-Ҳангоми эрод баён кардани баъзе нафарон тез асабӣ мешавед ва ё ҳамаро ҳазм карда метавонед?

— Агар ягон дӯстам ва ё мухлисам ба ман эрод гирад ва ё хатогиамро баён созад, наранҷида, онро мисли маслиҳати  дӯсти беғараз қабул мекунам. Зеро беҳуда нагуфтаанд: “Дӯст он аст, ки мисли оина рӯбарӯ гӯяд”. Бояд ташаккур гуфт ба он дӯст, ки тавонистааст айби туро гуяд. Эроди беғаразона ба ҳар як нафар, хоса ба ҳунармандон хеле муфид аст. Зеро баъди он дар пайи ислоҳаш мешавӣ.

-Кай бори охир ба Шумо эрод гирифтаанд?

— Ман ҳамеша зимни консертҳоям дар саҳна бо чеҳраи болида ва рақскунон мебароям. Баъзан мешавад, ки пеш аз консерт нафаре асабро вайрон мекунад ва бо чеҳраи ҷиддӣ ба саҳна мебароӣ. Ман ҳам боре бо абрӯи гирифта ба саҳна баромадаму суруд хондам. Нафаре аз мухлисонам ҳангоми гул тақдим кардан оҳиста ба гӯшам гуфт, ки ба ту намезебад ҷиддӣ будан. Минбаъд эроди ӯро ба назар мегирам.

-Шумо худро ситора меҳисобед?

-Ҳоло не. Барои ситора шудан, заҳмати зиёд мебояд кашид дар ҷодаи ҳунар.

Саломату пирӯз бошед ва орзу дорам, ки дар рӯзи консертатон бахту барор ва пирӯзӣ шуморо ёвару Худованд мададгоратон бошад!

-Сипосгузорам аз кормандону хонандагони ҳафтаномаи Шумо барои таваҷҷӯҳашон. Ман аз ин фурсат истифода намуда, ҳамаи онҳоро бо Соли нави милодии дар пешистода самимона муборакбод мегӯям. Ба он ихлосмандоне, ки ба унвони ман номаҳои меҳрубонӣ навиштаанд, изҳори сипос мекунам ва ҳамаашонро ба консерти худ дар Кохи Ҷомӣ рӯзи 31-уми декабр даъват мекунам. Ман ҳамаи Шуморо дӯст медорам, мухлисони азизам.

 Миҷгонаи Мирзо: СУРУД ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИАМ АСТ

 Миҷгонаи Мирзо 28 январи соли 1990 дар ноҳия Бобоҷон Ғафурови  вилояти Суғд ба дунё омада,  баъди хатми мактаби миёнаи рақами 10-и ин ноҳия ба фаъолияти ҳунарӣ оғоз намудааст.  Айни замон донишҷӯи курси сеюми шӯъбаи эҷодиёти халқии факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ва ҳамзамон сарояндаи ансамбли созию овозии “Садои Суғд”-и Муасссисаи давлатии “Кохи Рӯдакӣ”-и вилояти Суғд аст.

Миҷгона аз айёми кӯдакӣ ҳамаи эҳсоси бачагии хешро  дар паси фортепиано нишаста ба мусиқӣ пайваст намудааст. Падари ҳунармандаш акаи Турсун ҳар гоҳе тори худро ба даст гирифта замзамаи суруд мекард, дар дили  Миҷгонаи хурдакак ноаён меҳри ҳунари сарояндагиро ҷой мекард. Ва ин меҳри беандоза нисбати санъат роҳи ояндаи ӯро муайян кард. Соли гузашта ду клипи нави ӯ бо номи “Голос мой” ва “Хаста шудам”  ба дасти дасти ихлосмандони ҳунараш расида, писанди ҳамагон гардид. Мо имкон пайдо кардем, ки бо суғдидухтари ҷавону ҳунарманд дар арафаи Соли Нави 2014 тариқи телефон ҳамсӯҳбат гардида, аз розу ниёзҳояш огоҳ гардем.

-Салом, Миҷгонабону, таронаи “Хаста шудам”-и Шумо ба зиндагиатон иртиботе дорад?

-Ба фикри Шумо, ҳунармандон танҳо дарди дили хешро замзама мекунанд? Мо ҳамеша кӯшиш мекунем, ки дарди дили мухлисони хешро дар сурудҳоямон инъикос кунем. Албатта, ман ҳоло ҷавонам ва ҳоло дар пайи талошу ҷустуҷӯҳо ҳастам ва хаста нахоҳам шуд. Ман бо дархости  як духтари мухлисам ин сурудро таҳия сохтам ва баъди  пахш гардидани он чандин нафар бонувон назди ман омада, изҳор мекунанд, ки дарди дили онҳоро сароидаам ва ин ҳаёти онҳо аст. Аз як ҷиҳат хушбахтам, ки сурудам писанди дили онҳо гаштааст, аз тарафи дигар дилозурдаам, ки мутаассифона чунин  бонувоне, ки аз зиндагӣ дилхаста шудаанд, ҳастанд.

-Суруд барои Шумо яъне чӣ?

-Гуфта наметавонам, ки  суруд маънии зиндагиам аст. Аммо он порае аз ҳаёти ман аст, ки бидуни он зиндагиам рангин нест.

 -Мухлисони кунҷокобатон донистанианд, ки Шумо нияти шавҳар карданро надоред?

-Аз он рӯзе, ки рӯзноманигорон бароям ин суолро медиҳанд, посух мегардонам, ки тақдири ман дар дасти Худованд аст ва ман мехоҳам дар синни 25-солагиам, насиб карда бошад, шавҳар кунам ва шуморо дар навбати аввал хабар мекунам.

-Мехоҳед чӣ гуна ҷавон ба суроғатон ояд?

-Рости гап, ягон хислати махсусеро дар ҷавон ҷустуҷӯ намекунам. Хостгорон зиёд меоянд. Аммо қарори ман қатъӣ аст. Дар зери мафҳуми мард ман як ҷаҳон маъниро мебинам, вале ҷаҳони ботинии мард танҳо дар давоми зиндагӣ ошкор мешавад. Бароям муҳим аз ҳама ҳусни зоҳирии ҷавон набуда, маърифати ӯст. Чи хеле ки набошад, аввал хушбахт карда тавонад, сипас барои фаъолияти ҳунариам монеъ нагардад.

 -Боре шунида будам, ки Миҷгона дар равияи рэп ҳам суруде сароидааст.

-Бале, ман як маротиба бо ҳунарманд Сироҷиддин Худоймерганов соли 2008 дуэт сароида будам, ки он дар равияи рэп буд. Рэп ҳам як намуди санъат аст ва шахси санъаткор бояд худро дар ҳамаи жанрҳо бисанҷад. Суруди классикӣ низ месароям.

-Боре гуфта будед, ки дар “Кохи Борбад” нияти баргузории  консерти худро  доред? Ё ки бо сабаби гаронии нархи он аз ин нияти худ баргаштед?

-Албатта, ин  сабаб ҳам ҳаст ва дигар ин ки ман дар Муассисаи давлатии  “Кохи Рӯдакӣ”-и шаҳри Хуҷанд фаъолият дорам. Яъне сарояндаи ансамбли созию овозии ”Садои Суғд” ҳастам ва бе  иҷозати ин муассиса наметавонам барои баргузории консерти худ  шартнома бандам.

-Дар куҷо истироҳат намудан ба Шумо писанд аст?

-Ба наздикӣ ҳамроҳи бародарам Мирзоҷон, ки ҳамзамон продюсеру роҳнамои мананд, ба ш. Душанбе  сафар намуда будем. Рости гап, фикр кардам, ки беҳтарин ҷойи истироҳат ин Тоҷикистони азизи ман аст. Дар кӯчаву хиёбонҳои зебои пойтахт, Боғи ботаникӣ, Амфитеатр ва дар ноҳияи Ҳисор (дар хонаи як дӯсти мо) клипҳоямро сабт намудем, ки ба наздикӣ ба дасти мухлисонам мерасад. Ҳамчунин ба давлати Италия ва Туркия бо мақсади истироҳат сафар намудан маро писанд аст.

-Ба эҳсонкорӣ ҳам машғул мешавед?

-Албатта, ҳар як фарди мусулмон бояд ба корҳои хайру эҳсон даст занад, вале хайр он замон қабул хоҳад шуд, ки агар онро ба умум эълон надошта бошӣ.

-Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ. Тансиҳату сарбаланд бошед ҳамеша.

-Ба шумо низ масъулони ҳафтаномаи писанди дилҳои мардуми вилояти Суғд– “Дилкушо”,  барои таваҷҷӯҳу меҳрубониатон изҳори сипос дорам, ки моро бо ихлосу қадршиносӣ суроғ карда меистед ва паёми пурмуҳаббатамонро ба мухлисони душанбегӣ мерасонед. Бигзор Соли нави мелодӣ ба кулли ҳамватанони азизамон соли пурфайзу бобаракат ва осудаҳолӣ бошад.

Ҳангоми истифода аз маводҳои блог истинод ба маҷаллаи «Дилкушо» ҳатмӣ аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: